Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи СУМАТРА

Ҷазираи СУМАТРА

sumatra

СУМАТРА (sumatra), ҷазираест дар қисми ғарбии галаҷазираҳои Малай, воқеъ дар ҳар ду тарафи экватор. Терретрияи Индонезия. Масоҳаташ қариб 435 ҳазор км2. Аҳолиаш 28 млн нафар. (1980). Аз се ду ҳиссая ҳудуди Суматраро бешазор ишғол мекунад. Ҳамвориҳоро бешаҳои тропикиинамнок фаро гирифтаасд. Дар қисми шимолииҷазира ҳайвонҳои бешагӣ бисёранд. Дар ҷазира конҳои калони нефт, гази табиӣ ва ангишт мавҷуданд. Зироати асосии хоҷагии қишлоқ — шолӣ. Нахли норҷил, қаҳва, гиёҳҳои дорувор ва ғайра парвариш мекунанд. Моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Шаҳрҳои асосиаш: Медан, Палембанг, Паданг.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …