Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 172)

Теги: Шахсони машҳур

Нагибин Яков Дмитриевич

2

Нагибин Яков Дмитриевич (таваллудаш 6. 10. 1898, деҳаи Сергиополски вилояти Семиреченск, ҳозира pайони Аяузи вилояти Семипалатин­ски РСС Қазоқистон), агроном-селексио­нер, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1944), профессор (1944). Солиӣ1925 Университети давла­тии Осиёи Миёнаро хатм кард. Солҳои 1925—1929       ходими илмӣ, мудири шуъба, директор оид ба корҳои илмии Стансияи марказии селексионӣ (ҳоло Институти селексияи …

Муфассал »

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ

2

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Навҳа мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам дар замони таълифи тазкира барҳаёт будааст. Навҳа соҳиби хати хуб буда, бо китобат рӯз мегузаронид. Абёти боқимондаи шоир (дар тазкираву …

Муфассал »

Навъии Хабӯшонӣ

2

Навъии Хабӯшонӣ  Мулло Муҳаммадризо (1562/1563, шаҳри Хабӯшони Хуросон —1610/1611, шаҳри Бурҳонпур), шоири эронӣ. Аз оилаи савдогар (баъдтар шайхи бузург). Дар ҷавонӣ бо падараш ба Кошон сафар карда, шогирди Мавлоно Музрташами Кошонй мешавад. Сипае ҳамроҳи падар Ҳиндустонро саёҳат кар­да, муддате дар Гучарот муқим мегардад. Баъди баргаштан ба ватан дар Машҳад умр …

Муфассал »

Навуходоносори II

2

Навуходоносори II (соли таваллудаш номаълум — 562 то мелод), шоҳи Бобулистон (ҳукмрониаш 605—562 то мелод). Соли 607 фармондеҳи лашкари бобулиҳо шуда, баъди ба тахт нишастан соли 605 дар назди Кархемиш (Сурия) ба мисриён зарбаи ҳалокатовар расонд ва Сурияю Фаластинро ишғол намуд. Соли 601 ба Миср юриш ташкил кард. Дар задухӯрд …

Муфассал »

Наврӯзбеков Азизбек

Наврӯзбеков Азизбек (1897, шаҳри Хоруғ—феврали 1064, ҳамон ҷо), яке аз иштирокчиёни фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Со­вета дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1924. Солҳои 1912—1914 аробакаш, 1914—1918 коргари нақлиёти трамвай дар Тошкент. Соли 1917 Наврӯзбеков ҳамроҳи коргарони роҳи оҳан дар тайёр кардан ва ба …

Муфассал »

Навоӣ Низомуддин Алишер

2

Низомуддин Алишер (9. 2. 1441, Ҳирот — 3. 1. 1501, ҳамон ҷо), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ. Падари Н. Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. Ӯ чун ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр сӯҳбатҳо меорост. Навоӣ аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавку …

Муфассал »

Навил Кушур

2

Навил Кушур (1836, Али­гарҳ;—1895, ҳамон ҷо), муншӣ, рӯзноманигори ҳинду, муассиси чопхона, ношир ва тоҷири китобҳои шарқӣ. Забони модариаш урду. Дар оилаи муншӣ Ҷамна Дас таваллуд шуда, дар литсеи Агра ва донишкадаҳои Лоҳур таҳсил карда, забонҳои форсӣ ва арабиро омӯхтааст. Соли 1858 дар Лакҳнав чопхона ташкил карда, ба нашри маҷаллаи “Ауд …

Муфассал »

Навидии Турбатӣ

2

Навидии Турбатӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар асри 17 умр ба cap бурдааст. Тарҷеъбандаш дар ҳавҷи яке аз дарбориёни Байрамхон ӯро маълуму машҳур гардонида буд. Дар навъҳои гуногуни шеър ҳунарнамоӣ карда, ашъораш­ро дар девоне ҷамъ овардааст, вале он девон имрӯз дастрас нест.

Муфассал »

Навидии Куланг

2

Навидии Куланг (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1460), шоири форс-тоҷик. Дар Балх таваллуд ёфта, пас аз ба камол расидан қисмати зиёди умрашро дар Бухорову Са­марқанд гузаронидааст. Навидии Куланг шахси донишманд, табъаш хеле баланд будааст. Дар сӯҳбатороӣ, ҳозираҷавобӣ машҳур буд. Чанде ба яке аз шайхони тариқати суфия — Мавлоно Муҳаммадамини Зоҳир …

Муфассал »

Навбар Шоҳмуҳаммад

2

Навбар Шоҳмуҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 17 тоҷик. Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Навафлотун шоири сермаҳсул буда, ба қавли Малеҳо «дар ҳар боб таснифоту таълифот доштааст». Ашъори парокандаи шоир дар маҷмуа ва баёзҳои асрҳои 17 ва 18 ба назар ме- расанд. «Анис-ул-ушшоқ» ном достоне ба ӯ …

Муфассал »