СУХОМЛИНСКИЙ Василий Александрович (28. 9. 1918, деҳаи Васильевка, ҳоло ноҳияи Онуфриеви вилояти Кировоград — 2. 9.1970. пос. Павлыши ҳамон ноҳия), педагоги советӣ. Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Украина (1969), аъзо-коррспонденти Акадеияи Илмҳои Педагогии СССР (1968),Академияи Илмҳои Педагогии РСФСР (аз 1957), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1968). Аз оилаи деҳқон. Институти педагогии Полтаваро хатм кардааст (1939). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45). Аз соли 1947 то охири ҳаёташ — директори мактаби миёнаи Павлыш. Масъалаҳаи назариявию методии тарбияи коммунистӣ дар коллективи мактаб ва оила, инкишофи ҳаматарафаи шахсияти хонандагону маҳорати педагогии муаллимонро тадқиқ ва ғояҳои инсондӯстии педагогикаи советиро таблиғ намудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Украина (1974) барои китоби «Диламро ба бачагон медиҳам» (1969). Бо 2 ордени Ленин, ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Асар: Воспитание коллективизма ушкольников. Москва, 1956; О воспитании, 2 издателство, Москва., 1975; Мудрая власть коллектива, Москва, 1975.