Маълумоти охирин

ТАНӮР

ТАНӮР, кӯраест барои нонпазӣ. Танур аз қадимулайём дар Осиёи Миёна маъмул аст. Барои сохтани танур пеш аз ҳама хоки зард, пашм ё коҳро даромехта, бо об лой тайёр мекунанд. Баъд ба лой намакоб пошида, болояшро бо матое мепӯшанд ва муддате дам медиҳанд. Сипас онро бо пой шатта зада «мепазонанд». Баъд лойро порча-порча (бараш 20—30 см, ғафсиаш 8—10 см) буррида, бо тавонча ва ғундак ба якдигар часпонида, танур месозанд.

tanur

Баландӣ ва андозаи танур гуногун мешавад. Барои рӯзгор бештар танури вусъаташ 60—70 смро ба кор мебаранд. Танури нонвойхона ё маъракаҳо калонтар машавад. Барои оташбардор шудани танур ба даруну берунаш намакоб мепошанд. Лаби танурро бо талонча задада-зада андаке ғафстар мекуналд. Баъд танурро хушконда, дар ҷои таъиншуда мешинонанд. Онро бар болои суфачаи махсуси баландиаш 1— 1,20 м мегузоранд.
Дар ноҳияҳон ҷануби Тоҷикистон бошад, танури заминӣ маъмул аст. Барои сохтани чунин танур заминро конусшакл кофта, деворҳои онро бо лои махсус андова ва устувор мегардонанд. Дар ибтидо чунин оташдони шабеҳи танурро дар дохили хона ба таври амудӣ месохтанд ва он ҳамчун отащдон низ хизмат мекард. Дар болои ин танур дег гузошта хӯрок, дар девораҳои тафсиааш нон мепухтанд ва он дар айни замон хонаро гарм мекард. А. Давивов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …