Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТОҶИКИСТОН, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 октябр 1924 чун республикаи автономӣ дар ҳайати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон таъсис ёфт; аз 16 октябр 1929 Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз 5 декабр 1929 дар ҳайати СССР. Тоҷикистон дар ҷанубу шарқи Осиёи Миёна воқеъ гашта, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ бо Хитой ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 143,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 4648 ҳазор нафар (1 янв. 1986). Тоҷикистон вилоятҳон Ленинобод, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ва 44 райони маъмуриро дар бар мегирад. 18 шаҳр ва 49 ноҳия дорад. Пойтахташ шаҳри Душанбе (аҳолиаш 565 ҳазор нафар, 1986).

tj1

Сохти давлати, Тоҷикистон— давлати сосиалистии коргарон ва деҳқонон, республикаи иттифоқии советии социалистӣ дар ҳайати СССР. Конституцияи ҷории Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон 14 апрели 1978 қабул шудааст. Органи олии ҳокимияти давлатӣ Совети Олии якпалатагии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон мебошад, ки ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад. Дар давраи байни сессияҳои Совети Олӣ органи олии ҳокимияти давлатӣ Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон мебошад. Органи олии иҷроия ва амрдиҳанда Совети Вазирони Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон аст, ки ба фаъолияти вазоратҳо, комитетҳои давлатӣ роҳбарӣ менамояд. Органҳои ҳокимияти маҳаллӣ Совети депутатҳои халқии вилоятӣ, райони, шаҳрӣ, посёлкавӣ ва қишлоқӣ мебошанд. Органи олии судии Тоҷикистон Суди олии республика мебошад, ки онро Совети Олӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад; дар ҳайати 2 коллегияи судӣ (оид ба корҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ) ва Пленум амал мекунад. Ба ғайр аз ин, Президиуми Суди олӣ ташкил дода шудааст. Прокурори Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии СССР ба мӯҳлати 5 сол таъин карда мешавад.

Табиат. Тоҷикистон кишвари кӯҳист. 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд, ки ба системаҳои куҳии Тиёншон, Ҳисору Олой ва Помир мансубанд. Қариб 50%-и ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3000 м воқеъ гаштааст. Ҳамвориҳо дар водиҳои фарох ва хамиҳои байникӯҳӣ ҷойгиранд.

Релеф. Шимоли республикаро қаторкӯҳи Қурама (баландиаш то 3679 м, куҳи Бобоиоб) ва куҳҳои Муғул (то1624 м), инчунин қисми ғарбии хами (води)-и Фарғона ишғол кардаанд. Дар қисми марказии Тоҷикистон қаторкӯҳҳои Олой (қисми ғарбиаш, то 5539 м), Туркистон (то 5509 м), Зарафшон (то 5489 м, куҳи Чимтарға), Ҳисору Қаротегии (то 4643 м, куҳи Дукдон) ва водии Зарафшон (дар байни қаторкуҳҳои Туркистон ва Зарафшон) воқеанд. Дар қисми ҷануби ғарби Тоҷикистон (ҷанубтар аз куҳҳои Ҳисору Олой ва ғарбтар аз Помир) кӯҳҳои начандон баланди Боботоғ, Оқтоғ, Қаротоғ, Тераклитоғ, Сарсарак, Вахш, Ҷилонтоғ ва ғайра ҷой гирифтаанд. Баъзе аз ин кӯҳҳо ба самти ҷануб ва ҷанубӣ ғарб торафт (аз 2300 м то 400—300 м) паст шуда, то суфаҳои ҳамвори соҳилҳои дарёҳои Панҷу Аму рафта мерасанд. Дар байни қаторкӯҳҳои номбурда водиҳои Ҳисор, Вахш, Кофарниҳони Поён, Сурхобу Ёхсу ҷойгир шудаанд. Тамоми қисми ҷанубу шарқи Тоҷикистон Помир ном дошта, он баландтарин кӯҳсори Иттифоқи Советӣ ба шумор меравад. Баландтарин қаторкӯҳҳои Помир Академияи Фанҳо (7495 м, қишлоқи Коммунизм) ва Паси Олой (7134 м, қишлоқи Ленин) мебошанд. Аз руи хусусияти релеф Помир ба қисмҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ тақсим мешавад. Ба Помири Ғарбӣ, қаторкӯҳҳои дарозу камбари нӯктез (баландиашон то 6000 м ва зиёдтар) ва дараҳои тангу чуқур хос аст. Релефи Помири Шарқиро бошад, асосан водию хамиҳои фарохи ҳамвор (баландиашон аз сатҳи баҳр 3700— 4200 м) ва кӯҳҳои теппашакл (баландиашон аз сатҳи водию хамиҳо то 1000—1500 м) ташкил медиҳанд. Дар хамию водиҳо асосан таҳнишастҳои пиряхи ва дарёию селовард ҷойгиранд.   Д. Пӯлодов.

Сохти геологӣ ва сарватҳои табиӣ. Дар ҳудуди Тоҷикистон, кӯҳҳои чиндори Тиёншони Мобайни (қаторкуҳои Қурама ва Муғул), Тиёншони Ҷанубӣ (қаторкуҳои Ҳисору Олой) ва Помир, инчунин ду пастхамии байникӯҳӣ — депрессияи Фарғона ва депрессияи Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Кӯҳҳои Тиёншони Мобайнӣ дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии каледонию герсенӣ ташаккул ёфтаанд. Ин кӯҳҳо аз варақсангҳои палеозойи поён, ҷинсҳои карбонатию терригении девони миёна — карбони поён, ҷинсҳои вулқонии палеозойи боло ва ҷинсҳои гранитии тодевону палеозойи боло иборатанд. Структураи герсинин Тиёншони Ҷанубӣ ё Ҳисору Олой ба минтақаҳои структурии Туркистону Олой, Зарафшону Ҳисор ва Ҳисору Қаротегин тақсим мешавад, ки ҳар кадоми ин минтақаҳо бо маҷмӯи ҷинсҳои ба худ хоси палеозой аз якдигар фарқ мекунад. Дар эраҳои мезозой, кайнозой дар ҳудуди минтақаҳо таҳшинҳои платформагӣ ҷамъ омадаанд, ки онҳо аз ҳаракатҳои тектоникии алпӣ чиндор шуда, бойси пайдоиши рел  ғарби қаторкӯҳҳои Пётри Якум ва Дарвозро бешаҳои паҳнбарги чормағз, фарк, чинор, себ, олуча ва гиёҳу буттаҳои гуногун фаро гирифтаанд. Дар доманаи қаторкуҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Пётри Якум, Дарвоз ва кӯҳҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон бешаҳои сираки ғармсер (писта, бодоми талхак, челон, дулона ва ғайра) мавҷӯданд. Якчанд намудҳои беду сафедор, буттаҳои ангат, настаран ва зирк фақат дар водии дарёҳои қисми ғарбии Помир мерӯянд. Дар минтақаи баландкӯҳ (болотар аз 2400—2800 м), дар ҷойҳои сернам марғзорҳо, марғзорҳои даштӣ ва даштҳои камрастанӣ ҷойгир шудаанд. Марғзорҳо аз растаниҳои хӯшадор ва гиёҳҳои гуногун, даштҳо бошанд, аз хӯшадорҳои хушкитобовар, типчак, ҷорӯбак ва ковил иборатанд. Дар Помири Шарқӣ, ки биёбони баландкӯҳ ба шумор меравад, асосан терескен, шибоғ, хори болиштаки хирс мерӯянд. Дар Тоҷикистон гиёҳҳои доруӣ, даббоғӣ, рангубори, равғани эфирдор, инчунин растаниҳои мевадор (аз ҷумла субтропикӣ) фаровонанд. Он ҷойҳоеро, ки растаниҳои эфемеройдӣ мерӯянд, ҳамчун чарогоҳи тирамоҳию зимистона ва дашту марғзорҳои баландкӯҳро чун чарогоҳи тобистона истифода мебаранд. Биёбони Помири Шарқӣ чарогоҳи доимист.

Олами ҳайвоноти Тоҷикистон 81 намуди ҳайвоноти ширхӯр, 365 намуди парранда, 49 намуди хазанда ва 7— 8 ҳазор намуди ҳашаротро дар бар мегирад. Дар ҳамвориҳои минтақаи поён хазандаҳо — сусмор, кубро, мори афъӣ, мори печон, сангпушт, паррандаҳо — ҷӯр, гунҷишки саксавулзор, чарғи даштӣ, мурғи туғдор (дуғдоғ), лошахӯр, хояндаҳо — ҷайра, юрмон, муши регзор, тавушқон, хази даштӣ, дар даштҳои кушоди ҷан. ғарбии республика ҷирон ё ғазол ва дар доманакӯҳҳо морхӯр вомехӯраад. Ҳайвоноти туғайзорҳо низ хеле гуногунанд: холгул, кафтор, гуроз, хаз, шағол, қашқалдоқ, хорпушти гӯшкалон, инчунин паррандаҳо — тазарв, бедона, мурғобӣ ва хазандаҳо — гурза ва ғайра. Дар буттазору бешаҳои кӯҳӣ гург, хирс, гуроз, силовсин, ҷайра, хорпушт, савсор, қашқалдоқ, заргӯш, калламуш, паррандаҳо — кабк, мусича, кабӯтар, дар баландкӯҳҳо нахчир, архар, шерпаланг, суғур, паррандаҳо— кабки ҳилол, саҷаи тибетӣ, мурғи ҳумо, лошахӯр, бургут, уқоб ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Дарё ва кӯлу обанборҳои Тоҷикистон қариб 40 намуди моҳи (ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, симмоҳӣ, осмонмоҳӣ ва ғайра) доранд, ки 10 намудаш шикорбоб аст. Ҳайвоноту паррандаҳои шикорбоби Тоҷикистон: архар, нахчир, заргӯш, кабк, кабки ҳилол, мурғоби ва бедона. Дар кӯлҳои поёноби дарҳои: Вахш нутрия ва ондатра мепарваранд.

Муҳофизати табиат. Ба мақсади муҳофизат ва зиёд кардани фауна ва флораи фоиданок дар ҳудуди республика 3 мамнӯъгоҳ («Полвонтӯғай», «Ромит», «Даштиҷум») ва 15 қӯруқ («Зарафшон», «Қаротоғи Панҷ», «Даштиҷум», «Сарихосор», «Камароб», «Сангвор», «Чилдухтарон», «Искандаркӯл», «Сои Вота», «Кӯсовлисой», «Зӯркӯл», «Музқӯл», «Помир», «Алмосӣ», «Норак») ва боғҳои ботаникии Душанбе, Ленинобод, Хоруғ, инчунин Ст. ботаникии кӯҳии Варзоб, Стансияи биологии Помир (Чечектй, дар раёни Мурғоб) ва якчанд стационарҳо — «Полвонтӯғай», «Қабодиён», «Рангон», «Анзоб», «Кӯҳак», «Ганҷино», «Шаҳристон» барпо карда шудаанд.

Ноҳияҳои табиӣ. Тоҷикистонии Шимолӣ асосан нишебии ҷануби қаторкӯҳи Қурама, қисми ғарбии хамии Фарғона, қисми ҷанубу шарқии дашти Мирзочӯл ва нишебии шимоли қаторкӯҳи Туркистонро дар бар мегирад. Ҳамвориҳои ин ноҳия аз боғу киштзорҳо ва ҷо-ҷо аз растаниҳои биёбонию нимбиёбонӣ иборатанд. Доманакӯҳҳоро шибоғзорҳо, эфемероидҳои хӯшадори баланд ва заминҳои корам, кӯҳҳои баландиашон миёнаро асосан бешаҳои сираки гармсер ва дапггҳо, баландкӯҳҳоро бошад, арчазору даштҳои сералаф фаро гирифтаанд. Шароити табиӣ барои пахтакорӣ ва боғу токдорӣ мусоид аст. Ҳисору Олой (ноҳияи Зарафшон ё Кӯҳистон) релефи мураккаб дошта, дар он хусусияти ландшафт ба тақсимоти боришот ва экспозицияи нишебиҳо вобаста аст. Нишебии ҷануби қаторкӯҳи Ҳисорро асосан бешаҳои паҳнбаргу даштҳои сералаф ва қисми дигари куҳҳоро арчазорҳои сирак, даштҳо ва нимбиёбонҳо фаро гирифтаанд. Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ аз қаторкӯҳҳо ва водиҳои фарохи байникӯҳӣ иборат аст. Ин ноҳияҳо ҷойҳои гармтарини республика ҳисоб мешаванд. Ландшафти пасткӯҳҳоро растаниҳои эфемероидӣ ва нишебиҳои баланди кӯҳҳоро бешаҳои камдарахти хушкитобовар, масоҳати зиёди водию ҳамвориҳоро заминҳои обӣ ишғол кардаанд. Шароити иқлимии ин ҷо барои парвариши пахтаи маҳиннах ва дигар зироатҳои субтропикӣ хеле мувофиқ аст. Ноҳияи Тоҷикистони Марказӣ (ё Қаротегину Дарвоз) қаторкӯҳҳои азим ва водиҳои танги байникӯҳиро дар бар гирифтааст. Ин ноҳияро аз шимол қаторкӯҳи Олой, аз ҷануб дарёи Панҷ, аз ғарб қаторкӯҳи Қаротегин ва аз шарқ қаторкӯҳи Академияи Фанҳо иҳота кардаанд. Дар ноҳияи мазкур ландшафгҳо, вобаста ба минтақаҳои баландӣ, ба нимбиёбонӣ, даштӣ, марғзори даштӣ ва марғзори баландкӯҳ тақсим шудаанд. Помир аз рӯи хусусиятҳои ландшафт ба қисмҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ тақсим мешавад. Дар Помири Ғарбӣ намуди ландшафт ба миқдори боришот вобаста аст. Дар ин ҷо ландшафтҳо (биёбони шибоғзор, даштҳои камалаф) аз паст ба боло паси ҳам иваз мешаванд; дар водиҳо ҷо-ҷо буттаю дарахтон мерӯянд. Ба Помири Шарқӣ иқлими хеле хушк ва сармои қаҳратун хос аст. Ландшафти ин ҷо биёбонии баландкуҳист.        Д. Пӯлодов.

tj2

Аҳолӣ. Мувофиқи маълумоти барӯихатгирии соли 1979 дар Тоҷикистон 3801 ҳазор нафар аҳолӣ, аз ҷумла 58,8% тоҷикон, 23,0% ӯзбекҳо, 10,4% русҳо, 2,1% тоторҳо, 1,3% қирғизҳо, 1,0% немисҳо, 0,9% украинҳо ва намояндагонн миллатҳои дигар зиндагӣ мекард. Аҳолии Тоҷикистон босуръат меафзояд. Шумораи он дар соли 1986 нисбат ба соли 1913 бештар аз 4,5 баробар афзуд, ки ин асосан аз ҳисоби афзоиши табиӣ ба амал омадааст. Аз ҷиҳати миқдори таваллудшудагон Тоҷикистон дар байни республикаҳои иттифоқӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 ба ҳисоби миёна ба

32,5  кас рост меояд (1986). Зиёда аз 85%-и аҳолӣ дар водиҳо ва хамиҳои байникӯҳӣ, дар баландиҳои то 1600 м зиндагӣ мекунад. Дар ҷойҳои ҳамворӣ водиҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон зичии аҳолӣ дар 1 км2 ба 50—100 ва баъзан ба 150 кас, дар ноҳияҳои куҳй ба 5—10 кас ва дар Помир қариб ба 2 кас мерасад. Аз рӯц маълумоти барӯйхатгирни аҳолӣ (1979) 49,5%-и шумораи умумии аҳолӣ аз мардҳо ва 50,5 %-аш аз занҳо иборат аст. 58,6 %-и аҳолиро коргарону хизматчиён ва 41,4%-ашро колхозчиёи ташкил медиҳанд. Ивдустрикунонии социалистӣ тафовути байни аҳолии шаҳру деҳотро тағйир дод (аҳолии шаҳрй 34%). Шаҳрҳои Тоҷикистон: Душанбе, Ленинобод, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Норак, Қайроққум, Ғафуров, Конибодам, Панҷакент, Турсунзода, Исфара, Уротеппа, Орҷоникидзеобод ва ғайра.

Очерки таърихӣ. Қадимтарин осори ҳаёти инсон дар ҳудуди Тоҷикистон ба давраи палеолити миёна мансуб аст. Дар миёнаи ҳазораи 1 то м. дар Осиёи Миёна сохти ҷамоаи ибтидоӣ ба сохти ғуломдорӣ табдил ёфт ва қадимтарин давлатҳои ғуломдорӣ — Суғд, Бохтар ва Хоразм ташкил ёфтанд, ки машғулияти асосии аҳолии онҳо зироатчигӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ буд. Ба халқҳои Осиёи Миёна тез-тез лозим меомад, ки бар зидди истилогарони аҷвабӣ баҳри озодӣ мубориза баранд. Дар асри 6 то мелод Осиёи Миёна ба ҳайати давлати Ҳахоманишиёи дохил шуд, асри 4 то мелод онро юнониҳою мақдуниҳо забт карданд. Дертар Осиёи Миёна ба ҳайати давлатҳои Шоҳии Юнонии Бохтар, Порт, Кушониён ва ғайра дохил шуд. То миёнаҳои ҳазораи 1 мелодӣ муносибатҳои феодалӣ тавлид ёфтанд. Обу замин ва дигар воситаҳои истеҳсолот моефи ҳозираи Ҳисору Олой гардидаанд. Деопрессияи Фарғона ва Тоҷикистон дар ҷои фурухамидаи платформаҳои мозозой — палеолен пайдо шудаанд (нигаред Депреесияи Фарғона ва Депрессияи Тоҷикистон). Помир аз минтақаҳои структурии камоншакл иборат аст, ки онҳоро руғеҷаҳо аз ҳам ҷудо кардаанд. Минтақаи канори аз таҳнишастҳои баҳрию лагунагии перми боло — палсогон ва ҷинсҳои сурхранги неоген таркиб ёфтааст. Ин таҳнишастҳо дар замони олигосен — плиоцен чиндор шуда, ба рӯи структураи қадимтари Тиёншон кӯчидаанд. Дар Помири Шимолӣ ҷинсҳои синни токембрий, палеогзойи миёна ва боло бисёранд, ки онҳо дар давраҳои триасюраи мнёна чиндор ва бо ҷинсҳои гранити рахна шудаанд. Помири Марказӣ аз ҷиҳати сохти геологӣ ба ду табақа—поёнии таҳҷоӣ (автохтон) ва болоии бегона (аллохтон) тақсим мешавад. Табақаи поёнӣ аз ҷинсҳои токембрий, палеозойи мнёна, карбон, триас ва юра, табақаи болоӣ бошад, аз ҷинсҳои терригенпю карбонатии палеозой, табошир ва палеоген, инчунин ҷинсҳои сурхранги олигоцену неоген иборатанд. Ҷинсҳон сурхранг қабатҳои лава доранд. Дар Помири Ҷанубу Шарқӣ табақаҳои ғафси таҳнишастҳои терригенин перму триас, карбонатии юра, конгломерат ва ҷинсҳои эффузивии табошир — палеоген, ҷинсҳои сурхранги олигоцен —миоцен, ҷинсҳои гранитии табошири боло мавҷуданд, ки онҳо дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникӣ геҷида болои ҳам ва ё аз ҳам дур шудаанд. Помири Ҷанубу Ғарбӣ аз табақаи ҷинсҳои метаморфии синни токембрий (асосан гнейсҳои гуногун, мармар) ва ҷинсҳои гранитии давраи триас таркиб ёфтааст. Ҳудуди Тоҷикистон серзилзила мебошад.

Тоҷикистон сарватҳои табиии гуногун дорад. Дар қаторкуҳҳои Ҳисору Олой ва Помир сурма, симоб, арсен, волфрам, тилло, флюорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо (лоҷвард, лаъл, турмалин, топаз, скаполит, беҷода ва ғайра), дар қаторкуҳҳои Қурамаю Қаромаэор конҳои сурбу руҳ, металлҳои нодир, ашёи хоми пезооптикӣ, волфрам, сангҳои резакорӣ ва ғайра ёфт шудаанд. Депрессцяҳон Фарғонаю Тоҷикистон конҳои нефт, газ, ангишт, варақсанги сӯзанда, намаксанг, масолеҳи бинокорӣ доранд. Чашмаҳои минералии гарму хунуки бисёре мавҷуданд.                   И. Г. Щербо.

Иқлими Точикистон континентии субтропикист; дар кӯҳҳо вобаста ба баландӣ гарми мӯътадил, мӯътадил ва хунук аст. Дар водию ҳамворни наадикуҳи (то баландии 500 м) ҳарорати миёнаи июл 23—30оС, январ аз —1. то ЗоС; боришоти солона 150— 300 мм. Дар доманаи қаторкуҳҳои Ҳисору Олой ва ноҳияҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон (баландиҳои 500—1500 м) ҳарорпти  июл 23—28оС, январ то —5оС; боришоти солона 300—700 мм. Дар қаторкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помири Ғарбӣ (баландиҳои 1500—3000 м), ҳарорати миёнаи июл 10—20°С, январ аз —5 то —15оС. Дар баланднҳои зиёда аз 3000 м иқлими хунук ҳукмфармост. Иқлими Помири Шарқӣ биёбонии баландкӯҳист; ҳарорати миёнаи июл 5—10оС, январ аз —15 то —20оС ва аз он ҳам пасттар; боришоти солона 60—100 мм. Дар ҳудуди Тоҷикистон ҳарорати гармӣ то ба 48оС (Айваҷ) ва хунуки то ба—63оС (Булункӯл) мерасад.

Дар водии Фарғона тобистону тирамоҳ аз ғарб ва шимол ғарб гармсел мевашад. Барои ноҳияҳон ҷануби Тоҷикистон шамоли ҷанубу ғарбӣ — хокбоди афғон хос аст.

Яхбандӣ. Хатти барфҳои доимӣ дар ғарб ва ҷанубу ғарби қаторкуҳҳои Ҳисору Олой аз баландни 3800 м, дар шимолу шарқи он аз баландиҳои 4200 —4400 м ва дар Помир аз баландии 4000 м (дар шимолу ғарб) ва 5200 м (дар ноҳияҳои шарқӣ) мегузарад. Дар Тоҷикистон 8492 пирях (масоҳати умумиаш 8476,2 км2 ё 6%-и масоҳати республика) мавҷуд аст. Пиряхҳон калонтарин инҳоянд: дар Помир пиряхи Федченко (651,7 км2, тӯлаш77 км), Грумм-Гржимайло (160 км2,36,7км), Бывачный (197 км2, 27,8 к.м), Гармо (153 км2, 27,5 км), Савуқдараи Калон (69 км2, 25,2 км), Ҷамъияти Географӣ (81,8 км2, 21,5 км), Гандо (55 км2, 22,5 км) ва дар цаторкуҳҳои Ҳисору Олой пиряхи Зарафшони қаторкуҳкуҳи Туркистон (41 км2, 25 км).

Обҳои дохилӣ. Тоҷикистон дарёҳои бисёре дорад. Аз ҷумла шумораи дарёҳое, ки аз 10 км дарозтаранд, ба 947 мерасад. Тӯли умумии онҳо 28500 км мебошад. Дарёҳо асосан ба ҳавзаи дарёҳои Аму, Сир ва Зарафшон мансубанд. Фақат дар Помири Шарқӣ дарёҳои хурди Қароҷилға, Оқчилга, Музқӯл ба кӯли бастаи Қарокӯл мерезанд; дарёи Маркансу бошад, баҳавзаи дарёи Тарим тааллуқ дорад. Ҳавзаи дарёи Аму 3/4 ҳиссаи масоҳати республикаро ишғол мекунад. Ба дарёи Аму ва болооби он — Панҷ дарёҳҳои Ғунд, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, Сурхоб (Қизилсу), Вахш ва Кофарниҳон мерезанд. Ба дарёи Сир (196 камаш дар ҳудуди Тоҷикистон) аз нишебии шимолн қаторкӯҳи Туркистон дарёҳҳои Исфара, Хоҷабоқирғон, Қаросу, Оқсу ва ғайра ҷорӣ мешаванд. Болооби дарёи Зарафшон ва шохобҳои калони он— Фон, Киштӯд, Моғиён дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ гаштаанд. Манбаи аксарияти дарёҳо барфу пирях буда, давраи обхезии онҳо ба моҳҳои май — август рост меояд. Дарёҳои Тоҷикистон аҳамияти ирригационӣ ва гидроэнергетикӣ доранд. Аз ҷиҳати захираи гидроэнергетика Тоҷикистон дар СССР ҷои дуюмро (баъди РСФСР) ишғол мекувад.

Дар Тоҷикистон қариб 1300 кӯл (масоҳ, умумиашои 705 км2) ҳаст. Аксарияти онҳо дар Помир ва қаторкуҳҳои Ҳисору Олой воқеъ гаштаанд. Пайдоиши кӯли калонтарин — Қарокӯл (дар Помири Шарқӣ) тектоникист. Кӯлҳри Сарез, Яшилкӯд ва бисёр кӯлҳои дигар дар натиҷаи аз кӯҳпораҳо банд шудани маҷрои дарё ба вуҷуд омадаанд. Искандаркӯл, Кули Калон, гурӯҳи кӯлҳои Марғзор кӯлҳои хушманзари қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор мебошанд. Обанборҳои Қайроққум («Баҳри Тоҷик»), Норак, Фарҳод, Каттасой, Мӯъминобод ва ғайра бо мақсади обёрӣ ва гидроэнергетика сохта шудаанд.

Xок. Гуногунин хоки Тоҷикистон ба баландиҳо вобаста аст. Дар ҳамвориҳою пасткӯҳҳои ҷанубу ғарб ва шимоли республика навъҳои гуногуни хоки хокистарранг мавҷуданд; хоки баландиҳои 300—600 м хокистарранги сафедтоб (гумусаш 1—1,5%), баландиҳои 600—900 м хокистарранги мучаррарӣ (гумусаш 1,5—2,0%), 900—1900 м хокистарранги сиёҳтоб (гумусаш 25—4,0%) аст. Баланднҳои 1600—2800 метрро навъҳои хоки дорчинӣ фаро гирифтаанд; хоки шимоли Тоҷикистон ва Ҳисору Олой дорчинии сафедтоб, ҷойҳои сернами нишебиҳои ҷануби кӯҳҳо дорчинии карбонатдор ва болотар аз он дорчинии муқаррарист. Хоки водиҳои Помири Ғарбӣ дорчинии сафедтоб, минтақаҳои баланди куҳҳо (болотар аз 2800 м) марғзорию даштӣ, даштӣ ва биёбонию даштист; хоки заминҳои Помири Шарқӣ биёбонии баландкӯҳист (дар суфаҳои пасти дарёҳо хоки марғзорию ботлоқии яхбаста ва баъзан шӯрзаминҳо вомехӯранд).

Наботот. Дар Тоҷикистон тақрибан 6—6,5 ҳазор намуди растании олӣ мерӯяд. Аксари онҳо гиёҳ ва нимбутта мебошанд. Буттаву дарахтон 4% ҳудуди Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Тақсимоти растаниҳо ба минтақаҳои баландӣ вобаста аст. Ҳамвориҳои қисми шимолӣ ва ҷанубу ғарбии Тоҷикистон (то баландии 500 м) ба минтақаи биёбон мансубанд. Дар ин ҷо асосан шибоғ ва шӯрагиҳо ва дар туғайзорҳои поёноби дарёҳои Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Сурхоб (Қизилсу) туронға, санҷид, най, қамиш, сарнай ва ғайра мерӯянд. Набототи баландиҳои 500—700 м аз эфемероидҳо (асосан ғешаҳои қадпаст, ҷорӯбак) ва эфемерҳо нборат аст. Дар домана ва нишебиҳон пасти куҳҳо (баландиҳои 700—900 м) растаниҳои калонхӯша, эфемероидҳо, гандумак ва ғайра месабзанд. Дар миёнакӯҳҳо (аз 1200 то 1800 м ва аз 2300 то 2800 м) буттаву дарахтон бисёранд. Тоҷикистон зиёда аз 150 намуди буттаву дарахтонро дар бар мегирад. Қариб ними бешаҳо арчазор аст. Арчазор асосан дар қаторкуҳи Туркистон ва каму беш дар қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисор ва дар нишебиҳои баланди кӯҳҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ гаштаанд. Нишебиҳои сернами ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор, саҳ 396-397 нест ликияти хусусии феодалҳо гардиданд. Истисмори бераҳмонаи деҳқонон сабаби сар задани шӯришҳои сершумори халқӣ шуд. Дар асри 8 дар шароити парокандагии феодалӣ, Осиёи Миёнаро арабҳо забт ва ба ҳайати Хилофати араб дохил карданд. Истилогарон дини худ—исломро дар кишвар зӯран ҷорӣ мекарданд. Муборизаи синфӣ ва ҳаракати зидди хилофат ба ҳукмронии арабҳо дар Осиёи Миёна хотима гузошт. Дар охири асри 9 ва асри 10 давлати мустақили феодалии тоҷикон — давлати Сомониён ташклл ёфт, ки пойтахташ Бухоро буд. Дар аҳди Сомониён халқияти тоҷик ташаккул ёфт. Маданият, тиҷорат ва ҳунармандӣ ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Дар асрҳои 11—12 дар Осиёи Миёна сулолаҳои Қарахониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ғуриён ҳукм ронданд. Асри 13 Осиёи Миёнаро муғулҳо истило карданд (нигаред Истилои муғул). Ҳазорҳо одамон қурбон ва даҳҳо шаҳрҳо ба замин яксон шуданд. Ҳукмронии муғулҳоро сулолаи Темуриён хотима дод. Дар аҳди Темуриён дараҷаи баланди тараққиёти маданият бо истисмори сахти халқи заҳматкаш дар як вақт ҷараён дошт. Дар аасри 16 ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистонро (мисли дигар ноҳияҳои Осиёи Миёиа) қабилаҳои бодиянишини ӯзбек забт карданд. Дертар қисми зиёди ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳайати аморати Бухоро дохил шуд. Сонитар заминҳон тоҷикнишини воқеъ дар ҷануби дарёи Ому аз тарафи қабилаҳои пашту забт карда шуданд ва минбаъд дар ҳайати давлати Афғонистон монданд. То миёнаи асри 19 халқи тоҷик мисли дигар халқҳои Осиёи Миёна дар байни хониҳои Бухоро, Хӯқанд, Хева ва ғайра пароканда монд. Дар байни ин хониҳо ҷангҳои паёпайи феодалӣ мешуданд, ки иқтисодиёту маданият зарари калон медиданд. Дар нимаи дуюми асри 19 Осиёи Миёна ба тасарруфи Россияи подшоҳӣ гузашт. Аммо ин воқеа муттаҳидии сиёсии халқи тоҷикро таъмин карда натавонист. Ноҳияҳои шимоли Тоҷикистони имрӯза, қисми зиёди Помир ба Россия ҳамроҳ карда шуданд (ба ҳайати генерал-губернаторнн Туркистон), ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубӣ дар ҳайати аморати Бухоро, ки вассали Россия буд, монданд. Ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна сиёсати мустамликадорӣ мебурд. Сарфи назар аз ин ҳамроҳ карда шудани кишвари тоҷикон ба Россия, ки мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ ва маданӣ пешқадамтар ва дар охири асри 19 маркази ҳаракати революционии ҷаҳон буд, аҳамияти бағоят калони прогрессивӣ дошт. Тасарруфи Россия Осиёи Миёнаро аз хавфи истилои империализми Англия наҷот дод ва аҳолии маҳаллиро ба ҳаракати революционии рус ҳамроҳ кард.

Революсияи буржуазию демократии солҳои 1905—07 ва Революсияи феврали 1917 шуури синфи заҳматкаши тоҷикро бедор кард, ба болоравии ҳаракати революционӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд. Соли 1916 дар Хуҷанд шӯриши халқии зиддифеодалӣ ва зиддимустамликадорӣ огоҳ ёфта, ба зудӣ дар тамоми Осиёи Миёна ва Қазоқистон паҳн гардид. Ғалабаи Револютсияи Октябр дар Россия такони пурқуввате буд ба ҳаракати революционии заҳматкашони Туркистон. Дар охири соли 1917—ибтидои соли 1918 Ҳокимияти Советӣ дар районҳои шимоли Тоҷикистон барпо карда шуд. Ҳанӯа соли 1918 дар Помир ревком (комитети революционӣ) ба вуҷуд омад. Дар охири август 1920 бо даъвати Партияи Коммунистии Бухоро дар Бухоро шӯриши мусаллаҳ огоз ёфт. 2 сентябр бо мадади қисмҳои Армияи Сурх ҳокимияти амир вожгун гардид ва Республикаи Халқии Советии Бухоро (РХСБ) ташкил шуд. Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди ҳозираи районҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикстон). Ҳокимияти Совети танҳо маи 1921 ғалаба кард. Дарҳол пас аз барпо шудани Ҳокимияти Советӣ бо дастгирии империалистони хориҷӣ дастаҳои босмачиён амалиёт сар карданд. Онҳо болшевикон, комсомолон, фаъолон ва ҳар як шахсеро, ки Ҳокимияти Советиро дастгирӣ мекард, ваҳшиёна мекуштанд. Тамоми халқ ба муборизаи зидди босмачиён бархост ва дар миёнаи соли 1926 ба ҳаракати босмачигӣ комилан хотима дода шуд. 14 октябри 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии республикаҳои советии Осиёи Миёна Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (дар ҳайати Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Узбакистон) таъсис ёфт. Вилояти Махсуси Помир, ки пештар ба ҳабати Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд, ба Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва мувофиқи қарори Президиуми КИМ-и СССР аз 2 январи соли 1925 ба ҳайати Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дохил гардид. Ба республикаи ҷавони Тоҷикистон, ки вориси иқтисодиёт ва маданияти қафомондаи давраи собиқа шуда буд, муяссар гардид, ки марҳалаи капиталистии тараққиётро аа сар нагузаронида, ба роҳи дигаргунсозии социалистии ҷамъият қадам ниҳад. Съезди 1-уми муассисони Советҳои Тоҷикистон (декабри 1926) дар бораи миллӣ кунонидани замин ва об, озодии занон, таълими умумӣ ва ғайра қарорҳо қабул кард. Солҳои 1925 —26 дар уезди Хуҷанд, ки дар ҳайати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон буд, ислоҳоти обу замин гузаронида шуд. Дар солҳои 1926 —29 дараҷаи пешазҷангии хоҷагии қишлоқ, барқарор гардид, дар соҳаи пахтакорӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд, бунёди саноати социалистӣ гузошта шуд.

Сентябри 1929 уезди Хуҷанд ба ҳайати Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дохил карда шуд. Съезди 3-уми фавқулодаи Советҳои Тоҷикистон 16 октябр дар бораи ба республикаи иттифоқӣ табдил додани Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Декларация қабул кард. 5 декабри 1929 КИМ-и СССР қарор кард, ки шартномаи оид ба таъсиси СССР ба Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон низ дахл дорад; Тоҷикистон ихтиёрӣ ба ҳайати СССР дохил гардид. Ташкилоти партиявии вилоятии Тоҷикистон ба Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон табдил дода шуд. Съезди 1-уми Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон оид ба сохтмони хоҷагӣ ва маданӣ дар республика қарорҳои муҳим қибул кард.

Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ дар Тоҷикистон сохтмони социалистӣ басо авҷ гирифт, индустронӣ асосан ба анҷом расид. Саноати сабук ва баъзе соҳаҳои саноати вазнин тараққӣ кард. Синфи коргар ба вуҷуд омад ва шумораи коргарон босуръат афзуд. Инчунин азнавсозии социалистии хоҷагии қишлоқ ба амал омад. Аз охири 1929 дар районҳои пахтакор ҳаракати оммавии колхозӣ авҷ гирифт, минбаъд дар районҳои ғаллакор ва чорводор низ ҷорӣ шуд. Дар ин давра меҳнаткашони Тоҷикистон бо ҳам кории дигар халқҳои СССР дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷамъияти социалистиро асосан бунёд карданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) беҳтарин писарону духтарони халқи тоҷик дар фронт мардонавор ҷангиданд, ҳоҷагии халқи республика ба талаботи ҷанг мувофиқ кунонида шуд. 53 нафар мардони шуҷои Тоҷикистон сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд, 14           нафар бо ордени Шараф (дараҷаҳоп 1, 2, 3), зибда аа 50 ҳазор ҷанговарони тоҷик бо ордену медалҳои мамлакатамон мукофотонида шуданд. Дар ақибгоҳ меҳнаткашони Тоҷикистон бо меҳнати қаҳрамоионаи худ ба фронт ҳаматарафа кӯмак расониданд. Дар панҷсолаҳои 4-ум ва 5-ум хоҷагии халқи Тоҷикистон барқарор карда шуда ва ба дараҷаи нави тараққиёт расид. Даҳҳо муассисаҳои нави саноатӣ ва стансияҳои электрӣ сохта шуданд. Маҳсулоти умумин саноати республика дар соли 1956 нисбат ба давраи пешазҷангӣ 2,8 баробар ва истеҳсоли қувваи электр 4,8 баробар афзуд, хоҷагии қишлоқ босуръат тараққӣ кард, майдони кишти пахта хеле васеъ гардид, ҳосилнокӣ баланд шуд, истеҳсоли навъҳои баландсифати пахтаи маҳиннах афзуд. Барои комёбиҳои калон дар тараққиёти пахтакорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аа 22 декабри 1956 бо ордени Ленин мукофотонида шуд.

Хоҷагии халқи республика ва маданияти халқи тоҷик дар солҳоя 60 ниҳоят тараққӣ карданд. Дар панҷсолаҳои 7-ум ва 8-ум соҳаи нави саноат — мошинсозӣ, электротехника ва химия ба вуҷуд омаданд. Дар нн солҳо 225 муассисаи калон, цехуучасткаҳо, монанди заводдҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Тоҷиккабел», заводи таҷҳизоти рӯшнондиҳандаи техникии Исфара, заводи аппаратҳои пастшиддати Адрасмон, заводи нуриҳои азотии Вахш, заводи яхдонҳои «Помир», заводи «Гидронзол», комбинати маъдантозакунии Анзоб ва ғайра ба кор даромаданд. Саноат соҳаи асосии хоҷагии халқ гардид. Хусусан индустрияи вазнин босуръат тараққӣ мекунад. Меҳнаткашони хоҷагии қишлоқ низ ба муваффақиятҳои калон ноил гаштанд, Соли 1980 мамлакат аз республика бештар аа 1 млн тонна пахта гирифт; маҳсулоти дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ низ афзуд.

Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон бо орденҳои Ленин(1956), Революцняи Октябр (1974) ва Дӯстии Халқҳо (1972), Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ бо орденҳои Ленин (1967) ва Дӯстни Халқҳо (1972), вилояти Ленинобод бо ордени Ленин (1959), вилояти Қӯрғонтеппа бо ордени Ленин (1981), шаҳри Душанбе бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1984), шаҳри Ленинобод бо ордени Дӯстии Халқҳо (1986) мукофотонида шудаанд   Р. Масов, У. Пӯлодов.

Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Партияи Коммунистии Тоҷикистон қисми таркибии КПСС, яке аз отрядҳои ҷанговари он мебошад. Аввалин гурӯҳҳои сосиал-демократӣ дар шимоли Тоҷикистон дар давраи Револютсияи солҳои 1905—07 пайдо шуданд. Охири солҳои 1917— ибтидои 1918 дар Хуҷанд, Уротеппа, Панҷакент, Шӯроб, кони нефти САНТО ва дигар маҳалҳо ташкилотҳои болшевикӣ барпо гардиданд. Баҳори 1918 дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ташкилоти болшевикӣ мавҷуд буд, ки дар сафи худ 170 коммунистро муттаҳид мекард. Дар кори барпо кардан ва аз ҷиҳати ғоявию ташкилӣ мустаҳкам намудани ташкилотҳои болшевикӣ Б. А. Иваницкий, Д. Т. Деканов, И. А. Жданов, Н. В. Чащихин, Ҳ. Усмонов, Ҷ. Зокиров, А. Мавлонбеков ва дигарон иштирок доштанд. Тобистони 1918 Партияи Коммунистии Туркистон таъсис ёфт, ки ба ҳайати он ташкилотҳои болшевикии шимоли Тоҷикистон дохил шуданд. Моҳи декабри 1918 дар Хуҷанд съезди 1-уми уезди партия даъват гардид. Ба ташкили аввалин ячейкаҳои партиявӣ дар Помир комиссияҳои ҳарбию сиёсии КИМ-и Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон ва органҳои партиявию сиёсии қисмҳои ҳарбӣ мадад мерасонданд.

Баъди ғалабаи Революцияи Халқии Советии Бухоро (1920) ва пойдор гардидани Ҳокимияти Совети дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ (1921) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро (ПКБ) Бюрои марказии ташкилӣ, моҳи июли 1923 Бюрои ташкилин Комитети Марказиро дар Бухорои Шарқӣ таъсис намуд, ки он то барпо гардидани Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон вуҷуд дошт. Фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои партиявӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва ёрии доимию ҳамаҷонибаи Комитети Марказии РКП(б)сурат мегирифт. Соли 1922 ПКБ ба ҳайати РКП(б) қабул шуд. Ба андозаи вусъат ёфтани сохтмони хоҷагӣ ва маданӣ ҷараёни ба миллатҳо табдил ёфтани халқҳои Осиёи Миёна пурзӯр шуда, худшиносии миллии онҳо дар роҳи барпо намудани давлати миллӣ меафзуд. Соли 1924 барои тақсимоти ҳудуди миллию давлатии Осиёи Миёна шароити мусоид фароҳам омад. Комитети Марказии РКП(б) чунин иқдоми неки халқҳои кишварро пазируфт ва 12 июни соли 1924 «Дар бораи тақсимоти миллии республикаҳои Осиёи Миёна» қарор қабул кард. Моҳҳои сентябр—октябр тақсимоти ҳудудҳои миллии Осиёи Миёна ба расмият даромад, республикаи мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбекистон таъсис ёфт. Тағир ёфтани тақсимоти давлатӣ ва маъмурии Осиёи Миёна аз нав ташкил намудани партияҳои коммунистии кишварро ба миён гузошт. Бюрои сиёсии Комитети Марказии РКП(б) 11 сентябри 1924 қарор дод, ки ташкилоти вилоятии Тоҷикистон ба РКП ба воситаи Комитети Марказии ташкилоти Узбакистон дохил мешавад. 6 дек. 1924 Бюрои ташкилии Комитети Марказии Партияи Коммунистии (б) Узбакистонро барпо намуд. Ба ҳайати он Ч. Имомов, С. М. Соколов, Ш. Шотемур, Н. Лутфуллоев, Б. Дадобоев, Б. В. Толпыго, Ч. А. Путовский, И. Ф. Федько, А. Оқчурин ва дигар дохил шуданд. Ба зиммаи Бюрои ташкилӣ вазифаи ба расмият даровардани ташкилоти партиявии республикаива роҳбарӣ ба фаъолияти он (то даъвати конференцияи партиявии вилоятии Тоҷикистон) вогузошта шуд. 21 —27 октябри 1927 Конференцияи 1-уми партиявии вилоятии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он фаъолияти ташкилоти партиявиро дар давоми 3 сол ҷамъбаст кард ва Комитети партиявии вилоятии тоҷикистонии Патияи Коммунистии (б) Узбакистонро интихоб намуд. Ташкилоти партиявии Тоҷикистон бо роҳбарии Комитети Маказии ВКП(б) ба муборизаи меҳнаткашон бар зидди босмачигарӣ, дар роҳи таҷдиди хоҷагии халқи дар солҳои ҷанги гражданӣ харобгардида, бунёди аввалин корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои маданият сарварӣ намуд. Коммунистон ба кори бартараф кардани боқимондаҳои феодалию бой ва миллатчигӣ, хурофот дар шуури одамон, дар рӯҳи идеологияи социалистӣ тарбия намудани меҳнаткашон шурӯъ карданд. Мувофиқи қарори Бюрои Сиёсии Комитети Маказии ВКП(б) моҳи сентябри 1929 ба Комитети партиявии вилоятии Тоҷикистои ташкилоти партиявии округи Хуҷанд ҳамроҳ шуд. 25 ноябри 1929 мувофиқи қарори Бюрои Сиёсии Комитети Марказии ВКП(б) Комитети партиявии вилоятии тоҷикистонии Партияи Комунистии (б) Узбакистон ба Партияи Комунистии (б) Тоҷикистон табдил дода шуд, ки он аз 7 ташкилоти партиявии округи (Душанбе, Ғарм, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд) ва ташкилоти партиявии ВАБК иборат буд. Вай 3848 коммунистро муттаҳид мекард.

Съезди 1-ӯми Муассисони Партияи Комунистии (б)Тоҷикистон. 6—15 июни 1930 дар Душанбе барпо гардид. Вай ташкил ёфтани Партияи Комунистии (б) Тоҷикистонро ба расмият даровард ва органҳои роҳбарикунандаро интихоб намуд. Съезд муҳимтарин вазифаҳои сохтмони социалистнро ба нақша гирифт, роҳу воситаҳои ба амал баровардани онҳоро муайян кард. Партияи Комунистии (б) Тоҷикистон ташкилотчию роҳбари ҷанговари оммаи меҳнаткашон дар мубориза баҳри сохтмони социализм гардид. Ташкилоти партиявӣ дар фаъолияти худ ба Советҳо иттифоқҳои касаба, комсомол, ба ташкилотҳои оммавии деҳқонони меҳнаткаш — «Ҷуфтгарон» (аз 1929 — «Иттифоқи камбағалон») такя менамуд. Дар солҳои панҷсолаҳои пеш аз ҷанг бо роҳбарии Партияи Комунистии (б) Тоҷикистон нндустронии социалистй, коллективонии хоҷагии қишлоқ, рев. маданй ба амал бароварда, қафомонин иқтисодй ва мадании халқн тоҷик барҳам дода шуд. Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон бар зидди троцкизм, оппортунизми рост, ҳар гуна намудҳои миллатчигӣ, бойҳо, дину хурофот мубориза бурд. Озод гардидани занони тоҷик, ба кори фаъолонаи сохтмони ҷамъияти нав ҷалб намудани онҳо музаффарияти бузурги социализм буд. Партияи Коммунистии (б)Тоҷикистон аз ёрии ҳарҷонибаи назариявӣ ва амалии Комитети Марказии ВКП(б) мунтазам баҳра мебурд. Солҳои 20—30 Б. В. Толпыго, М. Ц. Ҳусейнов, С. К. Шадунц, Г. И. Бройдо, У. Ашӯров, Д. 3. Протопопов, Ш. Шотемур, И. Исмоилов ва дигарон дар корҳои роҳбарику нандаи партиявии республика буданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон ба масъалаҳои баҳри ҳифзи Ватан ташкилу сафарбар намудани ҳамаи неруҳон иқтисодӣ, дар байни аҳолӣ вусъат додани корҳои оммавии мудофиавӣ, бо тамоми лавозимоти ҳарбӣ таъмин кардани армия ва фронт пайваста машғул буд. Бо роҳбарин Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон тамоми хоҷагии халқ дар муддати кӯтоҳтарин ба роҳи ҳарбӣ гузаронда шуд. Барои беҳтар шудани фаъолияти Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон қарорҳои Комитети Марказии ВКП(б) (аз 7 октябри 1942) «Дар бораи кори Комитети Марказӣ ва комитетҳои вилоятии Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон» ва аз 13 декабри 1944 «Дар бораи кори Комитети Марказии Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон» аҳамияти калон доштанд. Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба пурраю барзиёд иҷро гардидани планҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои нақлиёт, афзоиши маҳсулнокии хоҷагии қпшлоқ, беҳтар гардидани кори ташкилии партиявӣ ва идеологӣ муваффақ шуд. Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар шароити пурмашаққати ҷанг ба меҳнаткашон наздиктар шуд. Афзоиши сафҳои партия аз ин хусус шаҳодат медиҳад. Дар замоии ҷанг ташкилоти партиявии Тоҷикистон ба фронт 50% ҳайати худро фиристод. Гарчанд бисёр коммунистон ба фронт рафта бошанд ҳам, ташкилоти партиявӣ аз ҳисоби қабули аъзо ва номзадҳои нав мунтазам меафзуд: ҳамагӣ ба аъзогии партия 17024 кас қабул шуд. Адади ташкилотҳои партиявӣ хеле зиёд шуд. Агар то 1 январи 1942 1047 ташкилоти ибтидоии партнявӣ, 174 гурӯҳи номзадӣ ва 51 гурӯхи партиявӣ-комсомолӣ бошад, то 1 январи 1945 теъдоди ташкилотҳои партиявӣ ба 132, гурӯҳҳои номзадӣ ба 248 ва гурӯҳҳои партиявӣ-комсомолӣ ба 204 расид. Партияи Коммунистии Тоҷикистон аз ибтидо то интиҳои ҷанг роҳбари санҷидашудаи омма буд.

Дар давраи баъди ҷанг Партияи Коммунистии Тоҷикистон қувваи худро ба мубориза баҳри ривоҷу равнақи минбаъдаи хоҷагии халқи республика, анҷом додани сохтмони социализм равона намуд. Дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашони Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Кори ташкиливу идеологии ташкилоти партиявии Тоҷикистон хеле вусъат ёфт. То моҳи январи 1958 дар республика 2159 ташкилоти партиявӣ мавҷуд буд. Партия соли 1961 дар Съезди XXII Программаи сеюмро қабул карда, дар ҳамаи соҳаҳои сохтмони социалистӣ кори бузургро вусъат дод. Партияи Коммунистии Тоҷикистон тамоми меҳнаткашонро ба тараққиёти минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда сафарбар намуд.

Дар ҷараёни сохтмони ҷамъияти социалисти Тоҷикистон аз республикаи аграри-индустриявӣ ба республикаи индустриявӣ-аграрӣ табдил ёфт. Дар фаъолияти Партияи Коммунистии Тоҷикистон қарори Комитети Марказии КПСС аз 17 декабри 1968 «Дар бораи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарорҳои Съезди 23-юми КПСС аҳамияти калон дошт. Партияи Коммунистии Тоҷикистон ин ҳуҷҷатҳоро дастури амал карда, роҳбариро ба ҳабти иқтисодӣ, маданӣ ва ҷамъиятии республика пурзӯр намуд. Соли 1984 60-солагии ташкил ёфтани Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва ташкилоти партиявии он ҷашн гирифта шуд. Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар ҳамаи марҳалаҳои бунёди ҷамъияти нав ва инкишофу такомулоти он ташкилотчии асил ва роҳбари кордони фаъолияти бунёдкоронаи меҳнаткашонн респубика мебошад. Вай дар хусуси тараққиёти иқтисодиёт, маданият, «вусъати кори тарбиявӣ дар байни мардум ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки фаъолияти эҷодӣ ва меҳнатии меҳнаткашон хеле афзудааст. Бо роҳбарии Партияи Коммунистии Тоҷикистон республика дар даҳ соли охир дар ҳамаи соҳаҳои сохтмони иқтисодӣ ва маданӣ ба дастовардҳои нав ноил гардид. Неруи истеҳсолӣ ва илмию техивкии он афзуд. Вазни қиёсии маҳсулоти умумии саноат 55%-и истеҳсоли умумии маҳсулоти ҷамъиятиро ташкил намуд. Соҳаи аграрии иқтисодиёт низ бо суръат инкишоф ёфт. Маданияти шаклан миллию мазмунан социалистӣ ба пояи баланд баромад.

Коммунистон, ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон таҳрири нави Программаи КПСС, тағйиротро ба Устави партия, роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии СССР-ро барои солҳои 1966—90 ва дар давраи то соли 2000, ки Сьеади 27-уми КПСС қабул кард, якдилона пааируфтанд. Съеэди XX Партияи Коммунистии Тоҷ. (24—25 янв.) вазъияти кунунии иқтисодиёт, маданият, кори идеологиро дар республика хеле амиқ таҳлилу ҷамъбаст ва пешомадҳои азими тараққиёти ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро муайян намуд. Съезд ба масъалаҳои баланд бардоштани дараҷаи моддиву мадании рӯзгори халқ эътибори ҷиддӣ дод. Фаъолияти ташкиливу сиёсии Партияи Коммунистии Тоҷикистон беш аз пеш вусъат ёфт.

То 1 январи 1986 дар ҳайати Партияи Коммунистии Тоҷикистон 4 комитети партиявии вилоятӣ, 14 комитети шаҳрӣ, 4 комитети районии шаҳрӣ ва 37 комитети районии

Динамикаи ҳайати миқдории Партияи Коммунистии Тоҷикистон (то 1 январи 1988)

Солҳо Аъзоёни КПСС Номзадҳо ба аъзоии КПСС  Ҳамаи

коммунистон

1925 21-1 224 435
1930 1939 1909 3848
1940 5596 5839 11435
1950 25798 5436 31234
1960 42834 5086 47920
1970 79228 5008 84236
1975 90632 3584 94216
1986 117709 5276 122985

қишлоқи, 5447 ташкилоти ибтидоии партиявӣ, 4495 ташкилоти партиявии сехӣ, 3325 гурӯҳи партиявӣ мавҷуд буд. Шумораи умумии коммунистон 122985 нафарро ташкил кард, ки 68,9% дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ кор мекунад.

Партияи Коммунистии Тоҷикистон бо суботкорӣ ва ғайрати том ба навсозии ҳамаи ҷабҳаҳои рӯзгор, ки съезди 27 КПСС пешниҳод кардааст, оғоз намуд. Вай дар бобати решакан кардани бесарусомонӣ ва исрофкорӣ, пойдор сохтани интизом, барҳам додани зуҳуроти Санаи съездҳои ПК Тоҷикистон

Съезди 1-ум 6—45 июни 1930
Съезди 2-юм 7—14 январи 1934
Съезди 3-аом 16—17 августи 1937
Съезди 4-ум 7—14 июни 1938
Съезди 5-ум 22—27 феврали 1939
Съезди 6-ум 13—17 марти 1940
Съезди 7-ум 20—23 декабри 1948
Съезди 8-ум 19—22 сентябри 1952
Съезди 9-ум 18—20 январи 1954
Съезди 10-ум 26—29 январи 1956
Съезди 11-ӯм 14—16 январи 1958
Съезди 12-ӯм 14—15 январи 1959
(ғайринавбатӣ) Съезди 13-ум 4—6 феврали 1960
Съезди 14-ум 21—23 сентябри 1961
Съезди 15-ум 25—26 декабри 1963
Съезди 16-ум 2—3 марти 1966
Съезди 17-ум 18—19 феврали 1971
Съезди 18-ум 27—28 феврали 1976
Съездн 19-ум 23—25 янвали 1981
Съезди 20-ум 24—25 январи 1986

коғазбозӣ ва расмиятчигӣ, кӯҳнапарастӣ ва замонасозӣ ҷидду ҷаҳд намуда, меҳнаткашонро ба ҷустуҷӯи эҷодии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ҳидоят мекунад.

Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар шароити ҷамъияти баркймоли сосиалистӣ саъю кӯшиши меҳнаткашони Тоҷикистонро ба ҳалли вазифаҳои масъули бузурги бунёди заминаи моддию техникии коммунизм, тарбияи инсони нав сафарбар менамояд.

Ш. Султонов.

Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Тоҷикистон ЛКСМ Тоҷикистон — қисми таркибии ВЛКСМ мебошад. Аввалин ячейкаҳои комсомолӣ дар районҳои шимоли Тоҷикистон соли 1918, дар қисмҳои марказӣ ва ҷанубии он баъди ғалабаи Револютсияи Халқии Советии Бухоро (сентябр 1920) ба вуҷуд омадаанд. Дар Помир аввалин ячейкаҳои Иттифоқи коммунистии ҷавонон соли 1923 дар Хоруғ ва Поршнев ташкил ёфтанд. Ҷ. Зокиров, III. Хӯҷаев, И. Озеров, А. Исмоилов, К. Баракаев, А. Салимзода, Ф. Юсуфов, Д. Д. Морокин, А. Ҳайдаров, Д. Алифбеков, М. Тошмуҳаммадов, А. Зиннатшоев, М. Иҷубов ва дигарон муассисони фаъоли ташкилотҳои комсомолӣ буданд. Комсомоли Тоҷикистон дар шароити махсус ба вуҷуд омад: табақаи коргарҷавонон камшумор ва комсомол асосан аз деҳқонҷавонон иборат буда, аксарияти онҳо савод надоштанд. 27 октябр 1925 дар Душанбе Конференцияи 1-уми умумитоҷикистонии комсомол барпо гардид, ки он Комитети вилоятии тоҷикистонии ЛКСМ Узбакистонро ташкил кард. Комсомоли Тоҷикистон дар кори барпо намудан ва пойдор гардондани Ҳокимияти Советӣ, торумори босмачигарӣ фаъолона иштирок мекард. Комсомолону ҷавонони республика бо даъвати партия дар сафҳои аввали мубориза барои индустронӣ ва коллективонии хоҷагии қишлоқ қадам мезаданд (соли 1932 бо ташаббуси комитетҳои маҳаллии комсомол 48 колхози комсомолону ҷавонон ташкил шуд). Комсомол сохтмони роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе, системаи ирригасионии Вахш, роҳи Душанбе— Хоруг ва ғайраро ба шефӣ гирифт, дар татбиқи револютсияи маданӣ, хусусан дар маҳви бесаводи саҳми калон гузошт. Баробари ташкил ёфтани Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1930 ташкилоти вилоятии комсомол ба ЛКСМ Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) 40 ҳазор нафар комсомолони Тоҷикистон дар ҷангҳои зидди истилогарони фашистӣ иштирок доштанд. Қариб 20 нафар дастпарварони ЛКСМ Тоҷикистон сазовори номи Қаҳрамонн Иттифоқи Советӣ гардиданд (Д. Азизов, С. Амиршоев, Ҳ. Кенҷаев, И. Ҳамзаалиев, Т. Эрйигитов ва дигарон). Т. Эрйигитов бошад, корнамоии Александр Матросовро такрор кард. ЛКСМ Тоҷикистон дар даҳсолаҳои баъди ҷанг дар тараққиёти минбаъдаи хоҷагии халқ, аз ҷумла дар кори азхудкунии заминҳои бекорхобида, фаъолона иштирок намуд, Шаклу усулҳои кори комитетҳои комсомол оид ба тарбияи идеявию сиёсӣ ва меҳнатии насли наврас мунтазам такмил меёбад. Комсомолон ва ҷавонони Тоҷикистон дар асри шиори «Имрӯз назар ба дирӯз, фардо назар ба имрӯз беҳтар кор мекунем» фидокорона меҳнат мекунанд. Саҳми аъзоёни ВЛКСМ дар истеҳсолоти моддӣ низ меафзояд. ЛКСМ Тоҷикистон бо роҳбарии Партияи коммунистӣ дар сохтмони ҷамъияти коммунистӣ фаъолона иштирок мекунад. Моҳи ноябри 1975 ба муносибати 50-солагиаш ЛКСМ Тоҷикистон бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд. Моҳи октябри 1985 ба ташкил ёфтани комсомоли Тоҷикистон 60 сол пур шуд. Ин санаи таърихӣ ба иди тамоми комсомолону ҷавонони республика табдил ёфт. Онҳо комёбиҳои азими дар солҳои мавҷудияти ЛКСМ Тоҷикистон дар мубориза барои сохтмони ҷамъияти мутараққии социалистӣ ба даст овардаи худро ҷамъбаст намуда, ба иҷрои вазифаҳои нави ба миён гузоштаи Партияи коммунистӣ тайёр буданашонро изҳор карданд.

ф. Зикриёев.

Динамикаи ҳайати миқдории ЛКСМ Тоҷикистон

Солҳо Аъзоёни

ЛКСМ

Солҳо Аъзоёни

ЛКСМ

1930 15915 1950 82391
1932 33128 1960 123000
1939 53675 1970 196000
1946 54711 1975

1986

309637

723142

Санаи барпо гардидани съездҳои ЛКСМ Тоҷикистон

Съезди 1-ум 28 ноябр

—7 декабри

1930
Съезди 2-юм 28 август

—3 сентябри

1932
Съезди 3-юм Г0—16 феврали 1936
Съезди 4-ум 20—28 ноябри 1937
Съезди 5-ум 10—17 май 1939
Съезди 6-ӯм 30сентябр—1 октябри 1940
Съезди 7-ӯм 24—26 декабри 1946
Съезди 8-ӯм 19—22 январи 1949
Съезди 9-ӯм 13—17 сентябри 1950
Съезди 10-ум 15—17 марти 1952
Съезди 11-ум 29—31 январи 1954
Съеади 12-ӯм 9—10 феврали 1956
Съезди 13-ум 5—6 марти 1958
Съезди 14-ум 10—11 марти 1960
Съезди 15-ум 25—26 январи 1962
Съезди 16-ӯм 6—7 январи 1964
Съезди 17-ӯм 15—16 феврали 1966
Съезди 18-ум 15—16 феврали 1908
Съездн 19-ум 26—27 феврали 1970
Съезди 20-ум 3—4 марти 1972
Съезди 21-ум 27—28 феврали 1974
Съезди 22-ум 24—25 феврали 1978
Съезди 23-юм 2—3 апрели 1982

Иттифоқҳои касаба. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон қисми таркибии Иттифоқҳои касабаи СССР мебошанд. Баъди ғалабаи Револютсияи буржуазию демократии феврали 1917 дар ҳудуди Тоҷикистон аввалин ташкилоти иттифоқи касаба дар ст. Хуҷанд (марти 1917) таъсис ёфт. Ташкилёбии оммавии иттифоқҳои касаба баъди ғалабаи Револютсияи Октябр сар шуд. Съсзди 2-юми Партияи Коммунистии Туркистон (декабри 1918) қарорро «Дар бораи муносибат ба иттифоқҳои касаба» қабул карда, ташкилотҳои партиявии роспубликаро вазифадор намуд, ки ба ташкили иттифоқҳои касаба диққат диҳавд. Моҳи июни 1919 дар Тошкент Съезди 1-уми иттифоқҳои касабаи РАСС Туркистон барпо гардид, ки дар он вакилони 103 ташкилоти иттифоқҳои касаба иштирок доштанд. Дар солҳои Ҷанги гражданӣ иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои меҳнаткашонро дар мубориза бар зидди гвардиячиёни сафед ва босмачиҳо сафарбар намудан мадад расонда, дар ташкили қисмҳои Армияи Сурх ва отрядҳои ихтиёриён ҳисса гузоштанд. Марти 1925 Бюрои ташкилии иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон барпо гардид. Ҳамон сол 1300 нафар аъзоёни иттифоқҳои касаба — коркунони советӣ, бинокорон, коркунони соҳаи озуқа, коргарон, косибони бофанда, оҳангарон мавҷуд буданд. Апрели 1926 Съезди 1-уми умумитоҷикистонии иттифоқҳои касаба барпо гардид. Съезд Совети Марказии иттифоқҳои касабаро интихоб намуд. Дар миёнаи соли 1926-ум 49 комитети маҳаллӣ бештар аз 3 ҳазор аъзоён, асосан батракҳо ва коргаронро муттаҳид менамуд. Дар солҳои сохтмони сосиалистӣ, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо роҳбарии ташкилотҳои партиявӣ дар татбиқи дигаргунсозиҳои социалистӣ, индустронии мамлакат, коллективонии хоҷагии қишлоқ, таиёр ва тарбия намудани кадрҳои синфи коргар, интеллигенсия, ба амал баровардани революцияи маданӣ иштирок карданд, оид ба озодии занони тоҷик ва ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ, идоракунии давлат ҷалб кардани онҳо кор мебурданд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ташкилотчиёни мусобиқаи социалистӣ, ҳаракати зарбдорон, стахановчиён ба ҳисоб мерафтанд. То соли 1940 ум 80 ҳазор кас аъзои иттифоқҳои касаба гардид.

Дар солҳои Ҷанги Бузургн Ватанӣ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои ба роҳи ҳарбӣ гузаронидани хоҷагии халқи республика, ривоҷ додани истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, қабул кардану ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ ва бо кор таъмин намудани одамони советии ба Тоҷикистон кучондашуда бисёр корҳоро ба ҷо оварданд.

Дар давраи баъди ҷанг иттифоқҳои касабаи республика дар тараққии минбаъдан иқтисодиёт ва маданият фаъолона иштирок намуданд, ташкилотчиёни мусобиқаи социалистӣ, ҳаракат барои муносибати коммунистӣ ба меҳнат, ҳаракати навоварону ихтироъкорон гардиданд, барои иҷрои планҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат мубориза мебурданд, ба ташкили мӯсбиқаи сосиалнстии меҳнатдӯстони республика бо меҳнаткашони дигар республикаҳои иттифоқӣ диққати калон медоданд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вазифаҳои ба муҳофизати меҳнат, бехатарии техника, риояи қонунҳои оид ба меҳнат назорати даватӣ ва ҷамъиятӣ бурданро ба ҷо меоваранд. Онҳо барои беҳтар кардани шароити меҳнат ва истироҳати коргарону хизматчиён ва коркунони хоҷагии қишлоқ ғамхорӣ зоҳир менамоянд, корҳои зиёди тарбиявӣ мебаранд. Иттифоқҳои касабаи республика бо ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи мамлакатҳои хориҷӣ низ алоқа доранд. 1 январи 1986 республика 1456 681 нафар аъзои иттифоқҳои касаба дошт, ки онҳо дар 8727 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид буданд.          А. Валиев.

Хоҷагии халқи Тоҷикистон республикаи индустриявию аграрист. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ саноати серсоҳа, хоҷагии қишлоқи ба дараҷаи баланд механаконидашуда ва роҳҳои зиёди нақлиётӣ ба вуҷуд омаданд. Аз маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ 56,3% ба саноат, 12,5% ба сохтмон, 19,8% ба хоҷагии қишлоқ ва 2,6% ба нақлиёт ва алоқа тааллуқ дорад (1984). Солҳои 1918—1984 маблағгузории муассисаҳои давлатӣ ва кооперативӣ ба хоҷагии халқи респубинка 18 928 млн сӯмро ташкил дод. Тоҷикистон дар СССР яке аз ноҳияҳои муҳимми пахтакорӣ, истихроҷи металлҳои ранга ва нодир мебошад. Соҳаҳои истеҳсоли абрешим, матоъҳои пахтагин, қолин, равған, консервҳои меваю сабзавот аҳамияти умумииттифоқӣ доранд. Солҳои охир соҳаҳои гуногуни саноат — мошинсозию таҳвили моталл, электроэнергетика, металлургияи ранга, саноати химия хеле тараққӣ карданд. Ҳиссаи Тоҷикистон дар хоҷагии халқи СССР чунин аст (1984): аз рӯи истеҳсоли пахта 10,8%, нахи пахта 11,0%, нахи абрешим 9,2%, равғани растанӣ 3,1%, консерви меваю сабзавот 1,7%. Аз рӯи истеҳсоли равғани анҷибар ва лимупарварй дар мамлакат ҷои аввалро ишғол мекунад. Робитаи иқтисодии Тоҷикистон бо ҳамаи республпкаҳои иттифоқӣ мустаҳкам аст. Маҳсулоти саноати Тоҷикистон қариб ба 50 мамлакати хориҷӣ содир мешавад. Дар Тоҷикистон Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ ташаккул меебад.

Саноат. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ бештар аз 156 маротиба афзуд. Дар респуолика зиёда аз 90 соҳаи саноат ва 300 корхонаи калони саноатӣ мавчуданд. Солҳои 1960—80 бештар соҳаҳои саноати вазнин —электроэнергетика, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, металлургияи ранга, мошинсози ва таҳвили металл, саноати масолеҳи бинокорӣ тараққӣ карданд. 38,0%-и маҳсулоти умумиро индустрияи вазнин мебарорад ва 83,7%-и тамоми фандҳои асосии истеҳсолоти саноатӣ барои он сарф карда мешавад. ГЭС- ҳои Қайроққум, Норак, Бойғози, Сарбанд, Марказӣ, Шаршара, силсилаи ГЭС-ҳои Варзоб, ТЭЦ-ҳои Душанбею Ёвон ва ғайра манбаи асосии энергетикаи республика мебошанд. Сохтмони калонтарин ГЭС-и Осиёи Миёна— ГЭС-и Роғун (аз 1983 давом дорад. Соли 1984 стансияҳои электрии Тоҷикистон 15172 млн кВт энергияи электр истеҳсол карданд. Дар як қатор комбинату фабрикаҳои республика (комбинатҳои Анзоб, Адрасмон, фабрикаҳои Такоб, Чоруқдарон, Ҷелав ва ғайра) сурбу руҳ, сурб, мису молибден, волфрам, сурмаю симоб, флюорит ва дигарон маъданҳои нодирро тоза мекунанд ва аз онҳо консентрат мегиранд. 3аводи алюминийи Тоҷикистон ва заводи гидрометаллургии Исфара аввалин корхонаҳои саноати металлургияи ранга мебошанд. Корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва таҳвили металл асосан дар Душанбе (заводҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», «Тоҷикгидроагрегат», «Тоҷиккабел», заводи яхдонҳои рӯзгор ва ғайра), инчунин дар Ленинобод (заводи иттиҳодияи «Торгмаш»), Конибодом (заводи «Автозапчаст»), Қурғонтеппа (заводи трансформатор), Исфара (заводи таҷҳизоти рӯшноидиҳандаи техникӣ) ҷойгир шудаанд. Ин корхонаҳо дастгоҳҳои бофандагию ресмонресӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, яхдон, маснуоти кабели, арматура, трансформатор, таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, аппаратураи электрии пастшиддат, қисмҳои эҳтиётӣ барои автомобилу трактор, таҷҳизот барои муассисаҳои савдо ва хуроки умуми ва ғайра истеҳсол мекунанд. Саноати химия (заводи нуриҳои нитрогендори Вахш, заводи электрохимиявии Ёвон) ривоҷ меёбад. Саноати масолеҳи бинокорӣ комбинатҳои цемент, маснуоти асбоцемент ва қариб 50 завод (конструксияҳои оҳану бетони, масолеҳи гидроизоляционӣ, хишт, оҳаку гаҷи бинокорӣ, карамзит ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ дар Душанбе, Орҷоникидзеобод, Пролетар, Қайроққум, Исфара ва дигар шаҳру районҳои республика ҷойгиранд. Номгуи маҳсулоти ин соҳа аз ҳисоби масолеҳи нави маҳаллӣ (аглопорит, карамзит, фолгаизол, пахтаи минералӣ, плитаю тахтасангҳои кошинкорӣ ва дигар маснуоти ороиши бинокорӣ) торафт меафзояд. Соҳаҳои саноати сабук: пахтатозакунӣ, истеҳсоли матоъҳои пахтагин, шоҳибофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, мебел ва чарчинворӣ. Корхонаҳон калони саноати сабук дар Душанбе (иттиҳодияи истоҳсоли газворҳои пахтагин, комбинати шоҳибофӣ), Ленинобод (комбинати шоҳибофӣ), Қайроққум (комбинати қолинбофӣ), Конибодом (фабрикаҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ), Уротеппа (фабрикаи трикотаж), Қӯрғонтеппа (фабрикаҳои дӯзандагӣ, мебел) ва заводҳои пахтатозакунӣ (18 заводи) бештар дар райоиҳои пахтакор воқеъ гардидаанд. Саноати сабуки Тоҷикистон 9 иттиҳодияи истеҳсолӣ ва бисёр корхонаҳои хурдро дар бар мегирад (1984). Ба туфайли афзоши маблағгузорӣ, механиконӣ ва автоматонии комплексии меҳнат, саноати сабук босуръат тараққӣ мекунад. Соли 1984 ҳосилнокии меҳнат (нисбат ба 1940) 2,3 ва истеҳсоли умумии маҳсулот 12,9 маротиба афзуд. Пешрафти хоҷагии қишлоқи республика ба тараққии минбаъдаи саноати хӯрокворӣ (махсусан соҳаҳои равғанкашӣ, истеҳсоли меваи хушк, консервҳои меваю сабзавот ва гӯшту шир) мусоидат менамояд. Равғанкашӣ (аз чигит) калонтарин соҳаи саноати хӯрокворист. заводҳои равғанкашии Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва Комбинтаи равғани Душанбе иттиҳодияи «Тоҷикмасло»-ро ташкил медиҳанд. Истеҳсоли равған дар Тоҷикистон аз соли 1940 то соли 1984 72 баробар афзуд. Корхонаҳои истеҳсоли консервҳои меваю сабзавот асосан дар шимоли реслублика — ноҳияи калоии боғу токпарварй ҷой гирифтаанд. Комбинатҳои консерви Ленинобод, Конибодом, Исфара, иттиҳодияи тамоку ва консерви Панҷакент, ангуру меваи «Шаҳринав», «Хуҷанд», «Истаравшан» ва «Қӯрғонтеппа» калонтарин корхонаҳои саноатн хӯроквории республикаанд. Комбинатҳои маҳсулоти ғаллагии Душанбе, Орҷоникидзеобод, Қайроққум, Но,в орд, биринҷ ва хӯроки омехтаи чорво истеҳсол мекунанд.

Хоҷагии қишлоқ. Маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ соли 1984 нисбат ба соли 1940 4,4 маротиба афзуд. Соли 1984 дар республика 158 колхоз, 297 совхоз ва 48 муассисаю ташкилоти байнихоҷагӣ мавҷуд буд ва онхо зиёда аз 35,2 ҳазор трактор, қариб 4,3 ҳазор мошини пахтачин, 1,6 ҳазор комбайни ғаллағундор ва бештар аз 28 ҳазор автомобили боркаш доштанд. Барои эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқм3257,8       млн кВт с энергияи электр ва 226 ҳазор тон нуриҳои минералӣ сарф шуд. Ба туфайли ривоҷ ёфтани корҳои обёрӣ масоҳати заминҳои найи обӣ аз 225 ҳазор га (1929) то 646 ҳазор га (1984) расид. Бисёр канал, обанбор ва стансияҳои насосӣ, системаҳои обёрии Фарғова, Мирзочӯл, Хоҷабоқирғон, Сомғор, Марғедар, Бешкент, Вахш, Ёвону Обикиик, Чубек ва ғайра бунёд гардиданд. 4 ноябри 1986 сохтмони навбати якуми комплекси обёрии дашти Данғара (тунелаш 14 км) ба анҷом расид. Дар хоҷагии қишлоқ соҳаҳои нав — анҷирпарварӣ, лимупарварӣ, тамокукорӣ ба вуҷуд омаданд.

tj3

3ироат. Соли 1984 тамоми заминҳои хоҷагии қишлоқ 4,2 млн га буд (аз ҷумла киштзор 0,8 млн га, чарогоҳ 3,2 млн га). Дар давраи Ҳокимияти Советй пахтакорй (дар водиҳои Вахш, Ҳисор, вилоятҳои Ленннобод ва Кӯлоб) ба соҳаи асосин хоҷагии қишлоқ мубаддал гардид. Масоҳати заминҳои пахта соли 1984 нисбат ба давраи тореволюционӣ 11,6 маротиба, маҳсулоти умумии ғунучини пахта бештар аз 30 маротиба ва ҳосилнокӣ 2,7 маротиба афзуд. Тоҷикистон базаи асосии истеҳсоли пахтаи маҳинахи мамлакат мебошад. Соли 1984 дар Тоҷикистон 932,4 ҳазор тон пахта истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба соли 1940-ум 5,5 маротиба зиёд аст. Дар республика инчунин тамоку (дар заминҳои обии доманакӯҳ) ва анҷибар парвариш мекунанд. Колхозҳои ба номи В. И. Ленин, «Съезди 20-уми партия» ва совхоззаводи «Эфиронос»-и раёни Турсунзода, совхоз-заводи «Геран»-и раёни Қумсангир хоҷагиҳои асосии анҷибарпарварӣ мебошанд. Тоҷикистон қариб 70%-и равғани анҷибари Иттифоқи Советиро медиҳад. Гандум, ҷав, зағир, кунҷит асосан дар заминҳои лалмии доманакӯҳҳо, шолӣ дар заминҳои обии ноҳияҳои шимол ва ҷанубу ғарби Тоҷикистон, инчунин дар водии Зарафшон (раёни Панҷакент) кишт карда мешаванд. Сабзавоту зироати полизиро қариб дар ҳамаи районҳо, картошкаро дар районҳои куҳӣ мекоранд. Дар маҳалҳои атрофи Душанбе, Ленинобод ва дигар шаҳрҳои калон хоҷагиҳои наздишаҳрии сабзавоткорӣ инкишоф меёбад. Соли 1984 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ба давлат 85,8 ҳазор тон картошка, 325,4 ҳазор тон сабзавот, 92,7 ҳазор тон зироатҳои полизӣ, 77,3 ҳазор тон мева ва 132,9 ҳазор тон ангур фурӯхтанд.

Аксари боғу токзорҳо дар шимол ва ҷанубу ғарби республика воқеъ гардидаанд. Солҳон баъди ҷанг парвариши лиму (дар водии Вахш) ба роҳ монда шуд.

Чорводорӣ (гов, ғажгов, гӯсфанду буз, хук, асп ва мурғпарварӣ) ба соҳаи сермаҳсули хоҷагии қишлоқ табдил меёбад.

Дар маҳалҳои атрофи Душанбе, Ле нинобод ва дигар шаҳрҳо хоҷагиҳои парвариши чорвои ширдеҳ ба роҳ монда шудааст. Гӯсфанди қарокӯлиро дар районҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон ва ғажговро дар райони Мурғоби ВАБК парвариш мекунанд. Ба асппарварӣ (зотҳои лақаӣ, қаробоҳирӣ, қисман қирғизӣ) низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. 24Д% колхозҳо ва 13,8% совхозҳо фермаи хукпарварӣ доранд. Ғайр аз ин совхозҳои махсуси хукпарварӣ («Шайнак», «Ҳисор», «Меҳнатобод», «Навобод», «Ғончӣ») мавҷуданд.

Истеҳсоли маҳсулоти асосии чорво (дар ҳама навъҳои хоҷагӣ)

Маҳсулот                                               1980           1984

Гӯшт (вазни холис),

ҳазор тон……….                                  94,5    104,0

Шир, ҳазор тон            .            .     .           498,7   538,5

Тухм, млн      дона        .            .             321,7       421,2

Пашм, ҳазор тон         .            .     .           6,0       5,0

Соли 1984 ба давлат 101,2 ҳазор тон (ба вазни зинда) чорво ва мурғ, 280,3 ҳазор тон шир, 335 млн дона тухм ва 3260 тон пашм фурӯхта шуд. Кирмакдорӣ низ яке аз соҳаҳои муҳим аст (4311 тон пилла, 1984). Парвариши занбӯри асал ривоҷ меёбад. Дар республика 69 совхоз, 44 колхоз, 86 хоҷагии давлатӣ ва бештар аз 2,5 ҳазор шахсони алоҳида ба парвариши занбӯри асал машғуланд. Дар панҷсолаи 12-ум ба тараққиёти чорводорӣ диққати махсус медиҳанд. С. 1990 бояд дар Тоҷикистон 140—143 ҳазор тон гӯшт, 630— 640 ҳазор тон шир ва 710—720 млн дона тухм истеҳсол карда шавад.

