«ТАЪРИХИ ШОХРУХӢ» «асафи Муллониёзмуҳаммад, ки ба таърихи Хонии Хӯқанд (1709—1910) оид буда, воқеаҳои то соли 70-уми асри 19-ро дар бар мегирад. «Таърихи Шоҳрухӣ» дар дохили матни «Таворихи Шоҳрухия» (ба номи Шоҳрухбий — асосгузори Хонии Хуқанд), дар сарсухани баъзе нусхаҳо «Таърихи Саидмуҳаммад Худоёрхон» номида шудааст. Китоб ба забони тоҷикӣ навишта шуда, бисёр шеърхои тоҷикӣ ва ӯзбекиро дар бар гирифтааст. Дар асар воқеаҳои аср 18 ва аввали асри 19 гирд оварда шудаанд. Дар айни ҳол муаллифи ёддоштҳои муаллифи «Мунтахаб уттаворих»-иМуҳаммадҳакимхон истифода бурдааст. Муаллиф таърихи баъзе воқеаҳоро нодуруст нишон дода бошад ҳам, дар асар маълумотҳои нодире мавҷуданд, ки дар дигар маъхазҳои таърихӣ дучор намешаванд. Махсусан воқеаҳое, ки худи муаллиф шоҳиди онҳо буд, хеле шавқовар тасвир шудаанд. «Таърихи Шоҳрухӣ»- ро Н. Н. Пантусов соли 1885 дар нашри Қазон нашр карда буд.
Адабиёт: Бартольд В. В.. Туаемец о русском завоевании, Сочинение, том 2, ч. 2, Москва, 1964. А. Мухторов.
Tags асар
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …