«ТАБАҚОТ-УС-СУФИЯ» асари мутафаккири мутасаввифи форс-тоҷик Абдурраҳмон Муҳаммад ибни Ҳусайни Суламиот (асри 10). Ба забони арабӣ навишта шуда, аа маъхазҳои муҳими таърихи тассаввуф ба шумор меравад. Дар «Табақот-ус-суфия» тарҷумаи ҳол ва гуфтору шатҳиёти бисёр матаоихи маъруфи сӯфия, иичушга назари мутасаввифон дар борап бисьёр масъалаҳои баҳсноки тасаввуф оиарда шудаанд. «Табақот-ус-суфия» аз ахбор ва нақли панҷ табақаи сӯфия (аз Фозил ибни Айёз то Муҳаммад ибни Абдулхолнқи Дайнурӣ, ҷамъан 103 нафар) иборат аст. Дар он мухтасари тарҷумаи ҳоли онҳо низ дарҷ шудааст.
Абдуллоҳи Ансорӣ, Фаридуддини Аттор. Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳангоми таълифи асарҳояшон аз «Табақот-ус-суфия» истифода кардаанд. К. Олимов.
Tags асар
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …