Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҷараён (страница 2)

Теги: Ҷараён

СПИРИТИЗМ

spiritism

СПИРИТИЗМ (аз лотинӣ spiritis — ҷон, рӯҳ), ҷараёни ирфониест, ки пайравонаш ба мавҷудияти рӯҳ баъди марг ва бо амалияи махсус бо он «робита» пайдо кардан бовар мекунанд. Дар миёнаи асри 19 дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Пайравони Спиритизм дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Америка ҳастанд.

Муфассал »

СОЦИАЛ-ШОВИНИЗМ

socializm

СОЦИАЛ-ШОВИНИЗМ, ҷараёни оппортунистист дар ҳаракати байналхалқии коргарӣ; социал-шовинистон сиёсати таҷовузкоронаи буржуазияи мамлакати худро дастгирӣ мекунанд. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ қисми зиёди роҳбарони Интернационали 2-юм барои дастгирӣ намудани ҳукумати худ аз мавқеи Сосиал-шовинизм амал мекарданд.  

Муфассал »

СОЦИАЛИЗАЦИЯ

socialization

СОЦИАЛИЗАЦИЯ (аз лотинӣ socialis —ҷамоавӣ), ҷараёни маърифатӣ буда, аз дарки системаи муайяни донишҳо, нормаҳо ва сарватҳое иборат мебошад, ки барои аъзои комилҳуқуқи ҷамъият будани афрод имконият медиҳад; он ҳам таъсири мақсаднок ба шахсият (тарбия) ва ҳам процессҳои стихиявию ботинии ба ташаккули вай муассирро дар бар мегирад. Социализация бо сохти иҷтимоию …

Муфассал »

СОБЕИЯ

СОБЕИЯ (арабӣ  ҳафт, ҳафтум), ҷараёнест, ки аз Исмоилия ҷудо шуда, пайравонаш Муҳаммад ибни Исмоилро имоми охирин медонистанд. Баъди ӯ фақат имоми ҳафтум Маҳдиро қоиланд, ки гӯё қабл аз рӯзи қиёмат пайдо хоҳад шуд. Баъдтар дар ҳамин замина қарматия пайдо шудааст.

Муфассал »

СЛАВЯНОФИЛҲО

slavyanofili

СЛАВЯНОФИЛҲО, яке аз ҷараёнҳои афкори ҷамъиятии рус дар миёнаи асри 19, ки дар шароити кризиси крепостнойчигӣ ба вуҷуд омада буд. Славянофилҳо манфиатҳои помешикони буржуашударо ифода мекарданд, тарафдорони ислоҳоти буржуазӣ буданд, вале «назария»-и роҳи махсуси тараққиёти таърихии Россияро пешниҳод нардаанд. Онҳо мамлакати ба худ хос будани Россияро дар он медиданд, ки …

Муфассал »