ТАМОРУЗ, бемортарошӣ худро бемор вонамуд кардани одамро гӯянд. Таморуз сохта ва патологӣ мешавад.
Таморузи сохта мақсади ғаразнок дорад (гирифтани ёрдампулӣ барои одамони «ғайри қобили меҳнат», аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардан ва ғайра). Таморузи патологӣ яке аз аломатҳои беморист.