Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 124)

Теги: Шахсони машҳур

Пастер Луи

paster-lui

Пастер (Pasteur) Луи (27. 12. 1822, Дол Юра —28. 9. 1895, Виль-нёв-л’Этан, назди Париж), микро­биолог ва химики франсавӣ, асосгузори микробиоло­гия ва иммунологияи ҳозира. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (1862) ва академияи тиб- бии Франсия (1873), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петер­бург (1893). Мак­таби олии нормалиро хатм кардааст (1847). Профессори Университетҳои Страс­бург (аз …

Муфассал »

Партвии Шерозӣ

Партвии Шерозӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1523), шоири форс-тоҷик. Аз ҷараёни зиндагиаш маълумоте дастрас нест. Партвии Шерозӣ муосир ва дӯсти Ҷалолуддини Давонӣ будааст. Пас аз вафоташ ӯро дар паҳлӯи қабри Шайх Саъдӣ ба хок супурдаанд. Партавии Шеолзӣ шоири тавоно буда, дар ғазалу маснави маҳорати хуб доштааст. Аз эҷодиёташ як …

Муфассал »

Пак Чи Вон

Пак Чи Вон (тахаллус Ё н а м; 5. 3. 1737, Сеул — 10. 12. 1805, ҳамон ҷо), нависанда ва мутафаккири Ко­рея, бузургтарин намояндаи ҳаракати сирхакиха (равияе дар афкори ҷамъиятии охирҳои асрҳои миёнаи Корея, ки бар зидди схоластикаи конфусиячигӣ тавассути тарғиби до­ниши ҳақиқӣ — сирхак мубориза мебурд). Аз оилаи ашрофи …

Муфассал »

Пак Тимофей Петрович

Пак Тимофей Петрович (1. 9. 1940, pайони Чирчиқи Болои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон—6. 6. 1982, Душанбе), вирусо­логи советӣ, доктори илмҳои тиб (1978). Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст (1965). Солҳои 1965—67 эпи­демиологи Стансияи са­нитарию эпидеми­ологии Ӯротеппа ва Саруправленияи санитарию эпиде­миологии Вазорати нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон буд. Солҳои1968—70 ҳодими …

Муфассал »

Пайравии Соваҷӣ

Пайрави Соваҷӣ Амирбек (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Пайрави Соваҷӣ аз мардуми шаҳри Соваи Эрон буда, пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо зиндгиву эҷод кардааст. Зоҳиран, бо дарбори хукмрони давр — Анбар робитае дошт. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Пайравии Соваҷӣ ғазалсарои бомаҳорате …

Муфассал »

Пайрав Отаҷон Сулаймонӣ

Пайрав (тахаллус; ном ва фамилияаш Отаҷон Сулаймонӣ; 15. 4. 1899, Бухоро — 9. 6. 1933. Самарқанд), шоири советии тоҷик. Аз оилаи савдогари калон. То соли 1911 дар .мактаби ибтидоии Бухо­ро, солҳои 1911—14 дар мадрасаи фор­сии Марв хонда, аз соли 1914 то 1916 дар назди муаллимони хусуси за­бони русӣ омӯхта, аз …

Муфассал »

Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат

paydoishi_oila_molikiyati_xususi_va_davlat

«Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» асари Фридрих Энгелс буда, бори аввал ба немисӣ соли 1884 ба табъ расидааст. Дар ин acap ҷамъияти инсонӣ аз худи зинаҳои аввали инкишофаш cap карда аз мавқеи диалектикию материалистӣ тахлил шуда, просесси заволи сохти – авлодӣ ва дар заминаи моликияти хусусm пайдо шуданb муносибатҳои …

Муфассал »

Пажду Зардушт

Пажду Зардушт ибни Баҳ­ром (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 13 форс-тоҷик. Дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки …

Муфассал »

Паганини Никколо

paganini_nikkolo

Паганини (Paganini) Никколо (27. 10. 1782, Генуя —27. 5. 1840, Нисса), скрипканавоз ва бастакори италиявӣ. Аз оилаи савдогар. Аз синнн 11-солагӣ дар консертҳо иштирок дошт. Аз соли 1797 дар Италия ва аз 1828 дар бисёр мамлакатҳои Европа баромад кардааст. Паганини яке аз асосгузорони романтизми мусиқист. Ӯ шунавандаро бо образҳои мусиқии …

Муфассал »

Павличко Дмитро Василевич

pavlichko_dmitro_vasilevich

Павличко Дмитро (Дмитрий) Василевич (таваллуд 28. 9. 1920. деҳаи Стопчатово, ҳозира райони Яблонои вилояти Ивано-Франковски Pеспубликаи Cоветии Cотсиалистии Украина), шоири советии Украин. Аъзои КПСС аз соли 1954. Университети Лвовро хатм кардааст (1953). Муаллифи маҷмғаҳои «Муҳаббат ва ғазаб» (1953), «Замини ман» (1955), «Риштаи сиёҳ» (1958), «Тундоб» (1959), «Дар посбонӣ» (1961), «Шохаи …

Муфассал »