Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 65)

Теги: Таърих

Маданияти Африғиҳо

teshik_qala_xorazm_uzbekiston

Маданияти Африғиҳо – маданияти археологии Хоразми асрҳои 4— 8 м. Аз номи сулолаи Африғиҳо гирифта шудааст. Маданияти Африғиҳо дар замони таназзули сохти ғуломдорӣ ва тақвияти муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра шаҳрҳои қадим, ки марказҳои ҳунармандӣ буданд, рӯ ба таназзул ниҳода, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Хоразм дар …

Муфассал »

Маориҳо

maoriho_

Маориҳо – аҳолии маҳаллии Зеландияи Нав. Шумораашон зиёда аз 630 ҳазор нафар дар соли 2017. Аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди полинезӣ мансуб, вале ба мурулсуратҳои ҷанубӣ ва австралисуратҳо шабоҳат доранд. Ба забони маорӣ гап мезананд. Мӯътақидони дину мазҳаб пайрави масеҳиятанд. Аҷдоди Маориҳо дар асрҳои 10—14 аз Полинезияи Марказӣ ба ҷазираи Зеландияи …

Муфассал »

Мао Сзедун

Мао Сзедун

МАО CЗЭДУН (26.12.1893, деҳаи Шаошан, уезди Сянтан музофоти, Хунан — 9.9.1976, Пекин), ходими сиёсӣ ва давлатии Хитой. Аз оилаи деҳқони осудаҳол. Соли 1918 Омӯзишгоҳи педагогиро хатм кард. Солҳои 1918— 19 дар китобхонаи Университети Пекин кор кард. Соли 1920 ба кружокҳои коммунист ҳамроҳ шуд. Солҳои 1923—25 ва аз соли 1928 аъзои …

Муфассал »

Марв

Марв (

MAPB – яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна. Дар наздикии ш. Байрамалии Туркманистон, соҳили Мурғоб воқеъ буда аст. Боқимондаҳои Марв аз 5 димна (Эркқалъа, Гаврқалъа, Султонқалъа, Абдуллоҳхонқалъа, Байрамхонқалъа) иборат аст. Димнаҳоро солҳои 80 асри 19 В. А. Жуковский ва сонитар археолог Б. Б. Пиотровский омӯхтаанд. Соли 1946 бо роҳбарии М. Е. …

Муфассал »

Маданияти Афанасев

МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ

МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ, маданияти давраи энеолити Сибири ҷанубӣ, ки ҳазораи 3 – ибтидои ҳазораи 2 то мелод дар пастхамии Минусин ва Олтой паҳн шуда буд. Бо маданиятҳои Калтаманор, Ямная ва Катакомба дар як вақт инкишоф ёфтааст. Аз номи қабристони назди к. Афанасеви Вил. Автон. Хакас гирифта шудааст. Қабилаҳои Маданияти Афанасев ба …

Муфассал »

Маданияти Археологӣ

Куза

МАДАНИЯТИ АРХЕОЛОГӢ, истилоҳ барои ифодаи умумияти ёдгориҳои археологии мансуби як давра, ки хусусиятҳои маҳаллӣ дошта, дар ҳудуди муайян ҷойгиранд. Ба Маданияти археологӣ одатан аз рӯи ягон аломати шакл ё ороиши зарфҳои сафолӣ, зебу зинатҳо (мас., маданияти мегалитӣ), урфу одати дафнкунӣ (мас., маданияти Ямная) ва ё номи маҳалле, ки дар он …

Муфассал »

Маданияти Анов

ashqobodi_kuhan

МАДАНИЯТИ АНОВ, маданияти археологии давраи неолит, биринҷӣ ва оҳан. Археологи америкоӣ Р. Помнелли соли 1904 ёдгориҳои ин маданиятро 12 км. дуртар аз Ашқобод дар самти шарқии он дар наздикии деҳаи ҳозираи Анов кашф ва тадқиқ кард. Маданияти Анов аз чор маҷмӯи ёдгориҳо иборат аст (Анови I, Анови II., Aнови-III, Aнови-IV). …

Муфассал »

МАДАМИНБЕК

madaminbek

Мадаминбек (1889, вилояти Фарғона —1920), қурбошии босмачиёни водии Фарғона. Аз оилаи савдогар. Барои куштани зане ба муддати 14 сол бадарға карда шуд. Баъди аз бадарға гаштан (1917) комиссари ҳарбии вилояти Фарғона, сардори Ҳукумати муваққатии Фарғона, сардори шӯъбаи милисияи ш. Марғелон. Тобистони соли 1918 ба Ҳокимияти Советӣ хиёнат карда, бо отряди милисия …

Муфассал »

МАДАДӢ

asri_miyona

МАДАДӢ, навъи андози пулӣ, ки асрҳои 15—19 ва ибтидои асри 20 аз аҳолии Осиёи Миёна ситонида мешуд. Дар сарчашмаҳо бо номҳои гуногун дучор меояд: мададӣ лашкар, номбардори қӯшун, ҷул. бар хилофи зари лашкарандози шаръӣ ва доимӣ, Мададӣ ёрдаме буд, ки фақат вақти ҷанг ҷамъ карда мешуд. Мададӣ асосан барои таъминоти …

Муфассал »

Вилояти Ленинобод

Харитаи Вилояти Ленинобод

ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД ( Вилояти Суғд аз соли 2000 -ум) , вилоятест дар ҳайати РСС Тоҷикистон 23 декабри 1970 аз нав ташкил шудааст (27 октябри 1939 таъсис ёфта, 28 марти 1962 барҳам хӯрда буд). Дар шимоли кишвар воқеъ аст. Масоҳаташ 26,1 ҳазор км. мураббаъ. Аҳолии Вилояти ЛЕНИНОБОД 1291,5 ҳазор нафар (1 …

Муфассал »