СВЕРДЛОВСК (то 1924— Екатеринбург), шаҳр, маркази вилоят Свердловски Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Дар нишебии шарқи Урали Миёна, дар ҳар ду соҳили дарёи Исет (шохоби Тобол) воқеъ гаштааст. Маркази муҳими саноат, маданият ва илм. Узели калони роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ. Аҳолиаш 1286 ҳазор нафар (1984). Свердловск яке аз марказҳои калонтарини мошинсозии СССР ба шумор меравад. Металлургияи сиёҳ ва саноати химия ривоҷ ёфтаанд. Свердловск дорои 13 мактаби олист. Дар Свердловски Маркази илмии Урали Академияи Фанҳои СССР воқеъ гаштааст. Нигористони суратҳо, 6 музей,
5 театри касбӣ, филармония, консерватория, омӯзишгоҳи мусиқӣ ва марказӣ (радиою телевизион дорад.
Ёдгориҳои меъмории асрҳои 18—19 боқӣ мондаанд. Шаҳр соли 1723 бунёд ёфтааст. Аз соли 1919— маркази губернатори Екатеринбург, аз 1923—вилояти Урал, аз 1934—вилояти Свердловск. Соли 1973 бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.