Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУРИКОВ Василий Иванович

СУРИКОВ Василий Иванович

surikov-v-i

СУРИКОВ Василий Иванович (24. 1. 1848, Красноярск—19. 3. 1916, Москва), рассоми таърихнигори рус. Дар Академияи Рассомии Петербург (1869—75) таҳсил намуд. Узви ҳақиқии Академияи Расомии Петербург (1893). Солҳои таҳсил Суриков ба мавзӯъҳои таърихь муроҷиат намуда, дар мусаввараҳояш ҳақиқати таърихиро тасвир менамуд («Мурофиаи князь», 1974, «Ҳаворӣ Павел догматҳои динро дар ҳузури шоҳ Агризша озоҳ медиҳад», 1875, ҳар ду дар Нигористони Третьяков). Солҳои 1880 Суриков мусаввараҳои барҷастаи таърихии худро эҷод мекунад: «Субҳи қатли сарбози» (>1881), «Меншиков дар Берёзово» (1883), «Боярхонум Морозова» (1887)—ҳамааш дар Нигористони Третьяиков. Суриков дар мусаввараҳояш ҳамчун муаррих зиддиятҳои фоҷиаомези таърих, мантиқи ҳаракати он,муборизаи қувваҳои таърихиро дар замони Пётри I ва дар солҳои ҷунбишҳон халқӣ нишон додааст. Дар мусаввараҳои у халқи мазлум, мубориз ва ғолиб иштироккунандаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои иртиҷоъ Суриков ба анъанаҳои демократӣ содиқ монд. Донишгоҳи рассомии Москва мавсум ба ӯст. Дар Красноярск хонамузеи Суриков мавҷуд аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …