Маълумоти охирин

ТАЪМИР

ТАЪМИР, маҷмӯи тадбирҳои техникию иқтисодӣ ва ташкилиеро гуянд, ки барои нигохдорӣ ва тачдиди ҷузъӣ ё пурра арзиши истеъмолии фоидҳои асоси (воситаҳои истеҳсолот) ё ашёҳои истеъмолии шахси меандешанд. Бартараф намудани харобӣ, соз ва иваз кардани қисмҳои вайронро низ таъмир меноманд.
Дар натиҷаи таъмир таҷҳизоти техникиро дуруст ва қобилияти кории онро барқарор мекунанд. Вобаста ба хусусиятҳои конструктивӣ, вайроншавӣ ва дараҷаи кӯҳнашавии қисмҳои ҷудогонаи дастгоҳ, ҳамчунин аз рӯи меҳнатталабии корҳои барқароркуни таъмир ҷорӣ, миёна ва асосӣ мешавад. Ҳангоми таъмири ҷорӣ баъзе қисмҳоро иваз ё кори онҳоро барқарор, нуқсонҳон ҷузъиро бартараф карда, инчунин корҳои танзимиро ба ҷо меоваранд. таъмири ҷориро шахсоне, ки бо дастгоҳ кор мекунанд ё бригадаҳои таъмир дар ҷон кор (аксар ҳангоми азназаргузаронии профилактикӣ) мегузаронанд.

tamir

Дар вақти таъмири миёна дастгоҳро қисман кушода ҳолати техникии қисмҳоро месанҷанд, нуқсонҳои ҷондоштаро бартараф менамоянд, баъзан қисмҳои ҷудогонаи онро пурра таъмир мекунанд. Таъмири миёнаро кормандони таъмиргохи сайёр ё доимӣ ба ҷо меоваранд. Таъмири асосӣ таъмири нисбатан пурра буда, онро дар таъмиргоҳи доимӣ иҷро мекунанд. Ҳангоми таъмири асосӣ дастгоҳро пурра ба қисмҳо ҷудо карда, аз назар мегузаронанд ва қисмҳои вайронро дуруст ё иваз менамоянд. Сипас қисмҳоро ҷо ба ҷо намуда, аз санҷиши муштарак (комплексӣ) мегузаронанд.
Маблағе, ки барои таъмири миёна ва ҷорӣ сарф шудааст, ба арзиши аслии маҳсулоти корхона дохил мешавад. Хароҷоти таъмири асосии воситаҳои истеҳсолот арзиши аслии онҳоро зиёд намекунад ва аз ҳисоби фонди амортизация ба амал бароварда мешавад. (нигаред Амортизацияи фондҳои асосӣ). Барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба ҷои таъмири асосии серхароҷот тадбиқи таҷҳизоти нави мукаммал одатан фоиданок аст. Ҳама гуна таъмири фондҳои асосиро аз рӯи план мегузаронанд.
Ашёҳои истеъмолии шахсиро корхонаҳои хизмати маишӣ асосан аз ҳисоби аҳолӣ таъмир мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …