МОДЕЛ (франс. modele, итал. тоdello ва лот. modulus — ченак, меъёр, намуна), 1) намунаест, ки аз рӯи он ягон ашёро (автомобил, либос ва ғ.) ба миқдори зиёд истеҳсол мекунанд, навъ, дараҷа (марка)-и ягон маснуот ё конструкцияро низ Модел меноманд. 2) Маснуоти чӯбӣ, гилӣ, мумӣ, гаҷӣ ва ғ-ро гӯянд, ки аз …
Муфассал »МОДЕЛ
МОДЕЛ, номи умумии якчанд намуди пиёзи худрӯи калонбарг (А. oltissimum, A. elatum, A. giganteum, A. karatavianse, A. rosenbachianum, 2stipitatum); барги пиёзҳои худрӯи номбурда, ки ҳамчун хӯриш ва дар таом истифода мекунанд. Модел барги калони нештаршакл ё тасмамонанди сабз ё баъзан ашхабӣ (диаметраш 2—10 см) дорад. Моделро ба ҳар гуна таом …
Муфассал »МОДДАҲОИ ТАРКАНДА
МОДДАҲОИ ТАРКАНДА, пайвастҳои химиявӣ ё омехтаи моддаҳоеро гӯянд, ки қобиланд тез ба реакцияҳои химиявӣ дохил шуда, гармии зиёд ва газ хориҷ кунанд. Ин реакцияҳо дар ин ё он нуқта аз гармӣ, зарба, соиш, таркиши дигар моддаҳои тарканда ва ғ. ба вуҷуд меоянд. Суръати сӯзиши Моддаҳои тарканда гуногун буда, аз якчанд …
Муфассал »МОДДАҲОИ ОРГАНИКИИ ХОК
МОДДАҲОИ ОРГАНИКИИ ХОК, маҷмӯи пайвастҳои органикии хок. Яке аз фарқҳои асосии хок аз ҷинсҳои кӯҳӣ дар ин аст, ки хок моддаҳои органикӣ дорад. Моддаҳои органикии хок, ки дар ҷараёни вайроншавии ҷисми набототу ҳайвонот ҳосил мегардад, муҳимтарин азнав мубодилаи моддаҳои табиати зинда ва ғайризинда мебошад. Миқдори Моддаҳои органикии хок ва сохти …
Муфассал »МОДДАИ ТАЪРИХ
МОДДАИ ТАЪРИХ калима, ибора, мисраъ ё байте, ки аз он ба ҳисоби абҷад санаи воқеае берун меояд. Шоири асри 15 форс-тоҷик Мактабии Шерозӣ таърихи итмоми «Лайлӣ ва Маҷнун»-и худро ин тавр баён кардааст: Чун Мактаби ин китоб бикшуд, Таърих «китоби Мактабӣ» буд. Моддаи таърих ибораи «китоби Мактабӣ» мебошад, ки агар …
Муфассал »МОДДА
МОДДА (ар. — чиз, асл, модият), як навъ материяро гӯянд, ки бар хилофи майдони физики массаи сокин дорад (ниг. Масса). Модда дар ниҳояти кор ва аз зарбаҳои элементарии (асосан аз электронҳо, протонҳо, нейтронҳо) иборат аст, ки массаи сокини онҳо ба сифр баробар нест. Дар физикаи классикӣ Модда ва майдони физикӣ …
Муфассал »МОДАРШОҲӢ
МОДАРШОҲӢ, яке аз шаклҳои сохти ҷамъиятии давраи таназзули ҷамоаи авлодӣ ва гузариш ба ҷамъияти синфӣ. Аломатҳои махсуси Модаршоҳӣ: афзалияти мавқеи зан дар ҷамъият, аз тарафи зан ба хешу табор мерос гузоштани молу мулк ва вазифа, барои иқомат ба манзили зан омадани шавҳар ва ғ. Давраи Модаршоҳиро бори аввал муарриху ҳуқуқшиноси …
Муфассал »МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД
МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД, модароне, ки 3 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранду қонунгузории СССР барои онҳо имтиёзоти муайян муқаррар кардааст. Аз соли 1981 cap карда ба занҳои коркуне, ки 2 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранд, то 12-солагиашон ба онҳо: а) отпуски 3-рӯзаи иловагии музднок дода мешавад, ба шарте, …
Муфассал »МОДАРАНДАР
МОДАРАНДАР, моиндар, модари угай, зани падар, Мувофиқи ҳуқуқи советӣ Модарандар ӯҳдадор аст, ки писару духтарони угай ноболиғ ва болиғи ғайри «қобили меҳнат»-ро, ки дар тарбия ё таъмини ӯ мебошанд ва падару модар надоранд ё барои таъмини худ аз падару модарашон ба таври кофӣ маблағ гирифта наметавонанд, таъмин карда истад. Дар …
Муфассал »МОДАЛИЯТ
МОДАЛИЯТ (аз лот. modus — меъёр, тарз, восита),дар забоншиносӣ, категорияест, ки муносибати гӯяндаро нисбат ба мазмуни фикри гуфташуда, муносибати мундариҷаи фикри гуфташударо ба воқеият ифода менамояд. Модалият маъноҳои тасдиқу инкор, фармону хоҳишмандӣ, илтимос, ризоӣ ва ғ-ро ифода мекунад. Модалият барои возеҳии баёнот аҳамияти муҳимеро дорост. Тобишҳои модалӣ тавассути сиғаҳои феълӣ …
Муфассал »