Маълумоти охирин

СУМАНАК

sumanak

СУМАНАК, сумалак,   сабунак, суман, симан, як навъ таоми хушхӯри тоҷикист. Суманакро бо тарзҳои гуногун тайёр мекунанд; бештар чун атолаи ғафс мепазанд, ки ассоси дар водиҳо маъмул аст. Аввал гандумро дар ҷои махсус месабзованд, сипас кӯфта шираашро мегиранд. Дар равған ордро таф мадиҳанд ва баъд ба он оби ҷӯш рехта, мекобанд. Баъди ҷӯшидани атолаи Суманак ба он шираи гандум ҳамроҳ карда, мунтазам мекобанд. Одатан Суманакро аввали шаб ба дег андохта, то қарибии саҳар мепазанд; сипас оташи таги дегро кашида, онро дам медиҳанд. Тоҷикони Бухоро ба ғайр аз орду шираи гандум ба Суманак қиёми қанд (ё ширинӣ) низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ин ҳолат Суманак ҳам ширин ва ҳам муддати дароз нигоҳ дошта мешавад. Тарзи дигари тайёр кардаяи Суманак низ вуҷуд дорад: ба хамир ба чои об шираи гандум ҳамроҳ намуда, дар таги хокистари оташдон ё дар болои тобасанг мепазанд. Кулчан Суманакро чунин тайёр мекунанд: гандумро андаке сабзсонда мехушконанд. Сипас дар осиё орд карда, чун нони муқаррарӣ мепазанд, ки онро кулча ё нони Суманак меноманд. Суманакро дар арафаи Наврӯз ё маросимҳои дигар мепазаяд. Ҳангоми пухтани Суманак ҷавонзанҳо рақсу бозӣ мекунанд. Дар гузашта занон дар сари деги Суманак бо либоси сафед нишаста, занҳои ҳомила, бефарзанд, шахсояи азодорро назди худ роҳ намедоданд. Дар хонаҳои азодорон Суманак намепухтанд.      М. Хомидҷонова.

sumanak1

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …