Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адиб

Теги: Адиб

САФӢ Мавлоно Ҳусайни Воизи Кошифӣ

САФӢ Мавлоно Фахруддин Алӣ ибни Ҳусайни Воизи Кошифӣ (1463, Сабзавор—1532, Ҳирот), адиби форс- тоҷик. Дар Самарқанд зиндагӣ кардааст. Аз соли 1504 дар масҷиди ҷомеи Ҳирот ба ҷои падараш воизӣ мекард. Соли 1531 ҳангоми муҳосираи Ҳирот аа тарафи Убайдуллоҳхон як сол маҳбус буд. Баъди озод шудан аз ҳабсхона ба Гурҷистон рафт. …

Муфассал »

САОЛИБӢ Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоили Нишопурӣ

САОЛИБӢ Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоили Нишопурӣ (961, Нишопур —1038, ҳамон ҷо), олим ва адиби эронинажоди араб. Дар Нишопур таҳсил кардааст. Азбаски ба савдои пӯсти рӯбоҳ машғул шуда буд, ӯро Саолибӣ (саолиб ҷазираи саълаб, ки ба арабӣ рӯбоҳ аст) гуфтаанд. Саолибӣ бо роҳи тиҷорат ба нимҷазираи Арабистон, Испания, Ироқ, …

Муфассал »

САЛОҲУДДИНИ САЛҶУҚӢ

САЛОҲУДДИНИ САЛҶУҚӢ (1896, Ҳирот—1980, Кобул), адиби афғон, олим ва арбоби давлатӣ. Маълумоти ибтидоиро дар оилааш гирифтааст. Салоҳуддин муаллими мадрасаи «Ҳабибия» (1915—1918), му- дири маорифи шаҳри Ҳирот (1918—1920), муаллими адабиётя форсип лицеи «Истиқлол»-и Кобул (1921—1923), котиби идораи «Доруттаҳрир» (1924), мудири Шӯъбаи матбуоти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, консули Афғонистон дар Бамбай, консули …

Муфассал »

САИД АҲМАДХОН

САИД АҲМАДХОН (17. 9. 1817, Деҳлӣ—1898, Алигарх), адиби ҳинду, яке аз аввалин маорифпарварони пешқадами ҷамоаи мусулмонони Ҳиндустон. Таълими ибтидоиро дар назди модараш гирифта, забонҳои форсӣ ва арабиро аҳ ӯ омӯхт. Аз соли 1838 дар хидмати идораи адлияи Деҳлӣ буд. Саид Аҳмадхон сабаби асосии камбағалии мусулмонони Ҳнндустонро аз набудани илму адабиёти …

Муфассал »

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ – Фурсатуддавла

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ Сайид Мирзо Муҳаммад Насири Ҳусайнӣ, машҳур ба унвони Мирзо Оқо ва лақаби Фурсатуддавла (1854/55, Шероз—1921, ҳамон ҷо), шоир ва адиби эронӣ. Аҷдодаш аҳли завқу адаб ва аз ҳунармандону табибони машҳури Шероз буданд. Фурсати Шерозӣ ба шеъргӯӣ аз ҷавонӣ сар кард. Дар ин ҷода устодонаш Шайх Муфид ва падараш …

Муфассал »

ТУРСУНИ ФАРОИЗӢ

ТУРСУНИ ФАРОИЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), олим ва адиби тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми таҳсили улуми замона ба Бухоро омад ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Асарҳои зиёд дорад. Малеҳои Самарқандӣ чанд номгӯй таълифоти Турсуни Фарозиро зикр кардааст. Ба ин номгӯй боз «Шарҳи Фароизи …

Муфассал »

ТАВҲИДӢ Абӯҳайён Алӣ ибни Муҳаммад

ТАВҲИДӢ Абӯҳайён Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аббоси Шерозӣ (923—тақрибан 1010) файласуф, фақеҳ, адиб ва мутафаккири мутасаввиф. Дар сарчашмаҳо Муҳаммад ибни Аббоси Нишопурӣ низ ном бурдаанд. Тавҳидӣ шогирд ва дӯсти Абдсулаймони Мантиқист. Маълумоти ибтидоиро дар Бағдод гирифта, қисми зиёди умри худро дар он ҷо гузаронид. Дар муҳимтария осори Тавҳидӣ, ки то …

Муфассал »

ҚАТТОНИ МАРВАЗӢ

ҚАТТОНИ МАРВАЗӢ Айнуззамон Имом Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ (1072—1153), адиб ва табиби форс-тоҷик. Дар Марв зиндагӣ ва эҷод кардааст. Вай дар арӯз, тиб, нуҷум ва ғ. чанд рисола навиштааст. Вазнҳои 24-гонаи рубоӣ дар ду шаҷари — ахрабу аҳрам аз ҷумлаи ихрооти уст. Аксари адабиётшиносони форс-тоҷик, аз Шамси Қайсӣ Розӣ то …

Муфассал »

ҚАЛҚАШАНДӢ Абулаббос Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ

ҚАЛҚАШАНДӢ Абулаббос Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ (1355, қарияи Қалқашандаи            Қалюба — 1418, Қоҳира), адиб, муаррих, ва энциклопедисти араб (Миср). Дар Искандария таҳсил кардааст. Аз с. 1376 аз ҳадис ва фиқҳ дарс мегуфт. Дар бораи насаби қабилаҳои араб китобҳои «Ниҳоят-ул-адаб фӣ маърифат қабоил-ил-араб» ва «Қалоид-ул-ҷумон фит-таъриф фӣ қабоил араб-из-замон»-ро офарид. Асари …

Муфассал »

ШИМЪУНИ ҲОХОМ

ШИМЪУНИ ҲОХОМ, Шамъуни Ҳаким (1830—1909), адиб, тарҷумон, ношир. Аз яҳудиёни тоҷикзабони Осиёи Миёна. «Амнуну Томор» ном достони манзуму мансури халқиро ба вазни «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ аз забони ибрӣ ба тоҷикӣ гардонда, дар он инчунин аз достони Низомӣ иқтибосҳои зиёде овардааст. Ш. X,. асарҳои Шоҳини Шерозӣ («Ардашер ва Эстер», …

Муфассал »