Нақлиёт. Тоҷикистон ба қадри кифоя бо роҳҳои нақлиётӣ таъмин аст. Дар ҳаҷми умумии боркашонии байниреспубликавӣ роҳи оҳан мавқеи асосӣ дорад. Тӯли умумии роҳи оҳани сербар 474 км,

камбар—429 км (1984). Як хати транзитии роҳи оҳан аз Нов — Ленинобод — Конибодом мегузарад (шохааш ба Исфара — Шӯроб меравад). Хати дигари роҳи оҳан аз Тирмиз то Душанбе ва давомаш то стансияи Янгибозор (Орҷоникидзеобод) тӯл кашидааст. Солҳои 1966—80 роҳи оҳани Тирмиз — Кӯрғонтеппа — Ёвон (264 км) сохта шуд.

Роҳи оҳани камбар (Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён) як қатор районҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳимми республикаро ба ҳам мепайвандад. Соли 1984 ба воситаи роҳи оҳан 528,4 ҳазор тон бор кашонида шуд, ки ин нисбат ба ҳаҷми боркашонии соли 1940 5 маротиба аиёд аст. Дар боркашонии дохили республика ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ аз ҳама зиёдтар (93%) мебошад. Тӯли умумии роҳҳои автомобилгард —13,4 ҳазор км (аз ҷумла роҳҳои асфалтпӯш 11,3 ҳазор км). Роҳҳои асосии автомобилгард: Душанбе — Тирмиз, Душанбе — Ленинобод, Душанбе — Қӯрғонтеппа, Душанбе— Кӯлоб, Душанбе — Хоруғ, Хоруғ — Уш. Пассажиркашонии автомооилии байнишаҳрӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон 300 км роҳи обӣ (дар дарёҳои Панҷ ва Аму) дорад. Бандари асосӣ — Панҷи Поён. Роҳҳои ҳавоӣ Душанберо бо ҳамаи марказҳои вилоят ва районҳои дурдасти республика, инчунин бо Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳои калони мамлакат мепайванданд. Дар даҳсолаи охир (1970—80) тӯли роҳҳои ҳавои қариб 3 маротиба (аз ҷумла дар роҳҳои аҳамияти иттифоққдошга 3,9 маротиба) афзуд. Авиасияи граждани инчунин бисёр корҳои хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ (корҳои геологӣ, ёрдами тибби ва ғайра)-ро иҷро мекунад. Тоҷикистон ба воситаи нақлиёти қубурӣ аз Узбекистон (қубури гази Муборак — Бекобод — Фарғона) ва Афғонистон (тавасути қубури гази Калиф — Душанбе, 295 км) газ мегирад.

Некӯаҳволии модди ва дараҷаи маданият. Некӯаҳволии моддии аҳолии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар ва дараҷаи маданияти он торафт баланд мешавад. Солҳои 1965—84 даромади миллӣ тақрибан 2,6 ва даромади аҳолӣ 1,8 маротиба афзуд. Соли 1984 пардохт ва имтиёзҳое, ки аҳолӣӣ аз фонди ҷамъиятии истеъмолӣ гирифт, ба 1367 млн сӯм (59,8 млн сӯм зиёд нисбат ба соли 1983) баробар шуд. Ҳаҷми хизмати маишӣ ба аҳолй 10,3%, аз ҷумла дар деҳот 10,5% афзуд. 21,3 ҳазор хонаи истиқоматӣ (масоҳати умумиаш 1100 ҳазор м) сохта шуд, ки дар натиҷа 140 ҳазор кас шароити манзилии худро беҳтар намуд. Мактабҳои таълими умумӣ (барои 21 ҳазор хонанда), муассисаҳои томактабӣ (барои 6 ҳазор кӯдак), беморхонаҳо (барои 885 кат), поликлпникаҳо (қабули якрӯзаашон 670 к-ас) ва дигар объектҳо сохта шуданд.

Дар донишкадаҳои гуногун 1,6 млн кас таҳсил мекард. Соли 1984 ба хоҷагии халқ 21 ҳазор нафар мутахассис (9,5 ҳазор нафар дорои маълумоти олӣ ва 11,5 ҳазор маълумоти миёнаи махсус) фиристода шуд. Мактабҳои касбҳои техникии республика дар як сол бештар аз 22,4 ҳазор коргари ҷавон тайёр карданд. Шумораи духтурони ихтисосҳои гуногун ба 11,7 ҳазор нафар расид.             Ҳ. Саидмуродов.

Нигаҳдории тандурусти. То Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр нигаҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамчун системаи давлатӣ вуҷуд надошт. Ҳукумати подшоҳӣ барои хизматрасонии тиббии аҳолии Осиёи Миёна ба ҳар сари кас соле 14 тин ҷудо мекард. Аморати Бухоро бошад, барои эҳтиёҷоти тандурустии мардум ягон тин харҷ намекард. Шароити хеле вазнини моддию маишии халқ, зиндагонии қашшоқона, бесаводӣ, таъсири дину хурофот, вазъияти зиддисанитарии маҳаллу манзилҳо, ифлосӣ ва пурсироятии муҳити атроф — об, ҳаво ва хоку хӯрок ва ғайра боиси паҳн шудани бисёр бемориҳои гузарандаю вогир (эпидемӣ), касбию иҷтимоӣ — безгак, чечак, вабо, тоун, ришта, ҳасба, домана, куфт, кузоз, ҳорӣ, хуноқ, сулфакабудак, сурхакон, махмалак, сил, зотулҷанб, исҳоли хунин, фалаҷи бачагона ва ғайра мегардиданд. Соли 1913 дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон ҳамагӣ 1 беморхонаи дорои 40 кат, 13 духтур ва 32 корманди миёнаи тиббӣ буд.

Аз хизмати тиббӣ фақат феодалҳои маҳаллӣ, боёну амалдорон, ҳарбиён ва мансабдорони подшоҳ баҳра мебурданд. Тақдири саломатии мардуми оддӣ ва заҳматкаш асосан дар дасти табибони ҷоҳил, бахшию фолбин ва муллову эшонҳо буд. Хизматрасонии мунтазами тиббӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон баъди барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ оғоз ёфт. Дар давраи советӣ нигақдории тандурустӣ, ки аз ташкили муолиҷаю пешгирии бемориҳо, муҳофизати саломатии модарону кӯдакон, тадбирҳои зиддивогирӣ, табобати санаторию курортӣ, маорифи санитарӣ, бо дору таъминкунии ақолӣ ва ғайра иборат аст, рӯ ба тараққӣ ниҳод.

Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ ба Тоҷикистон аз республикаҳои бародарӣ, бештар аз РСФСР ва Украина кормандони тиб фиристода шуданд. Аввалин духтурон (то 1924) А. Н. Гостев, И. А. Петрухин, А. В. Спасская, М. А. Чернилова, С. И. Чумаков, А. М. Дьяков (нахустин Комиссари халқии нигақдории тандурустии РАСС Тоҷикистон) ва дигар буданд. Ба туфайли тараққии мунтазами хоҷагии халқ, болоравии маданият ва баландшавии дараҷаи некӯаҳволии халқ, нигаҳдории тандурустӣ ва илми тиб ба комёбиҳои зиёде ноил гардид ва дар ин ҷабҳа Тоҷикистон аз як қатор мамлакатқои капиталистӣ пеш гузашт. Дар республика бисёр бемориҳои иҷтимоӣ ва сироятию ангалиӣ номбурда тамоман барҳам хӯрданд, шумораи бемориҳои  дигар ниҳоят кам гардид.

Баъди ташкил ёфтани РСС Тоҷикистон нигаҳдории тандурустӣ босуръат ривоҷ ёфт. Ҳанӯз соли 1929 дар Тоҷикистон 22 муассисаи муолиҷаю пешгирии беморӣ (бо 990 кат) вуҷуд дошт. Солҳои 30 аввал дар Хуҷанд, баъд дар Сталинобод техникумҳои тиббӣ, соли 1939 дар Сталинобод Институти тиббӣ бунёд гардиданд. С. 1943 Институти тиббиро 125 кас, аз ҷумла 6 нафар тоҷикон, хатм намуданд. Соли 1940 дар Тоҷикистон 121 беморхонаи дорои 4490 кат, 245 муассисаи амбулаторию поликлиникй, 71 консултацияи занона ва поликлиникаи кӯдакон вуҷуд дошт, духтурон 648 нафар, коркунони миёнаи тиббӣ 2674 наф. буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диққати органҳои нигаҳдории тандурустии республика ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои вогир, муолиҷа ва ҳар чи зудтар ба сафи армия баргардонидани ҷанговарони захмдор ва бемор, истеҳсоли дорӯҳои зидди касалиҳои сирояти ва ғайра равона шуда буд. Дар республика чандин госпитал ташкил ёфт, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷанговарон шифо ёфтанд. Соли 1984 6 омӯзишгоҳи тиббии Тоҷикистон беш аз 2000 корманди дорои маълумоти миёнаи тибби, Институти давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино бошад, тақрибан 600 нафар духтур тайёр намуд. Дар республика беморхонаҳои бисёре бунёд ёфтаанд, ки на фақат ба сокинони шаҳрҳо, балки ба аҳолии тамоми гӯшаю канори республика низ ёрии тиббии мукаммал мерасонанд. Муассисаҳои муолиҷавӣ торафт бештар махсусонида, бо асбобу анҷомҳои даркорӣ ва дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида мешаванд. Соли 1984 дар Тоҷикистон 10818 духтур, 28926 корманди миёнаи тиб хизмат мерасонданд. 319 беморхонаи дорои 42790 кат, 630 амбулаторияю поликлиника вуҷуд дошт. Барои сари вақт пешгирӣ кардани баъзе бемориҳо диспансеронии миқёсан калони аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Дар республика 17 диспансери зидди касалии сил, 4—омосшиносӣ (онкологӣ), 17—бемориҳои пӯст ва олоти таносул, 9— рӯҳу асаб, 3— эндокринологӣ, 6— тарбияи ҷисмонӣ ташкил ёфтаанд. Шабакаи умури муҳофизати саломатии модарон ва кӯдакон 19 таваллудхона, 144 шӯъбаи таваллуд (бо 6520 кат), беш аз 180 беморхонаю шӯъбаҳои бемориҳои кӯдакона, 26 санаторияи махсуси бачагона, 125 ошхонаи маҳсулоти шириро дар бар мегирад. Ба кӯдакон дар муассисаҳои амбулаторию поликлиникӣ (дар шаҳрҳо аз рӯи 18 —21 ихтисос, дар деҳот аз рӯи 6—8        ихтиеос) ёрии тиббӣ расонида мешавад. Ба коргарони корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва нақлиёт 11 қисми тиббию санитарии дорои 795 кат, 33 пункти ҳифзи сиҳатӣ, 329 участкаи фелдшерӣ ва 79 участкаи сехӣ хизмат мекунаыд. Ба аҳолии республика 12 поликлиникаи махсус ва кабинетҳои сершумори дарди дандон ёрии стоматологӣ мерасонанд. Соли 1984 дар Тоҷикистон 3 курорт (Обигарм, Хоҷаобигарм, Шамбарӣ), якчанд санатория, 9 хонаи истироҳат ва пансионат амал мекарданд, ки дар онҳо 78   ҳазор кат мавҷуд буда, беш аз 160 ҳазор кас табобат ва истироҳат кард.

Г. Пӯлодова, М. Расулов.

Физкултура, спорт, туризм. Дар 3996 коллективи физкултурии Тоҷикистон 644.8     ҳазор кас бо намудҳои гуногуни спорт машғул аст (1. 1. 1986). Ҳоло дар республика 36 стадион, 643 майдони футбол, 648 зали спортӣ, 37 ҳавзи шиноварӣ, 11 корти теннис, 195 тир, қарио 4 ҳазор майдони волейболу баскетболу городкибозӣ мавҷуд аст. 123 мактаби спортӣ (13— тоаш махсус гардонида шудааст) 73595 нафар бачагону наврасонро фаро гирифтааст. Дар республика Ҷамъияти ихтиёрии спортии «Динамо», «Спартак», «Локомотив, «Резервҳои меҳнатӣ» ва ҷамъияти спорти хоҷагии қишлоқ «Ҳосилот» амал мекунанд. Дар давоми солҳои 1975— 85 дар Тоҷикистон 1122 Устоди спорти СССР, 51 Устоди спорти класси байналхалқӣ ва 6 Устоди Хизматнишондодаи спорти СССР тайёр карда шудааст.

2      нафар варзишгарони Тоҷикистон чемппони бозиҳои олимпӣ, 10 нафарашон чемпиони ҷаҳон ва 32 наф. чемпиони СССР гардидаанд.

Дар 1936 коллективи физкултурӣ клуб ва гурӯҳҳои физкултураи муолиҷавӣ ташкил шудааст, ки онҳо 98 ҳазор касро дар бар мегиранд.

(1986). Дар 944 корхона, муассиса ва мактабҳои олӣ гимнастикаи истеҳсолӣ гузаронида мешавад, ки дар онҳо 160316 кас иштирок менамоянд. Дар маҳалҳои истиқоматӣ низ 59 клуби физкултураи муолиҷавӣ (дорои 156325 нафар аъзо) мавҷудаст (1986).

Дар республика 4 базаи туристӣ— «Варзоб», «Баҳри тоҷик» («Қайроққум»), Искандаркӯл», «Кӯлҳои Маргзор» ва 3 қароргоҳ — «Шаҳристон», «Панҷакент», «Такоб» ҳаст (дар давоми соли 1985 онҳо 52 ҳазор касро қабул карданд). Тоҷикистон яке аз муҳимтарин марказҳои алпинизми СССР ҳисоб меёбад. Дар Помир баландтарнн қуллаҳои Иттифоқи Советӣ — қуллаи «Коммунизм», қуллаи ба номи В. И. Ленин, қуллаи «Революцияи Октябр» ва ғайра воқеъ гаштаанд. Ғайр аз ин қариб 100 қуллаи баландиаш беш аз 6 ҳазор метр мавҷуд аст, ки дар онҳо ҳар сари чавд вақт экспедисияю кӯҳнавардиҳо гузаронида мешаванд.

Маорифи халқ ва муассисаҳои маданию маърифатӣ. То Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ савод надошт. Мактабу мадрасаҳо дар ихтиёри рӯҳониён буданд ва дар онҳо асосан фарзандони бою амалдорон мехонданд. Дар охири асри 19 чанд мактаби типи нав ташкил гардид, ки онҳо амалдорон ва хизматгузорон тайёр мекарданд. Барои аз аҳолии маҳаллӣ тарбия кардани шахсони саводнок (ба мақсади минбаъд дар вазифаҳои маъмурӣ истифода бурдани онҳо) ибтидои асри 20 дар Хуҷанд, Уротеппа ва дигар шаҳру деҳаҳо 10 мактаби русии маҳаллии 4-сола ташкил гардид (соли хониши 1914/15 дар оснҳо 369 хонанда таҳсил ва 13 муаллим кормекард). Мактабҳои русии маҳаллӣ дар тарғиби забон ва маданияти рус дар байни аҳолии маҳаллӣ мавқеи муҳим доштанд. Револютсияи Октябр барои инкишофи маданияти миллии халқи тоҷик роҳ кушод. КИМ-и республикаи Туркистон августи 1918 Низомномаро «Дар бораи ташкили маорифи халқ дар кишвари Туркистон» тасдиқ намуд ва декларацияро оид ба ҷорӣ намудани таълими умумии бепул (ба забони модарӣ) ва ҷудо кардани мактаб аз дин нашр кард. Соли 1918 дар шимоли Тоҷикистонм 15 мактаби совети кушода шуд, соли 1919 бошад, шумораи онҳо ба 73 расид. Охири 1926 дар ҳудуди Тоҷикистон 161 мактаб ва 10 хонаи бачагон (5430 наф. хонанда) мавҷуд буд. Инкишофи маорифи халқ масъалаи ба таври оммавӣ тайёр кардани кадрҳои педагогиро ба миён гузошт. Дар ҳалли ин масъала ба Тоҷикистон халқҳои бародар — русҳо, украинҳо, ӯзбекҳо ва дигар ёрӣ мерасонданд. Дар тайёр кардани кадрҳои илми ва илмию педагогӣ барои республикаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Универстети Тошкент роли калон бозид. (Соли 1925 дар Душанбе нахустин техникуми педагогӣ, соли 1931 Институти педагогӣ (бо факултетҳои забон ва адабиёт, агробиология ва ғайра), соли 1932 дар Ленинобод Институти педагогӣ таъсис ёфт. Солҳои 20 кори маҳви бесаводи дар байни аҳолии калонсол вусъат ёфт. Соли хониши 1925/26 63 пункти маҳви бесаводӣ (1450 хонанда), соли хониши 1927/28 239 пункт (қариб 5 ҳазор хонанда, аз ҷумла 44 зан), соли хониши 1931/32 3360 пункт (134,8 ҳазор хонанда, аз ҷумла 22,9 ҳазор зан) амал мекард. Дар Тоҷикистон револютсияи маданӣ дар шароити вазнини Ҷанги гражданӣ ва мубориза бар зидди босмачиён мегузашт. Рӯҳониён, ки он вақт нуфузи калон доштанд, нисбат ба мактабҳон нав ҳисси нобоварӣ мепарвариданд. Ба маърифатнокшавии занон урфу одатҳои кӯҳнаи феодалӣ монеъ мешуданд. Мактабхонаҳо набуданд, муаллимон ва дастурҳои таълим намерасиданд.

Аз ҳамин сабаб таълими умумии ибтидоӣ тадриҷан соли хониши

1930/31 (ҳам барои писарбачаҳо ва ҳам барои духтарбачаҳои синнашон аз 8 то 10-сола) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Уротеппа, соли хонишн 1931/32 дар округи Хуҷанд ва соли ховиши 1932/33 дар тамоми республика ҷорӣ гардид, Мувофиқи барӯихатгирии соли 1939 фоизи саводнокон дар байни аҳолии синнашон аз 9 то 49-сола 82,8 (мардҳо — 87,4, занҳо—77,5)-ро ташкил дод. Ба ҳуруфоти нави русиасос гуэарондани алифбои тоҷикй (соли 1940) дар инкишофи маориф аҳамияти калон дошт. Соли хониши 1940/41 дар ҳамаи мактабҳои маълумоти умумӣ 300 ҳазор хонанда таҳсил мекард. Аз соли хониши 1949/50 таълими умумии 7-сола, аз соли хониши 1959/60 таълими умумии 8-сола ҷорӣ гардид. Мувофиқи барӯихатгирии соли 1979 саводнокии аҳоли 99,7% (мардҳо 99,85%, занҳо 99,45%)-ро ташкилдод. Дар панҷсолаи 9-ум (1971—75) гузариш ба таълими умумии миёна асосан ба итмом расид.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар республика муассисаҳои зиёди томактабии кӯдакон бунёд гардиданд. Соли. 1985 дар 808 муассисаи томактабии доимоамалкунанда 130,6 ҳазор нафар кӯдак (соли 1940 8,1 ҳазор нафар) тарбия мегирифт. Соли хонпши 1985/86 3116 мактаби таълими умумӣ кор мекард, ки онҳо 1194,1 ҳазор нафар хонанда доштанд. Соли хониши 1985/86 дар 20 мактаб-интернати республика 7,6 ҳазор, дар мактабҳои шабона (сменагӣ) 38,5 ҳазор хонанда таҳсил мекард. Аз соли хониши 1986/87 сар карда дар асоси ислоҳоти мактаби миёна (1984) кӯдакон аз синни 6-солагӣ ба мактаб ҷалб гардиданд. Корҳои таълимӯ тарбия ва маданиву маърифатӣ бо мактаббачаҳо дар муассисаҳои берун аз мактабӣ низ бурда мешаванд. Соли 1986 Қасри пионерон ва мактаббачаҳо дар Душанбе, 79 хонаи пионерон, 9 стансияи техникҳон ҷавон, 8 стансяи табиатдӯстони ҷавон, 7 стансияи экскурсионию туристи, 75 китобхонаи бачагона ва 4 боғи бачаҳо кор мекард.

Дар Тоҷикистон маълумоти касбӣ ҳам инкишоф ёфтааст. Нахустин мактаби шогирдони фабрикию заводӣ соли 1927 дар назди конҳои Ширкати нефткашии Осиёи Миёна (САНТО) ташкил ёфт. 1 январи 1986 дар 85 омӯзишгоҳи касбҳои техникии системаи Комитети давлатӣ оид ба маълумоти касбҳои техникӣ 45238 хованда таҳсил мекард. 49 омӯзишгоҳи касбҳои техиикӣ (26968 хонанда) ба хонандагон ҳам касб меомӯзад, ҳам маълумоти миёна медиҳад. Соли хониши 1985/86 дар 39 омӯзишгоҳи миёнаи махсус 40,2 ҳазор хонанда таҳсил мекард. Дар 10 донишкадаи Олӣ (УДТ, институтҳои политехникӣ, педагогӣ, хоҷагии қишлоқ, тиббӣ, санъат, физкултура, забон ва адабиёти русии шаҳри Душанбе, институтҳои педагогии Ленинобод ва Кӯлоб) 55 ҳазор студент таҳсил мекард. Донишкадаҳои олии республика барои дар амалия ҷорӣ намудани ислоҳоти мактаби олӣ (1966) чорабиниҳои ҳаматарафа мебинанд. Соли хониши 1985/86 дар мактабҳои Тоҷикистон қариб 77,2 ҳазор муаллим кор мекард. Барои баланд бардоштани ихтисоси муаллимон дар асоси талаботи ислоҳоти мактаби миёна институтҳои такмили ихтисос (республикавӣ, 3 вилоятӣ, 1 байнирайонӣ ва 1 шаҳрӣ) мавқеи муҳим доранд.

Соли 1985 дар Тоҷикистон 1628 китобхонаи оммавӣ (42845 700 нусха китоб ва журнал) кор мекард. Калонтарини онҳо Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ мебошад. Дар Тоҷикистон Музеи муттаҳидаи республикавии таъриху кпшваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзод, Музеи адабии С. Айнӣ, Музеи ёдгорию адабии М. Турсунзода (дар шаҳри Душанбе), Музеи республикавии таъриху кишваршииосии ба номи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент), музейҳои таъриху кишваршиносии Ленинобод, Кулоб, ВАБК, Музеи этнографияи Институти таърихи Академияи Фанҳои  Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва ғайра мавҷуданд. Соли 1966 дар Тоҷикистон 1338 клуб амал мекард.

Санъати бадеии ҳаваскорон. Аввалин коллективҳои ҳаваскорони санъат охири соли 1919 дар районҳои шимоли Тоҷикистон (Хуҷанд, Уротеппа, Конибодом) ба вуҷуд омаданд. Инкишофи муассисаҳои маданӣ (клубҳо) ва азназаргузарониҳои коллективҳои ҳаваскорони санъат ба фаъолтар шудани онҳо мусоидат намуд. Соли 1966 дар системаи Вазорати маданият ва иттифоқҳои касаба 3776 коллективи ҳаваскорони санъат (аз ҷумла 445 хорӣ, 295 драматургӣ, 554 хореографӣ, 295 мусиқӣ) мавҷуд буд. Шумораи умумии ҳашаскорони санъат ба 50420 нафар расид. 20 коллективи драматургии беҳтарин сазовори унвони театри халқӣ гардидаанд.

Илм ва муассисаҳои илмӣ.

  1. ИЛМҲОИ ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ.

Аҷдоди тоҷикон аз қадим мис, сурб, тилло, нуқра, оҳан ва сангҳои қиматбаҳоро истихроҷ ва истифода мекарданд. Дар «Авесто» дар бораи аз илмҳои риёзиёт ва ҳайат хабардор будани мардуми Осиёи Миёна, аз хусуси ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, низоми ҳисоби вақт ва баъзе қоидаҳои риёзиёт маълумот дода шудааст. Дар давраҳои ғуломдорӣ ва ибтидои давлатдории феодалӣ дар Осиёи Миёна истеҳсолоти моддӣ ва маданият — ҳунармандӣ, кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва санъат ба пояҳои баланди тараққиёт расиданд. Бисёр ёдгориҳои хаттии динӣ, сиёсӣ ва илмӣ дар давраи Истилои Араб (асрҳои 7—8) нобуд гардиданд. Осиёи Миёна дар асрҳои 9—11 яке аз марказҳои муҳимми афкори илмии Шарқ буд. Маҳз дар ҳамин давра расадхонаҳо, дорулҳикмат, китобхонаҳо, тарҷумаю тафсири мероси илмии олимони Юнону Ҳиндустон, инчунин асарҳои худи олимони Осиё Миёна оид ба илми риёзиёт, ҳайат, маъданшиносӣ, механикаи амалӣ, физика, кимиё ва тиб ба вуҷуд омаданд. Дар инкишофи илм Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ, Усмони Балхӣ, Фарғонӣ (ҳамаашон асри 9), Абдулвафои Бузаҷонӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (ҳар ду асри 10) ва дигар саҳми арзанда гузоштанд. Оид ба ҷуғрофия ва геодезия асарҳои Аҳмади Сарахсӣ ва Абулаббоси Марвазӣ (ҳар ду асри 9), Абӯзайди Балхӣ, Ҷайҳонй (ҳар ду асри 10) таълиф ёфтанд. Ҷуғрофидони номаълуми тоҷик дар асри 10 «Ҳудуд-ул- олам»-ро офарид. Дар асрҳои 11—14 Хоразм, Бухоро, Марв, Ғазна ва дар асри 15 Самарқанд бо расадхонаи Улуғбек ба калонтарин марказҳои илмӣ табдил ёфтанд. Ибни Сино, Берунй (ҳар ду а-ҳои 10—11), Умари Хайём (асрҳои 11—12), Ҷурҷонӣ (асри 12), Насируддини Тӯсӣ, Шамсуддини Самарқандӣ, Ҷамолуддини Бухороӣ, Алишоҳи Бухороӣ (ҳамаашон асри 13), Убайдуллоҳи Бухороӣ, Муҳаммади Самарқандӣ, Ансорӣ (ҳамаашон асри 14)       ва ғайра фаъолияти худро асосан дар шаҳрҳои Осиёи Миёна гузарондаанд. Қозизодаи Румӣ, Ҷамшеди Кошй (ҳар ду асрҳои 14—15) ва Алии Қушчӣ (асри 15) ва дигарон олимони забардасти мактаби илмии Самарқанд буданд. Аз нимаи 2-юми асри 15 то аср 17 фаъолиятн як зумра олимони Ослёи Миёна (Алии Қушчӣ, Бириҷандй, Марями Чалабӣ, Абдулқодири Рӯёнӣ, Баҳоваддини Омулӣ) дар сарзамини ҳозираи Эрон ва Туркия гузашт; Наҷмуддини Алихон, Фариди Деҳлавӣ ва олимони мактаби астрономии Савай Ҷой Сингх (асрҳои 17—18) дар Ҳиндустони Шимоли зиндагӣ ва эҷод мекарданд.

Аз нимаи 2-юми асри 19, баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна, марҳилаи нави омӯзиши табиат ва қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар тадқиқоти илми табиатшиносӣ саҳми муассисаҳо ва ҷамъиятҳои илмии Россия хеле калон аст. Дар нимаи 2-юми асри 19— ибтидои асри 20 ба туфайли асарҳои олимони рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, Н. А. Северцов, И. В. Мушкетов, Г. Д. Романовский, П. П. Семёнов-Тяншанский, Д. Л. Иванов, Г. Е. Грумм-Гржимайло, В. Л. Комаров, С. И. Коржинский, Б. А. ва О.А.          Федченко, В. И. Липский, Н. Л. Корженевский, Д. И. Мушкетов, Д. В. Наливкин, Н. И. Вавилов ва дигар дар бораи география, геология, иқлим, наботот ва ҳайвонотн Осиёи Миёна, аз он ҷумла Помир, маълумоти ҳозиразамон дода шудааст. Соли 1884 нахустин харитаи геологии кишври Туркистон ба табъ расид. Дар Хуҷанд (1870), Уротеппа (1873), Панҷакент (1879) ва Мурғоб (1892) аввалин стснсияҳои обуҳавосанҷӣ ба кор даромаданд. Бо маданияти рус шинос шудани халқҳои Осиёи Миёна ба ташаккули фикрҳои маорифпарварӣ, илмӣ ва техникии асрҳои 19— ибтидои 20 (Аҳмади Дониш, Ҳоҷӣ Халифа, Ҳоҷӣ Юсуф, Яъқуби Фарангӣ ва дигарон) таъсир расонд.

Инкишофи илмҳои табиатшипосӣ ва техникӣ баъди Революцияи Кабири Социалистии Октябр (давраи пеш аз ҷанг).

Баъди барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ тадқиқи мунтазами сарватҳои табиӣ ва қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳудуди Тоҷикистонро экспедицияҳои Н. Л. Корженевский (1923), Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ, аз 1927), Экспедисияи комплексии Тоҷикистон (193238, аз 1933 он — Экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон, аз 1936 Экспедисияи Осиёи Миёна номида шуд) бо роҳбарии Н. П. Горбунов, А. Е. Ферсмап, Д. В. Наливкин, Д. И. Щербаков, А. П. Марковский (геология, геохимия), К. К. Марков (геоморфология), И. Г. Дорофеев (глясиология, топография), Н. В. Крыленко (алппнизм) ва ғайра тадқиқ карданд. Барои омӯхтани географияи Тоҷикистон асарҳои Н. И. Вавилов ва В. Л. Комаров хеле муҳим буданд. Аз 1928 Экспедисияи тибби бо роҳбарии Е. Н. Павловский ва дигар патологияи сироятӣ ва паразитарии кишварро омӯхт. Соли 1929 кормандони Институти хокшиносии САГУ бо роҳбарии Н. А. Димо, А. Н. Розанов, М. В. Култиасов плани 5-солаи тадқиқи хоку геоботаникаи Тоҷикистонро тартиб доданд.

Солҳои 20 Станцияи обуҳавосанҷии Душанбе, Станцияи таҷрибавии Институти умумииттифоқии растанипарварӣ (аз 1931— Стансияи давлатии селекционии таҷрибавии Тоҷикистон), Филиали тоҷикистонии Станцияи марказии Институти тадқиқоти илмии оид ба пахтакорӣ ва ғайра ташкил ёфтанд. Соли 1932 Базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР — нахустин муассисаи илмии комплексии Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли 1932 дар Душанбе расадхонаи астрономӣ кушода шуд. Соли 1933 дар Ленинград оид ба тадқиқи қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон конференция баргузор гардид, ки дар он ваэифаҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи пахтакорӣ (махсусан пахтаи маҳиннах), ирригасия (иншооти системаи Вахш) ва сохтмони роҳҳо, зироаткории лалмӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима карда шуданд. Соли 1933 Управленияи хизмати гидрометеорологии республика ва Бюрои обуҳавосанҷи бунёд ёфт. Шабакаи стансияҳои гидрометеорологи, махсусан дар ноҳияҳои баландкӯҳ, васеъ шуд (аввалинаш дар пиряхи Федченко соли 1933 ба кор шурӯъ кард). Соли 1934 дар Помир бо ташаббуси Экспедицияи САГУ (бо роҳбарии П. А. Баранов ва И. А. Райко ва) шабакаи стасионарҳо ташкил гардид, ки дар заминаи онҳо Стансияи блологии Помир дар Чечекта (1938), Боғи ботаникӣ дар Помир (1940, бо роҳбарии А. В. Гурский) ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Солҳои 30 Станцияи ботаникии кӯҳии Варзоб; бо кӯмаки Н. И. Вавилов Стансияи пахтаю юнучқаи селекционию таҷрибавии Союзнихии Қӯрғонтеппа, бо ташаббуси Е. Н. Павловский Станцияи паразитологии Душанбе (аз 1941— Институти зоология ва паразитология), институтҳои усулҳои физикии табобат, касалиҳои сил, тропикология, санитарию бактериологӣ, стансияи республикавии чорводорӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Соли 1938 Управленияи геологии Тоҷикистон, 1940 Стансияи зилзиласанҷии Душанбе бунёд ёфтанд.

Соли 1925 аввалин маҷмӯаи сарватҳои табиии Тоҷикистон (И. И. Бездека) интишор гардид; соли 1926 «Очерки геологияи Туркистон»-и Д. В. Наливкин, соли 1935 «Хокҳои Тоҷикистон»-и М. А. Панков, «Ҳайвоноти Тоҷикистон, ҳаёт ва аҳамияти онҳо барои инсон»-и Б. С. Виноградов, Е. Н. Павловский, К. К. Флёров, соли 1937 аввалин атласи Тоҷикистон таълиф шуданд. Дар солҳои пеш аз ҷанг дар ҳудуди Тоҷикистон суратгирии геологӣ гузаронида шуд, бисёр конҳои сарватҳои табиӣ, аз ҷумла ноҳияи маъдандори Қаромазор, минтақаи тиллодори Помиру Дарвоз, зонаҳои маъдандори қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Туркистон кашф ва сохти стратиграфию тектоникии ноҳияҳои ҷудогона муайян карда шуданд. Тадқиқи хок асоси илмии зироаткорӣ гардид. Дар заминаи омӯзиши ботаникии ҳудуди Тоҷикистон харитаи наботот ва схемаи ба ноҳияҳо ҷудо кардани растаниҳо тартиб дода шуданд, киштзори зироати хӯроки чорвои як қатор районҳо муайян гардида, омӯаиши мунтазами бешаҳои кӯҳӣ ва биёбонҳои баландкӯҳӣ сар шуд. Тадқиқи фауна ва паразитҳо имконият дод, ки роҳҳои бартараф намудани касалиҳои трансмиссионии инсон ва ҳайвонот, инчунин мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони зироати хоҷагии қишлоқ муайян карда шавад. Олимон ва мутахассисони Тоҷикистон вазифаи дар назди республикаҳои Осиёи Миёна гузошташударо дар бобати аз пахта пурра таъмин кардани мамлакат иҷро намуда, парвариши пахтаи маҳиннахро омӯхтанд, ба рӯёнидани навъҳои пурмаҳсулн пахтаи ватанӣ ва гирифтани ҳосили дар ҷаҳон баландтарини пахта муваффақ гардиданд.

Соли 1941 Базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР ба Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР табдил ёфт, ки ба он академик Е. Н. Павловский сарварӣ мепамуд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ба инкишофи корҳои тадқиқоти илмӣ асарҳои олимон ва муассисаҳое, кн ба Тоҷикистон эвакуасия шуда буданд, мусоидат карданд. Дар ин солҳо тадққи проблемаҳои геология, сейсмология, хокшиносӣ, ботаника, селекция, паразитология ва тиб давом дошт. Соли 1941 харитаи геологии Осиёи Миёна интишор ёфт. Инкишофи илмҳои табиатшиносб ва техникӣ дар давраи баъди ҷанг.

Тадқиқи ҳудуди Тоҷикистон махсусан дар давраи баъди ҷанг хеле вусъат ёфт. Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР барои дар соли 1951 таъсис намудани Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки президенти аввалини он С. Айнӣ буд, шароит фароҳам овард. Солҳои 50 Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дар соҳаҳои астрофизика, сейсмология, геология, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, биологияи умумӣ тадқиқотҳо гузаронд. Қисми асосии тадқиқотҳоро ходимони илмии худи республика анҷом доданд. Дар ҳайати Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон як қатор институтҳо ва институтҳои соҳавии тадқиқоти илмӣ ташкил шуданд.

Солҳои 60 дар баробари равияҳои илмии пештара доир ба математика, физикаи эксперименталӣ ва назариявӣ, химияи нефту пайвастҳои табиӣ, инчунин доир ба масъалаҳои физикию химиявии холис гардоиидани сарватҳои табиӣ, сохтмони аилзилабардор, биологияи радиационӣ ва молекулавӣ, фотосинтез, оид ба физиология ва биологияи растаниҳо тадқиқотҳои барҷаста гузаронида шуданд. Дар инкишофи илмҳои табиатшиносию техникӣ саҳми олимон С. У. Умаров, А. Адҳамов (физика), П. Бобоҷонов, О. В. Добровольсний (астрофизика), А. Ҷӯраев, 3. Усмонов, Л. Г. Михайлов (математика), В. И. Никитин, И. Нӯъмонов (химия), Р. Бвротов, С. Юсуфова, С. Бобохӯҷаев (геология), П. Н. Овчинников, М. Расулова, В. И. Запрягаева (ботаяика), Е. Н. Павловский, М. Нарзиқулов, И. Абдусаломов (зоология ва паразитологш),Ю. Носиров, X. Каримов (физпологияи растанӣ ва биофизика), С. Неъматуллоев, В. Н. Гайский (сейсмологил) ва дигарон хеле калон аст.

Охири солҳои 60— нимаи аввали 70 инкишофи илмҳои табиатшиносию техники дар Тоҷикистон ва истифодаи комёбиҳои революцияи илмию техникӣ дар мамлакат барои ҳалли муваффақиятноки вазифаҳои хоҷагии халқи республика, махсусан дар соҳаи кишти заминҳои обӣ ва бунёди сохтмони иншооту корхонаҳои нави Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ кӯмаки калон расонданд.

Геология ва геофизика. Институти геолюгияи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1941) масъалаҳои гуногунеро оид ба сохти геологии ҳудуде республика ва сарватҳои табиати онро тадқиқ намуд. Схемаи воҳияҳои тектоникии ҷануби Т. Ҳисору Олой ва Помнр тартиб дода шуд (С А. Захаров, М. М. Кухтиков), ҷиҳатҳои асосии геология, стратиграфия, текгоника, магматиэл ва маъдандорин Қаромазор, Ҳисору Олой ва Помир (Р. Б. Баротов, С. М. Бобохоҷаев, А. М. Бобоев, М. Р. Ҷалилов), инчунин масъалаҳои ноҳиябандии гидрогеологӣ, истифодаи обҳои гарми мпнералӣ, оббрии шӯрзаминҳо (П. А. Панкратов) омӯхта шуданд. Геологҳо ва геофиэикҳои Т. якҷоя бо олимони ресоубликаҳои дигари Осиёи Миёна ба Қазоқистон қишри Замин ва мантияи болоии Замин, қонунияти ҷоигирии конҳои маъданро ҳаматарафа омӯхтанд. Харитаи комплексҳои магмавии Осиёи Мибна тартиб дода шуд, ки он ба корҳои ҷустуҷӯй асос гузошт. Бо шитироки олимони Тоҷикистон харитан ноҳияҳои нефту газдори ҷануби СССР мураттаб гардид. Онҳо (С. И. Ильин, К. В. Бабков) дар горизонтҳои амиқи Депрессияи Тоҷикистон мавҷуд будани нефту газро муайян карданд.

Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи  Фанҳои Ресспубликаи  Совети  Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1951) дар таҳқиқи қонуниятҳои заминҷунбии Тоҷикистон ва атрофи он иштирок карда, ноҳияҳои асосии заминҷунбиро муайян намуд (И. Ф. Губин, С. А. Захаров). Кормандони институт дар лабораторияҳо ва майдонҳои таҷрибавӣ, инчунин дар шароити табиӣ ба зилзила тобовар будани иншоотҳои гидротехникн ва биноҳои яклухтро аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ омӯхтанд (С. Ҳ. Неъмагуллоев). Аввалин бор дар СССР  дар ГЭС-ҳои Сарбанд, Норак ва гидроузелҳои дигари Тоҷикистон умури вижелерию сейсмикӣ ташкил карда шуд. Вобаста ба зилзилаҳо оҳиста ҳаракат кардани сатҳи Замин, механизми манбаъҳои зилзила тадқиқ гардиданд. Институти мазкур ба яке аз муассисаҳои асосии тадқиқи зилзилаҳои сахти Осиён Миёна ва Қазоқистон табдил ёфтааст.

