Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАДОХУЛИ ДИЭЛЕКТРӢ

ТАДОХУЛИ ДИЭЛЕКТРӢ

ТАДОХУЛИ ДИЭЛЕКТРӢ, бузургии физикиест, ки хосиятҳои диалектрии муҳит, яъне реаксияи муҳитро ба таъсири майдони электрӣ ифода мекунад. Дар ифодаи D = Е (Е — шиддатнокии майдони электри, D — индукcияи электрии муҳит). Тадохули диэлктри коеффисианти мутаносибист ( ). Тадохули диэлктри аксар диэлектриҳо дар мавриди на он қадар пурқувват будани майдон ба шиддатнокии электрии майдон Е вобаста нест. Дар майдонҳои электрии пурқувват, дар баъзе диэлектрикҳо (масалан сегнетоэлектрикҳо) бошад, дар майдонҳои муқаррарӣ ҳам вобастагии D ба Е ғайрихаттист. Бузургии тадохули диалектрӣ ба навъи модда ва шароити беруна (ҳарорат, фишор ва ҒАЙРА) сахт вобаста аст. Дар майдонҳои электрии тағйирёбанда тадохули диалектрӣ ба басомади майдон вобаста аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …