Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шаҳр (страница 27)

Теги: Шаҳр

Шаҳри Ошур

Ошур шаҳре дар давлати Ошур (ҳозира димнаи Қалъат-Шарғат дар Ироқ). Қабатҳои маскун ба ҳазораи 4 то милод мутааллиқанд. Охири ҳазораи 3 — ибтидои ҳазораи 2 то милод Ошур шаҳр — давлат ва маркази калони маданӣ ва тиҷоратӣ будааст. Аз миёнаи ҳа­зораи 2 то милод пойтахти давлати Ошур. Соли 614 Ошурро …

Муфассал »

Шаҳри Ошогбо

shahri_oshogbo

Ошогбо (Oshogbo), шаҳрест дар Нигерия, дар штати Ғарбӣ, дар соҳили дарёи Отун. Аҳолиаш 282 ҳазор нафар (1975). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссе. Маркази калони ҷамъоварии қаҳва, меваи нахли равғандеҳ, пахта, тамоку. Корхонаҳои’коркарди тамоку ва пахтатозакунӣ дорад.

Муфассал »

Шаҳри Охунбобоев

Охунбобоев (то 1975 — поселкаи типпи шаҳри Сӯфиқишлоқ), шаҳр, маркази райони Ҷолақудуқ, вилояти Андиҷони Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон. Аз Охунбобоев то шаҳри Андиҷон 29 километр. Аҳолиаш 15 ҳазор нафар (1981). Дар шаҳр заводи пахта, идораҳои сохтмон, иттиҳодияи районии «Узселхозтехника», комбинати хизмати маишӣ, 5 мактаби ми­ёна, мактаби мусиқӣ, касалхонаю по­ликлиника ва …

Муфассал »

Оттава

ottava

Оттава (Ottawa), пойтахти Ка­нада. Дар соҳилҳои дарёи Оттава ва ка- нали Ридо, 72 метр баландтар аз соҳили баҳр воқеъ гаштааст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи июл 20,3° Селсия, январ— 11° Селсия. Боришоти соло­на 873 миллиметр. Аҳолиаш зиёда аз 300 ҳазор, бо атрофи шаҳр тақрибан 700 ҳазор нафар. (1980), асосан аҷдодони …

Муфассал »

Острава

ostrava

Острава (Ostrava), Моравска- Острава, шаҳрест дар Чехослова­кия, дар Республикаи Сотсиалистии Чехия, дар соҳили дарёи Одра (Одер). Маркази маъмурии вилояти Моравияи Шимолӣ. Аҳолиаш 317 ҳазор нафар (1976). Узели муҳими нақлиёт. Мар­кази ноҳияи асосии ангишту метал­лургияи мамлакат. Саноати ангишт, истеҳсоли кокс, коксу химия, химия, мошинсозии вазнин ривоҷ ёфтааст. Донишкадаҳои олии мошинсозӣ ва …

Муфассал »

Шаҳри Остин

shahri_ostin

Остин (Austin), шаҳрест дар ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка , маркази маъмурии штати Техас. Аҳолиаш 310 ҳазор наф.ар (1975; бо атрофи шаҳр 400 ҳазор нафар). Остин маркази муҳими тиҷорат ва саноат аст. Ра­диоаппаратураҳо ва барои тадқиқотҳои илмӣ ҳар гуна таҷҳизот истехсол мекунад. Дар Остин корхонаҳои саноати химия, хурокворӣ, мебел ва масолеҳи …

Муфассал »

Папеэте

papeete

Папеэте (Рарееtе), шаҳр, маркази маъмурии мулкҳои Франсия дар Уқенусия (Полинезияи Франсавӣ, расман территорияи он сӯи баҳр), дар ҷазираи Таити (ҷазираҳои Ҷамъият). Аҳолиаш 25,3 ҳазор нафар (1971). Бандари баҳрӣ (ба хориҷа копра, ванил, садаф, меваҳои тропикӣ мебарорад). 3аводҳои қанд ва собунпазӣ дорад. Аз баҳр марворид мегиранд. Маркази ту­ризм.

Муфассал »

Панҷакенти Қадим

panjakenti_kadim

Панҷакенти Қадим димнаи шаҳри ибтидои асрҳои миёна; 1,5 км ҷанубу шарқтари шаҳри ҳозираи Панҷакент воқеъ аст. Панҷакенти Қадим яке аз рустоҳои (районҳои) Суғд буд (асрҳои 7—8). Ҳар як русто, аз ҷумла Панҷакент марказ (шаҳри асосӣ), ҳоким ва отряди ҳарбӣ дошт. Аз хусуси Панҷакент Қадим дар асрҳои 7—8 Та­барӣ маълумот дода, …

Муфассал »

Шаҳри Панҷакент

shahri_panjakent

Панҷакент, шаҳр (то 1953 — птш), маркази маъмурии райони Панҷакенти вилояти Ленинобод. 68 км шарқтари шаҳри Самарқанд, дар соҳили чапи дарёи Зарафшои воқеъ аст. Баландиаш аз соҳили баҳр 930 м, Ҳарорати миёнаи январӣ —1 °, июл 25,6° С. Боришоти солона 325 мм. Аҳолиаш 17000 нафар (1976). Роҳҳои автомобилгард Панҷакентро бо …

Муфассал »

Шаҳри Панҷ

shahri-panj

Панҷ, шаҳр, маркази маъмурии райони Панҷи вилояти Қурғонтеппа. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар баландии 360 м аз соҳили баҳр воқеъ гаштааст. Иқли­маш субтропикии хушк; ҳарорати миёнаи январи 1° С, июл 29,2° С, боришоти солона 300 мм. Панҷ бо шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ …

Муфассал »