Астрономия. Институти астрофизикаи Академияи  Фанҳои Ресспубликаи  Совети  Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1958) муассисаи тадқиқоти илмист, ки масъалаҳои назариявӣ ва амалии астраномияро меомӯзад. Дар шӯъбаи кометаҳо ҷирмҳои осмони бо усулҳои суратгирӣ, спектрографӣ, поляриметрӣ ва электрофотометрӣ тадқиқ карда мешаванд (О. В. Добровольский). Дар шӯъбаи метеорҳо усули тадқиқотн комплексни метеорҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо аввалин бор усули нави қайди лаҳзагии метеорҳо ҷорй гардид. (П. Б. Бобоҷонов). Шӯъбаи номбурда бори нахуст дар СССР бо комплекси аппаратҳое таҷҳизонида шуд, ки онҳо барои омӯзиши процессҳои шуоъафканӣ ва иннизацияи метеорҳо хеле заруранд. Оид ба тадқиқи хусусиятҳои физикни кометаҳо низ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Фототекаи нодири ситораҳои тағйирёбанда (дорои 60 ҳазор расм) ташкил ёфт.

Ходимони илмии институт сохти галактикаро тадқиқ намуданд (М. Н. Махсумов), як қатор ситораҳои тағйирёбаидаю кометаҳо кашф карда шуданд. Аз рӯи программаи байналхалқӣ мушоҳидаи радифони маснӯи Замин ва стансияҳои автоматии «Луна», «Марс» ва ғайра идома дорад.

Олимони намоёни институт аъзоёни Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва Шӯрои астрономии Академияи Фанҳои СССР мебошанд. Асоси корҳои мушоҳидавии институтро Расадхонаи астрономии Ҳисор ташкил медиҳад.

Математика. Дар Тоҷикистон оид ба математкка асосан дар Институти математика бо Маркази ҳисоббарории Академияи Фанҳои Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1973) ва донишкадаҳои олии реслублика тадқиқот бурда мешаванд. Олимони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни математика — назарияи ададҳо, алгебра, таҳлили математикӣ, назарияи функцияҳо (М. А. Субҳонқулов, Ғ. Бобоев, М. Ширинбеков ва дигарон), назарнян таҳлили функционалӣ ва муодилаҳои дифференциалли оддӣ (В. Я. Стеценко, Э. Муҳаммадиев ва дигарон), назарияи муодилаҳои дифференциалӣ ва физикаи математикӣ, масъалаҳои канорӣ, геометрия ва таҳлили функционалӣ (А. Ҷӯраев, 3. Усмонов, Л. Г. Михайлов, Н. Раҷабов, К. Бойматов, Ш. Аҳмедов ва дигарон), гидромеханика ва моделонии математикӣ (М. Сатторов ва дигарон), топология, назарияи эҳтимолият ва отатнстикаи математикӣ, техникаи ҳисоб ва кибернетика, инчунин татбиқи онҳо дар илму амалия тадқиқот мебаранд.

Физика. Доир ба физика Институти физика ва техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи Фанҳои Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1964), кафедраю лабораторияҳои факултети физикаи УДТ ва дигарон донишкадаҳои олии республика тадқиқот мебаранд. Доираи тадқиқоти физикони тбҷик хеле васеъ буда, асосан соҳаҳои мухталифи физикаи муосир — физикаи статистикӣ ва кинетпкаи физикӣ (А. Адҳамов, Ф. Ҳакимов ва дигарон), физикаи ҷисмҳои сахт (Б. Нарзуллоев, М. Қурбоналиев, А. А. Ястребинский, С. Каримов, Р. Марупов ва дигарон), физикаи нимноқилҳо (Ш. Мавлонов, И. Исмоилов ва дигарон), физикаи кристаллҳо (Б. Умаров ва дигарон), теплофизика (П. В. Цой ва дигарон), назарияи мошинсозӣ (Ш. Мазитов ва дигарон) ва татбиқи амалии онҳоро дар бар мегирад.

Химия. Б.о тадқиқоти соҳаи химия асосан Институти химияи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, кафедраҳои химияи Университети Давлатии Тоҷикистон, Институти тибии Тоҷикистон ва дигарон донишкадаҳои олии республика машғуланд. Институти химия (таъсисаш 1945) дар бобати омӯзиши сарватҳои табиии Тоҷикистон, синтези модда ва материалҳои нави барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ манфиатбахш корҳои тадқиқотӣ мебарад.

Дар институти эфирҳои сеюмини спиртҳои сеагома оиятеэ карда шуданд. ки бисьбрии онҳо аз ҷиҳатя фиаиологӣ фаъоланд (В. И. Никитин), Химизми оксидшавии конҳои ангиштсанги Фону Ягноб (В. А. Румянцева), инчуния таркпои пайвастҳои гетероатомии (сулфурдор, нитрогендор ва ғайра) нефтҳои Депрессияи чануби Тоҷикистон омӯхта шудавд (И. У. Нӯьмонов); поляаентқдҳои калоямолекулаи сохташон муназзам синтез шуданд (К. Т. Порошин), масъалаҳои истифодаи комплексии сарватҳои табийи Тоҷикистон тадқвқ карда шуданд (П. М. Соложенкин). Усулҳои синтези лаборатдрӣ ва саноатӣ (И. Носиров) бо роҳи хлоронӣ дар ҳарорати 200—300о0 ҷудо ва холис гардонидани маъданҳои волфраму молибдея (И. А. Глухов), фторидҳои металлҳои ишқорзамин муайян (Ҷ. Икромӣ), гидридҳои ноорганикӣ (У. Мирсаидов) ва металлҳои хеле холис (А. Ва^обов), хӯлаҳои алюмяний, барий, висмут, сурма ва дигарон элементҳо ба даст оварда шуданд. Олимони институт дар соҳаҳои геохимия ва химияи таҳлилӣ (Д. Почоҷонов), моддаҳои ҳаётан фаъоли растаниҳои доруӣ (Ю. Ҷ. Содиқов), фармакология (К. Ҳайдаров), таҳлил ва баланд намудани сифати нахҳои табин, аз ҷумла пахта (И. Калонтаров, Қ. Маҳкамов), синтези полимерҳо барои дорувор (Ҷ. Холиқов) ва ғайра низ тадқиқот бурда истодаанд. Дар факултети химияи Университети Давлатии Тоҷикистон оид ба соҳаи химияи физикӣ (А. Ёқубов), дар кафедраи химияи Институти тиббӣ доир ба системи моддаҳои органикӣ дар асоси асетилен (С. Собиров, М. Самиев) ва ғайра тадқиқот мебаранд.

География. Тадқиқи географияи Тоҷикистони имруза аз миёнаи асри 19 сар шуд. Дар бобати омӯхтани сарватҳои табиӣ, иқлим, об, яхбандиҳо ва набототу ҳайвоноти Тоҷикистон хизмати олимони рус К. Ф. Бутенев, П. А. Чихачев, Н. А. Северцов, Г. Д. Романовский, И. В. Мушкетов, Д. Л. Иванов, Н. И. Вавилов ва дигарон хеле калон аст. Ба инкишофи минбаъдаи илми география асарҳои О. К. Чедия, В. В. Лоскутов (оид ба геоморфологпя), Л. Н. Бабушкин «Поҳиябандии агроиқлимии зонаи пахтакории Осиёи Миёна» (1960), О. Е. Агахаяянц «Проблемаҳои асосии географияи табийи Помир» (қисмҳои 1—2, 1965-66), Қ Ш. Ҷӯраев «Аҳамияти иқтисодии обҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон» (1971), Қ. Ш. Ҷӯраев, Ю. Б. Қаюмов «Табиат ва иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1973)          ва ғайра мусоидат намуданд. Оид ба географияи табиӣ китоби дарсии Д. П. Пӯлодов «Географияи Тоҷикистон» (1959, 1965) ва харитаҳои таълимии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон барои мактабҳои миёна нашр шуданд. Иқлим, об ва яхбандии ҳозираи Тоҷикистонро муассисаҳои республикавӣ ва марказии хизмати гидрометеорологӣ, Академияи Фанҳои СССР, Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, мактабҳои олӣ ва экспедисияҳо тадқиқ менамоянд.

Соли 1953 дар назди Академияи Фанҳои республика Ҷамъияти географии Тоҷикистон (фнлнали Ҷамъияти географии СССР) таъсис ёфт. Шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи самарабахши захираҳои табиии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1969) оид ба муҳофизат ва истифодаи самарабахши комплексҳои фауна, пайдо кардани ёдгориҳои нодири табиат, ипчунин омӯхтани биоценозҳои мамнӯъгоҳу қӯруқҳои Тоҷикистон тадқиқот мебарад. Соли 1971 дар назди Совет оид ба омӯхтани қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон сектори география ташкил шуд.

Дар аини замон ба тадқиқи географияи Тоҷикистон факултетҳои географияи институтҳои педагогии шаҳрҳои Душанбею Ленинобод низ машғуланд. Д. Пӯлодов.

Илмҳои биологӣ. Тадқиқоти бисёрсолаи ботаникҳо дар асарҳои «Флораи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон» (иборат аз 8 ҷилд), зери таҳрири П. Н. Овчинников (.1957—86), Ю. С. Грнгорьев «Феҳристи растаниҳои атрофи Сталинобод» (1953), С, С. Иконников «Феҳристи растаниҳои Помир» (1963)  , В. И. Запрягаева «Растаниҳои мевадори худрӯи Тоҷикистон»(1964) , «Захираи ҷангалҳои Помиру Олой» (1976), Б. М. Комаров «Феҳристи растаниҳои Тоҷикистони Шимолӣ» (1967), К. В. Стаиюкович «Растаниҳои кӯҳсори СССР» (1973) гирд оварда шудаанд.

Дар Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1941) олимон (М. Расулова, В. И. Запрягаева, У. Мамадқулов, А. Мадаминов, А. Ашӯров, С. Юнусов ва дигарон) бо роҳбарии П. Н. Овчинников флора ва оламн набототи мннтақаҳои ҷудогонаи Тоҷикистонро омӯхтанд, асосҳои илмии беҳтар кардан ва бунёд намудани бешаҳои дарахтонашон мевадору зиддиорозиявии Помиру Олойро таҳқиқ карданд, дар бобати инкишоф додани растанипарварию ҷангалдорӣ (нигаред Боғи ботаникии Душанбе, Боғи ботаникии Ленинобод, Станцияи ботаникии кӯҳии Варзоб), дарёфт ва истифодаи растаниҳои хӯрокии чорво як қатор корҳоро анҷом доданд, хусусиятҳои фитохимиявии растаниҳои гуногул, аз он ҷумла растанизрои доруӣ (М. Икромова, М. Ҳоҷиматов, 0. И. Кудряшова) омӯхта шуданд. Дар институтҳои педагогии шаҳрҳои Душанбе (О. Шукуров), Ленинобод (А. Отаев, О. Додобоева) ва Университети Давлатии Тоҷикистон (М. Исмоилов) низ оид ба масъалаҳои гуногуни ботаника тадқиқот мебаранд.

Ходимони Институти физиология ва биофизикаи растании Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1964) фаъолилти ҳаётии растаниҳо, ҷараёни физиологии фотосинтез ва роҳҳои баланд бардоштани маҳсулнокии фотосинтезӣ(Ю. Носиров), ҳосилнокии растаниҳои хӯрокии чорво (X. Каримов), масъалаҳои биологияи молекулавӣ ва инженерии гени растанӣ (Қ. Алиев), биофизикаи фотосинтез ва истифодаи сомараноки нури офтоб дар ҷараёни фотосинтез (Ю. И. Гиллер), рӯёнидани навъҳои ғалладонаро меомӯзанд (В. Бобоҷонов).

Институти биологии … Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1969) захираҳои биологии Помирро ҳаматарафа меомӯзад. Фаъолияти институт асосан ба тадқиқи хусусиятҳои физиологию биохимиявии организмҳои зинда дар шароити баландкӯҳ, омӯхтани роҳҳои истифодаи самарабахш ва аз нав барқарор кардани олами наботот ва ҳайвонот равона шудааст. Масъалаҳои генетика ва селекция мавриди муҳокима қарор ёфта, оид ба беҳтаргардонӣ ва обёрии чарогоҳҳои Помир як силсила корҳо иҷро гардиданд (X. Юсуфбеков).

Тадқиқоти барҷастаи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1941) оид ба фауна, биология ва алоқаҳои биосенозии гурӯҳҳои асосии ҳайвоноти бемӯҳра ва мӯҳрадори Тоҷикистон дар монографияҳои А. И. Иванов «Паррандаҳои Тоҷнкистои» (1940), Е. Н. Павловский «Ҳайвоноти заҳрдори Осиёи Миёна» (1950), М. Нарзиқулов «Ширинчаи Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамҳудуди Осиёи Миёна» (нашри 1—2, 1962— 69), И. Абдусаломов «Паррандаҳо» (нашри 1—2, 1971—77) ҷамъбаст шудаанд. Ходимони институт якҷоя бо олимони Униврситети Давлатии Тоҷикистон, институтҳои педагогии Душанбею Ленинобод дар ҳавзаҳои оби Тоҷикистон тадқиқоти ихтиологй ва гидробиологй бурданд. Бар зидди ҳашароти зараррасони пахта маҷмӯи тадбирҳои муборизаи интеграсионӣ муайян карда шуд, ки дар амал татбиқ гардид (М. Нарзиқулов, Ш. Умаров, Б. Бозоров).

Илми хоҷагии қишлоқ. Дар Институти тадқиқоти илмии Комитети Давлатии Агросаноатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1956) ва дар 4 стансияи таҷрибавии он оид ба такмилу таҳқиқи технологияи истеҳсоли пахта, ғалла, зироати равғани эфир, селекцияи навъҳои советии пахта (В. П. Красичков, Б. С. Сангинов ва дигарон), зироати цитрусӣ (В. Н. Смольский, В. И. Цулая, У. Эшонқулов) корҳои зиёди тадқиқотӣ бурда шудаанд. Навъҳои нави пахтаи маҳиннах рӯёнда шуд. Институти тадқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткории Комитети Давлатии Агросаноатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1978) якҷоя бо филиалаш (шаҳри Леиинобод), Станцияи таҷрибавии хоҷагии қишлоқи Файзобод, Станцияи таҷрибавии зироати субтропикии Вахш ва ғайра оид ба селексияи навъҳои меваю сабзавот, боғу токдорӣ, парвариши зироати ситрусӣ ва субтропикӣ (У. Эшонқулов, В. И. Цулая ва дигарон),сабзавоту картошка ва ғайра тадқиқот мобаранд.

Институти хокшиносии Комитети Давлатии Агросаноатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1961) якҷоя бо Станцияи хокшиносию мелиоративии Вахш ба номи Автипов-Каратаев масъалаҳои ҳосилхеэ гардонидани эцмин ва роҳ- ҳои муборизаро бар зидди эрозия тадқиқ намуд. Усулҳои мелиорасияи ботлоқзору шӯрзамин, барҳам додади шӯрзаини такрори заминҳои оби таҳқиқ шуданд. Заҳбуркании уфуқӣ ва амудӣ дар соҳаи мелиорацияи замияҳо комёбии муҳимме гардид. Харита ва таснифоти хокҳои Тоҷикистон мураттаб ва хусусиятҳои географӣ, химиявӣ, фиаикӣ ва генезиси хокҳо муайян гардидаяд (А. Н. Антипов-Каратаев, О. А. Грабовская, А. Керзум, И. М. Легпкин, Ю. Акрамов ва дигарон).

Дар асоси тадқиқоти бисёрсола маҷмӯи усулҳои агротеосаикии шудгори замин дар амал татбиқ карда шуд, ки он барои рӯёнидани ҳосили баланду устувори зироати лалмӣ имкониятҳои заруриро фароҳам овард (А. Махсумов ва дигарон).

Олимони Институти тадқиқоти илмии чорводории Комитети Давлатии Агросаноатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1944) корҳои тадқиқотии худро ба баланд бардоштани маҳсулнокии чорво равона карданд. Дар натиҷа зоти советии бузҳои серпашм (И. А. Маргулис, К. Т. Караваев), гусфандони зоти «тоҷикӣ» (Ғ. Алиев), гурӯҳи нави гӯсфандони гӯшту серпашми «дарвозӣ» ва гови зоти сершири швисии зебумонанд офарида шуданд.

Дар заводи зоти гӯсфанди қарокӯлипарварии «Қабодиён» оид ба беҳтаргардонии зоти гӯсфанди қарокӯлӣ тадқиқот мебаранд (К. Аҳмадов, Р. Казаркин ва дигарон).

Дар Институти тадқиқоти илмии ветеринарии Комитети Давлатии Агросаноатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (таъсисаш 1981) масъалаҳои эпизоотолотияи касалиҳо, биологияи организмҳои касалиангез, манбаи касалиҳои чорвою парраддаҳо ва ғайраро омӯхта, усулҳои ташхису пешгирӣ ва роҳҳои муборизаро бар зидди касалиҳои чорво дарёфт менамоянд.

Генетикаи пахта. Шӯъбаи генетикаи умумии пахта дар назди Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон 13 маи 1975 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии шӯъба бо усулҳои мутагенези амалӣ омӯхтани асосҳои назарияи селексин ва рӯёнидани навъҳои нави серҳосилу ба вилт тобовари пахта мебошад. Дар натиҷаи муайян намудаяи механизми генетикӣ ва истифодаи якҷояи усулҳои мутагенези радиационию дурагакунӣ баъзе шаклҳои пешпазак, серҳосили хушнах ва ба ғунучини мошинӣ мувофиқи пахтаро интихоб карданд. (А. Г. Касяненко, М. Маҳбубов, П. Д. Усмонов). Во усули инбридинг як қатор хелҳои пахтаи қадпасту пешпазаки маҳиннахро ба вуҷуд оварданд, ки барои рӯёнидани навъҳои нави пахта истифода мешаванд (М. Неъматов). Шӯъба ҳамроҳи Институти физиологини растании Академияи Фанҳои СССР ва Институти синтези органикии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Латвия усули тезонидани расиши ғузаи пахта ва серҳосилии онро бо роҳи истифодаи моддаи нав—морфонол кашф намуд (К. Асроров, С. Расулов). Истифодаи морфонол имкон медиҳад, ки ҳосили пахта 10—12% афзояд ва ғунучини пахта 15—20 рӯз пештар анҷом ёбад. Як қатор шаклҳои мутантии гиёҳи арабидопсис ва пахтаро, ки дар шӯъба ба даст овардаанд, дар корҳои таълиму тадқиқот, инчунин барои омӯзиши таъсири омилҳои парвози кайҳонӣ ба растанӣ ва ғайра бомуваффақият истифода мебаранд (П. Усмонов, А. Носиров ва дигарон).        П. Усмонов.

Дар инкишофи илмҳои хоҷагии қишлоқ Институти хоҷагии қишлоҷи Тоҷикистон, Стансияи таҷрибавии пахтаю юнучқа, Стансияи таҷрибавии ҷангали Тоҷикистон ва ғайра ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Тиб. Соли 1955 Институтити тадқиқоти илмии эпидемиология ва гигиенаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ходимони институт ба тадқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии эпидемиология, бактериологияи тиббӣ, вирусология, паразитология, иммунилогияи бемориҳои сироятию ангалӣ, инчунин гигиенаи меҳнат ва хӯрок машғуланд. Дар Институти гастроэнтерологияи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1965 дар заминаи шӯъбаи клиникии Институти тиббии кишварӣ таъсис ёфтааст) бо роҳбарии X. Ҳ. Мансуров проблемаҳои патологияи узвҳои ҳозима — хусусиятҳои клиникию функсионалӣ ва морфологии гепатити шадид, таъсири препаратҳои доруӣ ба процессҳои мубодила ҳангоми иллати диффузии ҷигар, хусусияггҳои гастрити аввалин ва дуюмин тадқиқ карда мешаванд.

Илмҳои техникӣ. Дар институтҳои тадқиқоти илмӣ ва мактабҳои олии республика дар соҳаҳои мошинсозӣ (тадқиқи кинематика ва динамикаи танзимдиҳандаҳои асосии дастгоҳҳои бофандагӣ, такмилдиҳӣ ва мустаҳкаму пойдор гардонидани узелу агрегатҳои мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайра), электроника, автоматонии истеҳсолот, техникаи нақлиёти автомобилӣ ва ғайра корҳои зиёде бурда мешавад.

  1. ИЛМҲОИ ҶАМЪИНТӢ. Фалсафа. Халқи тоҷик дорои фалсафаи бою қадима мебошад. Дар натиҷаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр ва зимни ба амал баровардани революсияи маданӣ дар Тоҷикистон омӯзиши афкори фалсафии халқи тоҷик низ шурӯъ шуд. Соҳаҳои гуногуни таърихи фалсафаи аҷдодамон солҳои 20—30 оғоз ёфта буд. Минбаъд олимони республика ҳамроҳи олимони намоёни шаҳрҳои Москва, Ленинград ва республикаҳои бародарӣ ба омӯзиши афкори фалсафӣ ва ҷамъиятию сиёсии намояндагони алоҳидаи халқамон пардохтанд. Як силсила ёдгориҳои муҳимми фарҳанги халқи тоҷик ба забони русӣ тарҷума ва нашр шуданд, ки дар қатори онҳо «Донишнома»-и Ибни Синоро номбар кардан мумкин аст. Дар воқеъ ба муносибати ҷашни 1000-солагии Ибни Сино (1980) осори илмию фалсафии якҷилдаи мутафаккир таҳти унвони «Осори мунтахаб» оа забони русӣ, осори сеҷилдаи ӯ таҳти ҳамин ном ба забони тоҷикӣ аз чоп баромаданд.

Олимони тоҷик дар тадқиқоташон масъалаҳои пайдоиш ва инкишофи динҳои пешазисломӣ (меҳрпарастӣ, зардуштия, зарвония, монавия, маздакия), ақидаҳои фалсафӣ, ирфонӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва ахлоқии мутафаккирони алоҳида (Розӣ, Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Саноӣ, Аттор, Румӣ, Ғазолӣ, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш ва дигарон)-ро баррасӣ карда, мақому манзилаи онҳоро дар таърихи афкори маънавӣ муайян намудаанд. Роҷеъ ба паҳншавии ғояҳои марксизм-ленинизм дар Тоҷикистон на чанд тадқиқоти муҳим ба анҷом расидааст.

Дар омӯзиши таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик А. М. Баҳоваддинов, М. Осимӣ, Ғ. Ашӯров, М. Диноршоев, X. Додихудоев, М. Раҷабов, Н. Одилов, К. Олимов, У. Султонов, А. Муҳаммадхоҷаев, Н. Қулматов ва дигарон саҳми муносиб доранд. Як силсила асарҳо доир ба материализми диалектикӣ, масъалаҳои фалсафаи табиатшнносӣ, махсусан кайҳоншнносӣ, материя ва шаклҳои ҳаракати он ва ғайра тавассути файласуфон С. Умаров, М. Осимӣ, А. Турсунов, Л. Волынская навишта шудаанд. Дар мавзӯи роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ дар республикаҳои Осиёи Миёна, сосиализм ва инкишофи миллатҳо, тағйироти куллӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, таркиби иҷтимоию синфӣ ва симои маънавии меҳнаткашони республика, роҳҳои таъсири мутақобилаи миллату фарҳангҳои миллӣ А. М. Баҳоваддинов, В. И. Приписнов, В. Г. Бобылев, М. Қ. Ғаффорова, И. Шарипов, М. Комилов, А. Раҳимов, В. В. Выборнова асарҳо эҷод кардаанд. Олимони республика дар баробари корҳои илмию тадқиқотӣ ба тарғиботи атеистӣ дар байни меҳнаткашон низ машғуланд. Онҳо хусусиятҳои фарқкунандаи кори атеистӣ дар республикаро ба назар гирифта, сабабҳои боқӣ мондани хурофотро муайян намуданд ва роҳҳои бартараф кардани урфу одатҳои кӯҳнаи боию феодалиро нишон доданд. Ҳамчунин пайдоишу инкишофи анъана, одат ва маросимҳои халқӣ таҳқиқ шудаанд. Ба масъалаҳои мазкур Р. Маҷидов, С. Додобоева, Н. Одилов, X Қурбонов ва дигарон машғуланд. Ф. М. Турсунзода, А Қурбонмамадов, А Бляхер ва дигарон ақидаҳои эстетикӣ ва этники аҷдодамонро таҳқиқ мекунанд. Ба ғайр аз ин файласуфони тоҷик ба баррасии бисёр масъалаҳои регионалии фалсафа ва таърихи илм машғуланд.

Ҳоло дар республика (1987) 12 доктор ва 130 номзадҳои илми фалсафа ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд.

Ғ. Ашӯров.

Илми таърих. Аввалив нишонаҳои илмҳои таърих дар байни аҷдоди тоҷикон ҳанӯз дар давраҳои қадимтарин ба вуҷуд омада буданд. Дар асрҳои 9—10 як силсила асарҳои таърихӣ («Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Шоҳнома» (957) ва ғайра) таълиф ёфтанд. Дар байнн асарҳоитаъ- рихии ба забони форсии дарӣ таълифёфта асарҳое буданд, ки ба таърихи умумӣ, таърихи сулолаҳои алоҳида, ҳокимон, вилоятҳо ва шаҳрҳо, тарҷимаи ҳол, ёддоштҳо бахшида шудаанд. Хусусан асарҳои Табарӣ, Рашидуддин, Мирхонд, Хондамир, Рӯзбеҳхон аҳамияти калон доранд.

Намояндаи ҷараёни пешқадами таърихшиносии асри 19 Аҳмади Дониш дар асарҳояш сохти феодаши аморати Бухороро зери танқид гирифтааст. Таҳқиқи илмии таърихи тоҷикон баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр оғоз ёфт. Ҳанӯз соли 1925 «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронинажоди хориҷи он» таъсис ёфт, ки олимони намоёни рус А А. Семёнов, М. С. Андреев ва дигарон аъзои он буданд. Ҷамъият як қатор экспедисияҳои илмӣ ташкил кард, оид ба таърих, археология, этнография ва антропологияи тоҷикон асарҳо нашр намуд. Соли 1930 дар назди Комиссариати маорифи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Ками- тети тоҷикшиносӣ (соли 1932 ба Институти давлатии тадқиқоги илмӣ табдил дода шуд) таъсис ёфт. Инчунин дар назди Базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР сектори таърих, забон ва адабибт (аз 1944 Институи алоҳида) дар ҳайати Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР ба вуҷуд омад. Соли 1951 дар ҳайати Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Институти таърих, археология ва этнография (ҳоло Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш) ташкил карда шуд. Худи ҳамон сол Институти таърихи партияи назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин ду институт ба марказҳои таърихшиносии респӯблика мубаддал гардиданд. Дар кафедраҳои таърихи мактабҳои олии республика низ тадқиқоти илмӣ бурда мешавад.

Солҳои 30 асарҳое интишор ёфтанд, ки характери илмӣ-оммавӣ дошта, муваффақиятҳою инкишофи хоҷагии халқ ва маданияти Тоҷикистони Советиро инъикос менамуданд. Дар омӯзиши таърихи тореволюционии Тоҷикистон олимон В. В. Бартолд, А. Ю. Якубовский саҳми калон гузоштанд.

В.В. Бартолд соли 1925 очерки «Тоҷикон» ва доир ба таърихи Осиёи Миёна як силсила асарҳо таълиф намуд, ки олим дар онҳо ба таърихи Тоҷикистон диққати калон додааст. Донишкадаҳои олӣ ва институтҳои тадқиқоти илмии Москва, Ленинград, Тошкент дар тайёр намудани муаррихони маҳаллии бо методологияи марксистӣ-ленннӣ мусаллаҳ кӯмаки калон расониданд.

Таърихшиносии советии Тоҷикистон ба таҳ- қиқи муносибатҳои истеҳсолӣ, таърихи муборизаи синфӣ, роли оммаи халқ ва ғайра бештар диққат медиҳад. Оид ба таърихи ҳаёти иқтисодию иҷтимои ва сиёсии аморат, хонӣ, бекиҳои ҷудогона асарҳо офарида, масъалаи ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, воридшавии муносибатҳои капиталистӣ ба иқтисодиёт, авҷгирии ҳаракати революциони, инкишофи афкори ҷамъиятию сиёси ва маорифпарварӣ таҳқиқ карда мешаванд (С. Айнӣ, 3. Ш. Раҷабов, Б. И. Искандаров, 0. Р. Маҷлисов, А. М. Мухторов, Н. Н. Неъматов, М. Б. Бобохонов). Б. Ғ. Ғафуров асари «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва соли 1972 “Тоҷикон”- ро навишт, ки онҳо таърихи халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин то давраи ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиаслистии Октябр дар бар мегиранд. Дар соҳаи таърихи ҷамъияти советӣ бештар ба масъалаҳои ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиялистии Октябр ва барпошавии Ҳокимияти Совети дар ҳудуди Тоҷикистон, Ҷанги граждани ва сохтмони социализм диққат дода мешавад. Масъалаҳои номбурда дар асарҳои Т. Р. Каримов, С. А. Раҷабов, Ғ. Ҳ. Ҳайдаров, А.          В. Макашов, М. Э. Эркаев, М. Р. Шукуров, Ш. М. Султонов ва дигарон акс ёфтаанд. Дар асарҳои X. Н. Дриккер, В. А. Козачковский, Б. А. Антоненко, К. П. Марсаков, Г. Н. Наврӯзов ва «Очеркҳои таърихи сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон (1917—65)», масъалаҳои муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар деҳот, таърихи ғалаба ва мустаҳкамгардии сохти колхозӣ дар Тоҷикистон тадқиқу таҳқиқ шудаанд. Асарҳои коллективии калонҳаҷм, ба монанди «Таърихи халқи тоҷик» (3 ҷилд, 5 китоб), «Очеркҳои таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон», «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон (1917— 1970)», «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон (1917—1977)», «Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон» ва ғайра интишор ёфтанд.

Олимони Тоҷикистон ҳамроҳи олимони республикаҳои бародарии Осиёи Миёна, Қазоқистон, Москва ва Ленинград «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз», «Маданияти моддии Тоҷикистон», «Аҷинатеппа. Меъморй, наққошӣ ва муҷассамаҳо», «Ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон», «Таърихи ташкилотҳои коммунистии Осиёи Миёна»-ро нашр намуданд. Муаррихони Тоҷикистон дар таълифу таҳрири асарҳои калонҳаҷм оид ба таърихи СССР, таърихи илми таърих, сохтмони миллию давлатӣ ва ғайра ширкат меварзанд.        А. Мухторов.

Илми ҳуқуқшиносӣ. Дар асарҳои мутафаккирони Осиёи Миёна ва рисолаҳои ҷудогона баробари афкори фалсафӣ ақидаҳо оид ба давлат ва ҳуқуқ низ ҷой доранд. Аммо илми ҳуқуқшиносй дар Тоҷикистон фақат баъд аз Револлютсияи Октябр инкишоф ёфт. Соли 1949 дар Университети Давлатии Тоҷикистон факултети ҳуқуқшиносӣ кушода шуд, ки он дар ташаккул ва инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ саҳми калон гузошт. Дар тадқиқоти олимони тоҷик ҷои асосиро проблемаҳои ба вуҷуд омадан ва такмил ёфтани давлати миллии халқҳои Осиёи Миёна, ташаккули давлати миллии тоҷикон ишғол мекунанд (асарҳои С А. Раҷабов Д. Д. Дегтяренко ва дигарон). Оид ба мавқеи давлат ва ҳуқуқ дар сохтмони социализм ва коммунизм, асосҳои назариявии роҳҳои ғайрикапиталистии тараққиёти давлат ва ғайра чандин монографияҳо таълиф ёфтаанд. Дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ (соли 1970 маҷмӯаи асарҳои кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва мурофиавии Университети Давлатии Тоҷикистон интишор гардид), сохтмони давлатӣ ва мустаҳкам намудани қонунияти социалистӣ (асарҳои Ш. Розиқов, Ф. Тоҳиров, А. М. Мавлонов, А. Имомов, С. Қосимов, Р. С. Гимпелевич,В.       Г. Мелкумов) ва криминалистика (асарҳои Ҳ. С. Салимов ва дигарон) тадқиқот бурда мешавад. Луғати махсуси русию тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ нашр гардид.

Олимони ҳуқуқшинос дар кодификасияи қонунгузорӣ, тайёр кардани маҷмӯаҳои қонунгузории республика, инчунин дар таҳияи асарҳои коллективӣ, ба монанди «Таърихи давлат ва ҳуқуқи советӣ» (1968), «Ҳуқуқи давлати советӣ» (1971) фаъолона иштирок менамоянд.

Ба тадқиқоти соҳаи ҳуқуқ асосан факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон, сектори давлат ва ҳуқуқи советии Институти таърихи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, лабораторияи тадқиқоти илмии экспертизаи судӣ, филиали Институти умумииттифоқии ғоибонаи ҳуқуқшиносӣ ва дигар муассисаҳои тадқиқоти илмии ҳуқуқшиносӣ машғуланд.

Илмҳои иқтисодӣ. Пайдоиши афкори иқтисодӣ ба оғози асрҳои на дахл дорад. Дар байни асарҳои Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Абӯҳамид Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон рисолаҳое вомехӯранд, ки дар онҳо назариёт ва андешаҳо оид ба иқтисодиёти сохти феодалӣ, танзими кори хироҷситонӣ, маълумоти иқтисодию ҷуғрофӣ дарҷ гардидаанд. Масъалаи беҳтар кардани хоҷагии мамлакат бештар дар давраҳои оромӣ (қатъ гардидани ҷангҳо) ба миён меомад. Аз хулосаи осори иқтисодии муаллифони асримиёнагӣ бармеояд, ки мавэӯи асосии онҳо хироҷситонӣ ва ташкилу танзими молиёт мебошад. Аксар рисолаҳо оид ба танзими сохти хоҷагидорй ба шакли дастурҳо ва панду насиҳат ба ҳукмрони давр таълиф гардидаанд. Пешннҳодҳо оид ба такмили сохти хоҷагидорй дар осори Аҳмади Дониш, Мирзо Азими Сомӣ, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва дигарон низ ба назар мерасанд. Давраи нави инкишофи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба замони ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ба Россия марбут аст. Дар омӯзиши иқтисодию ҷуғрофии кишвар дар нимаи дуюми асри 19— ибтидои асри 20 саҳми Ҷамъияти географии рус ва Шӯъбаи туркистонии он калон аст. Дар якчанд асари муҳаққиқони тореволюционии рус ва сайёҳон хоҷагии халқи кишвар, махсусан Тоҷикистони Шимолй, нисбат ба Ҷанубу Маркази он (Бухорои Шарқӣ) бештар тавсиф шудааст. Маълумоти иқтисодие, ки дар осори муҳаққиқоя, сайёҳон, ходимони ҳарбии тореволюционии рус омадаанд, асосан хусусияти тавсифӣ дошта, дар онҳо масъалаҳои муҳим ва роҳҳои инкишофи иқтисодии мамлакат гузошта нашудаанд.

Омӯзиши илмии масъалаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон танҳо пас аз ғалабаи Қокимияти Советӣ шурӯъ шуд. Соли 1925 «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронинажоди хориҷи он» маҷмӯае бо номи «Тоҷикистон» нашр кард. Дар ин маҷмӯа очерки Ю. И. Пославский оид ба иқтисодиёт ҷой дода шудааст. Бо супориши Бюрои осиёимиёнагии КМ ВКП (б) комиссияи махсус ба омӯзиши вазъи қувваҳои истеҳсолкунандаи республика машғул шуда, соли 1926 маҷмӯаи очеркҳои «Хоҷагии халқи Тоҷикистон»-ро нашр кард. Охири солҳои 20— ибтидои солҳои 30 асарҳои профессори Университети давлатии Осиёи Миёна Н. Г. Маллиский доир ба масъалаҳои иқтисодию ҷуғрофии Тоҷикистон ба табъ расиданд. Органҳои баплангирӣ ва давлатӣ бо мақсади тайёрӣ ба коллективонии хоҷагии қишлоқ, масъалаи заминро таҳқиқ намуданд. Барои омӯзишу нишон додани роҳҳои бартараф кардани қафомонии иқтисодии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 30 Академияи Фанҳои СССР экспедицияи ҷомеъ ташкил намуд. Натиҷаҳои кори экспедиция дар Конференцияи якум оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон (Ленинград) ҷамъбаст гардида, солҳои 1933—34 бо унвони «Масъалаҳои Тоҷикистон» (дар 2 ҷилд) ба табъ расиданд. Солҳои 30—50 як зумра асарҳо доир ба Тоҷикистон (В. М. Бардиер, «Тоҷикистон», 1939; П. А. Василъев, «Тоҷикистон», 1947; «Тоҷикистови Советӣ», 1951; «Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон», 1956 ва ғайра) чоп шуданд, ки дар онҳо тавсифи иқтисодию ҷугрофии Тоҷикистон омадааст. Соли 1957 И. Қ. Нарзиқулов нахустин асарро доир ба таърихи иқтисодиёт — «Маълумоти мухтасар оид ба саноати дастии тореволюционии Тоҷикистон» нашр намуд. Муассисаи махсуси иқтисодй — сектори иқтисодиёт — дар ҳайати Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР соли 1944 ташкил ёфт. Баъди таъсиси Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1951) он Шӯъбаи иқтисодиёт ном гирифт. Солҳои 50 талаботи республика ба тадқиқоти иқтисодӣ афзуд, шароити тайёр кардани кадрҳо ба миён омад. Аа ҳамин давра сар карда доир ба муҳимтарин соҳаҳои илми иқтисодиёт мунтазам тадқиқот бурда мешаванд. Солҳои 1957—63 дар Шӯъбаи иқтисодиёт доир ба масъалаҳои афзоиши ҳосилнокии меҳнат, паст намудани арзиши аслии маҳсулот, иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи маҳалҳои муайян, таъини имкониятҳои инкишофи баъзе соҳаҳои саноат ва истифодаи самарабахши қувваҳои истеҳсолкунандаи корхонаҳо, инчунин масъалаҳои ҷомеи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи республика ва баланд бардоштани самараи истеҳсоли ҷамъиятӣ ва ғайра корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом дода шуданд. Баробари Шӯъбаи иқтисодиёт Совет оид ба омухтани қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон низ чун муассисаи иқтисоди амал мекунад. Охири солҳои 50—ибтидои солҳои 60 дар Шӯъбаи иқтисодпёти Институти хоҷагии қишлоқ, кафедраҳои яқтисодиёти Университети Давлатии Тоҷикистон, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, кафедраҳои иқтисоди сиёсии дигар. Мактабҳои олии республика низ доир ба иқтисодиёт тадқиқот бурда мешуданд. Соли 1964 дар Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон институти иқтисодиёт таъсис шуд. Баробари таъсиси институти мазкур додраи таҳқиқоти иқтисодӣ васеъ гардид. Дар ин ҷо тадқиқот оид ба таърихи иқтисодиёти Тоҷикистон ва иқтисоди сиёсӣ ба роҳ монда шуданд.

