Маълумоти охирин
Главная / Теги: Мутафаккир

Теги: Мутафаккир

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

sadi

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. Бо номҳои Ш а й х Саъдӣ, Саъдии Шерозӣ машҳур аст. Падари Саъдӣ Мушрифи Шерозӣ, ба қавли худи шоир, олим ва арбоби дин буда, бо он музде, ки аз давлат мегирифт, осоиши оилаашро таъмии мекард. …

Муфассал »

РӮЗБЕҲОН Абӯмуҳаммад ибни Абунасри Шерозӣ

РӮЗБЕҲОН Абӯмуҳаммад ибни Абунасри Шерозӣ (1129, Шероз—1213, ҳамон ҷо), мутафаккири мутасаввиф ва шоири форс-тоҷик, аз хонадони ҳайламиён. Ӯро Фасои ё Бақлӣ низ гӯянд. Рӯзбеҳон улуми адабро дар назди олимони намоён Фахруддини Марям ва Алӣ ибни Муҳаммади Табрезӣ омӯхтааст. Дар тариқати сӯфия муриди Сироҷуддин Халифа буд. Ба Рӯзбеҳон зиёда аз 60 …

Муфассал »

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абулҳафз Умар

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абулҳафз Умар ибни Муҳаммад, мулаққаб ба Шайхулислом (1144, Сӯҳраварди Эрон—1234, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузорони Сӯҳравардия. Дар Бағдод дар назди амаки худ Абӯнаҷиб Абдуллоҳи Сӯҳравардӣ улуми расмию шаръӣ ва тариқати сӯфияро омӯхт. Сӯҳравардӣ дар охири умраш ба ориф ва шоири маъруфи Миср Ибни Форис вохӯрд, бо Ибни …

Муфассал »

СӮҲРАВАРДӢ Абӯнаҷиб Абдулқодир ибни Абдуллоҳ

СӮҲРАВАРДӢ Абӯнаҷиб Абдулқодир ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба Зиёуддин (1097, Сӯҳраварди Эрон—1167 Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузорони силсилаи Сӯҳравардия. Дар ҷавонӣ ба Бағдод омад. Баъди касби улуми расмӣ фиқҳи шофеиро аз Асадии Миҳонӣ омӯхта, муддате дар мадрасаи Низомия мударрис шуд. Аҳмади Ғазолиро дар тариқат муршиди худ медонад. Муддате дар Димишқ …

Муфассал »

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ (тав. тақр. 1021—с. ваф. номаълум), шоир, олим ва мутафаккири туркзабони Осиёи Миёна. Дар Қошғар таҳсил намуда, ба камол расидааст. Ю. Б. муаллифи яке аз қадимтарин осорӣ адабиёти халқҳои туркзабони Осиёи Мнёна — достони «Қутадғу би-лик» («Китоби бахт», таълифаш 1069, ба забони уйғурии давраи Қарахониён) мебошад. Ӯ нахустин шоирест, …

Муфассал »

ШВЕЙЦЕР Альберт

albert-schweitzer

ШВЕЙЦЕР (Schweitzer) Альберт (14. 1. 1875, Кайэерсберг, Эльзас — 4. 9. 1965, Ламбарене (Габон)], мутафаккири немису франсавӣ; илоҳиётшинос, духтур, мусиқишинос; бо баромадҳои зиддиҷангиаш машҳур шудааст. Лауреати Мукофоти Франкфурти Гёте (1928) ва Мукофоти нобелии сулҳ (1952). Швейцер оид ба масъалаҳои назарияи ахлоқ ва таърихи тамаддун (дин, мусиқӣ ва ғ.) кор кардааст. …

Муфассал »

ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

shamsi-tabrezi

ШАМСИ ТАБРЕЗӢ Шамсуддини Муҳаммад ибни Алӣ нбни Маликдод (1188, Табрез —1248). ориф ва мутафаккири форс-тоҷик. Аз ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуд. Сипас ба мусофират баромада, дар сафарҳои тулониаш бо бузургону пешвоёни маънавии шаҳру кишварҳо вохурд ва бо таълимоташон ошно шуд. Шамси Табрезӣ қоидаҳову расмияти масҷиду хонақоҳро риоят намекард, ба шайхони …

Муфассал »

ЧЕРНЫШЕВСКИЙ Николай Гаврилович

chernishevskiy-n

ЧЕРНЫШЕВСКИЙ Николай Гаврилович (24. 7. 1828, Саратов —29. 10. 1889, ҳамон ҷо), революционер, мутафаккир, нависанда, иқтисодчӣ ва файласуфи рус. Аз оилаи рӯҳонӣ. Шӯъбаи таъриху филологияи Унивеситети Петербургро хатм кардааст (1850). Ҷаҳонбинии Чернышевсикй дар солҳои студентиаш зимни таҳлили ҳаёти крепостноии Россия ва Революцияи 1848—49-и Европа ташаккул ёфтааст. Бо инкишофи минбаъдаи афкори …

Муфассал »

ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ

amir-xusravi-dehlavi

ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ Яминуддин Абулҳасан Амир (1253, ш. Патёлии соҳили дарёи Ганг — 27. 9. 1325, Деҳлӣ), шоир ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон. Падари ў Сайфуддин Маҳмуд бо оилааш дар арафаи истилои муғул аз ш. Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) ба Ҳиндустон фирор кард. Xусрави Деҳлавӣ дар 20-солагӣ таҳсили илмҳои расмии замонашро ба поён …

Муфассал »