Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи СУРХ

Деҳаи СУРХ

СУРХ, деҳаест дар ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод, маркази Совети қишлоқи Сурх. Дар ҳудуди колхози «Комунизм». Аз Сурх то маркази район 18 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 4540 нафар (1966). Деҳа мактабҳои миёна ва 8-сола, 2 китобхона, пункти тиббӣ, дорухона, таваллудхонаи байниколхозӣ, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, 5 магазин, нуқтаҳои хизматрасонӣ (сехҳои бинокорӣ, пахтатозакунӣ, либос ва пойафзолдӯзӣ), осиёб, 3 чойхона ва пункти мевақабулкунӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ сабзавоткорию боғдорӣ ва кирмакдорист.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …