ТЕППАИ ҒОЗИЁН, қароргоҳи неолитиест мамсуб ба маданияти Ҳисор, ки дар суфаи баланди соҳили рости дарёи Хонақоҳ воқеъ бувад (ҳазораҳаи 5—3 то мелод). Ёдгориро солҳои 1948, 1954 А. П. Окладников кашф ва тадқиқ намуд. Суфа аз сатҳи дарё 50 м баланд буда, аз шағал аллювиалӣ иборат аст. Сатҳи майдане, ки дар он одам аз санг олот месохт, якчяд км2 аст. Олатҳо асосан аз қайроқсангҳои сиёҳи суфта сохта шудаанд. 100 намунаи олоти сангӣ ба даст омад. Асбобҳои сафолӣ ёфт нашудаанд. Бозёфтҳои Теппаи Ғозиён асосан аз парахасангҳо иборатанд, ки 68-тои он ба даст омад. Дар байни бозёфтҳо олати нуклеусшакл, дағали нӯгтез, инчунин олати дағали хашавмонанд ҳаст. Қайроқсангҳои суфтаи нӯгашон серсурох ёфт шудаанд. Бо ин қайроқсангҳо аз санг олот месохтаанд, решаҳои хӯрданибоб, хӯшаҳо ва рангҳои минералиро майда мекардаанд. А. П. Окладников дар натиҷаи муайян кардани хусусияти умумии бошишгоҳ аз бозёфтҳо тахмин менамояд, ки аҳолии таҳҷоӣ асосан бо чорводорӣ ва зироат машғул буд. А. Г. Амосова.
Tags Ёдгории таърихӣ
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …