Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШАББУСИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ТАШАББУСИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ТАШАББУСИ ҚОНУНГУЗОРӢ, ҳуқуқи ба муҳокимаи органи қонунбарор пешниҳод кардани лоиҳаи қонунро гӯянд, ки он органҳои мазкурро ба муҳокимаи лоиҳаи қонун вазифадор мекунад ва мувофиқи он қарор мебарорад. Ташаббуси қонунгузорӣ марҳилаи аввали просеоси қонунгузорист.

sys-hukuk

Ҳуқуқи Ташаббуси қонунгузориро одатан конститусияҳо ё дигар актҳои қонунгузорӣ (муайян мекунанд. Дар СССР ҳар ду палатаи Совети Олии СССР, Президиуми Совети Олии СССР, Совети Вазирони СССР, республикаҳои иттифоқӣ дар симои органҳои олии ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои ҳар ду палатаи Совети Олии СССР ва комиссияҳои доимии палатаҳои он, депутатҳои Совети Олии СССР, Суди олии СССР, Прокурори- генералии СССР ҳуқуқи Ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Аз чунин ҳуқуқ ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар смои органҳои умумииттифоқӣ (масалан, Иттифоқҳои касабаи СССРдар симои ВЦСПС) низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …