Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕППАИ ГОЗИЁН

ТЕППАИ ГОЗИЁН

ТЕППАИ ГОЗИЁН, кароргохи неолитиест мамсуб ба маданияти Хисор, ки дар суфаи баланди сохили рости дарёи Хонакох вокеъ бувад (хазорахаи 5—3 то мелод). Ёдгориро солхои 1948, 1954 А. П. Окладников кашф ва тадкик намуд. Суфа аз сатхи дарё 50 м баланд буда, аз шагал аллювиали иборат аст. Сатхи майдане,          ки дар он одам аз санг олот месохт, якчяд км2 аст. Олатхо асосан аз кайроксангхои сиёхи суфта сохта шудаанд. 100 намунаи олоти санги ба даст омад. Асбобхои сафоли ёфт нашудаанд. Бозёфтхои Теппаи Гозиён асосан аз парахасангхо иборатанд, ки 68-тои он ба даст омад. Дар байни бозёфтхо олати нуклеусшакл, дагали нугтез, инчунин олати дагали хашавмонанд хаст. Кайроксангхои суфтаи нугашон серсурох ёфт шудаанд. Бо ин кайроксангхо аз санг олот месохтаанд, решахои хурданибоб, хушахо ва рангхои минералиро майда мекардаанд. А. П. Окладников дар натичаи муайян кардани хусусияти умумии бошишгох аз бозёфтхо тахмин менамояд, ки ахолии тахчои асосан бо чорводори ва зироат машгул буд. А. Г. Амосова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.