Солҳои 60—70 институти иқтисодиёт модели балансҳои байнисоҳавии истеҳсол ва тақсими маҳсулот (ҳамроҳи Госплан ва УМС Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон), модели инвенстиционии ташаккули Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубиро таҳия кард, пешгӯии нишондиҳандаҳои инкишофи хоҷагии халқи республика (аз ҷумда системаи наклиёт)-ро барои солҳои 1990—2000 таъин намуд; ҷиҳатҳои назариявӣ ва методии тадқиқи самараовари фондҳои асосӣ дар ноҳияҳои калони иқтисодӣ, масъалаи такмили хоҷагидорӣ дар колхозҳо, масъалаҳои таъсири омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳосилнокии меҳнат ва ғайра бештар инкишоф ёфтанд. Натиҷаҳои ин тадқиқот дар асарҳои иқтисодчиёни тоҷик Р. К. Раҳимов, Ш. А. Аминов, А. И. Завулунов, Д. Қ. Каримов, Н. Қ. Қаюмов, Ҳ. У. Умаров, академики Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон И. Қ. Нарзиқулов, аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Ҳ. М. Саидмуродов ва дигар ба табъ расидаанд. Аз соли 1960 инҷониб муассисаҳои илмии соҳаи иқтисодиёт ба масъалаҳои пешгӯии инкишофи иқтисодиёти республика ва комллексҳои истеҳсолии ҳудуди он машғуланд. Масалан, Институти иқтисодиёти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки яке аз калонтарин муассисаҳои иқтисодист, таҳияи Программаи комплексии пешрафти илмию техникии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро барои солҳои 1986—2005 ба ӯҳда дорад. Ҳамроҳи дигар муассисаҳои иқтисодӣ тарҳи инкишоф ва ҷойгир кардани қувваҳои истеҳсолкунанда то соли 2000 таҳия мешавад. Доираи тадқиқи мавзӯъҳои иқтисоди сиёсӣ ва таърихи хоҷагии халқ васеътар мегардад. Дар республика филиалҳои институтҳои тадқиқоти илмии умумииттифоқӣ, аз ҷумла Институти конъюнктура ва талабот (ВНИИКС, 1966), Институти меҳнат, Институти масъалаҳои ташкили идоракунӣ ва ғайра амал мекунанд. Дар тадқиқи масъалаҳои иқтисодиёт ҳиссаи кафедраҳои факултетҳои иқтисодиёти Университети Давлатии Тоҷикистон ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон калон аст. Масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ дар асарҳои олимони муассиссаҳои зикршуда, аз ҷумла дар китобҳои аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Т. Н. Назаров ба миён гузошта шудаанд. Муҳаққиқони кафедраҳои иқтисодӣ сиёсӣ — Т. М. Мироқилов, X. Б. Салбиев, В. Т. Ли, О. Т. Тошев, А. А. Акрамов ва дигарон масъалаҳои назарияи иқтисодиёт, таърихи хоҷагии халқ, роҳи инкишофи ғайрикапиталистӣ ва ғайраро тадқиқ менамоянд. Мутахассисони соҳаи иқтисодиёт дар се факултетити иқтисодиёти Университети Давлатии Тоҷикистон, баъзе факултетҳои Институти хоҷагии қишлоқ ва Институти политехникии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд. Дар республика дар соҳаҳои гуногуни илмҳои иқтисодӣ 12 доктор ва 250 номзади илм кор мекунанд.

Филологияи тоҷик. Рукнҳои асосии филологияи тоҷик адабиётшиносӣ ва забоншиносианд. Ба филология инчунин лексикография, фолклоршиносӣ, журналистика, шарқшиносӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Адабиётшнносӣ. Афкори адабиётшиносин халқи тоҷик таърихи дуру дарозе дорад. Дар осори адабиёти қадими тоҷик ишоратҳо оид ба каломи бадеъ, сухани манзум ва тарзи офаридани он ба назар мерасанд. Инкишофи адабиёти асрҳои миёна, афкори эстетикии нависандагон боиси инкишофи адабиётшиносӣ гардиданд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз шеър «лафзи хубу маънии осон» талаб карда, мавқеи иҷтимоӣ ва аҳамияти тарбиявии эҷоди бадеиро таъкид намудааст. Чунин ақоиди пешқадам- ро дар афкори адабию эстетикии аксари нависандагони асрҳои миёна дарёфтан мумкин аст.

Адабиётшиносии форс-тоҷик дар асрҳои миёна дар асоси тадқиқи шеър аз ҳайси забон инкишоф ёфтааст. Он аз се қисм — бадеъ, арӯз ва қофия фароҳам омадааст. Дар ташаккули ин улуми сегона таъсири адабиётшиносии араб дида мешавад. Адабиётшиносин форс-тоҷик аз афкори адабиётшиносии Юнон ва Ҳинд низ баҳра бурдааст.

Дар иикишофи афкори адабиётшнносии тоҷик ҳиссаи адабиётшоносони асрҳои миёна оид ба илми поэтика ва баён калон аст. Яке аз нахустин асарҳо дар ин боб «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ мебошад. Китоби Рашиди Ватвот «Ҳадоиҷ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-иш-шеър» нисбат ба асари Родуёнӣ мукаммалтар аст. Муаллифи он на фақат аз назм, балкк аз наср ииз сухан рондааст. Асари дигари адабиётшииосии тоҷик «Ал-мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ (асри 13) ҳар се илм — бадеъ, арӯз ва қофияро фаро гирифтааст. Муаллиф нахустин бор аз нақди шеър — тавқиди адаба сухан ронда, масъалаи муносибати шоир ва мунаққидро равшан намудааст. Аз асарҳое, ки баъд аз ин таълиф ёфтаанд, хусусан рисолаи Насируддини Тӯсӣ «Меъёр-ул-ашъор» (1254), китоби Хусрави Деҳлавӣ «Эъҷози хусравӣ» (1319), асарҳои Атоуллоҳи Ҳусаёнӣ «Бадоеъ-ус-саноеъ» (1492), Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Бадоеъ-ул- афкор фӣ саноеъ-ил-ашъор» (асри 15), китоби сегонаи Абдурраҳмони Ҷомӣ — «Рисолаи қофия», «Рисолаи арӯз», «Рисолаи муаммо» (асри 15), асари Сиддиқии Ҳусайнӣ «Маҷмаъ-ус-саноеъ» (асри 17) дар инкишофи афкори адабнётшиносии форс-тоҷик арзиши муайяне доранд. Дар асарҳои бадеӣ ва фалсафию дидактикӣ («Қобуснома», «Чаҳор мақола», «Баҳористон» ва ғайра), фарҳангҳо («Ҳафт қулзум», «Ғиёс-ул-луғот ва ғайра) оид ба адабиёт ва адабиётшиносӣ назариёти гуногуни ҷолиби диққат баён шудааст.

Адабиёшшносӣ ва танқиди ада- бии марксистӣ-ленинии тоҷик аз мақолаҳои публисистии дар журнали «Шӯълаи инқилоб» (1919—21) дарҷгардидаи С. Айнӣ ва асари пурарзиши ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ибтидо гирифта, баъдан дар рушду камоли он адабиётшиносону мунаққидони номии тоҷик Абдулғанӣ Мироев («Сайидо ва мақоми ӯ дартаърихи адабиёти тоҷик», 1946; «Биноӣ», 1957; «Абӯабдуллои Рӯдакӣ», 1958 ва ғайра), Н. Маъсумӣ («Муҳаммадҷон Раҳимӣ», 1961′), Ш. Ҳусейнзода («Баҳс ва андеша», 1984; «Гуфтор аз назми сухан», 1985), М. Шукуров («Паҳлуҳои тадқиқи бадоӣ», 1976; «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», 1985 ва ғайра), С. Табаров («Ҳаёт, адабибт, реализм», кит. 1—4, 1966—84), А. Сайфуллоев («Мирзо Турсунзода», 1983; «Аркони сухан», 1985 ва ғайра), Р. Ҳодизода (асарҳои оид ба адабиёти асри 19 ва эҷодиёти Аҳмади Дониш), X. Мирзозода («Афкорн рангин», 1982), Юрий Бобоев (асарҳо оид ба М. Турсунзода), Л. Демидчик (тадқиқот дар бораи драматургияи тоҷик), Воҳид Асрорӣ (асарҳо доир ба эҷодиёти даҳанакии халқ), Р. Амонов (тадқиқи назми халқии тоҷик), Р. Мусулмонқулов (тадқиқот оид ба осори адабиётшиносии классики), А. Сатторов (тадқиқот оид ба афкори адабӣ ва эстетикии халқи тоҷик дар асрҳои миёна), А. Афсаҳзод (тадқиқи осори Абдурраҳмони Ҷомӣ ва матншиносӣ), Ю. Акбаров, X. Шарифов, Ҷ. Бақозода (тадқиқи назму насри муосир) ва дигар ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Муҳимтарин дастовардҳои адабиётшиносони советии тоҷик асарҳо доир ба таърихи адабиёти форс-тоҷик ва адабиёти советии тоҷик мебошанд, ки охири солҳои 70—ибтидои асри 80 ба табъ расидаанд.

Забоншиносин тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Аз давраи то ислом ду фарҳанг — «Фарҳанги оимевак» ва «Фарҳанги паҳлавӣ» расидааст, ки дар онҳо ишораҳо оид ба баъзе категорияҳои забоншиносӣ мавҷуданд. Дар тарҷумаву тафсири Авесто ба забони паҳлавӣ — форсии миёна (Занд), шарҳи гузворишҳо ва позанд маҳсули кори забоншиносон ба назар мерасад. Ниёгони халқи тоҷик аз дастовардҳои забоншиносии Ҳинди Қадим ва Юнони Қадим баҳраманд гардида, дар инкишофи забоншиносии араб саҳми калон гузоштаанд. Аз осори асрҳои миёна доир ба сохти грамматикӣ ва қоидаҳол забони тоҷикӣ то ҳол чизе дастрас нашудааст. Танҳо дар муқаддимаи чанде аз луғатҳо («Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Бурҳони қотеъ» ва ғайра) баъзе масъалаҳои грамматика шарҳ ёфтаанд.

Забоншиносии тоҷик чун илми ҳозиразамон баъди Револютсияи Октябр ба вуҷуд омад ва тараққӣ кард. Дар ташаккули забоншиносии тоҷик асарҳои илмӣ ва бадеии С. Айнй роли калон бозиданд. Соли 1928 ба ҷои алифбои арабӣ алифбои лотинӣ ва соли 1940 алифбои русиасос қабул гардид ва ҳамин тавр барои бештар ва беҳтар саводнок шудани мардуми тоҷик шароити хуб фароҳам омад.

Забоншиносии тоҷик ба омӯзиши муназзами фонетика, сохти грамматикӣ, таркиби луғавии забон ва шеваҳои забони тоҷикӣ машғул аст. Дар омӯзиши фонетикаи забони тоҷикӣ И. И. Зарубин, Л. Бузургзода,В.  С. Соколова, В. С. Расторгуева, Т. Хаскашев, Ш. Бобомуродов, А. Неъматов саҳм гузоштаанд. Морфология ва синтаксиси забони тоҷикиро С. Ализода, Б. Нибзмуҳаммадов, Ш. Ниёзӣ, Д. Тоҷиев, М. Қосимова, Ш. Рустамов, М. Исматуллоев ва дигарон тадқиқу баррасӣ кардаанд. Доир ба таърихи забоии тоҷикӣ ва лаҳҷаву шеваҳои он асарҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки аз тарафи А. А. Фрейман, М. Н. Боголюбов, В. А. Лившиц, И. М. Оранский, В. С. Расторгуева, А. 3. Розенфельд, Р. Ғаффоров, Р. Додихудоев, А. Л. Хромов, Б. Сияев ва дигар таълиф шудаанд. Бо роҳбарии В. И. Абаев ва В. С. Расторгуева олимони Москва, Ленинград ва Тоҷикистон асари 5-ҷилдаи «Асосҳои забоншиносии эронӣ»-ро таълиф намудаанд, ки 3 ҷилди он— «Забонҳои эронии қадим» (1979), «Забонҳои эрони миёна» (1981), «Забонҳои эронии (давраи) нав» (1982) ба табъ расидааст. Асари ҷомеъ доир ба забони тоҷикӣ «Грамматикаи забони адабии тоҷик» (Грамматикаи академй дар 3 ҷилд) мебошад. Як соҳаи забоншиносии тоҷик омӯзиши забонҳои помирӣ мебошад, ки ба тадқиқи онҳо дар Шӯъбаи помиршиносии Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва Институти забоншиносии Академияи Фанҳои СССР Д. Карамшоев, X. Қурбонов, Т. Н. Пахалина, Ҷ. И. Эдельман ва дигарон машғуланд.

Забоншиносонн тоҷик доир ба соҳаҳои дигари забоншиносӣ (услубу услубшиносӣ, омӯзиши аабони осори адабӣ, топонимика, лексикология, социолингвистика, маданияти сухан, инкишофи забон ва ғайра) низ асарҳои пурарзиш таълиф намудаанд.

Масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ дар Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, кафедраҳои забони тоҷикии донишкадаҳои олии реслублика, муассисаҳои шарқшиносии Иттифоқи Совети ва баъзе мамлакатҳои хориҷӣ тадқиқ мешаванд.

Доир ба соҳаҳои дигари филология. нигаред Лексикография, Фолъклоршиносӣ, Журналистика, Шарқшиносӣ.

  1. МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон шабакаи васеи муассисаҳои илмӣ ба вуҷуд омад. Соли 1986 дар республика якҷоя бо мактабҳои олӣ 58 муассисаи илмӣ мавҷуд буд. 1 январи 1986 қариб 8,5 ҳазор кормандони илмӣ, аз он ҷумла 229 нафар доктор ва 3074 нафар номзади илм буд; 51 нафарашон академику аъзо-корреспондентҳоянд. Маркази асосии илмӣ — Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон 3 шӯъба ва 19 муассисаи тадқиқоти илмӣ дорад (1986).

Ба тадқиқи таърихи партия Институтҳои таърихи нартия дар назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон (филиали Институти марксизм-ленинизм дар назди КМ КПСС) машғул аст. Муассисаҳои илмии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон бо муассисаҳои тадқиқоти илмии республикаҳои иттифоқӣ ва шаҳрҳои Москва, Ленинград, Новосибирск робитаҳои мустадками илмӣ доранд. Бо Академияи Фанҳо ва институтҳои соҳавии Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон як силсила проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ якҷоя тадқиқ карда шуда, мубодилаи ахбороти илмӣ оид ба геология, сейсмология ва сохтмони зилзилабардор, физика, астрономия, биология, ирригация, гидроэнергетика, масъалаҳои иқтисодиёт, таърих, забон, фолклор ва ғайра давом дорад. Институтҳои тадқиқоти илмии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон бо олимон ва марказҳои илмии Булғория, Чехословакия, Югославия, ШМА, Ҳиндустон, Афғонистон, Франсия, Канада ва мамлакатҳои дигар робитаҳои илмӣ доранд. Олимони Тоҷикистон дар форумҳои байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд, дар барномаҳои байналхалқи (Соли байналхалқии геофизикӣ, Соли байналхалқии Офтоби ором) ширкат меварзанд.

Дар қатори Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дар республика мактабҳои олӣ ва институтҳои тадқиқоти илмии тобеи вазоратҳо бо тадқиқоти илмӣ машғуланд. Онҳо оид ба масъалаҳои баплангирӣ ва муайян намудани тараққиёти минбаъдаи саноат, хоҷагии қишлоқ, нигаҳдории тандурустӣ, маорифи халқ, маданияти социалистӣ кор бурда, ба хоҷагии халқ ва сохтмони маданӣ ёрии амалӣ мерасонанд.

Матбуот, радио ва телевизион. То Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр халқи тоҷик матбуоти худро надошт. Баробари барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон нашри китоб ва газетаю журналҳо босуръат инкишоф ёфт. Дар Тоҷикистон аввалин матбаа соли 1924 дар шаҳри Душанбе сохта шуд. Соли 1925 Нашриёти давлатли Тоҷикистон (аз 1964 «Ирфон») таъсис ёфт. Солҳои аввал китобҳо дар Москваю Ленинград, Самарқанду Тошкент, Қазон ва дигар шаҳрҳо чоп мешуданд. Нашриёти республика соли 1926 ҷамъ 13 номгӯй китоб баровард, ки адади нашрашон ҳамагӣ 15 ҳазор нусха буд. Соли 1934 Комбинати полиграфии Душанбе (ҳоло Матбааи № 1) — базаи асосии полиграфияи республика ба кор сар кард ва нашри китобҳо хеле афзуд. Минбаъд нашриётҳои «Маориф», «Дониш», «Сарредакцияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик», «Статистика», Нашриёти Комитети Марказии КП Тоҷикистон ташкил гардиданд. Дар тамоми марказҳои вилоятҳо, дар бисёр шаҳру районҳои Тоҷикистон низ матбааҳо мавҷуданд. Соли 1985 дар республика 761 номгӯй китоб, брешюра ва дигар маҳсулоти чопӣ нашр гардид, ки адади нашрашон аз 8 млн зиёд аст.

Матбуоти ҳақиқии халқӣ дар Тоҷикистон танҳо дар давраи советӣ ба вуҷуд омад. Аввалин газетаи тоҷикӣ —«Овози тоҷик» дар Самарқанд чоп мешуд. Соли 1924 дар Душанбе гаэотаи «Овози Шарқ» ҳафтае як маротиба мебаромад. 15 марти 1925 шумораи аввалини газетаи «Иди тоҷик» ба табъ расид, ки он аз шумораи дуюми худ «Бедории тоҷик», аз октябри 1928 «Тоҷикистони сурх» ва аз соли 1955 «Тоҷикистони Советӣ» ном гирифт. Аввалин журнали тоҷикӣ — «шӯълаи инқилоб» аз апрели 1919 то декабри 1921 дар Самарқанд чоп шуд. Дар Душанбе журналҳои «Дониш ва омӯзгор» (1926—27) ва «Роҳбари дониш» (1927—82) нашр мешуданд. Аз июни 1932 «Барои адабиёти социалистӣ» чоп мегардад, ки он аз январи 1938 «Шарқи Сурх» ва аз янв. 1964 «Садои Шарқ» ном мегирад.

Дар Тоҷикистон ҳоло (1986) 71 газетаи республикавӣ, вилоятӣ, районӣ ва 19 журнал чоп мешавад: газетаҳои республикавии «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон» (аз соли 1930), «Пионери Тоҷикистон» (аз соли 1929), «Газетаи муаллимон» (аз с. 1984), «Адабибт ва санъат» (аз соли 1984), «Коммунист Таджикистана» (аз соли 1925), «Комсомолец Таджикистана» (аз соли 1938), «Пионер Таджикистана» (аз соли 1985), «Совет Тожикисгони» (аз соли. 1929), журналҳои «Коммунисти Тоҷикистон» (аз с. 1936), «Мактаби Советӣ» (аз соли 1926), «Садои Шарқ» (аз соли 1938), «Занони Тоҷикистон» (аз с. 1951), «Мапгьал» (аа с. 1952), «Хорпуштак» (аз соли 1953), «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (аз соли 1947), «Ахбороти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон» (аз соли 1952), «Памир» (аз соли 1959) ва ғайра.

Аз соли 1933 Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА) кор мекунад. Аввалин радиостанция дар шаҳри Душанбе соли 1924, баъди ташкил шудани Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ба кор сар кард. Радиофикацияи Тоҷикистон соли 1928 сар шуд. Соли 1959 Маркази телевизионии Душанбе ба кор даромад. Аҳолии республика барномаҳои телевнзионии марказиро аз соли 1967 инҷониб тамошо мекунад. Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳоло чор барномаи телевизиониро қабул менамояд.

Адабиёт. Адабиёти тоҷик таърихи чандҳазорсола дошта, аз эҷодиёти даҳанакии халқ, адабиёти қадим, адабиёти классики ва адабиёти советӣ таркиб ёфтааст.

Эҷодиёти даҳанакии халқ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст. Ривоятҳо, устураҳо, сурудҳои меҳнатӣ ва мавсимӣ, афсонаҳо нахустин навъҳои он мебошанд. Баъдтар, дар таъсири адабибти классикии форс-тоҷик рубоӣ, байт, ғазал ва ғайра маъмул гардиданд. Дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик «Гурӯғлӣ» мавқеи калон дорад. Ҳикмат Ризо, Ҳақзазар Кабуд, Қурбоналӣ Раҷаб гурӯғлисароёни машҳури тоҷиканд. Аз Ҳикмат Ризо зиёда аз 100 ҳазор мисраи «Гурӯғлӣ» дар фонди фолклори Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон маҳфуз аст. Латифа ҳам аз жанрҳои маъмули фолклори тоҷик аст.

Фолклори замони советӣ инъикосгари воқеаву рӯйдодҳои рӯзгори социалнстӣ буда, ғолибан дар жанрҳои маъмули фолклор—рубоӣ, байт, сурудҳои таърихӣ ва ғайра офарида мешавад. Шоирони халқии тоҷик Юсуф Вафо, Бобоюнус, Ҳомид Саид, Қурбоналӣ Раҷаб, С. Вализода, Давлатшоҳи Помирӣ, С. Холзода дар бораи Ленин, партия, Револютсияи Октябр, озодии занон ва ғайра рубоӣ, суруд ва шеъру достонҳо гуфтаанд.

Адабиёти қадим давраи тӯлониеро аз давраи атиқа то оғози асрҳои миёна ва истилои араб фаро мегирад.

Қадимтарин осори адабиёти атиқа китоби мазҳабии зардуштия — Авесто мебошад. Адабиёти давраи аввали асрҳои миёна — асрҳои 3—9 гуногунжанр (осори таърихи, номаҳо, манзумаҳо, қиссаву ривоятҳои динӣ, мунозира ва ғайра) ва гуногунзабон (ба паҳлавӣ — форсии миёна, портӣ, суғдӣ ва ғайра) буда, дар он ба ғайр аз осори динӣ, осори ғайридинӣ низ вуҷуд дорад. Осори бузургу машҳури адабиёти паҳлавӣ тарҷумаҳои Авесто, китобҳои калонҳаҷми «Динкард», «Бундаҳишн», «Минуи хирад», «Корномаи Ардашери Бобакон». «Ёдгори Зарирон», «Калила ва Димна»,«Худойнома», «Дарахти асурӣ» ва ғайра мебошанд.

Адабиёти асрҳои 8—15. Дар охири асри 7—ибтидои асри 8 Хилофати араб Эрон ва Осиёи Миёнаро забт кард. Арабҳо дар ноҳияҳои забт кардаашон маҷбуран дин ва забони худро ҷорӣ менамуданд, аз ин рӯ асрҳои 8—9         адабиёти тоҷик ба забони араби арзи вуҷуд намуд. Намояндагони ин адабиёт Ибни Муқаффаъ (қатл соли 759), Башшор ибни Бурд (вафот 787), Абӯнувос (762—815), ал-Хураймӣ ва дигарон мебошанд.

Адабиёти арабизабони форс-тоҷик, барои бедорӣ, тарбияи ҳисси худшиносии халқ ва дӯстдории кишвар мусоидат кард. Ба шарофати он аксар осори адабиёти паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, як ҷузъи тамаддуни ҷаҳонӣ гардиданд.

Нахустин шоирони даризабон Ҳанзалаи Бодғисӣ (асри 8), Абӯҳафси Суғдӣ, Муҳаммад ибни Васиф (асри 9) ва дигарон мебошанд, ки аз эҷодибташон абёти парокандае то замони мо расидааст. Адабиёт ба забони форсин дарӣ дар асри 10— замони ба майдони эҷод қадам ниҳодаяи Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхи, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвази ва дигарон ҳарҷониба нашъунамо кард.

Дар ҳамин давра маснавиҳои пандуахлоқӣ, андарзӣ ва ҳамосаи қаҳрамонӣ (асарҳои Дақиқӣ ва Фирдавсӣ) ба вуҷуд омаданд. Дар асри 10 бо тақозои замон як зумра асарҳо аз забонҳои паҳлавӣ ва арабӣ ба форсии дари тарҷума карда шуданд, осори мансуру манзуми илмӣ оид ба таърих, дину мазоҳиб, фалсафа, математика, мантиқ, тиб ва ғайра ба миён омадаяд.

Дар нимаи аввали асри 11 қасида ва мусаммат ривоҷ ёфтанд. Намояндагони машҳури адабиёти нимаи аввали асри 11 Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрии Домғонӣ мебошанд, ки баробари сурудани қасоиди мадҳӣ ба мавзӯъҳои васфи табиат, тасвири воқеаҳоя таърихии давр, васфи меваҷот ва ғайра даст задаанд. Дар эҷодиёти Носири Хисрав қасидаҳо, маснавиҳои пандуахлоқӣ, динӣ, фалсафӣ, ирфонӣ ва ғайра ба назар мерасанд. Саҳми Носири Хисрав дар ннкишофи жанри сафарнома низ калон аст.

Аз нимаи дуюми асри 11 ба адабиёти форс-тоҷик тасаввуф роҳ ёфт. Саноӣ, Фаридудцини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) ва дигарон намояндагони адабиёти суфия ғояҳои ирфониро инкишоф дода, ба авҷи аълои такомул расониданд. Нимаи дуюми асри 11 инчунин давраи паҳн шудани адабиёти форс-тоҷик дар Ҳиндустон мебошад. Намояндагони машҳури адабиёти форсизабони Ҳинд то асри 15          Масъуди Саъди Салмон, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ ва дигарон  мебошанд.

Адабибти асри 12-и форс-тоҷик дар якчанд марказҳои адабӣ, аз қабили Хуросон, Мовароуннаҳр, Ҳиндустон, Озарбойҷон ва ғайра ривоҷ ёфта, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа боз ҳам ғанитар гардид. Дар асри 12 тақрибан ҳамаи жанрҳои маъмули адабиёти форс-тоҷик, ба монанди қасида (Анварӣ, Хоқонӣ, Заҳири Форёбӣ, Муиззӣ ва дигарон), рубоӣ (Умари Хайём), достон (Аттор, Низомӣ ва дигарон), тарҷеот, қитъа (Адиб Собири Тирмизӣ) ва ғайра ташаккул ёфтанд. Махсусан, ривоҷу равнақи достонсароӣ дар охири асри 11— асри 12 қобили қайд аст. Анъанаи достонсароии Фирдавсиро Асадии Тӯсӣ («Гаршоспнома») ва муаллифони номаълуму номашҳур, ки бо номҳои «Бонугушаспнома», «Барзунома», «Шаҳриёрнома», «Озарбарзиннома» ва ғайра достонҳои ҳамосии қаҳрамонӣ офаридаанд, идома доданд. Яке аз аввалин достонҳои ишқию романтикӣ— «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ба шумор меравад. Низомии Ганҷавӣ панҷ достони ишқию романтикӣ, лирикию эпикӣ, пандуахлоқӣ ва фалсафӣ таълиф намуд, ки онҳо баъдан дар адабиёти форс-тоҷик бо номи «Хамса» машҳур шуда, боиси пайдоиши анъанаи хамса сароӣ (нигаред Хамса) гардиданд. Дар асри 13, сарфи назар аз ҳуҷуми урдуҳои Чингизхон қувваҳои тозаи эҷодӣ илму адабро пеш бурданд. Намояндагони барҷастаи он Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷапдй, Ҷалолуддини Румӣ, Убайди Зоконӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Сайфи Фарғонӣ, Сайфи Исфарангӣ ва дигарон мебошанд.

Асрҳои  10—13 давраи тавлид ва инкишофи насри бадеӣ, таърихӣ ва илмии форс-тоҷик ба шумор мераванд. Яке аз аввалин намунаҳои насри бадеӣ муқаддимаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» ва «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ» мебошад, ки Абӯалии Балъамӣ дар асри 10 аз забони арабӣ ба форсии дарӣ тарҷума кардааст. Баъдан якчанд асарҳои насри бадеӣ, аз қабилн «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Бахтиёрнома» ва осори насри ривоятиву омиёна, қиссаҳои халқии «Самаки айёр», «Абӯмуслимнома», «Амир Ҳамза», «Искандарнома», «Қаҳрамоннома» ва ғайра ба миён омаданд.

Адабиёти асри 15-и форс-тоҷик дар Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Хуҷанд ва дигар ҷойҳо ривоҷ ёфтааст. Дар ин давра мавқеи иҷтимоии назм боз ҳам мустаҳкамтар гардида, вусъати он бо номи Абдурраҳмони Ҷомӣ пайваст асг. Дар атрофи Ҷомӣ (доираи адабии Ҳирот) ва ноҳияҳои дигари Осиёи Миёна (махсусан Бухорову Самарқанд) якчанд адибони давр, аз ҷумла Зайнуддини Восифи, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Камолуддини Биноӣ ва дигар муттаҳид шуда буданд.

Адабиёти асрҳои 16— ибтидои асри 20 анъанаҳои адабиёти гузаштаро инкишоф ва такомул дод. Дар асри 16 шоирони бузурги тоҷик Бадруддини Ҳилолӣ ва Абдурраҳмони Мушфиқӣ умр ба сар бурдаанд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигорони машҳури асри 16 Нисории Бухороӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») ва Мутрибӣ («Тазкират-уш-шуаро») дар ин аср садҳо шоирон аз табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, маҳсусан, аз доираи косибон ва ҳунармандони шаҳр, арзи вуҷуд намуда, дар навъҳои гуногуни адаби асарҳо эҷод мекарданд.

Дар асри 17 низ адабиёт дар байни косибону ҳунармандони шаҳр ривоҷу равнақ ёфт ва аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, шакл ва забон ба ҳаёти халқ қаробати бештар пайдо кард. Дар эҷодиёти шоирони намоёни ин давр — Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ ва махсусан Сайидои Насафӣ зиндагиву омоли мардуми меҳнаткаш тасвир, касбу ҳунарҳои гуногуни он замон тавсиф шудаанд. Сайидои Насафӣ ва дигарон шоирони асри 17 дар қолаби жанрҳои маъмули шеъри классикии форс-тоҷик бештар маъниву мазмунҳои дархури замон, танқиди нобаробариҳои иҷтимоиро ифода намудаанд. Сайидо, баробари ин, ғазалро аз ҷиҳати истифодаи образҳои шеърӣ, санъатҳои бадеӣ ва ҳаҷм такомул дод.

Дар инкишофи адабиёти ин аср саҳми шоирону насрнависон Шавкати Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ, Толиби Омулӣ, Мирзо Бархурдор ва дигарон хеле калон аст. Дар бораи суханварони сершумори ин давра Малоҳои Самарқандӣ (тазкираи «Музокир-ул-асҳоб») маълумоти фаровоне ҷамъ овардааст. Давраи рушду камоли адабиёти форсизабони Ҳинд ба асрҳои 16—17 рост меояд. Дар Ҳиндустон ба ғайр аз Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо ва дигарон, ки зодаи ҳамон кишваранд, бисёр шоирони дигар, ба монанди Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Муллошоҳи Бадахшӣ, Мунъими Бухороӣ ва дигарон зиндагиву эҷод кардаанд.

Дар асрҳои 18—19 махсусан дар давраи ҳукмронии амир Умархони Амирӣ, дар Хӯқанд доираи адабие ташкил ёфт, ки дар он шоирону нависандагони муттараққӣ ва як гурӯҳ маддоҳони амир ҷамъ омада буданд. Дар Бухорову Самарқанд, Хуҷанд Мирзо Содиқи Муншӣ, Ҷунайдушлоҳи Ҳозиқ, Махмур ва асосгузори маорифпарварии тоҷик Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ Шоҳин, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Савдо, Музтариб, Исо-махдум, Ҳайрат ва дигарон зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар адабиёти ибтидои асри 20 махсусан, дар эҷодиёти пайравони ҷараёни маорифпарварӣ Аҷзӣ, Мирзосироҷи Ҳаким, Фитрат, Асирӣ ва дигарон сохти мавҷудаи иҷтимоӣ, иллатҳои ҷамъияти феодалӣ танқиду мазаммат шудаанд.

Як хусусияти қобили зикри адабиёти тоҷики асрҳои 18—19 таъсири эҷодиёти Бедил ба намояндагони он мебошад (нигаред Мактаби Бедил).

Адабиёти советӣ, ки бо шеъри инқилобии асосгузори он Садриддин Айнӣ «Марши ҳуррият» (1918) оғоз ёфтааст, бо роҳи инъикоси реалисгии табаддулоти инқилобии зиндагӣ ва воқеияти социалистӣ пеш меравад. Ҳаёти пурҷӯшу хурӯш, муборизаи халқи тоҷик барои пойдор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ, рафъи бесаводӣ ва дафъи босмачиён, озодии занон дар шеъру достонҳо, повесту романҳо, асарҳои публицистӣ ва ҳикояҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Баҳриддин Азизӣ, Абдулвоҳид Мунзим, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Раҳим Ҷалил, Сотим Улутзода ва Ҷалол Икромӣ барин адибони насли калонсол инъикос ёфтаанд. Аз ибтидои солҳои 30 адабиёти советии тоҷик гуногунжанр ва мазмунан ғанӣ, як ҷузъи адабиёти сермиллати советӣ гардид. Қарори Комитети Марказии ВКП(б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабию бадеӣ» (1932), гузоришоти Съезди 1- уми нависандагони СССР (1934), таъсиси маҷаллаи «Барои адабиёти социалистӣ» (1932, ҳозира «Садои Шарқ») барои пешрафти адабиёти советии тоҷик ва дар асоси методи реализми социалистӣ инкишоф ёфтани он, ба арсаи адабиёт қадам ниҳодани ҷавонони соҳибистеъдод  (Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ) ва тавлиду ташаккули чунин навъу ҷинсҳои адабӣ, монанди ҳикоя, повест, роман, драма, мазҳака, адабиёти бачагон, адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ мусоидат карданд.

Дар рушду камоли адабиёти нави тоҷик таъсири тарҷумаи осори намояндагони адабиёти рус ва халҳҳои дигар (А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, Ф. М. Достоевский, Н. В. Гоголь, Л. Толстой, И. В. Тургенев, А. П. Чехов, Н. А. Некрасов, В. Г. Белинский, М. Горький, В. В. Маяковский, М. Шолохов, А. Фадеев, К. Федин, А. Серафимович, А. Твардовский, Н. С. Тихонов, Т. Шевченко. Ш. Руставели, М. Ф. Охундов, Абай, Янка Купала, Л. Киачели, М. Рылский, Ғ. Ғулом, Махтумқулӣ, А. Тӯқумбоев, А. Исаакян, У. Шекспир, Э. Л. Войнич, Стендаль, Ҷ. Свяфт, А. Мицкевич, В. Гюго, И. В. Гёте, Ҷ. Лоқцон) низ бузург аст. Роман ва повестьҳои С. Айяй «Одина» (1924), «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1935), «Марги судхӯр» (1937), достонҳои Абулқосими Лоҳути «Кремль» (1923), «Сафари Фарангистон» (1935), «Тоҷ ва байрақ» (1935), Пайрав «Тахти хунин» (1931) ва «Маяораи марг» (1932), М. Турсунзода «Хазон ва баҳор» (1935), А. Деҳотӣ «Манзараи сегона» (1935), М. Миршакар «Ливои зафар» (1934), «Қишлоқи тиллоӣ» (1940), повестҳои Ҷ. Икромӣ —«Ду ҳафта» (1933), «Тирмор» (1934) ва романи «Шодӣ»-и ӯ (қисми 1—1940), романи Раҳим Ҷалил «Пӯлод ва Гулрӯ» (1940), песаҳои С Улуғзода — «Шодмон» (1939), «Калтакдорони сурх» (1940), ҳикояҳои Ҳ. Карим, шеъру достонҳои М. Раҳимӣ, Ҳ. Юсуфӣ, лирикаи сиёсии Абулқоснми Лоҳутӣ ва ғайра таҳкурсии давраи нави адабиёти тоҷикро ташкил карданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) эҷодиёти нависандагони тоҷик Боқи Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзи, Аширмат Назаров, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва дигарон инкишоф ёфт. Дар асарҳои мансуру манзум ва драматургияи давраи ҷанг нависандагон ба таърихи гузашта муроҷиат намуданд, зиндагӣ ва қаҳрамониҳон фарзандони халқи тоҷик Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, қаҳрамонони ҳамосаи тоҷик — Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш ва дигарон мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор гирифтанд. Айнӣ дар «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944), «Исёни Муқаннаъ» (1942) қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои гузаштагони халқи тоҷикро ҳикоят кардааст. Абулқосими Лоҳутӣ дар достони «Ғалабаи Таня» (1942) ва Мирзо Турсунзода дар «Писари Ватан» (1942) образҳои партизанҳову ҷанговарони советиро офарида, дӯстиву бародарӣ ва муборизони роҳи озодиро ситоиш намудаанд. Шоири шаҳир Ҳабиб Юсуфӣ дар роҳи саодати Ватан ҷон нисор кард.

Охири солҳои 40 насру назми тоҷик рушду камоли бештаре ёфт. Нависандагони тоҷик ба мавзӯоти байналхалқӣ руй оварданд ва баъзе асарҳои онон ба арсаи ҷаҳонӣ баромаданд. Дар ин солҳо се адиби тоҷик — М. Турсунзода барои силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ман аз Шарқи озод» (1943), С. Айнӣ барои ду қисми «Ёддоштҳо» (1949) ва М. Миршакар барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» (1950) сазовори Мукофоти давлатии СССР гардиданд.

Адабиёти советии тоҷик дар давраи баъд аз ҷанг бо мазмуну мундариҷа ва жанру ҷинсҳои адабӣ ғанитар гардид. Насрнависон мавзӯъҳои таърихӣ, инқилобӣ, шоирон масъалаҳои фалсафии зиндагии гузашта ва имрӯзаи халқ, ҷанг ва сулҳ, мақоми Партияи Коммуннстӣ ва Давлати Советиро дар таъмини сулҳ ва амнияти халқҳо, драматургон саҳифаҳои рангини революция ва ғалабаҳои социализмро мавриди тадқиқи бадеӣ қарор доданд. Солҳои 59— 60 насли нави шоирону нависандагони тоҷик Пӯлод Толис, Фазлиддин Мӯҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукуҳӣ, Файзулло Ансорӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат ва дигарон бо биниши тозаи худ ба арсаи адабиёт омада, онро аз ҳар ҷиҳат ғанитар карданд. Шеъру достонҳо ва ҳикояву повестҳои онҳо дар радифи асарҳои нави С. Айнӣ («Ёддоштҳо», 1949—54), С. Улуғзода («Субҳи ҷавонии мо», 1954), М. Миршакар («Ленин дар Помир», 1955), Мирзо Турсунзода («Ҳасани аробакаш», 1954; «Ҷони ширин», 1960) дар адабиёт мақоми хосае пайдо карданд.

Солҳои 60—70 ва оғози солҳои 80 адабибти тоҷик боз ҳам пеш рафт. Дар ин давра доираи мавзуъҳои насри тоҷик хеле васеъ шуда, тасвири таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва инъикоси воқеаҳои революционӣ дар маркази диққат қарор гирифт. Дар ин мавзуъ асарҳои Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (1960 — 73), «Саргузашти Сафар-махсум» (1974, ҳамроҳи Ҳ. Назаров), «Сафармахсум дар Бухоро» (1980), Р. Ҷалил «Маъвои дил» (китоби 1—2, 1979— 85), Сотим Улуғзода «Восеъ» (1967), «Ривояти суғдӣ» (1975), «Пири ҳакимони Машриқэамин» (1980), Р. Ҳодизода «Ситорае дар тирашаб» (1983), романи Кӯҳзод — «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим» (1983) ва ғайра офарида шудаанд. Мавзӯи дигаре, ки нависандагони тоҷик ба он таваҷҷуҳ менамоянд, зиндагӣ ва кору бори синфи коргар аст. Ин маваӯъ дар асарҳои Раҳим Ҷалил — «Шӯроб» (китоби 1—3, 1956—67), Фазлиддин Муҳаммадиев — «Палатаи кунҷаки» (1974), «Варта» (1983), Муҳиддин Хоҷаев — «Об — рӯшноӣ» (китоби 1—3, 1972—77), Ю. Акобиров — «Норак» (1978) ва дигарон мавриди тадқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Нависандаи ҷанговари тоҷик Ф. Ниёзӣ доир ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватани якчанд асарҳо, аз қабили «ВаФо» (китоби 1—1949, китоби 2—1957), «Ҳар беша гумон мабар, ки холист…» (1974), «Сарбозони бесилоҳ» (1984)- ро офарид. Ба мавзӯи ҷанг ва ҳаёти мардум дар ақибгоҳ дигар нависандагон, аз ҷумла Сорбон (повести «Шинел», 1976), М. Хоҷаев (романи «Нанг ва номус», 1980), И. Файзуллоев («Савганд», 1983), низ муроҷиат кардаанд. Зиндагӣ ва кору бори мардуми деҳоти тоҷик, фатҳи заминҳои навкорам, ҳаёти иҷтимоию маишӣ, рӯзгори ҷавонон дар шаҳру деҳот, масъалаҳои ахлоқ, ишқу оила, мубориза бар зидди урфу одатҳои зараровари куҳна, масъалаи муносибати инсону табиат ва ғайра дар роману повестҳои нависандагони насли калонсолу ҷавони тоҷик, аз ҷумла, Ҷ. Икромӣ («Зоғҳои бадмур», 1977; «Хатлон», 1984), Ф. Муҳаммадиев («Дар он дунё», 1965; «Шоҳии япон», 1982), Ю. Акобиров («Замини падарон», 1980), «Сорбон» («Занги аввал», 1970; «Актёр, 1983), Кӯҳзод («Роҳи ағба», 1971; «Кини Хумор», 1976), Б. Фирӯз («Рухсора», 1977; «Тору пуд», 1985), Саттор Турсун («Камони Рустам», 1975; «Пайванд», 1976; «Мегуянд, ки модарам…», 1982), А. Рабиев («Аспи охирин», 1979), М. Бобоҷонов («Ҷуфти кабӯтар», 1981; «Асири ҳафтум», 1985), А. Самадов («Баъди аз сари падар», 1979; «Косаи давр», 1985; «Пиблаи шикаста», 1986), А. Баҳорӣ («Рӯзи таваллуд», 1985), Ш. Ҳаниф («Такьяи қуллахо», 1984), К. Мираоев («Шабе дар Кабудҷар», 1984), ҳарҷониба тасвир ёфтаанд. Охири солҳои 60— ибтидои 70 дар адабиёти советии тоҷик жанри фантастика ба миён омад. Дар ин ҷода М. Миршакар, А. Бадари, Адаш Истад, Қ. Абдулҳусеннов кор мекунанд.

Солҳои 60 — ибтидои 80 назми тоҷик низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра шеъру достонҳои нави М. Турсунзода, М. Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Б. Раҳимзода, А. Шукӯҳӣ, А. Қаҳҳорӣ ва маҷмӯаҳои Лоиқ, Б. Собир, Гулрухсор, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Гулназар, С. Ҳалимшо, Алӣ Бобоҷон, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода ва дигарон ба миён омаданд.

Адабиёти бачагона ба маънои имрӯзаи он самараи Револютсияи Октябр аст. Вай дар заминаи осори дидактикӣ ва ҳикояту андарзҳои панду ахлоқии ниёгон, бо таъсири адабиёти бачагонаи халқи рус ва дигарон халқҳои Европа шакл гирифтааст. Асосгузори адабиёти бачагонаи советии тоҷик. С Айнӣ мебошад. Асарҳои у «Аҳмади девбанд»  (1928), «Мдктаби кӯҳна» (1934) ва «Ятим» (1939) аз аввалин асарҳои бадеии барои бачагон офаридан адабиёти тоҷиканд. Дар инкишофи адабиёти бачагонаи тоҷик ҳиссаи шоироиу насрнависон Лоҳутӣ, Миршакар, Гулчеҳра, Убайд Раҷаб, Наримои Бақозода, Ғаффор Мирзо, Болта Ортиқов, Абдумалик Баҳорӣ, Акобир Шарифӣ, Нуъмон Розиқ ва дигарон калон аст.

Драматургия яке аз жанрҳои ҷавонтарини адабиёти тоҷик буда, баъд аз Револютсияи Октябр пайдо шуд ва инкшоф ёфт. Аввалин драмаҳон тоҷик ба қалами М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода ва дигарон дахл доранд. Сипас ба ҷустуҷӯҳо як зумра драматургони касби ба мисли Ғанӣ Абдулло, Султон Саидмуродов, Муҳаммадҷон Рабиев, Шамсӣ Қиёмов, Меҳмон Бахтӣ, Аъзам Сидқӣ, Султон Сафаров, Абдусалом Атобоев ва дигарон иқдом кардаанд. Бисёр шоиру нависандагони тоҷик — Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, С. Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ф. Ансорӣ, А. Қаҳҳорӣ, Самад Ғанӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, А. Баҳорӣ ва дигарон дар соҳаи драматургия низ ба муваффақиятҳои калон ноил гардидаанд.

Адабиёти ғанӣ ва гуногунжанри советии тоҷик бо адабиёти халқҳои СССР робитаи қавӣ дошта, аз дастовардҳои адабиёти ҷаҳон бурдборона истифода мебарад ва рӯз то рӯз инкишофу такомул меёбад. Таҳлили амиқи рӯзгори гузашта ва навин, офариниши характерҳои барҷастаи намояндагони мардуми меҳнаткаш, тадқиқи фалсафии моҳияти воқеаҳо ва руйдодҳои даврро адабиёти муосири тоҷик аз умдатарин вазифаҳои худ медонад.

Адабиёти тоҷик ба туфайли осори намояндагони бузургаш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Шоҳасарҳои он тақрибан ба 100 забони дунё тарҷума шудаанд.        Ҳ. Шодиқулов.

Санъати меъморӣ. Санъати меъмории халқи тоҷик таърихи бой ва хеле қадима дошта, дар ҷараёни инкишофи бисёрасраи худ намунаҳои нодири осори меъмориро офаридааст. Аввалин намунаҳои осори меъмории халқи тоҷик ба давраи неолит (ҳазораҳои 6—3 то мелод) рост меояд. Тақрибан 9,5 ҳазор сол қабл аҷдоди тоҷикон дар Ошхона ном маҳалли Помири Шарқӣ ва мағораи Шахта сокин буданд, ки дар онҳо расмҳои рӯидевории давраи аввали неолит ёфт шудаанд. Дар ҳудуди Осиёи Миёна масолеҳи бинокорӣ асосан гил ва дар ноҳияҳои куҳистон санг буда, чӯбро низ моҳирона истифода мебурданд. Осори меъмории мансуби Маданияти Ҳисор дар Тутқавул ва Сойл Сайёд (ҳар ду мансуби ҳазораҳои 6—5 то мелод, дар мавзеъи Норак), Кӯҳи Булён (ҳазораҳри 5—3 то мелод, дар ноҳияи Данғара) қадимтарин истиқоматгоҳи гузаштагони тоҷиконанд. Ин иқоматгоҳҳо хонаҳои дарози чӯбкорӣ ва фаршаш сангин буда, дар онҳо як авлод (120—150 кас) зиндагӣ мекард. Дар ҳазоран 2 то мелод дар ҳудуди Осиёи Миёна усули гунбазии бомпӯшӣ маъмул гардид, ки он аз хишти хом буда, барои мустаҳкамӣ ба лой пахолу пашм меомехтанд. Дар ин давраҳо дар ҷануби Тоҷикистои мардумони мансуби Маданияти Бешкент ва Вахш умр ба сар мебурданд. Дар ҳазораи 1 то мелод аввалин шаҳрҳои мустаҳкам пайдо шуданд, ки онҳо тарҳи муайян дошта, аа рӯи лоиҳа сохта мешуданд. Дар атрофи шаҳр деворҳои мудофиавӣ мебардоштанд ва ҳар як гузари шаҳр биноҳои истиқоматӣ, қасрҳо ва маъбадҳо дошт. Тақрибан дар миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод дар мавзеъҳои ҷануби Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва шимоли Афғонистони ҳозира Бохтар ном давлати таърихии маданӣ ташкил мешавад, ки дар Авесто чун «кишари зебои ливобаланд» тавсиф шудааст. Дар асри 6 то мелод тамоми ноҳияҳои Эрони Шарқӣ ба тасарруфи давлати муқтадири Ҳахоманишиён медарояд. Таъсири Ҳахоманишиён ба санъати меъмории Осиёи Миёна асосан дар ороиши зоҳирӣ ва баъзе дигаргуниҳои тарҳу нақши биноҳо падид меояд. Аз асри 4 то мелод Осиёи Миёна ба ҳайати Империяи Искандари Мақдунӣ дохил мешавад. Дар ин давра як қатор шаҳрҳои деворбанди мустаҳкам — Мароқанд (Самарқанд), Бактра (Балх), Курукада (Уротеппа) пайдо гардиданд, ки онҳо гувоҳи санъати баланди бинокорӣ буда, мувофиқи нақшаи мукаммал сохта шуда буданд. Алалхусус нуфузи «эллинизми шарқӣ» афзуда, ба санъати меъмории Осиёи Миёна вусъати бино, таносуби куллу ҷузъи иморатро дохил кард, истифодаи санг (дар сутунсозӣ) ва хишти пухта (дар сохтани тоқу равоқҳо) маъмул гардид. Вале унсурҳои меъмории Юнону Рим аимни анъанаҳои меъмории Шарқ дигар гашта, асоси он услуби маҳаллии санъати меъморӣ барҷо монд. Биноҳои калон мувофиқи лоиҳаи анъанавӣ ва аз масолеҳи маъмул, яъне хишти хому похса сохта мешуданд. Масалан, дар димнаи Шаҳринав бошаи сутунҳои сангини пуршукӯҳ бо баргу гулҳои акант зеб ёфтаанд. Ҳафриёти димнаҳои Кайқубодшоҳ, Қалъаимир, Кӯҳнақалъа дар бораи шаҳрҳои қадима тасаввуроти пурра медиҳанд. Ин шаҳрҳои деворбанди мустаҳкам (баъзеашон ду қабат девор доранд) дорои бурҷҳои дидбонӣ буда, кӯчаю хиёбон ва гузару ҳавлиҳо мувофиқи нақшаи мукаммал бино ёфтаанд. Ансамбли қасру маъбадҳои Саксанохур (асри 2 то мелод, раёни Фархор) намунаи аҷоиби санъати меъмории аҳди атиқа мебошад. Хонаҳои ин ансамбл гирдогирди ҳавлии калони чоркунҷае ҷой гирифтаанд, ки аз чор тараф айвони дарози қаторсутни, тим ва толори калони чоркунҷае (ибодатгоҳ) дорад.

Маъбади Окс (номи қадимаи Омӯ) аз димнаи Тахти сангин (Қабодиён) намунаи барҷастаи санъати меъмории эллинӣ буда, дар бораи маданияти Бохтар тасаввуроти мукаммал медиҳад. Толори Сафеди чорсутуни маъбад аз се тараф тим ва рӯ ба шарқ айвони дароаи дуқаторае дошт, ки ҳар қатор аз чор сутун иборат буд. Сутунҳои мунаққаши сангин, меҳробҳои бошукӯҳ ва муҷассамаю ашёҳои ороишии қиматбаҳо аз инкишофи санъати меъмории бохтариён шаҳодат медиҳанд. Қалъаҳои Қаҳқаҳа ва Ямчӯн (асрҳои 2—5, ВАБК) намунаи беҳтарини санъати қалъасозии Осиёи Миёна, алалхусус қалъаҳои кӯҳӣ мебошанд.

Бо таъсири санъати меъмории давраи атиқа асосан ду усули бомпӯшӣ маъмул гардид: яке бо болору сутунҳо ва дигаре бо хишти хому похса ба тарзи тоқу гунбаз. Дертар дар ороиши биноҳо истифодаи гаҷ ва хишти чоркунҷаи пухта маъмул гардид, ки асосан барои ороиши фарш ва сохтани сутунҳо ба кор мерафт; санг бештар дар бунёди сутун (бошаю пояи он) ва меҳробу ҳайкалҳо истифода мешуд. Аз асри 1 мелодӣ сар карда санъати эллинизми Шарқ рӯ ба таназзул ниҳод ва аз Ҳиндустон ба воситаи хоки Афғонистоя ба Осиёи Миёна буддоия нуфуз намуда, намунаҳои наққошӣ ва санъати меъмории ҳинд афзалият пайдо кард. Ин падида дар аҳди Кушониён (асрҳои 1—3) ривоҷ ёфта, бо тақозои буддоия бисёр маъбаду намозгоҳҳои мағокию рӯизаминӣ сохта шуданд (маъбадҳои Қаротеппа ва Фаёэтеппаи мансуби асрҳои 1—2 дар Тирмиз ва ғ.). Меъмории давраи Кушониён охирин зинаи маданияти эллинии Шарқи Миёна ба шумор рафта (Сурхкӯтал дар Суғд, Холчаён дар Деҳнав, асри 1 то мелод), анъанаи меъмории қарнҳои гузаштаро зимни бозёфтҳои услуби меъмории маҳаллӣ идома додааст. Аз меъмории давраҳои аввали феодализм дар Осиёи Миёна (асрҳои 5—8) осори сершумори қалъаву кӯшкҳо, инчунин комплекси қасрҳои калон ва шаҳристонҳо маҳфуз мондаанд. Дар байни онҳо махсусан кӯшкҳои Чилҳуҷра, Уртақӯрғон, Қалъаи Муғ, Мунчоқтеппа ва ғайра мақоми махсусе доранд. Одатан девори кӯшк аз берун қаторсутунҳои нисфашон ба дохили девор фурӯрафта (гофр) доштанд, ки толори пазироӣ ҷузъи марказии кӯшк буд. Ороиши даруни кӯшкҳо, алалхусус деворҳои толори пазироӣ аз нақшу нигор ва ороишот орӣ набуд. Ашёи кандакорӣ, ҳайкалу муҷассамаҳо, гулу гаҷкориҳо ва нақшу нигори рангоранг шукуҳу шавкати даруни хонаро меафзуд. Дар бандубасти биноҳои ин давр низ навигариҳо пайдо шуд. Агар равоқу тоқҳои пешин шакли нимдоира дошта бошанд, акнун сохтани равоқу тоқҳои пайконӣ (ё румӣ) маъмул мегардад. Равоқу гунбазҳоро аксар аз хишт бе истифодаи чуб, бо ёрии бағала месозанд. Димнаи Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат оид ба услуби меъморию шаҳрсозӣ, дину мазҳаб ва таърихи ниёгони тоҷикон маълумоти пурқимат медиҳад. Шаҳри Панҷакенти Қадим аз чор қисм иборат буд: маҳаллаҳои марказии шаҳр ё куҳандиз (дар он кӯшку қасри ҳоким ҷой гирифта буд), худи шаҳристонработ (маҳалли истиқомати аксари шаҳриён) ва ҳотаҳои берунишаҳру гӯристон. Шаҳр ду маъбад дошт, ки барои муайян кардани мазҳаби суғдиёни қадим имкон медиҳад. Димнаи Кофирқалъа (водии Вахш) мансуби тамаддуни Тахористон буда, аз инкишофи санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қисмати ҷануби Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Димнаи Кофирқалъа арки мустаҳкаме дошт (вусъаташ 60X60 м), ки он бисёр биноҳои бошукӯҳ ва маъбадро дар бар мегирифт. Тарҳу нақши аниқу дақиқи шаҳр, бурҷҳои мунаааами девори қалъа ба анъанаҳои меъмории атиқаи Бохтар ишорат мекунанд. Намунаи барҷастаи санъати меъмории асрҳои 6—8 маъбади буддоии Аҷинатеппа (қарибии Қӯрғонтеппа) мебошад. Ин маъбад аз ду қисм — хонаҳои истиқоматӣ ва ибодатгоҳҳо иборат буда, дар як долони тиммонанд ҳайкали гилин 12-метраи Буддо ёфт шуд. Биноҳои сершумори ин ансамбл тарзи бомпӯшии гунбазию тоқдорро дошта, асосан аз хишти хом таркиб меёфтанд ва деворҳо бо расмҳои сюжетдори рангоранг оро ёфтаанд. Сохтмони биноҳои мӯҳташами гирдаро, ки ба бунёди маъбадҳои аввали Осиёи Миёна мусоидат кардаанд, комёбии меъмории давраи аввали асрҳои миёна ҳисобидан мумкин аст. Падидаи муҳимми ин давра баҳамомезии меъморию санъати тасвирӣ буд. Мақоми деворнигораҳо дар ороши даруни иморат хеле афзуд. Анвои нақшу нигор ва муҷассамаҳои кандакории чӯбу гаҷ инкишоф ёфт. Мусаввараҳои гуногунмазмуну гуногунранги руидевории Панҷакенту Шаҳристон зодаи тахаюлоти романтикӣ буда, аз тасаввуроти мураккаби воқеию асотирии аҷдоди тоҷикон шаҳодат медиҳанд. Хулоса, дар асрҳои 7—8 дар сарзамини тоҷикон ду мактаби мустақили меъморию бинокорӣ ва рассомӣ таъсис ёфт: шимолӣ (суғдию истаравшани) ва ҷанубӣ (тахористонӣ); ҳар кадом ҷиҳатҳои муштараку хосаи тамаддуни ниёгонро ривоҷ додаанд.

Истилои араб (асри 8—9) ва ҷорӣ шудани дини ислом дар санъати меъмории тоҷикон чизи ҷандон ҷолиби диққатеро дода натавонист. Дар давраи аввали истилои араб масҷиду биноҳое сохта шудаанд, ки онҳо пӯшиши гунбазӣ ва айвони қаторсутун дошта, ба анъанаи меъморони маҳаллӣ ва усулҳои пештараи кандакорӣ ва гаҷкорию наққошӣ асос ёфтаанд. Баробари интишори ислом навъҳои нави биноҳо — масҷидҳои манордор, мадрасаҳо, мақбараҳо, хонақоҳҳо ва корвонсаройҳо пайдо шуда, тадриҷан усули бомпӯшии гунбазию тоқи усули асосии сохтмони биноҳои калон гардид. Санъати меъмори алалхусус дар асри 10, яъне дар аҳди давлати мутамаркази Сомониён ва итмоми ташаккули халқи тоҷик ба авҷи олии инкишоф расид ва ин болоравӣ то асри 12 давом карда, аз беҳтарин комёбиҳои замон баҳра бардошт. Шаҳрҳо боз равнақу ривоҷ ёфта, маркази маданият шуданд. Вусъати шаҳр боиси муқаррар гардидани се қисмати таркибии он — куҳандиз, шаҳристон, работ ва қабристон гардид. Алалхусус Бухоро ва Самарқанд, инчунин шаҳрҳои ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — шаҳрҳои Ҳулбук ва Сайёд хеле тараққӣ карданд. Инкишофи математика ва геометрияи амалӣ ба санъати меъмори имкон дод, ки усулҳои мураккабтари биносозӣ, навъҳои нави бомҳои гунбазию тоқӣ ва анвои нақшаҳои мураккаби ҳандасиро мавриди истифода қарор диҳад.

Дар асрҳои 9—10 ба ҷои хишти хом истифодаи хишти пухтаи чоркунҷа маъмул шуд, ки ин пешрафти азим дар бинокорӣ буд. Тарзи оддии чидани хишт зоҳиран намуди дилкаше пайдо кард. Шаклу усулҳои гуногуну мураккаби хиштчинӣ биноро ба асари нотакрору мукаммали санъат табдил медод. Намуди барҷастаи санъати хиштчини дар мақбараи Исмоили Сомонӣ ба ғояти камолот расид. Дар бандубасти ин мақбара ҳам нафосату латофати санъати меъмории анъанавии тоисломӣ ва ҳам комёбию усулҳои меъмории давраи минбаъда таҷассум ёфтаанд. Меъморони Осиёи Миёна тарзи бо гунбаз ва тоқ пӯшидани болои биноҳоро пазируфтанд, ки он барои тамоми навъи оинҳои ҷамъиятӣ ва динӣ қобили қабул ва мувофиқ афтод. Одатан гунбаз дар болои устувонаи чоркунҷа қарор дошта, бо деворҳои бино ба василаи бағалаҳо мепайваст, ки дар натиҷа кунҷи сақфи ин биноҳо ҳаштрӯя мешуд. Баъдтар гунбази «балхӣ» маъмул гардид, ки он бе такяи пешакӣ бевосита аз гӯшаҳои бино бардошта мешуд.Аз санъати меъмории асрҳои 10-12 то имрӯз якчанд намунаи барҷастаи осори он расидаанд. Яке аз ёдгориҳои шоёни асри 10 мадрасаи Хоҷамашҳад (деҳаи Оайёди ноҳияи Шаҳртуз ) аст, ки аз ҷумлаи қадимтарин мадрасаҳои Осиёи Миёна мебошад. Шавкату шукӯҳи зоҳирии ин мадраса нафосату латофати тоқ ва сақфу гунбазҳои он, ки бо усули заргарона чидани хишти пухта бардошта шудаанд, ин ёдгориро ба қатори беҳтарин осори санъати меъмории Осиёи Миёна мегузоранд.

Мақбараи Амир Ҳамза (ё худ Ҳазрати Бобо) ва алалхусус Мазори Чоркӯҳ (дар Исфара) ёдгории беамсол ва ягонаи чӯбии асрҳои 10—13 аст. Дар кандакории болору нижвонҳои мазор ҳам анъанаи санъати наққошии тоисломӣ ва ҳам равияи кандакории давраҳои минбаъда ба назар мерасад. Расми ҷонварон бо нақши наботию ҳандасӣ омехта, як тасвири томе пайдо шудааст. Кандакории мазори Чоркӯҳ услубан ба кандакории ашёи чӯбии асрҳои 10—12            саргаҳи Зарафшон шабоҳат дорад (меҳроби Искодар, сутунҳои кандакории деҳаҳои Фатмев, Оббурдон ва Куруд). Мақбараҳои Муҳаммади Башоро (дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент) ва Шайх Муслиҳуддин (Ленинобод) низ ба асри 12 тааллуқ доранд. Дар асри 12 усули хиштчини тарзи нав пеш гирифта истифодаи хишти пардозёфта ва сафоли нақрӣ маъмул мегардад. Кошии рангин пайдо шуда, вусъати якранги сурхчатоби деворҳои хиштиро мулавван месозад. Катибаҳое, ки зимни нақши ислимӣ ба кор мерафтанд, мақоми намоёнро соҳиб мешаванд. Тадриҷан услуби сохтани намои бино ҳам тағйир меёбад, яъне агар пештар ҳар чор намо ба як сурат сохта шаванд, акнун яке аз онҳоро мӯҳташамтар мекарданд, ки он одатан пештоқи бино буд. Дар асри 13            ҳангоми тохтутози Чингизиён ҳам санъати меъмории тоҷикон аз пешрафт намонд. Ибтидои асри 14 дар мақбараи Муҳаммади Башоро пештоқи пуршукӯҳе сохта шуд, ки бо сафолпораҳои бесири нақрадор ва кошиҳои гуногунранг оро ёфта буд. Дар асри 14 мақбараи Шайх Муслиҳиддин (Ленинобод) ҳам аз нав таъмир гардид.

Дар охири асри 14 дар Осиёи Миёна давлати муқтадири Темуриён таъсис ёфт. Хусусияти асосии санъати меъмории ин давра нишон додани шукуҳу салобат ва қудрату тавоноии давлат буд. Иморатҳо зоҳираи басе калону босалобат ва пур аз нақшу нигор ва ороишоти дабдабаноки рангбаранг сохта мешуданд. Барои афзудани ҳашамати биноҳо усули гунбази дуболо маъмул гардид, ки яке гунбази аслӣ ва дигаре гунбази хоси ороишӣ буд (масалан, мақбараи Гӯри Мир, масҷиди Бибихонум дар Самарқанд, қасри Оқсаройи Шаҳрисабз ва ғайра). Намунаи ёдгориҳои услуби меъмории давраҳои минбаъдаи аҳди Темуриён Масҷиди Кӯкгумбаз, Мақбараи Абулқодири Ҷелонӣ, Мақбараи Боботағо ва Мақбараи Саримазор (дар Уротеппа), Мақбараи Амир, Мақбараи Саиди Ҳамадонӣ (дар Кӯлоб), Мақбараи Шайх Муслиҳуддин (дар Ленинобод), Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар наздикни Душанбе) ва ғайра мебошанд, ки бо зебоӣ, шукӯҳу салобат, ороишоти бой ва нафосати худ ҷолиби диқатанд. Ёдгориҳои меъмории давраҳои охири феодализм (асрҳои 17—20) Мадрасаи Мирраҷабдодхоҳ (дар Конибодом), Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав (ҳар ду дар Ҳисор), Мадрасаи Мирошим Додхоҳ (дар Панҷакент), Мақбараи Домулло Икром, Масҷиди Шоҳи Хомӯш (ҳар ду дар ноҳияи Ленингради вилояти Кӯлоб) ва ғайра комёбиҳои санъати меъмории асрҳои 14—16-ро таҷассум намудаанд. Беҳтарнн анъанаҳои санъати меъморию ороишии тоҷикон — наққошӣ, кандакорӣ, кошикорӣ, минокорӣ, хаттотӣ ва ғайра шукӯҳу шаҳомати ин ёдгориҳоро афзудаанд.

Таҷрибаи чандинасраи меъморӣ ва биносозии халқи тоҷик на танҳо дар сохтмони биноҳои маъмурию динӣ, балки дар бунёди биноҳои истиқоматӣ низ таҷассум ёфтааст. Хонаи истиқоматии тоҷикон ба шароити обу ҳаво, релеф, навъу намуди масолеҳи бинокорй, шумораи аҳли оила ва ғайра вобаста буда, одатан аз се қисм — хона, даҳлез ва айвон иборат буд. Дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон (Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Ӯротеппа) одатан дар пешгоҳи ҳавлӣ, оинои исгиқоматӣ ва гирдогирди он биноҳои хоҷагӣ сохта мешуд. Дар ноҳияҳои кӯҳистон хонаҳо асосан дар ёнаи талу теппаҳо ҷойгир буд, боми хонаи поёни одатан ба сифати ҳавлӣ хизмат мекард. Чунин биноҳо бештар хоси кӯҳистониён буда, ҳар кадом аз се қисм — хона, дарундаҳлез ва айвон иборат буд. Меҳмонхонаи тоҷикон хонаи калони бисёрболораи вассаҷуфт буда, болору вассаҳо, инчунин сақфи айвону сутунҳо бо нақшу нигор оро дода мешуд. Девори хона гаҷкорӣ шуда, бо тоқчаҳо оро меёфт.

Санъати меъморӣ дар давраи советӣ. Санъати меъмории советии тоҷик ҳамчун узви таркибии меъмории советӣ дар ҷараёни тараққиёти бештар аз нимасраи худ аз анъанаҳои беҳтарини меъмории миллӣ, комёбиҳои барҷастаи меъмории рус ва Шарқ баҳравар шуд. Дар ибтидои кор биноҳо аз масолеҳи анъанавии маҳаллӣ сохта мешуданд, вале тарҳи биноҳо бар хилофи биноҳои пештара тағйир ёфт: Биноҳо баланду барҳаво ва тирезаҳояшон калон шуданд. Соли 1930 аввалин лоиҳаи нақшаи шаҳри Сталинобод тасдиқ гардида, соли 1936 ба таҳияи нақшаи генералии он шурӯъ карданд. Аз ҳамон солҳо сар карда дар Сталлнобод биноҳои наву замонавии хоса ҳаёти социалисти — биноҳои маъмурӣ ва истиқоматии бисёрошёна, беморхонаҳо, боғчаҳои бачагон, мактабҳо, кинотеатру клубҳо ва ғайра сохта мешаванд. Беҳтарин биноҳои нимаи аввали солҳои 30 (биноҳои Шӯрои Комиссариати халқӣ, Комиссариати халқии зироат, почтамт, бинои кинотеатри дутолора, ҳозира бинои Филармонияи давлатӣ ва ғайра) зери таъсири равияи конструктивизм бунёд шуданд, ки намуди зоҳириашон якрангу беороиш буда, асосан таъиноти онҳо ба эътибор гирифта мешуд. Соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон таъсис ёфт. Солҳои 1936—40 нақшаҳои генералии навсозии шаҳрҳои Сталинобод (меъмор М. Баранов), Ленинобод (меъмор В. Г. Веселовский), Қӯрғонтеппа (меъмор И. Ткачёв), Кӯлоб (меъмор Анҷейкович) ва дигҳо тасдиқ шуданд, ки мувофиқи он симои ин шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тағйир ёфт. Яке аз беҳтарин ва калонтарин биноҳои Душанбе — бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1939—46, меъморон А. Юнгер, Д. Билибин, В. Голли) мебошад, ки дар он унсурҳои меъмории классикии европоиро ҳамчун асос гирифта, ба воситаи нақшу нигор, ороишот ва кандакории гаҷ ба бино хусусиятҳои миллӣ бахшидаанд. Ин анъана махсусан дар услуби меъмории охири солҳои 40 ва нимаи аввали 50 зимни ҳамкории меъморон ва наққошону кандакорон инкишоф ёфт. Дар сохтмону ороиши биноҳои ин давр, алалхусус Хонаи ҳукумати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1940—49, меъморон С. Анисимов, М. Захаров, ҳозира бинои Комитети назорати халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон), Китобхонаи давлатии республикавии ба номи Фирдавсӣ (меъмор С. Л. Анисимов), Театри давлатии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (меъмор А. Бобохонов), Музейи муттаҳидаи республикавии таъриху кишваршиносии ба номи Беҳзод (меъмор А. Кнопмус), Меҳмонхонаи «Вахш» (меъмор А. Антоненко), махсусан дар ороиш, кандакорӣ ва нақшу нигори чойхонаи «Роҳат» (меъморон Д. Гендлин, К Терлецкий), Қасри маданияти колхози ба номи С. Урунхӯҷаеви раёни Хуҷанд анъанаҳои наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ ва гарданаққошӣ фаровон истифода шудаанд.

Афзоиши босуръати аҳолӣ талаб мекард, ки суръати индустриявии сохтмони шаҳрҳо афзуда, аз ороиши зиёдатии биноҳо қатъи назар карда шавад. Солҳои 1969—65 нақшаи микрорайонҳо такмил ёфта, сохтмони ансамбли биноҳои бисёрошёна расм шуд, ки ин дар шароити камии замин аҳамияти калон дошт. Тақрибан аз нимаи дуюми солҳои 60 дар шаҳрҳои Тоҷикистон аз панелҳои калони оҳанубетонӣ сохтани биноҳо авҷ гирифт. Инкишофи саноати республика ба бунёдшавии шаҳрҳои нави ҳозиразамон — Норак, Турсунзода ва Ёвон мусоидат кард. Дар вилоятҳои Кӯлоб, Ленинобод, Қӯрғонтеппа ва ВАБК як қатор биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурию ҷамъиятӣ сохта шуданд. Аз соли 1970 дар Душанбе як силсила микрорайонҳои истиқоматӣ ва биноҳои замонавӣ — Хонаи маорифи сиёси (меъмор Э. Брзовский ва Ю. Пархов), Хонаи Дӯстӣ (меъмор Г. Айзикович), Маркази ҳисоббарории Госплан (меъмор В. Лях), Қасри иттифоқҳои касаба, Меҳмонхонаи «Тоҷикистон», композицияи меъморию муҷассамавии Садриддин Айнӣ, композицияи меъморию муҷассамавии Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра бунёд шуд, ки комёбиҳои санъати меъмории солҳои охирро таҷассум намудааст. Дар ибтидои солҳои 80 амалияи меъморӣ ба рафъи якрангии биноҳо, ҷустуҷӯи роҳҳои тозаи ҳалли масъалаҳои санъати меъмории муосир ва иртиботи амиқ бо анъанаҳои санъати меъмории миллӣ равона шуда буд. Дар ороиши биноҳои ҳозираи истиқоматии оҳанубетонӣ унсурҳое пайдо шуданд, ки ба шарафа ва панҷараву тоқҳои қадима шабоҳат доранд. Мисоли ин бинои маъмурии кӯчаи Ф. Дзержннский (меъмор Ю. Пархов), бинон Фонди дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, бинои Қасри адибон (меъмор Э. Солеҳов), бинои чойхонаи «Саодат», «Мақбараи Мирзо Турсунэода» (меъмор Б. Зуҳуриддинов), бинои Хонаи маорифи сиёсӣ дар Хоруғ (меъмор Д. Куршеитов ва ғайра) мебошанд. Намуди микрорайонҳо беҳтар шуда, дар қатори биноҳои чорошёна биноҳои 9—12 ва 16-ошёна қомат афрохтанд. Биноҳои оҳанубетонии микрорайонҳои ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон бо усули ҳозиразамони бинокорӣ сохта шуда, дар тарҳи умумии онҳо ороишот ва нақшҳои анъанавии миллӣ афзуд. Меъморони муосир кӯшиш доранд, ки дар бунёди биноҳои маъмурӣ ва истиқоматии оҳанубетонӣ услуб ва унсурҳои санъати меъмории миллиро истифода бурда, иморатҳои зебои замонавӣ офаранд.

Санъати тасвирӣ. Санъати тасвирии халқи тоҷик таърихи хеле қадим дошта, намунаҳои ибтидоии он (шикори хирс, хуки ёбоӣ ва ғайра) дар мағораи Шахтаи Помири Шарқӣ (давраи мезолит, ҳазораҳои 15—10 то мелод) вомехӯрад. Осори санъати давраи энеолит ва биринҷӣ (ҳазораҳои 4—2 то мелод) дар мусаввараҳои рӯидеворӣ, маснуоти заргарӣ ва кулолӣ таҷассум ёфтааст. Сӯзанаку сарсӯзан, сагаку ҳалқаҳо ва ҳайкалчаҳои рамзии ҳайвонот аз ҳафриёти Қайроққум (асри 1 то мелод) гувоҳи он мебошанд. Муҷассамаҳои рамзии инсону ҳайвон, тасвироти асотирию хаёлӣ ва воқеии мавҷудот дар маснуоти сафолӣ ва филизӣ таҷассум меёфт. Дар байни ниёгони тоҷикон офаридани маснуоти заргарӣ ва зеварот бештар ривоҷ ёфта буд, ки Хизонаи Ому (асри 4 то мелод) намуиаи ҷолиби он мебошад. Хизона аз зару зевару тангаҳои гуногун, муҷассамаҳои бузҳои болдор, абулҳавли зансимои мӯйбаланд ва дигар Ҳайкалчаҳои одамиву ҳайвонот иборат буда (алҳол дар Музеи Британия маҳфузанд), аз завқи баланди ниёгони халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҷануби Тоҷикистон осори санъати тасвирии мансуби Маданияти Ҳисор (аср ҳои 6—5 то мелод) намунаҳои нисбатан содда ва асосан ба як ранг ифодашудаи мусаввараҳоро дар бар мегиранд. Дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва бо таъсири давлати Юнонии Бохтар (асри 4—2 то мелод) нуфузи санъати атиқа меафзояд. Дар бисёр тангаҳо ва зарфиёт расми шоҳону худоёни юнонӣ ва дигари динҳои маъмули Осиёи Миёна — Дионис, Артемида, Анаҳито ва ғайра реалистона тасвир мешуданд (масалан, ҷоми дорои лавҳаи асотирӣ, ки аз Ленинобод ёфт шудааст). Санъати тасвирӣ, алалхусус деворнигорӣ ва мусаввараҳои мунаққаши ороишӣ, дар аҳди Бохтариҳо ва Кушониён дар зимни санъати меъморӣ инкишоф ёфта (бозёфтҳои Саксанохур, Кайқубодшоҳ, Кӯҳнақалъа, Холчаён, Тупроққалъа ва ғайра), таҷассуми лавҳаҳои ҳаётӣ, маишӣ, динӣ ва асотирӣ дар қасру маъбад ва биноҳои истиқоматӣ маъмул гардид. Дар асрҳои 5—8 санъати тасвирии монументалӣ, ороишию амалӣ ва ҳайкалтарошӣ ба авҷи олии инкишоф расид. Ҳайкали азими 12-метраи Буддои хобида, горелефҳои аҷоиб, нақшу нигори зебои рӯидеворӣ, ки аз маъбади буддоии Аҷинатеппа ёфт шуданд, далолат менамоянд, ки дар ин давра санъати тасвирию меъморӣ ба ҳам омехта, ҳар ду ба анъанаи мадании Ҳиндустон қаробат пайдо кардаанд. Аз Истаравшан ва Суғд бисёр деворнигораҳо, горелефҳои гилию чӯбӣ ва ҳайкалчаҳои аҷоибу ғароиб ба даст омаданд, ки сюжетҳои дунявию динӣ доравд. Тасвирҳои рӯидеворӣ назар ба муҷассамасозӣ афзалият пайдо карда, анъанаи маҳалли, яъне осиёимиёнагии санъати тасвирӣ ташаккул ёфт (осори Панҷакент, Афросиёб, Варахша, Истаравшан, Шаҳристон ва ғайра). Сюжети деворнигораҳо бештар саҳнаҳои базм, разм, маишат, маросими қабул, лаҳзаҳои шикор, тасвири лаҳзаҳои асотирию қаҳрамонӣ (симои Рустам, Сиёвуш ва ғайра), симоҳои муқаддаси худоён (Нана, Анаҳито, Шива) ва ғайраро дар бар гирифта, асосан тавассути рангҳои мухталифи ширеши рӯи андозаи лои ва гаҷӣ офарида мешуданд. Баъди истилои араб ва паҳншавии дини ислом санъати тасвирӣ дар Осиви Миёна рӯ ба танаазул ниҳода, ҷои мусаввараю суратҳои пештараи реалистиро тадриҷан нақшу нигор гирифт. Минбаъд мусаввараю суратҳос, ки бо усули ҳаккокию кандакорӣ дар чубу оҳану санг офарида мешуданд, шаклҳои рамаиро соҳпб шуда, бештар ба нақшу нигор шабоҳат пайдо мекунанд. Масалан, дар гулгаҷи қасри Тирмиз (асри 12) расми ду ҳайвони бабрмонандеро вомехӯрем, ки пушт ба ҳам часпидаанду як сар доранд ва тамоми бадани онҳо пури нақшу нигор аст. Дар сақфу арақаву болор ва дигарон унсурҳои ороиши мазори деҳаи Чоркӯҳ (асри 11) расму суратҳое ҳаккоки шудаанд, ки ба анор, мор, моҳӣ, анвои паррандаҳо ва махлуқоти хаёлӣ шабоҳат доранд. Баъди истилои араб алалхусус гиреу ба авҷи олии инкишоф расид, ки он як навъ нақши ҳандасии мураккаб буда, асосан дар ороиши биноҳо истифода мешуд. Намунаи онро мо дар ороиши мақбараи Муҳаммади Башоро, қасри Ҳулбук ва Садбд (асрҳои 11—12), ансамбли Шоҳизиндаи Самарқанд ва дигар мадрасаю мақбараҳои давраи Темуриён мебинем. Баробари гиреҳ нақши ислимӣ ҳам маъмул гардид, ки он бо мурури замон аз ҳисоби намудҳои нави шаклҳои рамзии ҳайвоноту набобот, асбобу анҷом, сайбраву ситора, обу дарьё ва лавҳу манзараҳои табиат ғанӣ мешуд. Алалхусус нақшу нигори биноҳои ноҳияҳои шим. Тоҷикистон — Хуҷанд, Уротеппа, Исфара, оаргаҳи Зарафшон, маснуоти сафолию заргарӣ ва дуредгарии Кӯлоб, Қаротегин ва Бадахшон ҷолиби диққат мебошанд.

Дар асрҳои миёна санъати ороиши китоб — офаридани минётур хеле равнақ ёфт, ки он комёбии азими санъати тасвирии халқи тоҷик мебошад. Одатан девон ва рисолаву баёнҳоро хаттотони номӣ нусха бардошта, саҳифаҳои онро бо расмҳои рангаи минётурӣ мусаввар мекарданд. Доираи мавзӯъҳо ва мазмуну мундариҷаи минётур васеъ буда, бештар лавҳаҳои таърихию маишӣ, ҷангу муҳорибаҳои тан ба тан, лаҳзаҳои шикор, мулоқоти ошиқон, базму бозиҳо, зиёфату маросимҳои қабул, манзараи табиат, портрет ва ғайраро дар бар мегирифт. Усули воситаҳои тасвир дар ибтидои минётурнигорӣ ба деворнигориҳои Афросиёб ва Панҷакент қаробат доранд. Қадимтарин минётурҳо ба асри 11 мансубанд. Дар миёнаҳои асри 13 Мактаби минётури Табрез маркази минётурнигорӣ шуд, баъдтар Мактаби минётури Шеров шӯҳрат ёфта, дар асоси сюжети асарҳои манзум офаридани мусаввараҳо маъмул гардид. Аз осори минётурнигории ин давра алалхусус мусаввараҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомӣ ҷолиби диққатанд. Дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 Мактаби минётури Ҳирот пайдо шуд, ки дар он як зумра наққошону минётурнигорони забардаст бо сарварии Беҳзод кор мекарданд. Ин мактаб ба ташаккули Мактаби минётури Мовароуннаҳр асос гузошт. Мактаби минётури Бухоро (нимаи дуюми асри 16) услуби роҳҳои тасвири реалистона ва ба худ хоси санъати тасвирии тоҷикро зинае боло бурд ва инро дар мисоли мусаввараҳои «Тӯҳфат-ул-аҳрор»-и Ҷомӣ ва «Таърихи Хизрхон»-и Хусрави Деҳлавӣ мушоҳида метавон кард. Соли 1556 Муҳаммадмуроди Самарқандӣ дар мазмуни «Шоҳнома» чанд расм кашид, ки намунаи осори ин мактаб аст. Маҳз дар ҳамин давра мусаввараҳои аҷоиби «Зафарнома» (1628, Самарқанд) пайдо мешавад, ки дар он ҷӯшу хурӯш, даҳшату ваҳшати муҳорибаҳои хунини Темур басо реалистона инъикос ёфтаанд. Санъати тасвирии тоҷик алалхусус дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ҳартарафа инкишоф ёфта, намудҳои гуногуни он санъати рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва графика ривоҷу равнақ пайдо кард. Солҳои 20 асосан плакатнигорӣ, ороиши идонаи кӯчаҳо ва графикаи газета дар мадди аввал истод. Мусаввараҳои «Зарафшон», «Овози тоҷик», «Машраб» ва «Мушфиқӣ» барин газетаву журналҳо мардумро ба идроки санъати тасвирии реалистӣ омода мекарданд. Дар равнақу ривоҷи плакатнигорӣ хизмати А. Бурэ, А. Николаев (Усто Мӯъмин), В. Уфимцев калон аст.

Соли        1933 Иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис ёфт ва аз соли 1934 мунтазам намошпҳои асарҳои рассомон ташкил мешаванд. Дар ин намоиш асарҳои Б. Бурцев, П. Фалбов, М. Хушмуҳаммадов, А. Ашӯров, Ю. Баротбековро мегузоштанд. Ҷамъбасти инкишофи санъати тасвирии республика намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷик гардид, ки соли 1941 дар Москва ҳангоми даҳаи санъати тоҷик кушода шуда буд. Солҳои 30 давраи пайдоиш ва ташаккули намудҳои дастгоҳии санъати тасвирии тоҷик аст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар навъҳои оммабобу нишонраси санъати тасвирӣ — плакат ва карикатура ривоҷ ёфтанд. Асарҳои рассомони тоҷик — А. Ашӯров («Ба ҷои ба ҷанг рафтагон»), М. А. Збреева «Тӯҳфа ба фронт», М. Хушмуҳаммадов («Бачаи эвакуацияшуда дар оилаи тоҷикон») ва дигарон лавҳу манзараҳои ақибгоҳи дур ва меҳнати қаҳрамононаи халқро инъикос менамуданд. Баъди ҷанг дар санъати тасвирии Тоҷикистон марҳалаи нав сар шуд. Сафи рассомон аз ҳисоби ононе, ки мактабҳои олии рассомии Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳои мамлакатро тамом карда буданд, хеле афзуд. Музеи муттаҳидаи республикавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзод кушода шуд. Дар санъати тасвирии тоҷик алҳол жанрҳои санъати рассомӣ, графика, ҳайкалтарошӣ ва санъати ороиши театр хеле инкишоф ёфтааст. Баробари ин санъати анъанавии халқӣ — зардӯзӣ, кулолӣ, кандакорӣ, наққошӣ, заргарӣ ва ғайра равнақу ривоҷ дорад. Наққошону кандакорон биноҳои калони ҷамъиятӣ, қасрҳои маданият ва меҳмонхонаву чойхонаҳоро дар ҳамкорӣ бо меъморон ва рассомон оро медиҳанд. (масалан, Қасри маданияти колхози ба номи Урунхӯҷаеви раёни Хуҷанди вилояти Ленинобод, амали наққошон О. Файёзов, М. Солеҳов, Ғ. Мансуров; бинои Меҳмонхонаи Тоҷикистон ва Цирки тоҷик амали С. Нуриддинов бо ҳамкории рассомон С. Шарифов, В. Одинаев, С. Қурбонов ва Д. Абдусамадов). Солҳои 60 дар республика дар баробари шаклҳои анъанавии санъати ороишии амалӣ шаклу намудҳои нави он — наққорӣ (О. Охунов), гобелен (Д. Абдусамадов ва С. Қурбонов), витраж, сенография, қолинбофӣ, шоҳибофӣ ва ғайра инкишоф ёфт.

Дар пешрафти шаклу жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ рассомони насли калонсол А. Ашӯров, А. Камелин, А. Ҳайдаров, В. Боборыкин, П. Фалбов, Б. Серебрянскии, И. Лисиков ва дигарон ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар солҳои 50—60 сафи мусаввирони тоҷик аз ҳисоби рассомони боистеъдод — 3. Ҳабибуллоев, X. Хушвақтов, А. Аминҷонов, А Раҳимов, ҳайкалтарошон Б. Татаринова, К. Ҷумағозин, А. Ғаниев, графикҳо К Туренко, Д. Сафоев, Ҳ. Расулов ва дигарон хеле афзуд. Солҳои 70—80 дар Тоҷикистон махсусан рассомӣ, санъати монументалии ороишӣ ва графика равнақу ривоҷ ёфт. Насли нави рассомон — В. Назаров, С. Қурбонов, С. Шарифов, ҳайкалтарошон— М. Абдураҳмонов, Г. Яралова, графикҳо — С. Вышнепольский, Р. Азимов, Т. Самандаров, И. Муҳаммадов ва дигарон дар асарҳои худ мавзӯъҳои наву тозаи гражданиро инъикос мекунанд.

Мусиқӣ. Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи қадима дорад, ки аз ин хусус сарчашмаҳои адабӣ, намунаҳои санъати минётур, мусаввараҳои рӯидеворӣ ва рисолаҳои мусиқӣ гувоҳӣ медиҳанд. Осори тасвирӣ ва ҳайкалчаҳои гилии мусиқичиён (Самарқанд, асрҳои 3—2 то мелод) нишонаи такомули мусиқии тоҷикон мебошанд. Нижвони сангии Айртом (қарибии Тирмиз, асрҳои 1—2), ки гуруҳи навозандагонро таҷассум намудааст (мард ва зан), дар мусиқии он давра мақоми намоён доштани ансамблро собит мекунад. Мусаввараҳои рӯидевории Панҷакенти қадим (асрҳои 7—8) оид ба санъати мусиқии суғдиён маълумоти фаровон медиҳанд. Масалан, дар яке аз мусаввараҳои рӯидеворӣ рақси маросимие бо дастаи навозандагон ва дар мусаввараи дигар зани чангнавоз акс ёфтааст. Муаррихи асри 10 Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» оид ба сурудҳои маросимиву мавсимии сокинони ин ноҳия, алалхусус «Кини Сиёвуш», ки ба сӯгвории Сиёвуш ном қаҳрамони асотири тасниф гардидааст, маълумоти муфассал меорад. Санъати мусиқӣ ва созқои мухталифи он аз асрҳои 13—14 сар карда дар як қатор минётурҳое, ки маҳфилу маҷлисҳо, зиёфату тантана, вохӯрии дилдодагон ва ғайраро тасвир мекунанд, хеле равшан таҷассум ёфтааст. Дар минётурҳои «Шоҳнома» лавҳаи мутрибии Борбад дар назди Хусрав ва Ширин, инчунин бо навои чанги Озода ба шикор рафтани Бақроми Гӯр дар «Хамса»-и Низомӣ ва ғайра тасвир шудаанд. Мусиқии тоҷик ҳамчун санъати яковоза зимни анъанақои шифоҳӣ дар ду услуб — халқӣ ва касбӣ инкишоф меёфт. Мусиқии тоҷик диатоники буда, ба он пардаҳое хосанд, ки қаторовози онҳо бо қаторовози пардаҳои натуралӣ мувофиқ меоянд. Инчунин пардаҳое маъмуланд, ки фосилаи онҳо дар зинаҳои 2-юм ва3-юм тӯл мекашанд (алалхусус ин навъи мусиқи дар ноқияҳои Бадахшон ва Кӯлоб маъмул буд). Асоси ҳар як оҳангро зинаҳои 1—4—5 (диатоникӣ) ташкил мекунанд. Вусъати оҳанги суруд ба сохти он вобаста аст. Сохти суруд шакли зер дорад: даромад, бозгӯӣ, миёнаавҷ, авҷ, фаровард. Зимнан ин унсурҳои оҳанги ба дигаршавии лаҳн, парда, дароз ё кӯтоҳ шудани меъёри овозҳо вобастаанд. Вазну зарби мусиқии халқи тоҷик гуногуну ғанианд. Маъмултарин вазни мусиқии фолклорӣ 6/8 аст, ки аз омезиши қисмҳои оҳангии суруду рақс пайдо мешавад. Инчунин силсилаи асарҳои овозию созие ҳастанд, ки аз 3 қисм таркиб ёфтаанд: даромад, қисми овози ва уфар. Ҳар яке аз ин қисмҳо дорои фосила ва вазну зарби хос мебошанд. Мусиқии тоҷик одатан чунин усули зарбҳо дорад: 5/4, 5/8, 7/4, 3/4, 3/8 ва ғайра. Ба мусиқии мардуми Бадахшони советӣ зарбҳои 8/8, 3/8, 2/8 низ хос аст. Мусиқии халқӣ асосан се услуб дорад: мусиқии шимолӣ (вилояти Ленинобод ва Бухорову Самарқанд, мусиқии вилояти Қашқадарё ва ғайра), мусиқии марказӣ (Кӯлоб, Ғарм, Ҳисор), мусиқии Бадахшонӣ (ВАБК). Жанрҳои мусиқии халқии тоҷик низ гуногун аст: эпикӣ, меҳнати, маросимиву мавсимӣ, лирикӣ ва ғайра. Оҳанги «Гӯрӯғлӣ» ба фосилаи кварта ё квинтаи холис мувофиқат мекунад. «Гӯрӯғлӣ»-ро одатан бо овози ҳанҷаравӣ иҷро мекунанд. Сурудҳои «Майда» («Ҳуп-ҳуп») ва «Ман доғ», инчунин суруди чӯподон, суруди рузгордории занон ва ғайра зисту зиндагонии мардумро тараннум мекунанд. Сурудҳои маросимию мавсимӣ навъҳои зиёд доранд, ки яке суруди маросимии истиқболи бақор аст («Гулгардонӣ», «Бойчечак», «Наврӯз» ва ғайра). Сурудҳои маросими тӯй одатан се хеланд: суруди мӯйсаргирон ё сартарошон, суруди домодбиёрон ё келинбиёрон (нақшҳои гуногун, «ёр-ёр», дар кӯҳистон «шаҳ омад» ва ғайра) сурудҳои базмӣ. Сурудҳои маросимии мотам бо унвони «садр» (номи дигараш «ҷар», «самоъ»), дар Бадахшон «фалак», «маддоҳ», «овозандозӣ», «гиря», «марсия» маъмуланд. Суруди лирикӣ дар мусиқии тоҷик жанри маъмул буда, асосан ишқу муқаббатро тараннум мекунад. Сурудҳои лирикӣ оҳанги равону мавзун дошта, бештар рубоиёт, дубайтӣ, ғазалро дар бар мегирад. Тоҷикон низ созҳои мусиқии бисёре доранд: дутор, думбура, рубоби қошғарӣ, танбур, сато, ғижжак, най, карнай, сурнай, дунай (қӯшнай), чанг, лабчалг, чанавоз, таблак, нақора, дойра (даф), қайроқ, занг, сетор, тутик, рубоби бадахшонӣ ва ғайра. Ҳоло дар дастаҳои навозандагони халқӣ ва ҳаваскорони санъат аккордеон, тор, мандолина, гитара ва кларнет низ истифода мешаванд. Мусиқии классикии касбии тоҷик бештар дар шаҳрҳо ва марказҳои мадании Осиёи Миёнаю Хуросон, Ҳирот, Бухоро ва Самарқанд ба авҷи олии инкишоф расида буд. Дар аксари ин шаҳрҳо ҷамъиятҳои мусиқии касбӣ вуҷуд доштанд (ҷамъияти мақомхонон, созандагон, мавригихонон). Қуллаи маданияти мусиқии классикии халқи тоҷик «Шашмақом» мебошад, ки дар заминаи силсилаи мақомоти Шарқ «Дувоздаҳмақом» пайдо шудааст.

Дар санъати сарояндагии тоҷик се усули хониш — ишкамӣ, димоғӣ ва қанҷаравӣ маъмул буд. Мусиқии тоҷик аз қадимулайём бисёр қофизону машшоқони машқуру забардаст дошт, ки Борбади Марвӣ, Залзали Розӣ, Абулаобоси Бахтиёр, Ситтии Заррин, Қулмуҳаммади Удии Самарқандӣ, Ҳасани Балабонӣ, Аҳмади Ғижжакӣ, Алии Кӯчаки Танбӯрӣ, Юсуфи Мавлуди Дуторӣ, Дарвешалии Чангӣ ва дигар аз ҷумлаи онҳоянд. Шашмақомхонони номии асри 19 ва ибтидои асри 20: Отағиёс, Отаҷалол, Калхоти Ворухи Самарқандӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Домулло Ҳалим Ибодов ва Бобохонов Левӣ (Левича), Бобошарифов Содирхон ва диг. Дар асри 20 шашмақомхонон Т. Давлатов, К. Исрофилов, Усто Пӯлод, Ҳакимов, Б. Наҷмиддинов, Б. Файзуллоев, Ш. Соқибов, Ф. Шаҳобов ва дигар машҳур буданд. Шашмақомхонони номии имрӯза Б. Исҳоқова, А. Бобоқулов ва Ҷ. Муродов мебошанд. Силсилаи «Шашмақом» бо сайъи Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов ва Ф. Шақобов дар панҷ ҷилд (1950 —67) ба шакли нотавӣ ба табъ расид. Мусиқии классикӣ шакли мӯътамади сабти нотавй надошт. Вале маъхазҳои хаттӣ (асарҳои Сафиуддини Урмавӣ ва Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ) далолат мекунанд, ки дар асри 13 усули зикри нотаҳо (адвор) вуҷуд дошт. Рисолақои сершумори мусиқӣ оид ба таърихи санъати мусиқии тоҷикон маълумоти фаровон медиҳанд. Аввалин рисолаҳои мусиқӣ дар даврақои ташаккули давлати Сомониён (асрқои 9— 10) пайдо шуда буданд. Инҳо асари Форобӣ «Китоб-ул-мусиқӣ-ал-кабир» ва Ибни Сино «Рисола-фи-л-мусиқӣ» мебошанд. Дар асри 13 Сафиуддини Урмавӣ оид ба мусиқӣ «Рисолат-уш-шарафия» ва «Китоб-ул-адвор»-ро таълиф мекунад, ки дар инкишофи назарияи мусиқӣ саҳми муқим доранд. Дар «Дуррат-ут-тоҷ ли-ғуррат- ид-даббоҷ» ном асари энсиклопедии Қутбуддини Шерозӣ ва «Нафоис-ул-фунун фи ароис-ил-уюн»-и Муҳаммади Омулӣ оид ба инкишофи илми мусиқии тоҷик маълумоти пурқимат гирд оварда шудааст. Дар «Ҷомеъ-ул-алҳон»-и Абдулқодири Гӯянда, «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ»-и Зайнулобидини Ҳусайнӣ масъалаҳои назарию амалии мусиқӣ, инчунин анвои овоз, иаанд. Дар асрҳои 16—18 ҳам оид ба мусиқӣ бисёр рисолаҳо таълиф ёфтаанд. Масалан, Дарвешалии Чангӣ дар «Тӯҳфат-ус-сурур» номи 120 машшоқ, мусиқишинос, ҳофиз, устод ва ровии мусиқиро зикр мекунад. Аксари шоирони классикии форс-тоҷик донандагони мероси мусиқии гузаштагон буданд ва худ низ аз ин навъи санъат баҳраманд гардидаанд. Масалан, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ уд, чанг ва барбат барин созҳои мусиқиро бо камоли маҳорат менавохт, шоир Абӯтолиб Тоҳир ибни Муқаммади Хусравонӣ (асри 10) дар иҷрои оҳантҳои «Хусравонӣ» ҳамто надошт. Бисёр шоирон ихтироъгарони созҳои мусиқӣ низ буданд. Масалан, Абӯқафси Суғдӣ шоҳруд (як навъи чанг), Ибни Сино мусиқор (як навъи най), Хусрави Дехлавӣ сато барин созҳо ба вуҷуд овардаанд, шоирон инчунин мусаннифи бисёр оҳангу сурудҳо буданд. (Масалан, Абдурраҳмони Ҷоми мусаннифи нақшҳост). Сурудҳои Амир Хусрави Деқлавӣ то кунун дар ноҳияҳои шимолию марказии Ҳиндустон машҳуранд. Абдулқодирхӯҷаи Савдо ва Аҳмади Дониш яке аз донандагон ва иҷрокунандагони «Шашмақом» будаанд. Мусиқии классикии охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар баъзе асарҳои С. Айни низ зикр ёфтааст».

Мусиқии муосир, Ҳокимияти Советӣ барои мусиқии халқи тоҷик саҳифаи наве кушод. Суруду таронаҳои тоза эҷод мешуданд, ки дар итшояшон ҳиссаи С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Раҳимӣ ва дигар бузург аст. Дар маҷлису митингҳо ва вохӯриҳои деҳқонону коргарон сурудҳои ба оҳанги «Марселеза» навишташуда садо доданд. Барои ҳифз ва такомули мероси ғании мусиқии ниёгон зарурати таъсис ва ташкили мактабҳои касбӣ пеш омад. Омӯзишгоҳҳои мусиқӣ дар Бухоро (1925), Хуҷанд (1929) ва Институти хореографию мусиқӣ дар Самарқанд (1928) таъсис ёфтанд. Соли 1929 дар Сталинобод Театри давлатии драмавии мусиқӣ (ҳоло Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ) таъсис меёбад ва ҳайати он аз соли 1934 ба ду қисм — драмавӣ ва мусиқӣ чудо мешавад. Ҳайати мусиқӣ барои ташкили театри алоҳидаи мусиқӣ замина фароҳам овард ва минбаъд дар мусиқӣ равияву услубҳои нав (бисёровозӣ, жанрҳои опера ва балетӣ — мусиқии симфонӣ ва ғайра) пайдо шуд. Аз солҳои 30 ин равия торафт авҷ гирифт. Ба майдони санъати мусиқии тоҷик мусиқичиён ва устодони илми мусиқии рус (оҳангсозон С. Баласанян, С. Урбах, А. Ленский ва Э. Будкевич, Н. Будкевич ва дигар) қадам мегузоранд. Бо ҳамкории онҳо комбинати бадеи (1934; аз 1937 мактаби мусиқию балетӣ, ки шӯъбаҳои созҳои миллӣ, фортепиано, скрипка, виолончел ва ғайра дошт), Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва кабинети фолклорӣ-мусиқӣ. (барои сабти намунаҳои мусиқии халқӣ, 1938) таъсис меёбанд. Дар нимаи дуюми солҳои 30 намоишномаи мусиқии «Лола» (С. Баласанян, С. Урбах, либреттои С. Саидмуродош) ва драмаи мусиқии Ғ. Абдулло «Шӯриши Восеъ» (мусиқии С. Баласанян) аз падидаҳои назаррас дар таърихи мусиқии тоҷик буданд. Дар ин давра як гурӯҳ сарояндагон (А. Муллоқандов, X. Тоҳиров, Б. Тӯраев, Т. Фозилова, Р. Ғолибова ва дигар) ба арсаи мусиқии тоҷик ворид гардиданд. Нахустин Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941), ки намоишномаи «Лола», операи «Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар» ва балети «Ду гул»-ро намоиш дода буд, бомуваффақият гузашт. Соли 1940 Ансамбли этнографии Помир ташкил ёфт, ки дар таърихи мусиқии он солҳо воқеаи муҳимме буд. Соли 1945 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод таъсис гардид. Балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (С. Баласанян 1947), ки бо Мукофоти давлатии СССР (1949) тақдир шудааст, аз комёбиҳои барҷастаи санъати мусиқии халқии тоҷик буд. Дар репертуари театр баробари опера ва балетҳои миллӣ намоишномаҳои классикони рӯс, советӣ ва хориҷӣ («Евгений Онегин», «Моткаи қарамашшоқ», «Кӯли қувод»-и П. И. Чайковскяй, «Арӯси шоҳ», «Афсонаи Шоҳ Султон», «Шаби моҳи май»-и Н. А. Римший-Корсаков, «Шоҳ Игорь»-и А. П. Бородин, «Кармен»-и Ж. Бизе, «Чио-чио-сан»-и Ҷ. Пуччини, «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. В. Асафев) намоиш дода шуданд. Таълими мусиқии касбиву халқӣ дар республика беш аз пеш вусъат меёфт. Оҳангсозони тоҷик асарҳои нав ба нав эҷод мекарданд ва репертуари театр ғанитар мегардид. Эҷод шудани операҳои «Комде ва Мадан» (1950) ва «Ғуломон» (1981) -и 3. Шаҳидӣ, «Домоди машҳур»-и С. Урбах, «Бозгашт»-и Я. Сабзанов (1967), «Лаънаткардаи халқ» (1973), «Қишлоқи тиллоӣ» (1981) ва «Сарбозони инқилоб»-и (1984) Д. Дӯстмуҳаммадов, «Пӯлод ва Гулрӯ» (1957), «Рӯдакӣ» (1976) ва «Айнӣ» (1978)-и Ш. Сайфиддинов, «Парасту»-и А. Одинаев (1976), «Шерак»-и С. Ҳамроев (1970) ва балетҳои «Ривояти кӯҳсор» ва «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов, «Марги судхӯр»-и (1978) Т. Шаҳидӣ, «Достони кӯҳсор»-и (1985) Ю. Мамедов ва ғайра мусиқии тоҷикро боз ҳам ғанитар гардониданд. Мусиқии симфонии тоҷик бо пайдо шудани симфония ва достонҳон снмфонӣ (симфонияҳон Д. Цӯстмуҳаммадов, А. Одинаев, Г. Александров, Қ. Яҳёев, А Солеҳов, Т. Шаҳидӣ, Ф. Баҳор, Ю. Мамедов ва дигарон) концертҳо барои созҳои мусиқӣ ва увертюраҳо торафт такмил меёфт. Достони симфонин «Қишлоқи тиллой»-и Сайфиддинов, ораторияи «Чароғҳои Норак»-и Я. Сабзанов, симфонияи драмавии «Воқеаномаи Аспанзод»-и А. Солиев, Достони симфонии «Мароканд»-н Ф. Баҳор, достони симфонии «Ҷилваи Помири офтобрӯ»-и 3. Миршакар дар ин жанри мусиқӣ мавқеи хосу муҳим доранд. Инчунин дар жанрҳои мусиқии романс, суруд, асарҳои камеравии созию овозӣ, мусиқӣ барои спектаклҳо ва кино оҳангсозон 3. Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, X. Абдуллоев, Я. Сабзанов, М. Атоев, Ф. Баҳор, Қ. Яҳьёев, Г. Сатторов, Г. Александров, Ҳ. Ниёзовва дигарон ҳиссаи муносиб мегузоранд. Оҳангсозони касбии тоҷик зимни мероси бойи мусиқии классикии тоҷик, мардуми республикаҳои бародар ва дар асоси беҳтарин намунаҳои осори классикии хориҷӣ асарҳое офаридаанд, ки онҳо ба ганҷинаи мусиқии халқҳои советӣ дохил гардидаанд.          З. Тоҷикова.

Рақс, «арғушт», «усул», «бозӣ»-и тоҷик таърихи қадима дорад. Тасвироти руисангии мағораи сойи Маликтош (водии Фарғона), кӯҳи Сармиш (наздикии шаҳри Навоӣ) ва рақсҳои тақлидии дар Авесто овардашуда, аз мавқеи хос доштани ин навъи санъат дар рӯзгори мардуми тоҷик дарак медиҳанд. Рақси тоҷик дар ҷараёни зиндагию меҳнат, зимни сайру тамошоҳо, идҳои оммавӣ, маросимҳои халқӣ бо тарзи имову ишора ибтидо ёфта, маъмул гаштааст. Рақси имову ишоратӣ санъати қадим буда, мавриди иҷрои он ҳунарварон ба рӯяшон ниқоб мекашиданд ва ба ҳайвоноту паррандагон тақлид мекарданд (чунончи, «Шербозӣ», «Уқоббовӣ», «Рӯбоҳбозӣ», «Лаклакбозӣ» ва ғайра, ки то ҳол ин навъи Рақсро дар байни мардуми тоҷик мушоҳида кардан мумкин аст. Рақсҳои маросимиву мавсимӣ (чунончи рақси мотамии «Алвидоъ» ва «Пойамал») ва рақсҳои меҳнатӣ («Гилембофӣ», «Шибитз», «Арғушти ошпазӣ» ва ғайра) низ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадаанд. Рақсҳои ифодакунандаи шуҷоату мардонагӣ бо ҳаракати қавӣ, чархзаниҳои босуръат ва истҳои ногаҳонӣ иҷро мешаванд («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ», «Оташбозӣ» ва ғайра). Як гурӯҳи рақсҳо бо асбобҳои рӯзгор — қошуқ, куза, чойник, тақсимча ва ғайра иҷро мешаванд. Рақсҳое ҳастанд, ки хусусияти театри дошта, саҳнаи мустақилу комили хореографиро ба хотир меоранд. («Аспакбозӣ», «Уштурбақатор», «Кемабозӣ»). Дар драмаҳои мусиқии халқӣ («Бобопирак», «Муғулбозӣ») рақс воситаи умда буда, баъзан бо тарзи имову ишора ба ҷои муколама ва монологҳоя қаҳрамони спектакл меоянд. Рақси тоҷик мазмуни муайян ва услубҳои гуногун дорад. Дар он бештар ба ҳаракати дастҳо, сар ва китфҳо эътибор медиҳанд. Ҳаракати по воситаи ёрирасони бадеӣ буда, ҳаракати дастон ва чашму ваҷоҳати рӯ бо ҳаракати бадан мувофиқат мекунанд. Рақси тоҷикӣ бо ҳамовозии дойра ва дастаи навозандагони созҳои халқӣ рӯзҳои сайр, тӯй ва тантанаҳо, баъзан бо иштироки созҳои нафасӣ ва зарбӣ — сурнай, карнай, нағора ва ғайра иҷро мегарданд. Раққосон ҳаваскор ва касбӣ мешаванд. То Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр иҷрокунандагони касбӣ танҳо дар шаҳрҳои калон буданд. Онҳоро «Раққосбача» (мардҳо), ва «созанда», «яллачӣ» (занҳо) меномиданд. Дар барномаи созандаҳо рақсҳои классикии тоҷикии «Қайроқбозӣ», «Равона», «Соқинома», «Занг» ва ғайра маъмул буданд. То солҳои 30 рақсҳои халқии тоҷикӣ характери фолклорӣ доштанд ва баъди ташкил ёфтани театрҳои касбии республика хусусиятҳои миллии рақсҳои тоҷикӣ сайқал ёфтанд. Ғайри рақсҳои яккаса ва дукасан марду зан, рақсҳои чоркасаю гуруҳӣ ва сюитаҳои рақсӣ ба вуҷуд омаданд. Дар заминаи рақсҳои фолклорӣ рақсҳои нав Эҷод шуданд. Рақсҳои «Кӯза», «Сӯзанӣ», «Пахта», «Тӯй», «Субҳи баҳор» ва ғайра дар асоси оҳангу бозиҳои халқӣ офарида шудаанд. Минбаъд рақсҳо такомул ёфта, шаклу услуби нав гирифтанд (чунончи, «Шо диёна», «Дугонаҳо», «Вохӯрӣ», «Товус», «Лола» ва ғайра) ва зиндагии мардуми меҳнатиро бештар тараннум менамуданд. Дар бобати ташвиқу тарғиби анъанаҳои милли ва такмил додани намунаҳои беҳтарини санъати рақси тоҷик Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, театрҳои касбии Ленинобод, Кӯлоб, Хоруғ, Конибодом, Нов, Қӯрғонтеппа ва театрҳои халқию дастаҳои ҳаваскорон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Соли 1965 Ансамбли давлатии рақси «Лола» (роҳбари бадеиаш Ғ. Валаматзода), соли 1978 Ансамбли «Зебо» (роҳбари бадеиаш 3. Аминзода) ва соли 1981 Ансамбли «Фирӯза» (роҳбараш Г. Мирҷумъаева) таъсис ёфтанд. Устодони Рақси тоҷик Б. Ҳомидов, С. Хӯҷаев, Ҳ. Пасаров, Ғ. Валаматзода, О. Исомова, У. Рабимов, А. Исҳоқова, М. Қобилов, А. Азимова, А. Носирова, Л. Зоҳидова, 3. Аминзода, Г. Мирҷумъаева, 3. Каримова, М. Калонтарова, Ҳ Эркаева, Э. Асанова ва дигарон дар пешравии санъати рақси тоҷик хизмати сазовор намудаанд.

Балет. Санъати балети тоҷик дар заминаи анъанаҳои бойи рақси миллӣ ва таҷрибаи санъати хореографини рус ва мамлакатҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадааст. Нишонаҳои аввалини балет дар рақсҳои халқӣ ва классикии тоҷик («Кордбозӣ», «Калтакбозӣ», «Нағорабазм», «Занг», «Ларзон» ва ғайра) мушоҳида мешуданд. Пас аз Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр дар заминаи балети классикӣ ва санъати рақси миллӣ балети касбии тоҷик тавлид ёфт. Соли 1936 бо қарори Совети Комиссарони Халқии Тоҷикистон (9 июли 1936) дар назди Театри мусиқии тоҷик дастаи балет (иборат аз 26 нафар) таъсис ёфт. Ин  гурӯҳ таҳти роҳбарии ракқосон Ғ. Валаматзода, С. Хоҷаев, М. Файзибоева, Ҳ Пасаров, У. Ҳомидов барои драмаҳои мусиқӣ, операҳо ва намоишномаҳои мусиқӣ («Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Коваи оҳангар»-и Ш. Бобокалонов ва С. Баласанян, «Лола»-и С. Урбах ва С. Баласанян ва ғайра) саҳнаҳои рақсӣ эҷод намуданд. Соли 1940 дар Душанбе Театри опера ва балети тоҷик таъсис ёфт. Дар нахустин балети тоҷик «Ду гул» (мусиқии А. Ленский, устоди рақс К. Голейзовский) А. Азимова, А.         Исҳокова, О. Исомова, Ғ. Валаматзода, М. Қобилов, У. Рабимов, С. Баҳор ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Баъдтар театр як қатор асарҳои классикӣ «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел «Фаввораи боғчасарой»-и Б. Асафев, «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский, «Золушка»-и С. Прокофев ва ғайраро манзури тамошобинон гардонид. Барои санъати рақсии худ Л. Зоҳидова унвони Артисти Халқии СССР-ро гирифт. Сипас балети тоҷик ба мавзӯъҳои замонавӣ, таърихиву қаҳрамонӣ ва ишқиву афсонавӣ рӯ овард: «Дилбар» (А. Ленский), «Афсонаи кӯҳистон», «Писари ватан», «Винни Пух ва ҳама чиз» (Ю. Тер-Осипов), «Темурмалик» Ш. Ашрафӣ), «Марги судхӯр (Т. Шаҳидӣ), «Алибобо ва чил роҳзан» (Г. Александров). Ҳамчунин аз осори классикон як қатор асарҳо ба саҳна гузошта шуданд («Щелкунчик»-и П. И. Чайковский, «Жизель»-и А. Ш. Адан, «Ромео и Ҷульетта»-и С. Прокофьев, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Болеро»-и М. Равель, «Хонум ва авбош»-и Д. Шостакович ва дигарон),ки репертуари театрро бой гардонида, маҳорати эҷодии ҳунармандонро сайқал доданд.

Солҳои 1958—60 ба ҳайати эҷодии Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ як гурӯҳи тамомкунандагони студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи хореографин Ленинград ҳамроҳ шуданд ва минбаъд барои ба саҳна гузоштани балетҳои мураккаб имконият пайдо шуд. Ҷавонони ҳунарманд М. Собирова, Б. Исоева, М. Бурҳонов,С. Азаматова, С. Узоқова, К. Холов,В.            Алибоев, 3. Рӯзибоева ба арсаи эҷодӣ омаданд. Июни 1977 ҳайати артистони балети тоҷик дар Фестивали байналхалқии «Куопио мерақсад», ки дар Финляндия баргузор гардид, иштирок намуда «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян ва «Жизель»-и А. Ш. Аданро намоиш дод. Инчунин дастаи ҳунарии балети тоҷик дар як қатор мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ — Малайзия, Сингапур, Тайланд, Ҳиндустон, Покистон ҳунарнамоӣ кардааст. Н. Нурҷонов.

Театр. Қадимтарин унсурҳои санъати театри тоҷикро дар нақшҳои рӯи санг пайдо кардаанд. Дар онҳо манзараҳои шикор тасвир ёфта, одамон ниқобҳои ҳайвоноти гуногунро пӯшидаанд (мусаввараҳои рӯйисангии давраи аввали неолит дар мағораи Шахтаи Помири Шарқӣ, давраи палеолит дар мағораи Заровутсойи вилояти Сурхондарё, расмҳои ҳазораи 2—1 то мелодӣ мағораи сои Маликтоши водии Фарғона ва ғайра). Нишонаҳои санъати театрро дар сурудҳои меҳнатӣ низ эҳсос мекунем. Чунин падидаҳо дар расму оинҳои тоисломии тоҷикон (дар идҳои Наврӯз, «Гули лола», Сайри Гул, Гули Сурх ва ҷашнҳои «Сада», «Меҳргон», «Баҳманҷана»), ки дар Авесто қайд шудаанд, дучор меоянд. Дар ноҳияи Порти Қадим (ҷануби Туркманистон) ниқоби театрии масхарабозе ба даст омадааст, ки ба охири асри 3 ва аввали асри 2 то мелод мутааллиқ аст ва аз Тупроққалъа низ ниқоби актёри масхарабоз ёфт шудааст, ки он ба асри 1 мелодӣ мансуб мебошад. Инчунин дар рӯйи устадоне аз Афросиёб чор кас тасвир шудаанд, ки дар даст ниқобҳои театрӣ доранд. Дар арақаи қасри димнаи Холчаён (Бохтар, дар ҳаволии Деҳнави ҳозира), низ ҳайкали масхарабоз дида мешавад. Дар асрҳои 14—15 дар Ҳироту Самарқанд намоишҳои ботантанаи театрӣ барпо мешуданд ва Навой дар «Ҳайрат-улаброр», Бобур дар «Бобурнома» аз намоиши масхарабозон маълумот додаанд. Зайнуддини Восифӣ (асри 16) дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» менависад, ки дар Хуросон Шодӣ ном гӯяндаи мумтоз, Бурҳони Гург ном аскиягӯи беҳамто, Саид Ғиёсуддин ва Ҳилоли Саҳҳоб барин масхарабозони моҳир зиндагӣ мекарданд. Маҳфилҳои адабии Ҳирот на фақат шоирон, балки ҳофизону гӯяндаҳо ҳам доштанд. Дар «Тарабхона» ном ҷои ин шаҳр ҳофизон, машшоқон, раққосон ва ширинкорон ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар ин давра санъати маддоҳӣ ҳам ба авҷи аълои тараққӣ расида буд. Маддоҳон ба забоии фасеҳ аз ҳаёти авлиёву анбиё ва каромоти онҳо ҳикояҳо мекарданд ва аз «Шоҳнома» достонҳо мехонданд. Дар минётурҳои ачрҳои 15—17 масхарабозони кулоҳпӯшу ниқобдоре тасвир шудаанд, ки ба ҳавои мусиқӣ мерақсанд. Дар асри 19 ва аввали асри 20 тоҷикон соҳиби навъҳои гуногуни театри шифоҳии халқии касбӣ буданд. Дар тӯю зиёфатҳо, алалхусус тоҷикони кӯҳистон, дар санъати онҳо унсурҳои қадима бештар маҳфуз мондаанд, намоишҳои фолклори пантомимию рақс хеле маъмул буданд. Хусусияти асосии ин намоишҳо сюжети бой ва усулу тарзҳои гуногун мебошад. Пантомимаҳоро ҳам ба воситаи ниқобҳои гуногун ва ҳам ба усули рамзии реалистӣ иҷро мекарданд ва онҳо аз рӯйи мазмун ба се гурӯҳ тақсим мешуданд: пантомимаҳое, ки махлуқоти афсонавии хаёлиро ифода менамуданд (масалан «албастибозӣ»), пантомимаҳое, ки рафтори даррандагон ва паррандагону чарандагонро нишон медоданд (масалан, «Шер», «Гусфанд», «Рӯбоҳ», «Суғур», «Уқоб»), пантомимаҳое, ки лаҳзаҳон гуногунн маишату рӯзгорро инъикос мекарданд (масалан, «Нишоллопазӣ», «Марги судхӯр» ва ғайра). Тимсоли театрҳои мусиқию рақсии қадим то ба рӯзҳои мо омада расидаанд. Чунончи театрҳои мусиқие, ки дар Помир вуҷуд доштанд, аз се-чор мутриб фароҳам омада, дар туйҳо ва дигар маросимҳои деҳот иштирок мекарданд. Ҳунармандон одатан ҳаваскор буда, аслан ба деҳқонӣ машғул буданд. манбаи асосии ин театрҳо суруду рақс буд. Дар онҳо бештар «Муғулбозӣ», «Бобопирак», «Қаландарбозӣ» барин драмаҳои овозию рақсӣ иҷро мешуданд. Театри халқии раққосаҳо, ки онро одатан «Созандаҳо» меномиданд, дар Бухоро ва баъзе дигар шаҳрҳо вуҷуд дошт ва он танҳо дар маъракаҳои занон баромад мекард.

Театри халқии зочабозӣ аз давраҳои қадим вуҷуд дорад ва мувофиқи маълумоти Умари Хайём дар асри 11 ҳам вуҷуд доштааст. Ин театр асосан дар шаҳрҳое баромад мекард, ки ҳайати он аз 4 то 9 нафар (зочабоз, се-чор навозанда, як-ду раққос, ду-се масхарабоз, дорбоз 6 шӯъбадабоз)-ро ташкил медод. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 маъмултарин намоишҳо «Калоншавандаҳо», «Полвонкачал», «Офтобхон ва Моҳтобхон» буданд. Ин намоишҳо ҳаёти иҷтимоии тоҷиконро тасвир мекарданд ва дар онҳо суруду мусиқию рақс ба ҳам омезиш меёфтанд.

Театри шифоҳии анъаяавии масхаробозон (нигаред Масхррабозӣ), ки шакли бештар такмилёфтаи санъати театри пешазреволюционӣ буд, ба театри зочабозӣ наздик аст. Ин театри қадима дар заминаи шаклу намудҳои гуногуни санъати халқ пайдо шудааст. Дар деҳот асосан масхарабозони ҳаваскор ва дар шаҳрҳои калон масхарабозони касбӣ баромад мекарданд. Масхарабозон асосан дар тӯю зиёфатҳо ва иду ҷашнҳо ҳунарнамоӣ мекарданд. Бештар песаҳои мазҳакавиеро намоиш медоданд, ки аз як соат зиёд давом намекард (масалан, «Хирсбозӣ», «Булбулбозӣ», «Қорибозӣ», «Ҳиндубози», «Раис» ва ғайра). Матни намоиш мувофиқи қолаби муайян бадеҳатан дар рафти намоиш офарида мешуд. Дар баромади масхарабозон на фақат амалиёти драмавӣ, балки пантомима, суруд, рақс ва шӯъбадабозӣ низ вуҷуд дошт. Репертуари театр масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти феодалиро ҳартарафа намоиш медод ва аз намунаҳои маданияти демократии табақаҳои мазлуми ҷамъият буд.

Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Туркистон маданияти театри русҳо, озариҳо ва тоторҳо дар Осиёи Миёна нуфуз кард. Бо таъсири ин маданият дар ибтидои солҳои 10 асри 20 театри ҷадидон пайдо шуд, ки дар таъсиси он зиёиёни буржуазии Самарқанд ва Бухоро фаъол буданд. Театри европоинавъи тоҷик баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр таъсис ёфт. Соли 1919 дар Хуҷанд, баъдтар дар Конибодом, Уротеппа ва Исфара таҳти таъсири театри рус, озар, тотор ва ӯзбек театри ҳаваскорони тоҷик ба вуҷуд омад, ки он барои таъсиси театри имрӯзаи касбӣ замина гузошт. Ин дастаҳои ҳаваскор «Муборизаи синфӣ» ном песаи муаллифаш номаълум (1921), «Кӯри Шермат»-и X. Умаров ва А. Сатторов (1924), «Фармонбек»-и М. Холматов ва М. Ализода (1927), «Эшон ва комсомол»-и Ҷ. Бағдодбеков (1929), «Фоҷиаи Ғарм»-и М. Бурҳонов (1929), «Бой ва Одина»-и М, Юсуфбоков (1929) ва ғайра-ро ба саҳна гузоштанд. Реализми санъати театри тоҷик ба анъанаҳои танқидгаронаву демократии театри тореволюционии масхарабозону зочабозон ва ба принсипҳои эҷодии санъати театрии рус асос меёбад.

Соли        1929 дар заминаи маҳфили ҳаваскорони санъати Душанбе аввалин театри касбӣ — Театри драмаи тоҷик (ҳозира Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ) ва соли 1934 дар Ленинобод театри драмаи мусиқӣ таъсис ёфт. Коллективи театрҳо, ки солҳои 1931—32 фақат песаҳои хурди ташвиқотӣ намоиш медоданд, ба намоиши спектаклҳои бисёрпардагӣ шурӯъ карданд. Асосан песаҳои аз русӣ ва ӯзбекӣ тарҷумашударо ба саҳна мегузоштанд (масалан, «Ду коммунист» ва «Месӯзем»-и К. Яшин, «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ, «Зарраррасонандагони пахта»-и У. Исмоилов, «Қуҷум»-и В. Ян, «Балво»-и Д. Фурманов ва С. Поливанов, баъдтар «Даъвати зиндагӣ»-н В. Билль-Белоцерковский, «Тифли бегона»-и В. Шиваркин ва ғайра). Песаҳои «Мубориза»-и А. Усмонов (1933), «Душман»-и Ҷ. Икромӣ

(1935)  «Водии бахт»-и Ғ. Абдулло (1936), «Ҳукм»-и М. Турсунзода (1934), «Саодат»-и Р. Ҷалил (1935), «Шараф»-и М. Аминзода (1936) ва ғайра ба ривоҷи минбаъдаи театр замина гузоштанд.

Нимаи дуюми солҳои 30 ва аввали солҳои 40 давраи омӯзиши таҷрибаи театри реалистии рус, равнақу ривоҷи ғоявию эҷодӣ ва пойдоршавии реализми социалистӣ буд. Спектаклҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо процесси сохтмони социалистии республика инъикос меёфт. Беҳтарин песаҳои ин давра масъалаҳон нави ҳаётро мавриди тасвир қарор медоданд. Ин аст, ки соли 1938 С. Саидмуродов ва И. Исмоилов дар мавзӯи муборизаи зидди кулакҳо ва ташаккули кирдору рафтори одами нав «Туҳмат» ном песа навиштанд, ки дар саҳнаи театрҳо хуш истиқбол гардид. С. Улуғзода соли 1939 дар бораи ҳаёти деҳқонони колхозӣ «Шодмон» ва дар бораи муборизаи қаҳрамононаи халқ соли 1941 «Калтакдорони сурх» ном песа таълиф кард. Дар айни замон театри тоҷик ба репертуари романтикӣ майл мекунад; песаи «Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн, ки соли 1941 дар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ офарида шудааст, спектаклҳои «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер (1937) ва «Отелло»-и У. Шекспир (1939) низ хусусияти романтикӣ доштанд. Дар миёнаҳои солҳои 30 дар Хоруғ, Кӯлоб, Исфара, Панҷакент ва дигар шаҳрҳо театрҳои районию вилоятӣ таъсис ёфтанд. Бо намоиши спектакли «Замин» (песаи Н. Вирта) соли 1937 Театри драмаи русӣ (ҳоло Театри давлатии академии драмаи русӣ ба номи В. Маяковский) ба кор шурӯъ намуд. Ин театр дар заминаи Студияи Москва таъсис ёфт, ки ба он А. Д. Дикий роҳбари мекард.

Фолклори қадимаи бойи мусиқӣ ва рақси тоҷик барои такмили театри мусиқӣ мусоид буд. Соли 1936 дар назди Театри мусиқии тоҷик дастаҳои ҳофизон, балет, хор, оркестр ташкил шуданд ва дар муддати 3—4 мавсими театрӣ ривоҷ ёфтанд.

Соли 1940 дар заминаи Театри мусиқии тоҷик Театри опера ва балет таъсис гардид (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ).

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Театри драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри драмаи мусиқии Ленинобод песаҳои С. Улуғзода «Дар оташ» (1944), «Дили модар» (1942), песаи Ҷ. Икромӣ ва А. Файко «Хонаи Нодир» (1943), Театри опера ва балет операи С. Баласанян «Суруди ғазаб» ва мазҳакаи лирикии С. Баласанян ва 3. Шаҳидӣ «Розия»-ро ба саҳна гузоштанд. Тирамоҳи 1943 дар Сталинобод Театри фронтии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки роҳбари бадеии он Г. П. Менглет буд. Артистони русу тоҷик якҷоя концертспектакли «Салом, дӯстон»-ро таҳия карданд. Театр дар панҷ фронт қариб ҳазор концерт дод.

Солҳои 50—70 театри тоҷик ба мавзӯъҳои таърихию инқилобӣ рӯ меорад. Доир ба муборизаи халқ, баҳри истиқлолу саодат ва барпо кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, Театри драмаи ба номи А. Лоҳутӣ песаҳои Ҷ. Икромӣ «Дохунда» (1954), «Дилҳои сӯзон» (1967), «Гарнизон таслим намешавад» (1975), песаи М. Миршакар «Корвони бахт» (1970), Театри драмаи русии ба номи Маяковский (1965) ва Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод «Достони Бибизайнаб» (1967)-ро ба саҳна гузоштанд. Драмаи Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов «Туфон» (1957), асарҳои Ғ. Абдулло «Ҳуррият» (1964) ва «Сарбозони инқилоб» (1970) дар таърихи драматургияи тоҷик аҳамияти калони ғоявию эҷодӣ доштанд, зеро дар ин асарҳо бори нахуст образи В. И. Ленин ва ҳамсафони вай — Н. К. Крупская, Г. К. Орҷоникидзе, М. В. Фрунзе ва дигар офарида шуданд. Репертуари театри тоҷик аа ҳисоби асарҳои классикони русу Ғарб — Пушкин, Гогол, Островский, Шекспир, Молер, Голдони, Балзак, инчунин драматургони муосири ӯзбек, озар, бошқирд, эстон, латыш, қирғиз, туркман, гурҷӣ, арман, украин ва ғайра хеле ғанӣ гардид. Репертуари Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ тадриҷан бо операҳои нави тоҷикин «Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. Ленский (1944), «Бахтиёр ва Нисо»-и С. Баласанян (1954), «Пӯлод ва Гулрӯ» (1957), «Рӯдакӣ» (1976), «Айнӣ» (1980)-и Ш. Сайфиддинов, «Комде ва Мадан» (1960) ва «Қишлоқи тиллоӣ» (1984)-и Д. Дӯстмуҳаммадов, бо балетҳои нав — «Лайлӣ ва Маҷнун (1947, соли 1949 сазовори Мукофоти давлатии СССР,таҳрири сеюм соли 1970)-и С. Баласанян, «Дилбар»-и А. Левский (1954), «Гилеми кабуд»-и Волберг (1958), «Ривояти кӯҳистон» (1964), «Писари Ватан» (1967), «Писарак ва Карлсон» (1977), «Винви Пух ва ҳама» (1981)-и Ю. Тер-Осипов, «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ (1978) ва ғайра ғанитар гардид.

Дар пешрафти театри тоҷик бисёр режиссёрон (X. Маҳмудов, Ф. Умаров, М. Саидов, А. Саидов, С. Саидмуродов, В. В. Тихонович, Е. И. Мительман, В. Я. Ланге, Р. А. Корск,В.        Я. Рейбах, Ҳ. Раҳматуллоев, Ш. Қиёмов, X. Майбалиев, Ҳ. Абдурразоқов ва дигар), дирижёрон (Л. Г. Кауфман, Л. Я. Левин, Э. Д. Айрапетянц, И. Абдуллоев, А. Ниёзмамадов), балетмейстерҳо (А. ӣ. Проценко, К. Д. Голейзовский, Ғ. Валаматзода, С. Азаматова, М. Бурҳонов ва дигарон), рассомон (Е. Г. Чемодуров,B.      И. Фуфыгин, М. М. Мухин, Р. Сафаров, 3. Собиров, Я. Мамадқулов, Н. Қурбонқулов, Ш. Шобутолибов, Г. Г. Мирзохонов), ки дар солҳои гуногун дар театрҳо кор мекарданд, саҳми арзанда доранд. Театри касбии тоҷик аз солҳои аввали такомули эҷодиаш ба мамлакатҳои хориҷа сафар карда, маданият ва санъати баланди тоҷиконро дар он ҷо намоиш дод. Тирамоҳи 1941 ва 1942 артистони Театри давлатии опера ва балет ва Филармонияи давлатииТоҷикистон дар Эрон ҳунарнамоӣ карданд. Дар охири солҳои 40 ва солҳои 50—60 баъзе намояндагонп санъати мусиқӣ ва хореографии тоҷик ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ карданд. Соли 1964 ва 1968 Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ дар Афғонистон бомуваффақият ҳунарнамоӣ намуд. Соли 1971 ба он ҷо театри мазҳакаи ба номи Пушкини Ленинобод сафар кард.

Cоли 1977 дастаи балети Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар Финляндия дар фестивали байналхалқии «Куопио мерақсад» ширкат варзид. Аз ноябри 1978 то январи 1979 устодони балети тоҷик ба як қатор мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ — Малайзия, Сингапур, Тайланд, Ҳиндустон ва Покистон сафари бомуваффақияти ҳунарӣ карданд. Солҳои 50—60 режиссёрони тоҷик ба калонтарин театри давлатии драмаи Афғонистон «Пуҳани» роҳбарӣ намуданд.

Театри тоҷик дар даҳаю ҳафтаҳои санъат ва маданияти республикаҳои бародарӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ дар намоишу фестивалҳои республикавию умумииттифоқӣ иштирок мекунад. Санъати театрии Тоҷикистон бисёр актёрони соҳибҳунару боистеъдод дорад, ки ҳар яке роҳу равиш ва тарзу усули хоси эҷодӣ дорад. Артистони халқии СССР М. Қосимов, Ғ. Валаматзода, Т. Фозилова, А. Бурҳонов, Л. Зоҳидова, Ҳ.Мавловова, А. Бобоқулов, М. Собирова, Ҷ. Муродов, Л. Кабирова, Н. Волчков, М. Қаландарова, Артистони Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон С. Тӯйбоева, Ҳ Раҳматуллоев, А. Қосимов, А. Азимова, Т. Ғаффорова, Г. Завқибеков, М. Бурҳонов, О. Усмонова, Б. Карамхудоев, М. Иброҳимова, М. Воҳидов, Ҳ. Гадоев, М. Исоева, А. Муҳаммадҷонов, Б. Алифбекова, С. Шоисмоилова, X. Назарова, Р. Толмасов, Б. Исоева, Г. Савельева ва Артистони Хизматнишондодаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии  Тоҷикистон С. Исоева, Б. Раҷабов, К. Холов, С. Узоқова, Ҳ. Аҳмадов имрӯз маълуму машҳуранд.

Драматургҳои номии тоҷик Ғ. Абдулло, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Миршакар, А. Сидқӣ, А. Баҳорӣ, С. Сафаров, М. Бахтӣ ва дигарон бо театрҳо ҳамкорӣ карда, асарҳои баландмазмун меофаранд.

Театрҳои Тоҷнкистон анъанаҳои миллии худро бо шакли нави иҷро моҳирона мепайванданд. Муроҷиат ба осори шоирони тоҷик, такмили маҳорати ҳунарнамоӣ шакли нави театрро ба вуҷуд овард, ки он театри як актёр ном дорад. Муассис, режиссёр ва актёри он М. Воҳидов буд. Коллективи театрҳоро хатмкунандагони мактабҳои олии Москва, Ленинград, Тошкент ва Душанбе беш аз пеш такмил медиҳанд. Ҳоло дар республика чунин театрҳо амал мекунаяд: Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Аинӣ, Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковокий, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Пушкини Лелинобод, Театри мазҳакаи мусиқии Хорур, Театри драмаи мусиқии Кӯлоб, Театри драмаю мазҳакаи Конибодом, Театри мазҳакаи мусиқии Кӯргонтеппа, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри драмаю мусиқии ӯэбекии Нов, Театри лухтаки Душанбе ва Театри лӯхтаки шаҳри Чкалов. Дар бисёр мавзеъҳо (Ҳисор, Орҷоникидзеобод, Исфара, Рӯшон, Қӯргонтеппа, Москва ва ғайра) театрҳои халқӣ кушода шуданд. Соли 1973 Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъсис ёфт.       Н. Нурҷонов.

Эстрада. Мусиқии эстрадаи касбии тоҷик дар заминаи мусиқии халқӣ ва мусиқии эстрадии ҷаҳонию советӣ пайдо шудааст. Соли 1962 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли эстрадии созӣ ташкил ёфт, ки ба ҳайати он Лайло Шарифова (роҳбари бадеӣ), А. Бобоқулов, М. Боҳирова, М. Каспарова ва дастаи мутрибон дохил мешуданд. Соли 1964 дар назди Комитети давлатии Совети Вазироии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ бо унвони «Гулшан» коллективи эҷодие таъсис ёфт. Композитори тоҷик Д. Дӯстмуҳаммадов нахустин сурудҳои эстрадии худро барои ин даста навишт («Кабӯтари сафеди ман», «Мавҷигул» ва ғайра), ки зуд маълуму машҳур гардиданд. Дар асоси ин коллективи ҳунарӣ соли 1965 дар назди Вазорати маданияти Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Ансамбли давлатии «Гулшан» таъсис ёфт. Роҳбари ин ансамблро хатмкардаи Консерваторияи Боку, солисти Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ О. Орифов ба ӯҳда дошт. Соли 1971 Ансамбли эстрадии «Гулшан» ба ҳайати коллективи эҷодии Комитети давлатии Совети Вазирони Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ дохил гардид. Дар такомул ва равнақи эстрадаи миллии тоҷик як гурӯҳ композиторони ҷавон, аз қабили X. Абдуллоев, . Ф. Одинаев, 3. Зулфиқоров,Қ. Яҳёев, Ш. Пӯлодӣ, Ф. Баҳор, А. Ёдгоров, 3. Нишонов ва дигар хизмати босазо намудаанд. Эҷодкорон 3. Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, Я. Сабзанов, Д. Дӯстмуҳаммадов ва дигарон дар асарҳои худ гуногунҷанбагии мусиқии тоҷикро собит кардаанд. Сурудҳои «Тоҷикистони Бахтиёр», «Комсомол», «Дар васфи Душанбе», «Сухани ошиқ», «Ёдат мебарад» (Д. Дӯстмуҳаммадов), «Куи роз», «Ҳамхона шав» (3. Зулфиқоров), «Шабҳои Душанбе» (Я. Сабзанов), «Гулҳои Душанбе» (Ю. Лядов), «Ситораи Ман» (3. Шаҳидӣ), «Ханда-ханда», «Лолачин», «Пахтачиндухтар» (X. Абдуллоев) ва ғайра дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаётӣ офарида шуда, ба дили мухлисон зуд роҳ ёфтанд. Солҳон охир композиторони ҷавони тоҷик А. Ёдгоров, Ш. Пӯлодӣ, 3., Миршакар ва дигарон барои мусиқии эстрадаи тоҷик асарҳои хуби замонавӣ навиштаанд. Соли 1973 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ансамбли эстрадии созиву овозии «Орзу» (роҳбари бадеӣ Г. Аваков) таъсис ёфт ва баъдтар (соли 1981) «Суғдиён» ном гирифт. Баробари ансамблҳои эстрадии зикршуда дар республика чандин ансамбли эстрадии созиву овозии ҳаваскор — «Равшан» (1969, назди Электросети раёни Ленин), «Диловар» (шаҳри Ленинобод), «Нигор», «Асал», «Дилором», «Наргис» амал доранд, ки аз байнашон ансамбли эстрадии «Равшан» сазовори лауреати Конкурси республикавии «Торҳои заррин» ва лауреати Конкурси умумииттифоқии коллективҳои эстрадӣ (Тошкент), Ансамбли «Диловар» Лауреати Конкурси «Торҳои заррин» ва ансамбли эстрадии «Дилором» лауреати конкурси минтақавии «Садоҳои ҷавон» гаштаанд.

Дар такомул ва равнақи эстрадаи тоҷик Артистони Хизматнишондодаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон М. Набиева (1947—79), М. Ҳамроқулова, Р. Шалоэр, Т. Муҳиддинов, сарояндагон X. Ширинова, У. Зиёев, Б. Неъматов ва дигарон калон

аст. М. Ҳамроқулова аввалин Лауреати Конкурси эстрадии ансамблҳои касбӣ (Минск, 1974), Лауреати Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон (Берлин, 1976) ва Лауреати Конкурси умумииттифоқии «Суруди совети» (Тошкент, Москва,1979)         мебошад. (Барои таблиғу тарғиб ва равнақи мусиқии эстрадӣ ва маҳорати иҷроиш ҳайати эҷодии «Гулшан» сазовори унвони лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1976) ва баъдтар Лауреати Мукофоти давлатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ гардид. Ин ансамбл ба Полша (1977) ва Афғонистон (1981) сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Д. Дӯстмуҳаммадов, А. Раҷабов.

Цирк. Санъати цирки тоҷик таърихи қадим дошта, бо ҷараёни меҳнат, маишат, рақсу бозӣ ва маросимҳои халқӣ алоқаманд аст. Рақсҳои тақлиди («Шербозӣ», «Уқоббозӣ», «Рӯбоҳбозӣ») ва ифодакунандаи шуҷоату мардонагӣ («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ», «Оташбозӣ»), ки бо ҳаракатҳои тез чархзаниҳои босуръат ва истҳои ногаҳонӣ иҷро мешуданд, нахустин падидаҳои цирк мебошанд. Инчунин гӯштингирӣ, аспдавони, қувваозмоии паҳлавонон дар пайдоиши цирки тоҷик роли калон бозидаанд. Махсусан анъанаи артистони халқии цирк — дорбозон (нигаред Дорбозӣ), масхарабозон (нигаред Масхарабозӣ), найрангбозон (нигаред Найрангбозӣ), зочабозон (нигаред Зочабозӣ), табақбозон, пойчӯбинбозҳо ва ғай      ра ҳангоми ҷашнҳои Наврӯзу Сада ва дигар маросимҳои халқӣ инкишоф ёфта, заминаи цирки миллии тоҷикро ниҳодаанд. Дар «Бадоеъул-вақоеъ» Восифӣ оид ба ромкунандаи ҳайвонот Бобоҷамол (асри 16), ки бо уштур, маймун, хар, буз ва паррандаҳо як репертуари мукаммале тартиб дода будааст, маълумот медиҳад. Цирки тоҷик бо анъанаҳои театри халқӣ, санъати мусиқӣ ва хореография алоқаи зич дорад. Шиносоии тамошобинони тоҷик бо цирки касбии рус баъди ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия, хусусан солҳои 80 асри 19 оғоз ёфтааст. Ба Тоҷикистон дастаҳои артистони цирк сафари ҳунарӣ карданд. Баъди Револютсияи Октябр хусусан баромади дастаи артистони цирк дар Тошкент, Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд шӯҳрат ёфт. Барои ташаккули цирки касбии тоҷик санъати цирки рус ва дигар республикаҳои бародарӣ роли калон бозид. Ба Душанбе артистони машҳури сирки советӣ — Тарасовҳо, Буслаевҳо, Денисовҳо, Дуровҳо, Кантемировҳо ва дигарон сафари ҳунарӣ карданд. Барои таъсиси цирки касбии тоҷик Соли 1968 бо қарори Вазорати маданияти республика Студияи цирки тоҷик кушода шуд. Ҳайати асосии цирки тоҷик аз ҳисоби ҳаваскорон, спортсменҳои разряддор ва артистону ходимони цирк пурра гардид. Педагогҳою тренерони пуртаҷриба — А. Б. Дашевский, А. В. Денисова, П. Г. Мюренков, Ю. И. Хазов, Д. Барон, Р. Кох, Д. А. Шнайдер, режиссёр — Артисти Хизматнишондодан Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Молдавия В. Т. Херц дар ташаккули цирки тоҷик ҳиссаи калон гузоштанд. Бо ташаббуси роҳбари бадеии цирки тоҷик Ходими Хизматнишондодаи Санъати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Латвия Н. П. Барзилович коллективи ҷавони цирки мазкур номераҳои мураккаби жонглёрӣ, акробатика, эквилибристика, аспсаворӣ, ромкунии ҳайвонот, чашмбандӣ, масхарабозӣ ва ғайраро тайёр намуд. Ҳангоми таҳияи барномаҳои мураккаб баробари ҷиҳатҳои хосу маҳорати касбии артистон шакли милли низ ба инобат гнрифта шуд. 22 апрели 1970 дар Душанбе баромади коллективи цирки касбии тоҷик «Наврӯз» баргузор шуд. Коллективи мазкур беҳтарин комёбиҳои цирки рус, республикаҳои бародарӣ ва анъанаҳои цирки халқии тоҷикро ба асос гирифта, барномаи бой ва шавқовар тартиб доданд. Унсурҳои миллӣ хусусан дар номераҳои «Бозиҳои халқии тоҷики» (программаи В. Валиев), «Духтари кузабадаст» (иҷрокунанда М. Қодирова), ,«Корвони Ломири баландкӯҳ» (программаи П. Юсупов), «Бачаҳои харсавор» (программаи Р. Алиев), «Дустон» (программан Н. Алиева) ва ғайра равшан таҷассум ёфтааст. Цирки тоҷик қариб 20 барномаи пурмазмуну шавқовар — этюдҳои акробатӣ (программаи Р. Қосимова ва Д. Бойқадамова), гимнастикаи ҳавоӣ (программаи хоҳарон Қурбоноваҳо), дорбозӣ (Т. Ёқубов ва Р. Рисқулова) ва ғайраро дар бар мегирад, ки онҳо маҳорат, ҷасорат, чолокӣ, бебокӣ, ӯҳдабароӣ ва нафосату зебоии ҷисмонии артистони сирки тоҷикро намоиш додаанд. Барои инкишофи санъати цирки тоҷик П. Юсупов ба гирифтани унвони Артисти Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Н. Алиева ва А. Турдиев — Артисти Хизматнишондодаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мушарраф шуданд. Артистони цирки тоҷик анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи бойн санъати касбиро ба асос гирифта, дар ҳамаи жанрҳои сирк ба бозёфтҳо ноил гардидаанд. Н. Нурҷонов, М. Шаропов.

Кино. Октябри 1929 барои вакилони Съезди 3-юми фавқулодаи Советҳои Тоҷикистон нахустин киножурнале намоиш дода шуд, ки дар бораи ба Душанбе омадани поезди аввалин ва чанд лаҳзаи дигари ҳаёти республикаи ҷавон ҳикоят мекард. Баъди он боз як теъдод филми хроникавӣ офарида шуданд, ки ба пайдоиши киножурнали «Тоҷикистони Советӣ» замина гузоштанд. Инкиножурналҳоро В. Кузин, А. Шевич ва Н. Гезуллин ба навор гирифтаанд. Соли 1930 як қатор филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатӣ офарида шуданд, ки намунаҳои беҳтаринашон «Воқеаномаи киштукор», «Дар роҳи коллективонӣ», «Панҷ соли Тоҷикистони Советӣ» мебошанд. 11 августи 1930 Совети Комиссарони Халқи республика қарор кард, ки барои роҳбарӣ ба кинофикация, прокати филмҳо ва офариниши филмҳо дар Сталинобод, трести «Тоҷиккино» таъсис шавад. Навъҳои асосии кинои ҳуҷҷатии ибтидои солҳои 30 филмҳои ташвиқотию тарғиботӣ — «агитпропфилм»- ҳо буданд. Филмҳои ҳуҷҷатии ин солҳо — «Ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо омаданд», «Коллективонӣ дар райони Кӯктош», «Калтакдорони сурх», «8-уми Март», «Аз пахта то газвор», «Аз омоч ба плуг» ва ғайра аҳамияти калони маърифатӣ доштанд. Филми ҳуҷҷатию бадеии аввалин кинорежиссёри тоҷик К. Ёрматов — «Ҳуқуқи фахрӣ» (1932) барои ба майдони санъати кино омадани филмҳои бадеӣ замина гузошт. Дар аввалин асарҳои кинематографияи бадеии тоҷик — филмҳои «Вақти ҳалокати амирон» (1932, режесёр Л. Печорина) ва «Муҳоҷир» (1934, режесёр К. Ёрматов) муборизаи сиифии мардуми деҳоти тоҷик ва дигаргуншавии психологияи онон акс ёфтааст. Соли 1935 кинои овоздор ба вуҷуд омад ва минбаъд киножурналҳои овоздори «Тоҷикистони Советӣ» ба навор гирифта шуданд: «Душанбе — Сталинобод», «Инженерони рӯҳи одамизод», «Ҷавонони Тоҷикистони офтобӣ», «Тоҷикистони офтобӣ», «Аспҳои лақайӣ», «Боми ҷаҳон», «Иродаи халқ», «Канали Ҳисор», «Роҳи Помир», «Бе фаранҷӣ» ва ғайра. Кинопублисиотикаи овоздори тоҷик дар бораи дигаргуниҳои азими солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон ҳикоят  мекард. Аввалин филмҳои бадеии овозадори тоҷик «Боғ» (1938, режесёр Н. Досталь) ва «Дӯстон аз нав вомехӯранд» (1939, режесёр К. Ёрматов) ба сохтмони ҳаёти социалистӣ оиданд. Соли 1938 дубляж (тарҷума)-и филмҳо ба забони тоҷикӣ оғоз ёфт.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ студияи «Союздетфилм»-и Москва ба Сталинобод кӯчида омад ва бо киностудияи «Сталинобод» — «Тоҷикфилм» муттаҳид шуд. Кормандони кинематографияи тоҷик бо кинематографистони рус ҳамкорӣ карда, филмҳои бадеии «Писари Тоҷикистон» (1942, режесёр В. Пронин) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (1943, режесёр К. Минц)-ро офариданд.

Солҳои аввали баъди ҷанг танҳо филмҳои ҳуҷҷатӣ истеҳсол шуданд, ки машҳуртаринашон инҳоянд: «Тоҷикистон» (1946, ҳамон сол дар кинофестивали байналхалқии Венеция медали биринҷӣ гирифт), «Водии Вахш» (1947, режисёр ва оператор И. Барамыков), «Қувваи бузург» (1949), «Дар сарзамини ниёгон» (1949, режисёр Т. Брагинский ва ғайра), «Кишвари ҷавонӣ» (1950), «Тоҷикистони Советӣ» (1951; соли 1952 Мукофоти давлатии СССР, режесёр Б. Кимёгаров). Минбаъд «Тоҷикфилм» боз ба истеҳсоли филмҳои бадеӣ шурӯъ кард. Дар бораи ҳаёти тореволюционӣ ва худшиносии мардуми тоҷик филми «Дохунда» (1956, аз рӯи романи С. Айнӣ, режисёр Б. Кимёгаров), оид ба сохтмони Канали Вахш ва меҳнати фидокоронаи одамони советӣ дар солҳои панҷсолаҳои аввал филми «Одам пӯсти худро иваз мекунад» (1959, режисёр Р. Перельштейн) ва доир ба таърихи гузаштаи дури халқи тоҷик филми «Қисмати шоир» (1959, режисёр Б. Кимёгаров) офарида шуд. Филмҳои мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957, режисёр Р. Перелыптейн), «Вақти зангирии писар расид» (1959, режисёр Т. Собиров) шуҳрат ёфтанд.

Дар ибтидои солҳои 60 кинои бадсии тоҷик ба инъикоси мавзӯъи ҳозиразамон, ба ҷустуҷӯи қаҳрамони рӯз рӯ овард. Филми «Зумрат» (1962, режисёр А. Раҳимов ва А. Давидсон), ки ба озодии маънавии зани тоҷик оид аст, намунаи дурахшони филмҳои он солҳо буд. Филми «Бачагони Помир» (1963, режисёр В. Мотыль; Мукофоти давлатии режисёр ба номи Рудакӣ, 1964) яке аз беҳтарин филмҳои таърихии солҳои 60 буд, ки аз паҳн гардидани ғояҳои ленинӣ дар Помири дурдасти баландкӯҳ ҳикоят мекунад. Филмҳои «Айёми осоишта»

(1965)   ва «Ҳасани аробакаш» (1966, аз рӯи достони М. Турсунзода, режисёр Б. Кимёгаров) аз ҳифзи музаффариятҳои революсия ва ҳаёти нави социалистӣ нақл мекарданд. Дар ин давра Т. Собиров «Марги судхур»(1966)  , «Хиёнат» (1967) ва «Ифшо» (1969)-ро ба навор гирифт. Нимаи дуюми солҳои 60 ибтидои 70 дар кинои тоҷик як гурӯҳ таҳиягарони ҷавон (баъди хатми ВГИК) ба кори эҷодӣ шурӯъ намуданд. Филмҳоеро, ки М. Қосимова, М. Орифов, С. Ҳомидов, А. Тӯраев, В. Аҳадов, Б. Арабов ва дигарон офариданд, аз ҷустуҷӯи мавзуъҳои тоза, жанрҳои нав, воситаҳои нави тасвир дарак медиҳанд. Ба ҳаёти нав қадам гузоштани духтари кӯҳистон («Нисо»-и М. Орифов, 1966), хулқу атвор ва кирдору рафтори деҳқони асил («Ҷӯра Саркор»-и М. Қосимова, 1968), ҳаёти вазнини солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инъикоси баъзе паҳлуҳои зиндагии иҷтимоии мардуми тоҷик («Духтари сеюм»-и А. Тӯраев, 1970) мавзӯъҳои умдак режиссёрони балаёқати ин солҳо гардида буданд. Ин анъана дар филмҳои солҳои 70 ҳам давом кард. Режисёр Б. Кимёгаров дар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ як силсила филмҳо офарид: «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» (ҳар ду филм соли 1971, соли 1972 филмҳо сазовори Мукофоти давлатия Респуликаи Совети Сосиалистии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ гардиданд) ва «Достони Сибвуш», Филми «Ситорае аз аулмот» (режисёр А. Раҳимов ва И. Усов, 1972) низ давоми мантиқии филмҳои болоист. Дар ин давра иичунин филмҳои мазмунан интериационалӣ ба вуҷуд омаданд: «Асрори қабила» (режисоёр М. Орифов, 1972) ва «Субҳи Ганг» (ястеҳсоли муштараки советию ҳинд, аз рӯи достони М. Турсунзода, режисёр Л. Файзиев, 1975).

Соли 1969 дар «Тоҷикфилм» сектори филмҳои телевизионӣ таъсис ёфт ва он чандин филм истеҳсол намуд, ки аз онҳо хусусан киноромани «Чор нафар аз Чорсанг» (М. Қосимова, 1972), филми телевизионии сегонаи «Ҳеҷбудагон…» (Т. Собиров, 1974— 75), «Оилаи Ғаюровҳо» (1975), «Кӣ ба Трускавец меравад» (В. Аҳадов, 1977), «Ишқи аввалини Насриддии» (А. Тӯраев, 1977), «Зане аз диёри дур» (Т. Собиров, 1978). «Одам пусти худро иваз мекунад» (Б. Кимёгаров, 1978), «Нисо» (Д. Худоназаров, 1960) ҷолиби диққатанд.

Дар ибтидои солҳои 80 як гурӯҳ режиссбронн ҷавон — Д. Худоназаров, Б. Содиқов, 10. Юсуфов, О. Тӯлаев, С. Қурбонов, А. Қуддусов ба офаридани филмҳои бадеӣ камар бастанд. Режиссёрони ҷавон, ки навтарин воситаҳои тасвири киноро нағз аз худ кардаанд, ба мавзӯъҳои наву жанрҳои дилчасп майл доранд. Онҳо барои телевизион як қатор филмҳо гирифтанд: «Айёми туманҳои зимистон» (Б. Содиқов), «Аспҳо дар маҳтоб», (О. Тӯлаев), «Ҷинояткору адвокатҳо» (Ю. Юсуфов), «Субҳи нахустини ҷавонӣ» Д. Худонаваров) ва ғайра.

Машҳуртарин филмҳои солҳои 80— «Шилдирроси оби барф» (Д. Худоназаров, 1982) ва «Сирри оила» (В. Аҳадов, 1983) масъалаҳои тезу тунди ахлоқию маънавии замони моро мавриди баҳс қарор дода, бархӯрди маънавии қаҳрамононро нишон медиҳанд. Филми таърихию революсионии «Маҳбуби ман, инқилоб» (режисёр О. Тӯлаев) ва филмҳои саргузашти «Гаравгон» (режисёр Ю. Юсуфов) ва «Дастгиркунӣ» (режисёр М. Маҳмудов) низ ҷолиби диққатанд.

Аз соли 1969 инҷониб филмҳои мултипликационӣ истеҳсол мешаванд. Аввалҳо ин гуна филмҳоро режиссёрони аа дигар шаҳрҳо омада мегнрифтанд: «Насими накӯкор» (1970, режисёр Н. Котовщикова), «Афандӣ, хар ва дуздон» (1971, реж. И. Леснер) ва ғайра. Ҳоло дар офаридани филмҳои мултппликацнонӣ кадрҳои маҳаллӣ ҳам ширкат доранд; «Моҳичаи гулдор», «Ҷӯяндагон» ва «Чинор» (режисёр М. Мансурхоҷаев) аа он қабиланд. Кинои ҳуҷҷатии тоҷик низ тадриҷан такмил меёбад ва бештар ба маваӯъи ҳаёти республика рӯй меорад: «Чор суруд дар бораи Тоҷикистон» (1964) ва «Садриддин Айнӣ»-и Б. Кимёгаров (1978), «Субҳи Норак» (1961) ва «Сарчашмаи зиндагӣ» (1965)-и В. Кузин, «Ривояти сангин» (1968)-и Н. Тиллоев, «360 қадам» (1968)-и И. Сабуров ва ғайра.

Солҳои 60—70 режиссёрону операторони ҷавони тоҷик ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатие даст заданд, ки бештар ба ҳаёти халқи тоҷик оиданд. «Як каф хоки ватан» (1968), «Хонаи фурӯшӣ» (1973), «Иван тоҷик» (1975)-и Б. Кузин, «Алла» (1966)-и Д. Худоназаров, «Абдулло Раҳимбоев» (1967), «Равшани» (1969) ва «Ҳашар»-и Е. Кимёгарова (1972), «Кино» (1970)-и В. Эрвайс, «Ман — замин» (1971), «Кишие соз» (1974)-и В. Фомин аз ҷумлаи чунин филмҳоянд. Чунин анъана дар солҳои 70 ва 80 боз ҳам бештар тақвият меёбад. Як гурӯҳ режиссёрони ҷавон чандин филмҳои сиёсиву публисистӣ офарида, мавзӯъи умумии филмҳоро боз ҳам ғанитар гардониданд: «Диалог» (1975), «Обу ҳавои номусоид» (1978), «Мавлуда» (1978)-и Б. Содиқов; «Мироб» (1975),            «Об»

(1976), «Соҳили сеюми Вахш» (1978)-и режисёр ва оператор Г. Ортиқов, «Даҳмарда» (1979)-и М. Мансурхоҷаев, «Мӯйсафедон» (1980)-и М. Юсуфова, «Сазои хиёнат» (1979), «Ҳақиқати инқилоби савр» (1980)-и Б. Кузин ва ғайра. Кинои тоҷик ҳоло дар айни авҷи камолот аст. Солҳои охир кинематографистони тоҷик якқатор филмҳои замонавиро офариданд, ки хуш истиқбол гардиданд: «Моро ҷавонӣ раҳнамо буд» (1983), «Лётчик» (>1984), «Сарчашмаҳо» (1985, Д. Худоназаров), «Боз як шаби Шаҳрзод» (1984, Т. Собиров), «Ҷура Шикорчӣ аз Минг Архар» (1.984, В. Мирзоянц, С. Қурбонов), «У хушдори ман аст» (1986) ва ғайра. Дар такмил ва ривоҷу равнақи кинои тоҷик беҳтарин режиссёрон К. Ёрматов, Б. Кимёгаров, К. Олимӣ, операторон В. Кузин, И.. Барамыков, Н. Тиллоев, актёрон М. Қосимов, 3. Дӯстматов, Т. Фозилова, М. Воҳидов ва дигарон намуна буданд. Имрӯз Т. Собиров, А. Раҳимов, М. Орифов, М. Маҳмудов, М. Қосимова, А. Тӯраев, В. Аҳадов, Б. Арабов, И. Азизбоев, Д. Худоназаров, О. Тӯлаев, режисёр дубляж. А. Ҷӯраев, Д. Қосимов, операторон А. Мансуров, 3. Дахте, рассомон Д. Илъябоев, X. Бақоев, В. Салимов, ҳуҷҷатнигорон Е. Кузин, Б. Содиқов, Е. Кимёгарова, М. Мансурхоҷаев, М. Юсупова, оҳангсозон Ш. Сайфиддннов, Т. Шаҳиди, Ф. Баҳор, А. Одинаев, актёрон С.     Тӯйбоева, А. Бурҳонов, А. Қосимов, Г. Завқибеков, Ҳ. Гадоев, А. Муҳаммадҷонов, Ҳ. Абдураззоқов, Г. Абдуллоева, адибон С. Улуғзода, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев ва дигарон ҳиссаи босазое доранд.

А.                                              Аҳроров.

Адабиёт:       Таджикская Советская Сосиалистическая Республика, Душанбе, 1984.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …