ПУЛАКЧАПОЙҲО (Pygopodidae), як оилаи хазандаҳоеро гӯянд, ки ба қаторн калтакалосҳо мансубанд. Баданашон мормонанд (дарозиашон то 80 см) буда, пойҳои пешашон суст инкишоф ёфтаанд, пойҳои ақибашон бошанд, бо пулакча пӯшида шудаанд ва ба болҳои шиноварӣ монанданд. Думашон хеле дароз аст. 8 ҷинси Пулакчапойҳо, ки 30 намудро дар бар мегиранд, асосан дар …
Муфассал »ПУЛАКЧАДОРҲО
ПУЛАКЧАДОРҲО (Squamata), як зерсинфи (ё қатори) хазандаҳост, ки ба 3 қатор (ё зерқатор — калтакалосҳо, амфисбениҳо ва морҳо) ҷудо мешаванд. Устухони ҷоғи болояшон чортарка буда, бо косаи сарашон мутаҳаррикона пайваст шудааст. Баданашон бо пулакчаҳои шохии (номашон аз ҳамин ҷо), лавҳача ва доначаҳо пӯшида шудааст.
Муфассал »ПТЕРОДАКТИЛҲО
ПТЕРОДАКТИЛҲО (Pterodactylo- idei), қатори хазандаҳои мурдарафтаеро гӯянд, ки ба забарқатори калтакалосҳои парвозкунанда мансубанд. Птеродактилҳо дар давраҳои юра ва табошир зистаанд. Косахонаи сарашон хеле сабук буда, баъзан дандонҳои тоқа-тоқаи майда, боли васеи бақувват доштанд. Ҳангоми парвоз панҷаҳояшон қат мешуданд, то ки ба парвоз халал парасонанд. Думашон хеле кӯтод буд. Андозаашон гуногун …
Муфассал »ПРОКОЛОФОНҲО
ПРОКОЛОФОНҲО (Procolophonia), як навъ хазандаҳои мурдарафта аз синфи котилозаерҳо. Дар давраҳои ҳайвонҳои майдаи (дарозиашон қариб 0,5 м) калтакалосмонанд буданд. Онҳо ҳашароту баъзе нармбаданҳоро мехӯрданд. Косаи сарашон шакли секунҷа дошт. Калонии Никтифрурет косахонаи чашмашон далели он аст, ки эҳтимол онҳо тарзт ҳаёти шабона мегузаронданд. Боқимондаи Проколофонҳо дар ҳамаи қитъаҳо (ба ғайр аз …
Муфассал »ШУЛЛУК
ШУЛЛУК, зулу (Hirudinea).
Муфассал »СУСМОР
СУСМОР, сусморҳо (varanidae), як оилаи хазандаҳоро гӯянд. Танашон дарози пулакчадор буда, пойхояшон хело инкишоф ёфтаанд ва думашон дароз аст. Сарашон босипарчаҳо пӯшида шудааст. Дар хушкӣ чолокона медаванд. Сусмор ҷонвари дарранда буда, калтакалос, мор, ширхӯрҳои майда, чӯҷаи паррандаҳо, ҳашаротро мехӯрад. Сусмори хокистарранг (varanusgriseus) дар Африкаи Шимолӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, инчунин дар …
Муфассал »