МУШРИФ (арабӣ мудир, сардор), шахси соҳибмансаби дарбор, ки ҳамаи молу мулки амир ва аҳли дарбори онро ба ҳисоб мегирифт; 2) сар-котиби дафтархонаи подшоҳӣ, ки аз болои котибони ҳисобот назорат мекард; 3) нозир ба молу мулки девон; 4) амалдори идораи андоз.
Муфассал »МУТАВАЛЛӢ
МУТАВАЛЛӢ (арабӣ— сардор, тасарруф ва тақсимкунандаи вақф), васии мулк, даромад ва тақсимкунандаи вақф. Ба иҷора мондани заминҳои вақф, иҷрои корҳои хоҷагии он низ ба зиммаи Мутаваллӣ буд. Дар Мовароуннаҳр Мутаваллиҳо ба хоҷагиҳои калони феодалӣ ҳукмравоӣ менамуданд.
Муфассал »