Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЮАН-ЦЗАН

СЮАН-ЦЗАН

250px-monah_xuanzang

СЮАН-ЦЗАН (тақрибан 600-664), сайёҳи хитои, роҳиби буддоия. Солҳои 629—645 ба Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ, инчунин Ҳиндустон сафар кардааст. Баъди ба ватан баргаштан хотироти худро бо номи «Да Тай си юй цзи» («Хотироти Мағрибзамин») (648) нашр намуд. Дар асер оид ба кишварҳою халқҳои гуногуни Осиён Миёна, аз ҷумла ҳайтолиён, суғдиён, тахористониён ва забону алифбои онҳо, ҳамчунин шаҳрҳои Самарқанд, Тирмиз, пешаву ҳунар ва тарзи зиндагии мардуми ин ҷойҳо маълумот додааст. Дар асар роҷеъ ба география, этнография ва таърихи кишварҳои дигари Осиёи Миёнаю Марказӣ (Чағониён, Хуталон, Бадахшон), Ҳиндустон низ маълумоти пурарзиш мавҷуд аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …