«ТАЪРИХИ ТАБАРӢ» «Таърихар-русул валмулук» («Таърихи пайғамбарон ва шоҳон»), асари муаррихи охири асри 9— аввали асри 10 Табарӣ. «Таърихи Табарӣ» (13 ҷилд) ба забони арабӣ таълиф шуда, воқеаҳои таърихии Арабу Аҷам ва дигар халқҳои ҳамсояро (то соли 915) дар бар мегирад. Ҷилди 1 аз муқаддима ва тавсифи халқҳои қадими Шарқи Наздик иборат аст. Ҷилди 2 ба таърихи давлати Сосониён, ҷилдҳои 3—5 ба замони ҳукмронии Муҳаммад ва чор халифаи аввал (Абӯбакр, Умар, Усмон, Ҳайдар), 6—9 ба таърихи хилофати Умавиён, 10—13 ба хилофати Аббосиён оиданд. Дар асар роҷеъ ба Марв, Балх ва Хоразмро забт кардани шоҳи Сосонӣ — Ардашери I, кориши хоқони турк ба Хуросон, муборизаи шоҳи Эрон Фирӯз (Пирӯз; 459—484) бо Ҳайтолиён, Маздак ва Маздакия, Суғд, Хуталон, оид ба таракқиёти иқтисодиёти онҳо, ҳуҷуми арабҳо ба Мовароуннаҳр ва муборизаи халқҳои ин кишвар бар зидди истилогарони аҷнабӣ ва ғайра маълумоти муҳим оварда шудааст. Китоб чун солнома таълиф шуда, маълумот дар он ва аз рӯи мавзӯъ, балки ба таври хронологӣ омадааст. Онро соли 963 вазири Сомониён Балъамӣ ба забони форсии дарӣ тарҷума карда, ба он «Таърихи Табарӣ» унвон гузоштааст. Балъамӣ ҳангоми тарҷума лаҳзаҳои зиёдеро аз ҳаёти халқҳои эронй (аз ҷумла достони «Баҳроми Чӯбина»), ки дар нусхаи аслии асар набудаанд, ба китоб илова кардааст. Асар мистбаъд ба забонҳон туркӣ, урду ва ғайра тарҷума ва нашр шудааст. «Таърихи Табарӣ» баъди аз тарафи шарқшиноси немис И. Г. Л. Козиртин нашр карда шудани як қисми он (воқеаҳои солҳои 632—636) дар Европа шӯхрат ёфт. Баъзе порчаҳои асар аз тарафи Н. А. Медников, А. Э. Шмидт ва В. И Беляев ба забони русӣ низ тарҷума ва нашр карда шудааст.
Ҳоло нусхаҳои дастнависи «Таърихи Табарӣ» дар китобхонаҳои Москва, Ленинград. Тошкент ва Душанбе маҳфузанд.
Адабиёт: Миклухин Манлай Н. Д.,Описание персидских и таджикских рукописей Института востоковедении, в. 3, Москва, 1976. А. Ҷалилов.
Tags асар
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …