Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШВЕЙЦАРИЯ

ШВЕЙЦАРИЯ

ШВЕЙЦАРИЯ (нем. Schweiz, франс. Suisse, итал. Svizzera), Конфедерацияи Швейцария, давлатест дар Европаи Марказӣ. Масоҳ. 41,3 ҳаз, км2. Аҳолиаш 6423 ҳаз. наф. 1985 аҳолии шаҳрӣ қариб 60% Забонҳои расмӣ: немисӣ (65% аҳолӣ), франсавӣ (18%), италиявӣ (12%); гуруҳи хурди швейцаригиҳо ба забони ретороманӣ гуфтугу мекунанд. Пойтахташ ш. Берн. Швейцария республикаест иборат аз федерацияи 23 кантон (3-тои онҳо ба нимкантонҳо ҷудо шудаанд). Органи олии федералии ҳукумат — Маҷлиси (иттифоқии) дупалатагии федералӣ. Маҷлиси иттифоқӣ аз Совети миллӣ (палатаи поён) ва совети кантонҳо (палатаи боло) иборат аст. Сардори давлат ва ҳукумат — президент. Қисми зиёди мамлакат дар к-ҳои Алл (баландиаш то 4634 м, қ. Дюфур) воқеъ гардидааст. Ноҳияи марказиро паҳнкуҳи Швейцария, ноҳияи шим. ғарбиро к-ҳои Юра фаро гирифтаанд. Иқлимаш муътадили сернам. Боришоти солона 800—2500 мм. Дар ҳудуди Швейцария болооби дарьёҳои куҳӣ — Рейн, Рона, Тичино ва кулҳои Женева, Боден воқеанд. Дар к-ҳои Алп пиряхҳо (қариб 2 ҳаз. км2) ҳастанд. Бешазорҳо (24%-и ҳудуд), марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ мавҷуданд.

shvetsariya

Дар аҳди қадим дар ҳудуди Швейцария ретҳо ва гельветҳо зиндагонӣ мекарданд. Дар а 1 то м. сарзамини Швейцарияро римиён, дар а. 5 м. алеманҳо, бургундҳо, остготҳо истило кардаанд. Аз а-ҳои 10—11 дар ҳайати «Империяи муқаддаси Рим» буд. Дар мубориза бо Габсбургҳо деҳқонони озоди кантонҳои беша (Швиц, Ури, Унтервальден) бо ҳам иттифоқ баста (1291), истиқлолияти худро нигоҳ доштанд (ғалабаҳои назди Моргартен, 1315, Земпах, 1386 ва р.); ривоятҳо дар бораи В. Телл ва дит. қаҳрамонони халқ, бо ин муборизаҳо вобастаанд. С. 1499 Швейцария дар амал аз империя ҷудо шуда истиқлолият ба даст овард (дар асоси Сулҳи Вестфалия, 1648). Швейцарияро бисьёр мамлакатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. А-ҳои 14— 15 мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ аз Швейцария қушун киро мекарданд. Дар а. 16 шаҳрҳои мутараққии иқтисодӣ (Женева, Цюрих) маркази фаъолияти реформаторҳо Ж. Кальвин, У. Цвингли буд. С-ҳои 1798—1803 дар ҳудуди Швейцария республикаи Гельвеция мавҷуд буд. Конгресси Вена (1814—15) сарҳади Швейцарияро муайян кард (ба ҳозирааш наздик буд) ва бетарафии онро кафолат дод. С-ҳои 30—40 байни қувваҳои феодалию клерикалӣ ва буржуазия мубориза авҷ гирифт, ки он бо ғалабаи буржуазия ба охир расид. Дар асоси конституцияи соли 1848 Швейцария аз иттифоқи ноустувори кантонҳо ба давлати ягонаи иттифоқӣ табдил ёфт. Дар а. 19— ибт. а. 20 Швейцария маркази муҳоҷирати революционӣ ва демократӣ буд, дар Швейцария якчанд муддат В. И. Ленин зиндагонӣ карда аст. Швейцария дар ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ бетарафиро нигоҳ дошт. С. 1921 Партияи коммунистӣ (дар асоси он 1944 Партияи меҳнатии Швейцария) таъсис ёфт. Бо СССР аз 1946 алоқаи дипломатӣ дорад.

Швейцария мамлакати мутараққии индустриявӣ буда, ба хориҷа капитал экспорт мекунад. Дар иқтисодиёташ монополияи капиталистӣ ҳукмфармост. Швейцария барои тадқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ маблағҳои бисьёр сарф мекунад. Ба Швейцария қариб 1% маҳсулот (1979), бештар аз 1,5% содироти ҷаҳони капиталистӣ рост меояд. Дар саноат, ҳунармандӣ ва сохтмон 44%, дар ҳ. қ 6,2%, хизматрасонӣ ба меҳмонҳо 4,5% аҳолии қобили меҳнат банд аст (1975).

Саноат барои истеҳсоли маҳсулотҳои баландсифат махсус гардонида шудааст. Мошинсозӣ ва коркарди метал (маснуоти электротехникӣ, дастгоҳҳо, асбобҳо), истеҳсоли соат (54 млн дона, 1984), саноати химия ва дорусозӣ, пойафзол, бофандагӣ, дузандагӣ, трикотаж, коғаз, полиграфӣ, хурокворӣ ҳаст. Швейцария с. 1984-ум 59 млрд кВтс энергияи электрик истеҳсол кард. X. қ ҳосили баланд медиҳад (5%-и маҳсулоти умумии миллиро ташкил мекунад). Қариб 6% ҳудуди Швейцария заминҳои х. қ.-анд; марғзор ва чарогоҳ—46%, бешазор 25%. Зиёда аз 3/4 қисми маҳсулоти х. қ-ро чорводорӣ медиҳад. Тули умумии р. о. қариб 5 ҳаз. км. Бандари асосиаш Базель дар д. Рейн. Швейцария ба хориҷа мошин, соат (зиёда аз 95% ҳамаи маҳсулот), молҳои саноати химия, маҳсулоти саноати сабук ва хурокворӣ мебарорад. Пассиви баланси савдо бо мамлакатҳои хориҷа аз ҳисоби даромади амалиёти банк ва туризми хориҷӣ (14,3 млрд франк, 1985) танзим карда мешавад. Воҳиди пул — франки швейцарӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …