Маълумоти охирин
Главная / Теги: Мусиқӣ (страница 3)

Теги: Мусиқӣ

СЕРЕНАДА

СЕРЕНАДА (франсавӣ Serenade, аз италиявӣ Serenata аз sera— шом), 1) сурудҳои ишқӣ дар васфи маъшуқа. Дар заминаи «сирена», «сурудҳои шомӣ»-и трубадурҳои провансалӣ пайдо шудааст. Одатан бо ҳамовозии мандолина, лютня ва гитара иҷро мегардид. Бо мурури замон Серенада ба опера роҳ ёфт («Дон Жуан»-и П. Моцарт, «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини) ва …

Муфассал »

Абдулқодири Гӯянда

Абдулқодири Гӯянда Хоҷа Камолуд дин (Низомуддин) ибни Райбӣ ибни Айнӣ (1376, деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон – 1435, Ҳирот), сароянда, навозанда, мусиқидон ва оҳангсози машҳури форсу тоҷик ва шарқ. Бино ба ахбори Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро»), Дарвешалии Ҷангӣ («Тӯҳфат-ус-сурур») ва Исфизорӣ («Равзат-ул- ҷиннот. ..») Абдулқодири Гӯянда бо шайх Саъдии Шерозӣ қаробати авлодӣ …

Муфассал »

Аббревиатура дар мусиқӣ

abbreviatura-dar-musiki

Аббревиатура дар мусиқӣ, мухтасар нишон додани нотаҳо, хатҳои иловагӣ ва ибораю ҷумлаҳои му­сиқӣ дар хати нотавӣ. Аббревиатура ҳангоми якчанд бор такрор ёфтани як шакли усул гузошта мешавад. Аббревиатура бештар ҳамчун муродифи аломатҳои сегно, реприза, фонус, волта ва мелизмҳо (форшлаг, группетто, мордент, морденти хаткашида, морденти дукарата, морденти дукаратаи хаткашида) истифода ме­шавад.

Муфассал »

МИЗОН

МИЗОН (ар.— тарозу) андозаи тактеъ дар мусиқӣ, ки хусусиятҳои зарбу усули онро мефаҳмонад. Мас., Мизони — (ду чорякӣ) ба он ишора менамояд, ки дар ҳар як тактеи оҳангӣ бо ин Мизон навохташаванда ду гурӯҳи зарбҳо мавҷуд бу­да, давомнокии ҳар яке аз онҳо баробари чоряки потаи бутун аст. Мизонҳои мусиқӣ гуногун …

Муфассал »

«МИЁНХОНА»

«МИЁНХОНА», миёнхат, қисмати мусиқист, ки дар шӯъбаи мақомҳо, оҳангу сурудҳои мукаммали халқӣ (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) истифода мешавад. Аслан дар байни усул омада, вазифаи «нақарот»-ро иҷро мекунад. Миёнхона одатан дар регистр (парда)-ҳои миёна вохӯрда, ҳангоми сурудан бо як ё ду мисраи шеър инро карда мешавад, Т. Шаҳобов.

Муфассал »

МИАТАЙН

МИАТАЙН (ар. си— дусад), яке аз усулҳои мусиқист. Миатайн дар ҷои 17-уми усули доира ҷойгир буда, дорои 50 зарби дойра, 5 сабаби хафиф ва 23 фосилаи сурро аст. Таснифоти нахустини Миатайнро дар сарчашмаҳои мусиқӣ ба Абдулқодири Мароғаӣ (Гӯянда), ки се навъи усули мусиқӣ — «Зарбулфатҳ», «Чорзарб» ва «Миатайн»-ро кашф кардааст, …

Муфассал »

«МУВАШШАҲ»

«МУВАШШАҲ», дар мусиқӣ як қатор оҳангҳоеро меноманд, ки асосан дар Андалусия (Марриб) аз замонҳои қадим машҳур гаштаанд. Аз ҷиҳати вазн ва мазмун Мувашшаҳ бештар ба мусиқӣ ва назми халқӣ наздик аст. Дар мақомҳои халқҳои Африкаи Шимолӣ Мувашшаҳ ҳамчун жанри сурудҳои шӯх маъмул мебошад. Аз ҷиҳати мавқеи композиционӣ Мувашшаҳ бо «Сарахбор»-и …

Муфассал »

«МУБАРҚАЪ»

«МУБАРҚАЪ» (ар. —бурқаъдор, пардадор, пинҳоншуда), яке аз шӯъбаҳои «Дувоздаҳмақом». Бо оҳанги махсус иҷро мешудааст. Бино ба маълумоти дастхатҳои қадим Мубарқаъ савте мебошад, ки пардаҳои он аз «Ҳусайнӣ» болотар ва аз «Аҷам» поёнтар мавқеъ доштааст. Мубарқаъ дар мусиқии имрӯза амал надорад. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Рисолаи мусиқӣ» нағмаҳои Мубарқаъро чунин эзоҳ медиҳад: …

Муфассал »

«МОҲРАВШАНОН»

«МОҲРАВШАНОН» Оҳанги қадимӣ мансуб ба мутрибаи номии давраи Сосониён—Моҳравшанон. 2) Шӯъбаи мусиқӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар таркиби шӯъбаҳои «Мухайяр», «Наврӯзи Сабо» ва «Нухуш» амал дорад.

Муфассал »

«МОҲ БАР КӮҲ»

«МОҲ БАР КӮҲ» 1) Оҳанги қадимии маросимӣ-мавсимӣ, ки дар асрҳои 5—6 м. тасниф шудааст. 2) Яке аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ. 3) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи мусиқӣ дар «Дувоздаҳмақом».

Муфассал »