«ТАЪРИХИ ТУРКИСТОН» китобест доир ба таърихи хонии Хӯқанд. Таълифи Мулло Олим Махдумхоҷаи Тошкандӣ, аз 2 қисм иборат. Китоб таърихи аз аморати Бухоро ҷудо шудани хонии Хӯқанд ва бо сардории Шоҳрух ташкил ёфтани хонии нав, ба Россия ҳамроҳ шудани хонӣ, таърихи хонҳои Хӯқанд, ҷангҳои дуру дарози онҳо, муносибати байни аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд, муносибати хонии Хӯқанд бо Россия ва ғайраро муфассал дар бар мегирад. Дар асар доир ба норозигии оммаи халқ аз бою амалдорон, шӯришҳои халқи маълумотҳои зиёде мавҷуданд. Дар «Таърихи Туркистон» доир ба мансабҳои замони хонии Хӯқалд (мингбошӣ, қушбегӣ, парвоначӣ, шиғовул, ноиб, атолиқ, додхоҳ, меҳтарбошӣ, шарбатдор, дастархончӣ, хазинадор, маҳрамбоши, понсадбошӣ, тӯқсабо, девонбегӣ, мирзобошӣ, саркор, мирохӯр, юзбошӣ, баковулбошӣ, даҳбошӣ, қозикалон, қозӣ — аскар, аълам, муфтӣ, мударрис, шайхулислом, шайхулмашоих ва ғайра) ва анъанаҳои этнографӣ маълумотҳо фаровонанд. Асар соли 1915 дар Тошкент чоп шудааст. «Таърихи Туркистон барои омӯхтани таърихи хонии Хӯқанд сарчашмаи муфиде мебошад.