Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 58)

Теги: Таърих

Мадрасаи «Низомия»

«Низомия» Мадраса аз номи Хоҷа Қавомуддин Абулҳасан иб­ни Алӣ — вазири Маликшоҳи Салҷуқӣ (соли  408) Низомулмулк, ни дар аксари шаҳрҳои қаламрави Салҷуқиён, аз он ҷумла, дар Нишопур, Балх, Ҳирот, Марв, Исфаҳон, Басра, Бағдод мадрасаҳо бунёд кард, бузургтарин ва муҳимтарини онҳо «Низомия»-и Бағдод буда, соли 1065 таъсис ёфтааст. Дигар ҳамаи мадрасаҳои …

Муфассал »

Қабристони Ниёзботӯр

1

Ниёзботӯр қабристон, ёдгории археологии ибтидои асри oҳан (асрҳои 4—3 то мелод) дар деҳаи Ниёзботури вилояти Фаргонаи РСС Ӯзбекистон. В. И. Козенкова соли 1956 дар Ниёзботӯр ҳафриёт гузаронид. Ниёзботӯр аз 9 пушта иборат буда, дарозии дар пушта 9— 14 м, бараш 4—5 м, андозаи гӯрҳои онҳо 190 X 60 X 50—70 …

Муфассал »

Таърихӣ Нидерланд

1

Нидерланди таърихӣ (нем. Niderlanchen, франсави Раys-Bas, голландӣ Naderland — айнан му­зофотҳои поён), дар асрҳои миёна вилояте буд дар Шимолу Ғарби Европа, байни баҳри Шимолӣ ва кӯҳҳои Арденн, дар ҳавзаи дарёҳои Рейн, Маас ва Шелда (ҳудуди ҳозираи Белгия, Нидерланд, Люксембург ва қисми хурди Шимолу Шарқи Франсия). То асрҳои 14—15 мулкҳои феодалии …

Муфассал »

Нигористони Третяков

Нигористони Третяков, му­зеи калонтарини санъати русу советӣ дар Москва. Унвони Нигористони Третяков аз но­ми асосгузораш П. М. Третяков гирифта шудааст. Третяков бо мақсади ташкил намудани музеи санъати миллии дастраси умум аз с.оли 1856 ба ҷамъ овардани мусаввараҳо шурӯъ менамояд. Ӯ бештар асарҳои рассомони равияи демократиро ҷамъ мекард. Ин асарҳо ба …

Муфассал »

Нигористони Дрезден

Нигористони Дрезден, музеи осори санъати рассомӣ дар шаҳри Дрез­ден. Соли 1560 ба сифати қасри осори санъат таъсис ёфта, аз соли 1722 Нигористони Дрезден ҷой гирифтааст. Солҳои 1847—1856 ба­рои ин нигористон бинои махсус сохта шуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон бисёр намунаҳои осебдидаи осори санъати Нигористони Дрезденро ба СССР оварда, баъди тармиму …

Муфассал »

Нигерия

1

(Nigeria), Республи­каи Федеративии Нигерия (Federal Republic of Nigeria), давлатест дар Африкаи Ғарбй. Ба Иттиҳоди Британияи Кабир дохил аст. Дар Ғарб бо Бенин, дар Шимол бо Нигер, дар Шимол Шарқ бо Республикаи Чад, дар Шарқ ва Ҷанубу Шарқ бо Камерун ҳамсарҳад аст. Дар Ҷануб сарҳадҳои он то соҳилҳои халҷт Гвинеяи уқёнуси …

Муфассал »

Нефертити

0

Нефертити, маликаи Мисри Қадим (охири асри 15— аввали асри 14 то мелод), завҷаи Аменхотепи IV (Эхнатон). Зоҳиран дар гузаронидани ислоҳоти динии шавҳараш иштирок доштааст, ки пас аз он номи Нефер-Неферу-Атон («Ҳусну ҷамоли Атон беҳамтост»)- ро гирифт. Соли 1912 ҳангоми ҳафриёти археологӣ дар Ал-Аморна устохонаи ҳайкалтарош Тутмес ва муҷассамаҳои Нефертити ёфт …

Муфассал »

Нерон Клавдии Тсезар

0

Нерон Клавдии Тсезар (Claudi­us Caesar Nero) (37—68), императори Рим (аз соли 54) аз сулолаи Юлий Клавдийҳо. Солҳои аввал бо ризоияти сенат ҳукмронӣ карда, баъд сиёсати таъкиб ва мусодиракуниро пеш гирифт. Ҷавобан ба ин на танҳо аъёну ашрофи сенат, балки табақаҳои дигар низ ба муқобили ӯ хуруҷ карданд. Дар натича бисьёр …

Муфассал »

Неолит

0

Неолит (аз нео… ва lilhos — санг), асри нави санг, давраи охирини асри cанг. Неолит ҳазораҳои 10—4 то милодро дарбар мегирад. Дар территорияи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза ба хазораи 5—3 то милод тааллуқ дорад. Дар давраҳои аввали Неолит одамон аз лой зарфҳо сохта, дар оташ мепухтанд. Дар ин …

Муфассал »