ТАБАҚАИ ИҶТИМОӢ, як гурӯҳи мобайнӣ ё худ муваққатии ҷамъиятист, ки хамаи аломатҳои синфро надорад. Масалан, интеллигенсия ё як қисми ягон синф, ки баъзе хусусиятҳои фарқкунанда дорад. Чунончи, коргарони баландихтисос ва беихтисос (нигаред Синфи коргар, Синфи Буржуазия). Марксизм-ленинизм мафҳуми синфро асоси тасаввуроти илмӣ дар бораи таркиби иҷтимоии ҷамъияти синфӣ дониста, категорияи табақаиро ба он тобеъ медонад. Як қатор намояндагони сосиологияи ғайримарксистӣтабақаи иҷтимоиро мафхуми асосӣ қаламдод мекунанд.