Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СУРУДИ ОТАШКАДАИ КАРКӮЙ»

«СУРУДИ ОТАШКАДАИ КАРКӮЙ»

«СУРУДИ ОТАШКАДАИ КАРКӮЙ», яке аз сурудҳои қадими Хуросон дар ситоиши оташкадаи Каркӯи Систон. Онро бо оҳанги хосе дар ҳузури подшоҳон ва мубадони зардуштӣ мехонданд Матни аслии «Суруди оташкадаи каркуй» ба воситаи «Таърихи Систон» то замони мо расидааст:

Фурухт бодо рӯш.

Ханида Гаршасп гӯш.

Ҳаме пур аст азҷӯш,

Нӯш кун, май нӯш!

Дӯст, бидо(р) гӯш.

Б-офарин ниҳода гӯш!

Ҳамеша неки кӯш,

(Ки) де гузашту дӯш.

Шоҳо, худойгоно,

Б-офарин шоҳо.

Маликушшуаро Баҳор «Суруди оташкадаи каркуй»-ро ба форсӣ чунин тарҷума кардааст:

Афрӯхта бодо равшаноӣ,

Оламгир бод ҳуши Гаршосп.

Ҳаме пур аст аз ҷӯш.

Нӯш кун, май нӯш.

Дӯст бидор дар оғӯш,

Ба офарин неҳ гӯш,

Ҳамеша некӣ куну накӯкор бош,

Ки деру зудест бигзашт.

Шоҳо, худойгоно,

Ба офарин шоҳо.

«Суруди оташкадаи каркуй» нахустнн намунаи шеъри қадимии ҳиҷоӣ буда, ғайр аз мақтаъ, ки шояд вазифаи нақаротро адо мекард, дар 6 мисраи он умумиятиқофия риоя шуааст. Чунин шеър дар адабиёти классикии форс-тоҷик бо номи ғазал ё қасидаи тамомматлаъ маълум аст.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …