ТАМҒА (— мӯҳр, нишона), 1) дар давраи муғулҳо (асри 13) нишони махсусе, ки аз ҳуқуқи чорво доштани шахсе шаҳодат медод. Баъдтар мӯҳр, ҳуҷҷати мӯҳршуда; 2) андози пулие, ки муғулҳо дар Осиёи Миёна, Закавказия, Шарқи Наздику Миёна ҷорӣ карда буданд. Истилоҳи тамға то солҳои 70-уми асри 16 маҳз ҳамин маъноро дошт. Дар Россия тамға дар асрҳои 13—16 паҳн гардида, андози муомилоти тиҷоратиро мефаҳмонд. 3) Мӯҳре, ки ба ҳуҷҷатҳо, мошинҳо, ҳар гуна молҳо, ҳайвонот гузошта мешуд.
Дар замонҳои қадим феодалҳо ба ғуломони худ, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бошад, фашистони немис ба асирони конслагерҳо тамға гузошта буданд.