«ТАЗКИРАТ-УН-НИСО» тазкираест, ки олим, шоир ва ходими давлатии Афғонистон қозӣ Мулло Муҳаммадсиддиқ Охунзодаи Ҳиравӣ (таваллуд 1867) соли 1904 таълиф кардааст. «Тазкират-ун-нисо» тазкираи умумиест дар шарҳи ҳол ва фаъолияти эҷодии 140 шоираи араб ва форс-тоҷик, ки аз давраҳои қадим то замони таълифи тазкира зистаанд. Баробари маълумоти тарҷумаиҳолӣ муаллиф аз осори шоираҳо намуна овардааст.
С. Алиев.
Tags тазкира
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …