“ТАМОМИ ҲОКИМИЯТ БА СОВЕТҲО”, шиори сиёсии партияи болшевикон дар давраи тайёр намудан ва ба амал баровардани Револютсияи Октябр. Дар Тезисҳои апрелии В. И. Ленин пешниҳод шуда буд. Дар апрел— июни 1917 бо роҳи осоишта ба Советҳо гузаштани ҳокимиятро пешбинӣ мекард.
Баъди дар рӯзҳои июли (1917 ба Ҳукумати муваққатӣ тобеъ шудани Советҳои эсерию меньшевикӣ муваққатаи аз миён бардошта шуд. Баъди торумори корниловчигӣ мақсади шиор ин буд, ки Советҳо ба органҳои мусаллаҳи сарнагун сохтани хокимияти буржуазӣ табдил дода шавад. Ин шиорро Револютсияи Октябр ба амал баровард.