СИСТЕМАИ ЧЕНҲОИ МЕТРӢ, системаи ченҳои даҳи, маҷмӯи бузургиҳои физикист, ки бар бунёди он воҳиди дарозӣ — метр ва воҳиди масса — килограмм қарор гирифтаанд. Системаи ченҳои метрӣ охири асри 19 дар Франсия пайдо шуд. Соли 1875 дар Париж аз тарафи 17 давлат (аз он ҷумла Россия) барои мураккаб сохтан ва такмил додани Системаи ченҳои метрӣ Конвенсияи метрӣ қабул шуд ва ташкилоти байналхалқии чену вазн (яке аз органҳои он — Конференсияи генералӣ оид ба чену вазн) таъсис ёфт. Вобаста ба талаботи амалия Системаи ченҳои метрӣ воҳидҳои дарозӣ, масоҳат, ҳаҷм, ғунҷоиши ҷисмҳои моеъӣ ва пошхӯранда, массаро дар бар мегирифт. То соли 1979 дар бештар аз 120 мамлакати ҷаҳон ҷорӣ гардид. Инкишофи илму техника бунёди воҳидҳоро барои як қатор бузургиҳои дигари физикӣ (пеш аз ҳама барои бузургиҳои электрӣ ва магнитӣ) тақозо кард.
Tags математика
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …