Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАНТАЛ

ТАНТАЛ

tantal

ТАНТАЛ (лотинӣ Таntalum), Та, элемети химиявиест аз гурӯҳи V системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 73, массаи атомӣ 180, 948. Ду изотопи табиӣ — изотопи собити Та (99,99%), изотопи радиоактивӣ Та (0,012%: Т!/2 = 10 сол) дорад. Аз изотопҳои сунъиаш 182Та (Т1/2—115,1 шаборӯз) ҷун индикатори радиоактивӣ истифода мешавад. Танталро соли 1802 химики швед А. Г. Экеберг кашф кардааст. Тантали холисро аввалин бор (1903) химики немис Болтон ҳосил намуд. 2,5-10-4%-и масоаи қишри замин аз Тантал иборат аст. Алҳол 17 минерали Тантал ва зиёда аз 60 минералҳои Танталдор маълуманд. Тантал дар минералҳояш аксар бо ниобий якҷоя вомехӯрад. Тантали холис металли хокистарранги пластикист; b гудозиш 2996°С; t ҷӯшиш 5300°С; зичиаш 16600 ктДм3 (20°С).

Тантал дар шароити муқаррарӣ чандон фаъол нест. Тантали холис дар хаво устувор буда, фақат дар ҳарорати 280°С ба оксид шудан сар мекунад. Вай якто оксиди (Та2О5) собит дорад. Бо гидроген (дар ҳарорати 250°С) маҳлули сахт, бо нитроген (дар ҳарорати ЗОО°С) маҳлули сахт ва нитридҳо (Та2N ва ТаN), бо галогенҳо (дар ҳарорати 250°С) галогенидҳо ҳосил мекунад. Ҳангоми гармкардан бо С, В, Si, Р, Sе, Те. Н20, СО, С02  N0, НС1. Н2S ба реаксия модарояд.

Тантал ба таъсири бисёр кислотаҳои органикӣ ва ғаириорганикӣ (HNO3, HС1, Н2CO4, НСIOз, шаҳшароб ва ғайра) тобовар аст. Тантал дар электротехника, саноати химия, энергетикаи ядроӣ, металлургия ва тиб истифода мешавад. Аз Тантали холис конденсаторҳои электрӣ. қисмҳои лампаҳои электрони, зарфҳои лабораторӣ ва ғайра месозанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …