СЕЛЕВК, номи якчанд шоҳони сулолаи Селевкиён. Асосгузори сулола Селевки I Никатор (яъне «Ғолиб»). У аз ашрофони мақдунӣ буда, ҳанӯз дар давраи юриши Искандари Мақдунӣ ба Шарқ ном бароварда буд. Баъди вафоти Искандар, ҳангоми тақсимоти сатрапияҳо дар байни лашкаркашон соли 321 то милод. Селевки I ҳокими Бобулистон шуд. Мод, Бохтар, Шушро …
Муфассал »Давлати Сомониён
Сарсилсилаи хонадони Сомониён- Сомон аслан аз вилояти Балх, ё худ атрофи Самарқанд ва ё аз Тирмиз буд. Ба тибқи маълумоте, ӯ дини исломро қабул карда, дар шахсияти ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ, ки намояндаи хилофати Араб буд, борои худ пуштибоне пайдо намуд ва аз ин сабаб ба аломати эҳтиром нисбат …
Муфассал »Абубакр Абдуллоҳ ибни Усмон
АБУБАКР Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Омир ибни Амру ибни Каъб ибни Саъд ибни Таям ибни Мурра (тақрибан соли 572/73, Макка – 23 8. 634, Мадина), нахустин халифа аз хулафои рошидин, тоҷири сарватманд ва бонуфузи Макка, дӯст ва аз ахли саҳобаи Паёмбар (с). Падараш Абуқаҳофа Усмон (вафот 645) ва модараш Уммулхайр …
Муфассал »Абдуррашиди Таттавӣ
Абдуррашиди Таттавӣ Сайид Абдуррашид ибни Абдулғафур ал-Хусайнӣ ал-Маданӣ ат-Таттавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони нимҷазираи Х,инду Покистон (асри 17). Дар шаҳри Таттаи иёлоти Ҳинди Покистон таваллуд ёфта ба камол расидааст. Абдуррашиди Таттавӣ замони салтанати Шоҳиҷахон (ҳукмронии 1627 – 58) ҳаёт ба cap бурдааст. Ба қалами Абдуррашиди Таттавӣ ду …
Муфассал »Абдуррашид ибни Маҳмуд
Абдуррашид ибни Маҳмуд (соли таваллуд номаълум – вафот 1058), амири Ғазнавиён (1050 -1058). Фармондеҳи сипоҳи Султон Масъуд буд. Ракибони аслии Fазнавиён дар замони ҳукумати Абдуррашид дар Ғарб салҷуқиён ва дар Шарқ қарохониён буданд. Солҳои ҳукумати Абдуррашид ба ҷанг бо салчукиён барои тасарруфи Систон ва манотики ғарби Афгонистон гузашт. Сиёсати хориҷии …
Муфассал »Абдурраҳмонхон
Абдурраҳмонхон (1844-1.10. 1901), амири Афғонистон (1880-1901), набераи амир Дӯстмуҳаммадхон. Солҳои 60 асри 19 ҳокими Тошкӯрғон буд. Барои тоҷу тахти Кобул бо амакзодаи худ Шералихон мубориза бурд. Соли 1869 шикаст хӯрда, ба Самарқанд омад ва ёздах сол истиқомат намуд. Баъди ҷанги дуюми байни Англия ва Афғонистон ба ватанаш баргашт, бо ёрии …
Муфассал »Абдурраҳмони Xоразмӣ
Абдурраҳмони Xоразмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1462), хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 15). Яке аз устодони маъруф ва муваффақи хати настаълик. Бештари умраш дар Шероз ва Бағдод гузаштааст. Чанде ҳам- роҳи писараш Абдурраҳим дар дарбори Яъқуб ибни Ҳасан Оққуюнлу (хукмронии 1478 – 90) хидмат кардааст. Аз рӯйи яке аз …
Муфассал »Абдурраҳмони Ӯротеппаӣ
Абдурраҳмони Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи дуюми асри 19). Дар гузари Чармгари Ӯротеппа дар оилаи Муҳаммадбой ном шахси олиму фозил ба дунё омад. Баъди дар зодгохаш соҳиби маълумоти ибтидоӣ гардидан, барои такмили дониш ба мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро меравад. Дар Мадраса Абдурраҳмон Ӯротеппаӣ, дар баробари …
Муфассал »Абрурраҳмони Танбӯри
Абрурраҳмони Танбӯри Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), оҳангсоз, сароянда ва навозандаи машҳури тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Самарқанд. Бино ба ахбори «Рисола дар баёни «Шашмақом» (1896) санъати овозхонию сознавозиро аввал дар зодгоҳаш фаро гирифта, барои такмили ҳунар ба Бухоро рафтааст. Дар он ҷо бо Қорӣ Каромати Дилкаш, Аҳмади Дониш ва …
Муфассал »Абдурраҳмони Суфӣ
Абдурраҳмони Суфӣ Абулҳусайн (Абулҳасан) Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Суфии Розӣ (8. 12. 903, Рай, Эрон – 25.5.986, Исфаҳон), мунаҷҷим ва чуғрофидони арабизабони форс- тоҷик. Солҳои 946 – 947 дар шаҳри Диновар (наздикии Кирмоншоҳ), солҳои 948 – 949 дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Абдурраҳмони Суфӣ тарғибкунандаи равияи …
Муфассал »