Нидерланди таърихӣ (нем. Niderlanchen, франсави Раys-Bas, голландӣ Naderland — айнан музофотҳои поён), дар асрҳои миёна вилояте буд дар Шимолу Ғарби Европа, байни баҳри Шимолӣ ва кӯҳҳои Арденн, дар ҳавзаи дарёҳои Рейн, Маас ва Шелда (ҳудуди ҳозираи Белгия, Нидерланд, Люксембург ва қисми хурди Шимолу Шарқи Франсия). То асрҳои 14—15 мулкҳои феодалии аз ҷиҳати сиёсӣ парокандае буда, аксари онҳо дар асрҳои 14—15 тобеи давлати Бургундия гардиданд, дар охири асри 15 бошад, зердасти Габсбургҳо шуданд. Соли 1548 ҳамаи мулкҳои Нидерланд, ки ба округи Бургундии «Империяи Рими муқаддас» дохил буданд, дар ҳайати 17 музофот сарзамини ягона эълон гардиданд. Нидерландро волии Габсбургҳо бо ёрии Совети давлатӣ идора менамуд. Органи олӣ Штатҳои генералӣ ҳисоб мешуданд. Аксари органҳои марказии идора дар Брюссел гирд омада буданд.
Нидерланд ба яке аз муҳимтарин марказҳои Маданият ва илми Европаи Fapбӣ табдил ёфт. Нидерланд зодгоҳи бисёр файласуфҳои бузурги асрҳои миёна,
ватаии сарвари гуманизми давраи Эҳё Эразми Роттердамӣ буд. Дар Нидерланд ба забонҳои франсавӣ ва нидерландӣ адабиёти бое буд; мактабҳои нидерландии санъатҳои меъморӣ тасвирию мусиқӣ ташаккул ёфтанд ва берун аз ҳудудҳои Нидерланд шӯҳрат пайдо кардаанд. Агарчи дар Нидерланд ҷудоии сиёсии музофотҳо вуҷуд дошта, миллат ва забони ягонае ташаккул наёфта буд, вале маданияти онро (то асри 16) одатан ҳамчун маданияти ягона ба қалам медиҳанд.
Нидерланд баъди инқирози «Империяи Рими муқаддас», аз соли 1556 ба шоҳи Испания Филиппи II тобеъ шуд. Инкишофи бармаҳали муносибатҳои капиталистӣ, зулми иқтисодӣ, сиёсӣ ва динии мутлақияти Испания Нидерландро ба маркази револютсия буржуазӣ табдил дод (ниг. Револютсияи буржуазии асри 16 дар Нидерланд). Баъди револютсия, ки он танҳо дар шимоли мамлакат ғалаба кард, Нидерланд ба ду ҳисса тақсим шуд: дар Шимол давлати мустақил — Республикаи музофотҳои муттаҳидан Нидерланд (Республикаи Голландия) ташкил ёфт; қисми ҷануби мамлакат, ки зери юғи Испания монда буд, Нидерланди испанӣ ном гирифт ва баъди ҷанги солҳои 1701—1714 ба Австрия ҳамроҳ карда шуд. Солҳои 1814—1815 мувофиқи қарордоди Конгресси Вена ҳар ду қисми Нидерланди собиқ ба подшоҳии Нидерланд муттаҳид карда шуда, музофотҳои чапи он зери итоати Голландия монданд. Дар натиҷаи Револютсия Белгия (1830) дар Нидерландияи Ҷанубӣ давлати мустақил— Белгия ташкил ёфт. Номи «Подшоҳии Нидерланд» танҳо ба Нидерланди Шимолӣ мансуб шуда монд. Ниг. Нидерланд.