Маълумоти охирин

ТАМОКУ

ТАМОКУ, танбоку (Nicotiana), ҷинси гиёҳҳои яксола ва буттаест аз оилаи авранҷиҳо. Баргаш бедандона, гулаш гуногунранг, ғӯзааш сертухм. Дар дунё беш аз 60 намуди тамоку мерӯяд. Дар СССР 2 намуди онро мепарваранд. Дар бисёр кишварҳои дунё чун гиёҳи нашъамандӣ кишт мекунанд. Баъзан аз тамокуи худруй низ чилим тайёр мекунанд. Баъзе навъҳои тамокуро, ки гулҳои базеби қифшаклу хушбӯй доранд, дар гулзору чорбоғҳо мепарваранд.

Nicotiana alata - Tobacco Plant

Тамокуи чилимӣ (N. tbacum) гиёҳи бисёрсола буда, зироаташ яксола аст. Пояаш рост, то 3 м қад мекашад. Баргаш думчадор ё бедумчаи гирда ё дарозрӯя (то 52 см), сабз (баъзан зард ё сабзизардчатоб), гулаш найчашакли гулобӣ, сурх ё сафед (дарозиаш то 4 см), гӯзааш (дарозиаш 1,5—2 см) сертуш, тухмаш майдаи ҷигарии бӯртоб (вазни 1000— тоаш 60—80 мг).
Давраи нашваш 135—170 шаборӯз. Тамокуи чилимӣ зироати гармипарвард (тухмаш дар ҳарорати 27—28°С неш мезанад ва ҳангоми ҳарорати 24—28°С нашъунамо меёбад), намиталаб аст. Дар сиёҳхок, хоки дорчинӣ ва хокистарраш нағз месабзад ва ба моддаҳом ғизоӣ серталаб мебошад.
Аз барги тамоку маснуоти гуногун (сигор, нос — аз навъи махсуси носии тамоку ва ғайра) истеҳсол мекунанд. Сифати маҳсулоти тамоку ба таносуби сафедаву ангиштобҳо, микдори никотин ва равғани эфир вобаста аст. Барги тамоку
1—4% алкалоиди заҳрноки никотин, 5—17% кислотаҳои органикӣ дорад. Никотинро бар зидди ҳашароти зараррасон истифода мебаранд. Аз он витамини РР низ ҳосил мекунанд. Тухми тамоку 30—35% равған дорад, ки онро барои собунпазӣ истифода мекунанд.
Ад.: Справочннк табаковода. Москва, 1975.
А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …