СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МИËНА, системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Миёна, маҷмӯи системаҳои энергетикии РСС Тоҷикистон (ғайр аз ВАБК), РСС Туркистон, РСС Ӯзбекистон, РСС Қирғизистон ва қисми ҷанубии РСС Қазоқистонро гӯянд, ки аз рӯи реҷаи кор ба як система муттаҳид гардида, идораи диспетчериашон умумӣ мебошад. Ба Система аз республикаи мо шабакаи энергетикии шимолӣ (вилояти Ленинобод) ва системаи энергетикии Душанбе — Вахш дохиланд. Баъди ба кор даромадани Стансияи электрии обии ба номи «Дӯстии халқҳо»-и Қайроққум (соли 1957) ва сохта шудани хатҳои баландшиддати интиқоли электрӣ 110 ва 220 кВа, ки онҳо стансияи электрии номбурдаро ба системаҳои энергетикии Тошканд ва Фарғона пайваст намуданд, қисми шимолии РСС Тоҷикистон (вилояти Ленинобод) ба Система дохил гардид. Системаи энергетикии Душанбе — Вахш, ки он қисми ҷанубӣ ва марказии республикаро дар бар могирад, пас аз сохта шудани Маркази ҳароратию электрии Душанбе (соли 1968) ва Маркази ҳароратию электрии Ëвон (соли 1971) пурра ташаккул ёфт. Баъди сохтмони хати баландшиддати интиқоли электри 500 кВ-аи Норак—Турсунзода — Ғузор (соли 1976) системаи энергетикии Душанбе — Вахш низ ба Система дохил шуд. Система зиёда аз 1000 стансияи электриро муттаҳид мекунад, ки калонтарини онҳо стансияҳои электрии обии Норак, Қаӣроққум, Сарбанд, Маркази ҳароратию электрии Душанбе (РСС Тоҷикистон), стансияҳои электрии Навоӣ, Сирдарё, Тошканд ва Чорбоғ (РСС Ӯзбекистон), Маркази ҳароратию электрии Красноводск ва Стансияи электрии Марв (РСС Туркманистон), Маркази ҳароратию электрии Фрунзе ва стансияи электрии обии Тӯхтагул (РСС Қирғизистрн) ба ҳисоб мераванд. Ба як система муттаҳид намудани системаҳои энергетикии алоҳида як қатор бартариҳо дорад: он аз шароитҳои гидрогеологӣ ва метеорологӣ вобаста будани системаҳои энергетикиро кам мекунад; просесси бо энергияи электр таъмин намудани истеъмолкунандаҳо танзим меёбад; бузургии иқтидори захираҳои стансияҳои энергетикии алоҳида кам мегардад ва ғайра. Пунктҳои диспетчерии ҳар яке аз системаҳои энергетикии алоҳида ба Идораи оперативии диспетчерии Осиёи Миёна бевосита тобеъ мебошанд. Реҷаи кор ва тақсим намудани иқтидори стансияҳои электрии системаҳои энергетикии алоҳида аз рӯи нишондоди Идораи оперативии диспетчерии Осиёи Миёна гузаронида мешавад.
А. Мадусмонов.