Нагасаки, шащр, бандари калони тиыоратию пассажирии Япония, дар қисми ғарбии ҷазираи Кюсю. Маркази маъмурии префектураи Нагасаки. Аҳолиаш 448 ҳазор нафар (1975). Маркази калони киштисозӣ ва таъмири он. Баробари мошиисозӣ, саноати хӯрокворӣ (аз ҷумла моҳию консерв), металлургия, бофандагӣ, нефту химия, чӯббурӣ низ ривоҷ ёфтааст. Анбори нефт, заводи газ дорад. Нагасаки— базаи …
Муфассал »Наган
Наган, тапончае, ки аслиҳасози белгиягӣ Наган (Nagant) охири асри 19 ихтироъ кардааст. Дар армияҳои Россия, Шветсия, Австрия—Венгрия ва ғайра маъмул буд. Дар Армияи Сурх то Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Нагани намунаи соли 1895 (калибраш 7,62 мм, масофати тирпарониаш то 100 м, ғуичоиши тирдонаш 7 тир) истифода мешуд.
Муфассал »Навуходоносори II
Навуходоносори II (соли таваллудаш номаълум — 562 то мелод), шоҳи Бобулистон (ҳукмрониаш 605—562 то мелод). Соли 607 фармондеҳи лашкари бобулиҳо шуда, баъди ба тахт нишастан соли 605 дар назди Кархемиш (Сурия) ба мисриён зарбаи ҳалокатовар расонд ва Сурияю Фаластинро ишғол намуд. Соли 601 ба Миср юриш ташкил кард. Дар задухӯрд …
Муфассал »Деҳаи Наврӯзбулоқ
Деҳаест дар Совети қишлоқ Алмосии pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон Территорияи зоводи зотпарварии «Роҳи Ленин». Аз Наврӯзбулоқ то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 35 км. Аҳолиаш 430 нафар (1982), то- ҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва ғаллакорӣ.
Муфассал »Наврӯз
Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои эронӣ (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ҷорӣ шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ — 1-уми фарвардин (ҳамал) ё 21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд. Тақрибан 3 ҳазор сол …
Муфассал »Навоӣ
Навоӣ (то 1958 — посёлкаи Кармина), шаҳри навбунёд, маркази вилояти Навоии РСС Ӯзбекистон 8 км дуртар аз стансияи роҳи оҳан Навоӣ ва 100 км шимолу шарқтари. Бухоро, дар водии дарёи Зарафшон вокеъ гаштааст. Аҳолиаш 98,3 ҳазор нафар (1982). Навоӣ шаҳри ободу зебо, яке аз марказҳои калони саноати электроэнергетика ва химияи …
Муфассал »Навмустамликадорӣ
Навмустамликадорӣ, неоколониализм, системаи муносибатҳои нобаробари иқтисодӣ ва сиёсиест, ки давлатҳои империалистӣ нисбат ба мамлакатҳои соҳибихтиёри рӯ ба тараққӣ ниҳодаи Осиё, Африка ва Америкаи Лотини истифода мебаранд. Навмустамликадорӣ дар вазъияти нави байналхалқӣ давоми сиёсати анъанавии мустамликадории империализм мебошад. Навмустамликадорӣ барои истисмор ва ба империализм тобеъ намудани халқҳои ба истиқлолияти иҷтимоию миллӣ …
Муфассал »Навкат
Навкат ёдгории археологии давраи палеолит; боқимондаҳои суфа- чаҳои плейстотсени боло дар соҳили чапи дарёи Сир. Аз гурӯҳи ёдгориҳоест, ки аз пуштакӯҳи Сомғор то деҳаи Навкат ба назар мерасанд ва бо номи боаёфтҳои палеолити миёнаи Қайроққум маълуманд. А. П. Окладников соли 1956 тадқиқ намуда, олоти палеолитӣ ёфт. Дар ин ҷо ҳамагӣ …
Муфассал »Навафлотуния
Навафлотуния неоплатонизм, равияи идеалистӣ ва ирфониест дар фалсафаи атиқаи Юнон (асрҳои 3—6). Заминаи иҷтимоии пайдоиши Навафлотуния пеш аз ҳама, инқирози давлати пуриқтидори Рим буд. Дар он давр афзудани асорат ва ноумедӣ, алалхусус дар давлатҳое, ки зери итоати Рим буданд, нобовариро ба зиндагии шахс ва майлу рағбатро ба дину ирфон бештар …
Муфассал »Мӯтасиб
Мӯтасиб (ар.—возир), дар гузашта дар мамлакатҳои исломӣ амалдоре, ки аз авлоди сайидон таъин мешуд. Мӯтасиб ба иҷрои аҳкоми ислом, риояи тартибу қоида дар бозор, ба дурустии сангу тарозу, нарху наво назорат мекард. Асрҳои 19— 20 Мӯтасибро дар Бухоро раис меномиданд.
Муфассал »