«ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО», яке аз аввалин асарҳои таърихии С. Айнӣ, ки солҳои 1918—19 навиштааст. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» кирдорҳои зиддихалқӣ ва иртиҷоии амирони манғитро аз давраи ҳукмронии асосгузори ин сулола Муҳаммад Раҳимхои (1753—58) то ба Афғонистон гурехтани намояндаи охиринаш Олимхон (1921) тасвир менамоянд. С. Айнӣ дар қисми аввали асар рафтори разилонаю хунхорона ва ғоратгаронаи амирони манғитро фош кардааст. У тохтутозҳои ғоратгаронаи амир Шоҳмуродро дар Хуросон, амир Насруллоҳ ва Музаффарро дар Бухорои Шарқӣ баён намудааст. Инъикоси воқеаҳои замони ду амири охирини сулолаи Манғития Абдулаҳадхон ва Олимхон қисми дигари асарро ташкил медиҳад. Дар «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» таъсири Революцияи буржуазию демократии феврали 1917 Россия ба Бухоро, ҳаракати ҷавонбухориён, таъсири Револютсияи Кабири Социалистии Октябр ба халқи маҳаллӣ, сиёсати душманонаи амири Бухоро нисбат ба Давлати Советӣ, ҷанги байни Туркистони Советӣ ва Аморати Бухоро (аввали марти 1918), авҷи ҳаракати революционӣ ва ғалабаи Революция дар Бухоро муфассал нишон дода шудааст. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» баъд аз ғалабаи революцияи Бухоро (20 сентябри1920—28 ноябри 1921) дар шумораҳои гуногуни аввалии журнали советии тоҷик «Шӯълаи инқилоб» таҳти унвони «Таърихи силсилаи Манғития, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд», чоп шуд. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» соли 1923 дар Тошкент ба шакли китоби алоҳида нашр гардид. Матни мукаммали ин асар дар ҷилди даҳуми куллиёти С. Айнӣ дохил шудааст. Н. Ҳотамов.