МУХЧАЛОНӢ, як навъ ангури миёнсолӣ. Селексияи халқӣ. Асосан дар водии Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, инчунин вилоятҳои Тошкент, Самарқанд ва Фарғонаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 35— 40%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш калони 3 — 5-парра, мудаввар, гулаш дуҷинса, хӯшааш калону зичиаш миёна, 230— 730 грамм, баъзан то …
Муфассал »