Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАЪМИНОТИ ОБ

ТАЪМИНОТИ ОБ

ТАЪМИНОТИ ОБ, маҷмӯи чорабиниҳост барои бо об таъмин намудани аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ва ғайра. Маҷмӯи иншооти инженерие, ки тавассути он таъмини об амалӣ мегардад, системаи таъмини об ном дорад. Шабакаҳои ҳозиразамони таъмини об коммуналӣ ва истеҳсолӣ мешаванд. Шабакаи таъмини об аз иншооти обқабулкунанда (барон аз дарё, кӯл, обанбор ва ғайра гирифтани об), станцияҳои насосӣ (барои ба баландиҳои муайян баровардани об), иншооти софкорӣ, манораҳо (барои танзими фишори об), оббар ва шабакаҳои обгузарон (барои то истеъмолкунандаҳо расонидани об) таркиб ёфтааст. Сохти умумии таъмини об вобаста ба шароити конкретии маҳал таъғир ёфтанаш мумкин аст.

ob

Барои қабули обҳои рӯизаминӣ обқабулкунакҳои дарёвӣ обанборӣ кӯлӣ баҳрӣ ва барои қабули обҳои зеризаминӣ пармачоҳҳо ва обпартоҳои уфуқӣ истифода мешаванд. Иншооти обқабулкунандаи шабакаи таъмини оби маҳалҳои аҳолинишинро дар минтақаҳои ҳифзи санитарй месозанд. Станцияҳои насосии шабакаҳои ҳозиразамони таъмини об бо насосҳои марказгуез ҷиҳозонида ва аксари онҳо қисман ё худ пурра автоматонида шудаанд. Оби дар иншооти софкорй тозашуда тавассути оббар ва шабакаҳои обгузарон ба объекти истеъмолкунондаи об фиристода мешавад. Дар дохили биноҳо шабакаҳои дохилии обгузарон сохта мешаванд, ки онҳо обро байни истеъмолкунандагони дохили бино тақсим мекунанд. Хонаҳои истиқоматии обед ва баъзе биноҳои маъмурӣ шабакаҳои обгармкунанда низ доранд. Сифати оби ба аҳолӣ додашаванда таҳти назорати қатъии санитарӣ воқеъ мегардад.
Иншооти оддитарини шабакаи таъмини об се ҳазор сол пеш дар Миср, Юнон, Хитой ва Рими Қадим мавҷуд буд. Дар Париж, Лондон ва Новгород бошад, нахустин иншооти таъмини об дар асрҳои 11 ва 13 сохта шудаанд. То Револютсияи Кабири Социалистии Октябр ҳамаагӣ 215 шаҳри Россияи подшоҳӣ дорои шабакаи таъмини об буданд. Бино ба сарчашмаҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ дар асрҳои 6—10 дар шаҳрҳои бостонии ҳудуди РСС Тоҷикистони ҳозира (Панҷакент Ҳулбук, Хуҷанд. Ҳисор ва ғайра)шабақаҳои мутамаркази таъмини об мавҷуд буданд. Чунончи, аҳолии шаҳри Ҳулбук (пойтахти вилояти Хуталон) аз оби дарёи Кизилсу, ки он аз шаҳр дар дурии 500 м ҷори мешуд, истифода мекард. Об ба шаҳр аз дарё тавассути ғулбаҳои сафолии диаметрашон 300 мм дода мешуд, он ба воситаи шабакаи иборат аз ғулбаҳои сафолии диаметрашон 50 мм, ки тамоми ҳудуди шаҳрро фаро мегирифт, тақсим карда мешуд. Двр ҳар як ҳавлӣ аз хишти пухта чоҳҳое сохта мешуданд, кя дар онҳо оби аз шабакаи тақсимкунанда омада нигоҳ дошта мешуд. Дар ҳавлии аъёну ашрофот об то ҷои истеъмолот бо ғуллаҳои дар зери фарш гузаронидашуда дода мешуд. Сохтмони пуравҷи шабакаҳои таъмини об дар солҳои Ҳокимияти Советӣ оғоз ёфт. Ҳоло тамоми шаҳрҳо, марказҳои район, посёлкаҳо ва бисёр қишлоқҳо дорои шабакаҳои марказӣ ва районии таъмини об мебошанд.
Адабиёт: Абрамов Н. Н., Водоснабжение, Москва, 1974.
Я. Саидаминов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …