ТАКТАКИШВИЛИ Отар Васильевич (таваллуд 27. 7.1924, Тбилиси), бастакори советӣ, ходими ҷамъиятӣ. Артисти Халқии СОСР (1974). Аъзои КПОС аз соли 1951. Аъзои Комитети Марказии Патияи Коммунистии Гурҷистон. (1963). Вазири маданияти РСС Гурҷистон (аз соли 1965). Соли 1947 Консерваторияи Тбилисиеро хатм карда, дар худи ҳамон ҷо дарс гуфтааст (аз соли 1966 профессор, солҳои 1962—65 ректор). Солҳои 1951—52 консертмейстер ва дирижёр, 1952—56 роҳбари бадеии Капеллаи хори давлатии РСС Гурҷистон котиби Иттифоқи Бастакорони СССР (аз соли 1957).
Тактакишвили муаллифи як силсила асарҳои намоёни (мусиқиву саҳнавӣ, вокалию симфонист: операҳои «Мандия» (дар асоси ашъори Важа Пшавела, ба саҳна соли 1961 гузоштаанд), «Дуздидани моҳ» (4974), «Мукофот» (1963);
2 симфония (1949, 1953), достони симфонии «Мцыри» (1956); ораторияҳо, кантатаҳо, романсҳо ва ғайра. Лауреати Мукофоти Ленин (1982) ва Мукофоти давлатии СССР (1951, 1952, 1997). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 4—5). Бо ордени Ленин, орденҳои Революсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Tags Бастакор
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …