Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 21)

Теги: гуногун

МОНИЗМ

МОНИЗМ (аз юн. monos — як, ягона), тарзи баррасии гуногуншаклии ҳодисаҳои олам дар асоси як мабдаъ, як замина («ҷавҳар»)-и кулли мавҷудот ва таҳияи назарияи онон дар шакли инкишофи мантиқан пай дар пай қазияи ибтидоӣ. Аз ин рӯ, дуализм (ду мабдаи мустақилро эътироф мекунад) ва плюрализм (сершумории мабдаҳоро эътироф мекунад) зидди …

Муфассал »

МОНАРХИЯ

monarhiya

МОНАРХИЯ (аз юн. monarchia — яккаҳукмронӣ, яккаҳокимиятӣ), дар давлатҳои истисморгар шакли ҳукмроние, ки ҳокимияти олии давлатӣ расман (пурра ё қисман) дар дасти сардори ягонаи давлат — монарх мебошад. Ин шакли идоракунӣ дар ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ вуҷуд дошта, алҳол дар як қатор давлатҳои буржуазӣ низ дида мешавад. Дар давлатҳои ғуломдорӣ …

Муфассал »

МОНАКО

monako-poytakht

МОНАКО (Monaco), пойтахти князии Монако, байдар ва курорт дар соҳили баҳри Миёназамин. Аҳолиаш тақрибан 10 ҳазор нафар (1979). Қасри князь (а-док 13—19) маркази таърихии Монако мебошад. Дар Монако Музеи уқёнусшиносӣ (таъсисаш 1899) ва аквариум, Китобхонаи музеи уқёнусшиносӣ, Музеи антропологии пеш аз таърих, Бюрои байналхалқии гидрограф» мавҷуданд. Монако— ҷои туризм.

Муфассал »

МОМИРАК

МОМИРАК. деҳаест дар С. қ. Балхобии районн Ленинград, вилояти Кӯлоб. Терр. совхози «Тебалай». Аз Момирак то маркази С. қ. 7 км, то район 35 км. Аҳолиаш 630 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактабн миёна, китобхона, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — асосан чорводорӣ, ғаллакорӣ (ҷав, гандум, сулӣ) ва кирмакдорӣ.

Муфассал »

МОМАНДИЁН

МОМАНДИЁН, деҳаест дар С. қ Кулчашмаи район Ленинград, вилояти Кӯлоб. Терр. совхози «Мӯъминобод-1». Аз Момандиён то маркази С қ. 4 км, то район 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 545 нафар (1981), тоҷикон. Момандиён мактаби 8-сола, пункти тиббӣ, фермаи говпарварӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ — ғаллакорӣ, чорво ва кирмакдорӣ. …

Муфассал »

МОЛХОНА

МОЛХОНА, бино барои чорво. Дар Молхона асосан чорвои калони шохдорро баста ё набаста парвариш мекунанд. Молхонае, ки дар он чорвои калони шохдорро баста парвариш мекунанд, 2 (расм), 4 ва 6-қатора мешавад. Дар Молхонаи 2-қатори оғилро қатор сохта, бо роҳравҳои барашон 1,5-метра ба секцияҳо ҷудо мекунанд (расм, в). Аз роҳрави миёна, …

Муфассал »

МОЛУККА

molukka-jazira

МОЛУККА (Ҷазираҳои Молукка), гурӯҳи ҷазираҳо дар қисми шарқии галаҷазираи Малай, дар Индонезия, байни ҷазираҳои Сулавеси ва Гвинеяи Нав. Масоҳати 83,7 ҳазор км2. Аҳолиаш қариб 1 млн нафар (1971). Ҳавзаҳои калонтаринаш: Хальмахера, Серам, Буру. Рельефи ҷазираҳои кӯҳӣ (нуқтаи баландтаринаш 3019 м—к. Биная дар ҷазираи Серам). Вулқонаш бисёр (10-тоаш амалкунанда). Зуд-зуд зилзила …

Муфассал »

МОЛУ МУЛК

МОЛУ МУЛК дар ҳуқуқ 1) маҷмӯи ашё ва сарватҳои моддӣ, ки дар ихтиёри ягон шахс аст; 2) маҷмӯи ашё ва ҳуқуқи моликият барои гирифтани онҳо аз шахсони дигар; 3) маҷмӯи ашё ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулки ба шахси муайян тааллуқдор. Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангалҳо, заводҳо, фабрикаҳо, шахтаҳо, конҳо, стансияҳои …

Муфассал »

МОЛОДЕЖНАЯ

molodyojnaya

МОЛОДЕЖНАЯ, маркази метеорологии советӣ дар Антарктида. Дар Замини Эндербӣ (67°40 а. ҷ — 45-50′ т. ш.), дар соҳили Антарктидаи Шарқӣ воқеъ гаштааст. Аз 14 январи 1963 мунтазам кор мекунад. Аа соли 1971— базаи асосии экспедицияи Антарктида. Дар ин ҷо зиёда аз 70 иншоот (лабораторияҳои илмӣ, маркази радио, стансияи электрӣ ва …

Муфассал »

«МОЛОДАЯ ГВАРДИЯ»

molodaya-gvardiya

«МОЛОДАЯ ГВАРДИЯ», ташкили пиҳонкории комсомолӣ, ки соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) дар ш. Краснодон» вилояти Ворошиловград дар давраи Донбассро мувққатан ишғол намудани фашистони истилогар амал мекард. Ниг. Гвардияи ҷавон.

Муфассал »