Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СӮЗИШВОРИИ ДИЗЕЛӢ

СӮЗИШВОРИИ ДИЗЕЛӢ

suzishvorii-dizeli

СӮЗИШВОРИИ ДИЗЕЛӢ, сӯзишвории моеъест, ки дар дизелҳо истифода мешавад. Ду гурӯҳи Сӯзишвории дизелиро истеҳсол мекунанд: 1 — сӯзишавориҳои камғилзати дистиллят барои муҳаррикҳои тезгард (беш аз 1000 гардиш дар як дақ); 2— сӯзишвориҳои серғилзати фракцияҳои боқимондаи (вазнини) тақтири нефт барои муҳаррикҳои сустгард (то 600 гардиш дар як дақиқа). Сӯзишвории дизелии гурӯҳи якумро аз фракцияҳои карасину ғазойлдори тақтири бевоситаи нафт ва қисман (то 20%) аз ғазойли креквиги катализатории нефт ва гурӯҳи дуюмро аз амехтаи мазутҳо ва фракцияҳои карасину ғазойлдори тақтири нафт ҳосил мекунанд. Яке аз хосиятҳои муҳтмми Сӯзишвории дизелӣ худ аз худ афрӯхтани он мебошад. Зуд даргирифтани Сӯзишвории дизелӣ ва пурра сӯхтани он ба таркиби химиявии ашёи хом ва сифати Сӯзишвории дизели ба тозагии ашёи хом вобаста аст. СифатиСӯзишвории дизели ғайр аз ин бо адади цетая (цетан— СН3(СН2)14СН3 — моеъи беранги ҳарорати ҷӯшишаш 287,5оС, ки барои муайян кардани адади цетан чун эталон қабул шудааст) муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …